Главная / Гуногун / Рўзгори вазнин – ҲИКОЯ

Рўзгори вазнин – ҲИКОЯ

Яке аз рафиқон шикояти рўзгори номусоид ба назди ман овард, ки кафофи андак дораму аёли бисёр ва тоқати бори фоқа намеорам ва борҳо, дар дилам омад, ки ба иқлиме дигар нақл кунам, то дар ҳар он сурат, ки зиндагони карда шавад, касеро бар неку бади ман иттило набошад.

Бас гурона хуфту кас надонист, ки кист?
Бас ҷон ба лаб омад, ки бар ў кас нагирист.

maxresdefaultБоз аз шамотати аъдо барандешидам, ки ба таъна дар қафои ман биханданд ва саъи моро дар ҳаққи аёл бар адами мурувват ҳамл кунанд ва гўянд:

«Мабин он беҳамиятро, ки ҳаргиз
Нахоҳад дид рўӣ некбахтӣ,
Ки осони гузинад хештанро
Зану фарзанд бигзорад ба сахтӣ».

Ва дар илми муҳосибат, чунон ки маълум аст, чизе донам. Агар ба чоҳи шумо ҷиҳате муайян шавад, ки мўҷиби ҷамъияти хотир бошад, бақияти умр аз ўҳдаи шукри он неъмат бурун омадан натавонам.
Гуфтам:
– Амали подшоҳ, эй бародар, ду тараф дорад: умеди нону бими ҷон ва хилофи рои хирадмандон аст бад-он умед дар ин бим афтодан.

Кас наёяд ба хонаи дарвеш,
Ки хироҷи замину боғ бидеҳ.
Ё ба ташвишу ғусса рози бош,
Ё ҷигарбанд пеши зоғ бинеҳ?

Гуфт:
– Ин муносиби ҳоли ман нагуфтӣ ва ҷавоби суоли ман наёвардӣ, нашунидаӣ, ки ҳар кӣ хиёнат варзад, пушташ аз ҳисоб биларзад.

Ростӣ муҷибӣ ризои худост,
Кас надидам, ки гум шуд аз раҳи рост.
Ва ҳукамо гўянд: «Чор кас аз чор кас ба ҷои биранҷанд: ҳароми аз султон ва дузд аз посбон ва фосиқ аз ғаммоз ва рўсабӣ аз мухтасиб ва онро ки ҳисоб покаст, аз муҳосиба чӣ бок аст?

Макун фаррохрави дар амал, агар хоҳӣ,
Ки вақти дафъи ту бошад маҷоли душман танг.
Ту пок бошу мадор аз кас, эй бародар, бок,
Зананд ҷомаи нопок козурон бар санг».

Гуфтам:
– ҳикояти он рўбоҳ муносиби ҳоли туст, ки диданд гурезону бехештан афтону хезон. Касе гуфташ: «Чи офат аст, ки мўҷиби чандин маҳофат аст?» Гуфто «Шунидам, ки шутурро ба сухра мегиранд». Гуфт: «Эй сафеҳ, шутурро бо ту чӣ муносибат аст ва туро бад-ў чӣ мушобеҳат?» гуфт: «Хомўш, ки агар ҳасудон ба ғараз гуянд, шутур аст ва гирифтор оям, кӣ ғамии таҳлиси ман дорад? То тафтиши ҳоли ман кунад ва то тарёк аз Ироқ оварда шавад, моргазида мурда бувад».
Туро ҳамчунин фазл асту диёнату тақвою амонат, аммо мутааниттон дар каминанд ва муддаиён гўшанишин. Агар он чӣ ҳусни сирати туст, ба хилофи он тақрир кунанд ва дар маърази хитоби подшоҳ афтӣ, дар он ҳолат киро маҷоли мақолат бошад. Пас, маслиҳат он бинам, ки қаноат, хиросат кунӣ ва тарки риёсат гўӣ.

Ба дарё- дар манофеъ бешумор аст
В-агар хоҳӣ саломат, бар канор аст.

Рафиқ ин сухан бишунид ва баҳам баромаду рўй аз ҳикояти ман дарҳам кашид ва суханҳои ранҷишомез гуфтан гирифт, к-ин чи ақлу кифоят асту фаҳму дироят? қавли ҳукамо дуруст омад, ки гуфтаанд: «Дўстон дар зиндон ба кор оянд, ки бар суфра ҳама душманон дўст намоянд».

Дўст машмор он, ки дар неъмат занад
Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дўст он донам, ки гирад дасти дўст
Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Дидам, ки мутағйир мешавад насиҳат ба ғараз мешунавад, ба наздики соҳибдевон рафтам. Ба собиқаи маърифате, ки дар миёни мо буд, сурати ҳолат баён кардам ва аҳлияту истеҳкомаш бигуфтам, то ба коре мухтасараш насб карданд.
Чанде бад-ин баромад, лутфи табъашро бидиданд ва ҳусни тадбирашро биписандиданд ва кораш аз он даргузашт, ба мартабате волотар аз он мутаммакин шуд. Ҳамчунин наҷми саодаташ дар тараққӣ буд, то ба авҷи иродат бирасид ва муқарраби ҳазрати султону мушорунилайҳ ва мўътамади илийя гашт. Пас бар саломати ҳолат шодмони кардам ва гуфтам:

Зи кори баста маяндешу дил шикаста мадор,
Ки оби чашмаи ҳайвон даруни торикист.

***
Маншин туруш аз гардиши айём, ки сабр
Талх аст, валекин бари ширин дорад.

Дар он қурбат маро бо тоифаи ёрон иттифоқи сафар афтод. Чун аз зиёрати Макка бозомадам, дар манзилам истиқбол кард. Зоҳири ҳолашро дидам парешону дар ҳайати дарвешон.
Гуфтам:
– Ин чӣ ҳолат аст?
Гуфт:
– Ончунон ки ту гуфтӣ, тоифае ҳасад бурданд ва ба хиёнатам мансуб карданд ва малик дар кашфи ҳақиқати он истифсор нафармуд ва ёрони қадиму дўстону ҳалим аз калимаи ҳақ хомўш шуданд ва сўҳбати дерина фаромўш карданд.

Набинӣ, ки пеши худованди чоҳ
Ниёишкунон даст дар бар ниҳанд.
Агар рўзгораш дарорад зи пой,
Ҳама оламаш пой бар сар ниҳанд.

Филҷумла, ба анвои азобу уқубат гирифтор будам, то дари ин ҳафта, ки муждаи саломати ҳуҷҷоҷ бирасид, аз банди гаронам халос карду мулки маврусам хос.
Гуфтам:
– Он навбат ишорати ман қабулат наёмад, ки гуфтам: «Амалии подшоҳон чун сафари дарёст хатарноку судманд, ё ганҷ баргирӣ, ё дар тилисм бимирӣ.

Ё зар ба ҳар ду даст кунад хоҷа дар канор,
Ё мавҷ рўзе афканадаш мурда барканор.

Маслиҳат надидам аз ин беш дарунаш ба маломат харошидан ва намак пошидан, бад-ин калима ихтисор кардам:

Надонистӣ, ки бинӣ банд бар пой,
Чу дар гушат наёмад панди мардум.
Дигар раҳ чун надорӣ тоқати неш.
Макун ангушт дар сўрохи каждум

***
Ба сунъи худо чун касе уфтод,
Ҳама оламаш пой бар сар ниҳанд.
Чу диданд, к-иқбол дасташ гирифт,
Ситоишкунон даст бар сар ниҳанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …