Главная / Гуногун / Анўшервони одил

Анўшервони одил

Овардаанд, ки Нўшервони одилро дар шикоргоҳе сайде кабоб карданду намак набуд. Ғуломе ба русто рафт, то намак орад.
Нушервон гуфт:
– Намак ба қимат биситон, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад.
Гуфтанд:
– Аз ин қадар чӣ халал ояд?
Гуфт:
– Бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будаст.
Ҳар кас ки омад, бар ў мазиде кард, то бад-ин ғоят расид.

Агар зи боғи раият малик хурад себе,
Бароваранд ғуломони ў дарахт аз бех.
Ба панҷ байза, ки султон ситам раво дорад
Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …