Главная / Гуногун / Фирефтаи зебогӣ

Фирефтаи зебогӣ

Якеро дил аз даст рафта буд ва тарки ҷон гуфта ва матмаҳи назараш ҷое хатарнок ва вартаи ҳалок , на луқмае, ки мутасаввир шуди, ки ба ком ояд, ё мурғе, ки ба дом афтад.

Чу дар чашми шоҳид наёяд зарат,
Зару хок яксон намояд барат.

Боре ба насиҳаташ гуфтанд: «Аз ин хаёли муҳол таҷаннуб кун, ки халқе ҳам бад-ин ҳавас, ки ту дорӣ, асиранду пой дар занҷир». Гуфт:

куни калон«Дўстон гў, насиҳатам макунед,
Ки маро дида бар иродати ўст.
Ҷангҷўён ба зўри панҷаву китф
Душманонро кушанду хубон дўст.

Шарти маваддат набошад, ба андешаи ҷон дил аз меҳри ҷонон баргирифтан:
Ту, ки дарбанди хештан бошӣ,
Ишқбози дурўғзан бошӣ.
Гар нашоядба дўст раҳ бурдан,
Шарти ёрист дар талаб мурдан.
***
Гар даст расад, ки остинаш гирам,
В-арна биравам, бар остонаш мирам».

Мутааллиқонро, ки назар бар кори ў буду шафқат ба рўзгори ў, пандаш доданду ниҳоданд. Суде накард.

Дардо, ки табиб сабр мефармояд,
В-ин нафси ҳарисро шакар мебояд.

***
Он шунидӣ, ки шоҳиде ба нуҳуфт
Бо дилзадастрафтае мегуфт:
«То туро қадри хештан бошад,
Пеши чашмат чӣ қадри ман бошад!»,

Овардаанд, ки мар он подшоҳзодаро, ки манзури назари ў буд, хабар карданд, ки ҷавоне бар сари ин майдон мудовимат менамояд, хуштабъу ширинзабон ва суханҳои латиф мегўяду нуқтаҳои бадеъ аз ў мешунавад ва чунин маълум мешавад, ки дилошуфтаасту шуре дар сар дорад. Писар донист, ки дили ў овехтаи ўст ва ин гарди бало ангехтаи ў, маркаб ба ҷониби ў ронд. Чун дид, ки наздики ў азм дорад, бигристу гуфт:

«Он кас, ки маро бикушт, бозомад пеш,
Моно, ки дилаш бисўхт бар куштаи хеш!».

Чандон ки мулотифат карду пурсидаш: «Аз куҷои ва чӣ ном ва чӣ санъат донӣ?» Дар қаъри баҳри маввадат чунон ғариқ буд, ки маҷоли нафас надошт.

Агар худ ҳафт субъ азбар бихонӣ,
Чу ошуфтӣ «алиф», «бе», «те» надонӣ

Гуфто:
– Сухане бо манн чаро нагўӣ, ки ҳам аз ҳалқаи дарвешонам, балки ҳалқабагўши эшонам?!
Он гаҳ ба қуввати ситиснои маҳбуб аз миён талотуми амвоҷи муҳаббат Сар бароварду гуфт:

«Аҷаб аст бо вуҷудат, ки вуҷуди ман бимонад.
Ту ба гуфтан андар оиву маро сухан бимонад».

Ин бигуфт ва наърае бизад ва ҷон ба ҳақ таслим кард.

Аҷаб аз кушта набошад ба дари хаймаи дўст,
Аҷаб аз зинда, ки чун ҷон бадар овард салим?

Инчунин кобед

mongolia_during_the_manchu_rule

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …