Главная / Гуногун / Амир аз гурфа бидид

Амир аз гурфа бидид

Яке аз шуаро пеши амири дуздон рафт ва санное бар ў бигуфт. Фармуд, то ҷома аз ў баркананд ва аз дех бадар кунанд. Мискин  бараҳна ба сармо ҳамерафт, сагон дар қафои вай афтоданд. Хост, то санге бардорад ва сагонро  дафъ кунанд, дар замин ях гирифта буд, оҷиз шуд. Гуфт:

– Ин чӣ ҳаромзода мардумонанд, сангро баставу сагро кушодаанд!

12_marian_jaroczynski_traktat_torunski     Амир  аз гурфа бидид, бишунид ва бихандиду гуфт:

– Эй ҳаким, аз ман чизе бихоҳ!

Гуфт:

– ҷомаи худ мехоҳам, агар инъом фармоӣ!

Умедвор бувад одами ба хайри касон,

Маро ба хайри ту умед нест, шар марасон!

Солори дуздонро бар ў раҳмат омад ва ҷома боз пас фармуд ва кабопустине бар ў мазид карду дираме чанд.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …