Главная / Теги: Саъдии Шерозӣ (страница 11)

Теги: Саъдии Шерозӣ

Дўстеро, ки дер боз надида !

images

Яке дўстеро, ки замонҳо надида буд, гуфт: – Куҷои, ки муштоқ будаам? Гуфт: – Муштоқи беҳ, ки маўлӣ! Дар омадӣ, эй нигори сармаст. Зудат надиҳем доман аз даст. Маъшуқ, ки дер дер бинанд, Охир кам аз он ки сер бинанд. Шоҳид, ки бо рафиқон ояд, ба ҷафо кардан омадааст ба …

Муфассал »

Бихиштирўй

78887

Якеро аз мутааллимон камоли беҳҷате буду тийби лаҳҷате ва муаллимро аз он ҷо ки ҳисси башарият аст, бо ҳусни башараи ў муомилате дошт. Заҷру тавбиҳе, ки ба кўдакон кардӣ, дар ҳақ вай раво надоштӣ ва вақте ки ба хилваташ дарёфтӣ, гуфтӣ: На ончунон ба ту машғулам, эй бихиштирўй, Ки ёди …

Муфассал »

Фирефтаи зебогӣ

Якеро дил аз даст рафта буд ва тарки ҷон гуфта ва матмаҳи назараш ҷое хатарнок ва вартаи ҳалок , на луқмае, ки мутасаввир шуди, ки ба ком ояд, ё мурғе, ки ба дом афтад. Чу дар чашми шоҳид наёяд зарат, Зару хок яксон намояд барат. Боре ба насиҳаташ гуфтанд: «Аз …

Муфассал »

Муҳаббати ирони

mohi

Порсоеро дидам бо муҳаббати шахсе гирифтор, на тоқати сабру на ёрои гуфтор, чандон ки маломат дидию гаромат кашидӣ, тарки тасоби нагуфтиву гуфтӣ: Кўтаҳ накунам зи доманат даст, В-ар худ бизани ба теғи тезам. Баъд аз ту малозу малае нест, Ҳам дар ту гурезам, ар гурезам. Боре маломаташ кардаму гуфтам: – …

Муфассал »

Бой бо Ғуломи зебо

rabovladelca_cr_cr

Гўянд, ҳоҷаеро бандае нодирулҳусн буд ва бо вай ба сабили маваддат назаре дошт. Бо яке аз дўстон гуфт: – Дареғ, ин бандаро бо ҳусну шамоиле, ки дорад, агар забондарозию беадаби накардӣ! Гуфт: – Эй бародар, чун қарори дўсти кардӣ, таваққуи хидмат мадор, ки чун ошиқу маъшуқи дар миён омад, молику …

Муфассал »

Қуръон хондани нохушовозе

азон гуфтан

Нохушовозе ба бонги баланд қуръон ҳамехонд. Соҳибдиле бар ў бигузашту гуфт: – Туро мушохара чанд аст? Гуфт: – ҳеҷ Гуфт: – Пас заҳмати худ чандин чаро ҳамедиҳӣ? Гуфт: – Аз баҳри худо мехонам. Гуфт: – Аз баҳри худо, махон! Гар ту қуръон бар ин намат хонӣ, Бубари равнақи мусулмонӣ!

Муфассал »

Хатиб -Аз сўҳбати дўсте ба ранҷам

17188

Хатибе карехуссавт худро хушовоз пиндошти ва фарёди беҳуда бардоштӣ. Мардум қаря ба иллати ҷоҳе, ки дошт, балияташ ҳамекашиданд ва азияташро маслиҳат намедиданд. То яке аз хутабои он иқлим, ки бо ў адовате ниҳони дошт, боре ба пурсиши вай омада буд, гуфт: – Туро хобе дидаам, хайр бод! Гуфто: – Чӣ …

Муфассал »

Амир аз гурфа бидид

12_marian_jaroczynski_traktat_torunski

Яке аз шуаро пеши амири дуздон рафт ва санное бар ў бигуфт. Фармуд, то ҷома аз ў баркананд ва аз дех бадар кунанд. Мискин  бараҳна ба сармо ҳамерафт, сагон дар қафои вай афтоданд. Хост, то санге бардорад ва сагонро  дафъ кунанд, дар замин ях гирифта буд, оҷиз шуд. Гуфт: – …

Муфассал »

Хонаеро, ки чун ту ҳамсоя аст

unnamed

Дар ақди байъи сарое мутараддид будам, ҷуҳуде гуфт: – Ман аз кадхудоёни ин муҳаллатам, васфи ин хона, чунон ки ҳаст, аз ман пурс, бихар, ки ҳеҷ айбе надорад. Гуфтам: – Ба ҷўз он ки ту ҳамсояи манӣ! Хонаеро, ки чун ту ҳамсоя аст, Даҳ дирам сими бадиёр арзад. Лекин умедвор …

Муфассал »

Маҳмуд

mahmudi

Тане чанд аз бандагони Маҳмуд гуфтанд Хасани Маймандиро, ки султон имрўз туро чӣ гуфт дар фалон маслиҳат? Гуфт: – Бар шумо ҳам пўшида набошад. Гуфтанд: – Он чӣ бо ту гўяд, ба амсоли мо гуфтан раво надорад. Гуфт: – Ба эътимоди он ки донад, ки нагўям, пас чаро ҳамепурсед? На …

Муфассал »