Главная / Гуногун / ДАРАХТБУРРӢ

ДАРАХТБУРРӢ

Он айём дар мавзее, ки ўро сари пешониаш тамғаи «душмани халқ» зада ин ҷо бадарға карданд, тухми одам ба мисли мўе қадру қиммат надошт. Заррае аз бинӣ боло ҳарфе бар нўги забон орад ё бемаврид нигоҳ афканад, гирифтори азобу шиканҷа мешуд, аз як бурда нони сип-сиёҳу чор-панҷ қулти оби бадбўи сард ҳам маҳрум монд, борони таҳқири пасттарин бар сараш мерехт, пушти по мехўрд. Дар зимистони қаҳратун ҳам, ки туф кунӣ то замин нарасида ях мебаст, аз субҳи қозиб то шоми тор чун мўрчагон беист заҳмат мекашиданд, дарахтбуррӣ шуғли асосӣ ҳисоб меёфт.

mine_img23Ҳар нафари минтақа мартабаю манзалати худро дошт ва аз ҳудуди он бидуни иҷозат  пой берун ниҳоданро манъ медонистанд. Дарвоқеъ, замин сахт, осмон баланд ва фарзанди одамизот беҳолу бечора буд ва аз тақдир ҳаргиз соҳили гурезро намедид. Илоҷи ягона сабру тоқат, сабру тоқат ва боз ҳам сабру тоқат буд.

Расул пас аз мушоҳидаву андешаҳои кўтоҳ ин нуқтаро зуд дарк бинмудаву ба хотир гирифт. Вай, ки бо русу тотору турк озодона сўҳбат мекард ва ҷавонмарди тамоман безарар буд, дере нагузашта бо бисёр сокинони собиқадор унс гирифт…

Боре як марди чорпаҳлў, ки кўҳро занад, талқон менамуд, лаҳзаи танаффус назди Расул омад ва беистиҳола гуфт:

– Ба ман бисту панҷ сўм деҳ.

– Надорам… Пул аз куҷо?

Ў «хайр майлаш», гўён дур шуд. Расул, дарвоқеъ ду пули бисту панҷсўма дошт ва ягон ҷонзотеро аз ин дороиаш хабаре набуд.

Ба ҳар ҳол чунин хаёл мекард. Аз ин хотир, ба тааҷҷуб афтодаву дар ташвиш буд: чӣ тариқ он марди паҳлавонҷусса, ки яке аз сарпарастони дуздони минтақа мешумурданд, огаҳ гаштааст.

Аз байн муддате мурур карду ҳамаро гурўҳ-гурўҳ ба ҳаммом бурданд. Расул баъди оббозӣ  бараҳна  назди ҷевон омад. Кушода дид, ки таҳэзораш аз ҷои овехтааш ғайб задааст.

Ҳайрон монду ба атроф нигарист.

– Ту чизеро гум кардӣ? – садо баровард касе аз ақиб. Расул фавран рў гардонд ва ҳамон сарпарасти дуздонро дид.

– Бале, таҳэзорамро меҷўям.

– Ҳамин таҳэзор аз ту нест магар? – боз писхандомез суол кард ў.

Расул забонаш лол монда бо ишори тасдиқ сар афшонд.

– Ман тасодуфан бандашро кушодам ва берун  кашидам. Баробари эзорбанд боз ду коғази биступанҷсўма ёфтам. Аҷоиб-а! – масхараомез хандид, – соҳиби таҳэзор, ки ту бошӣ, пас пулҳо низ азони туанд. Ана ҳамин тавр. Ту мантиқро хуб мефаҳмидаӣ. Вале ман не. Фаҳмидан намехоҳам. Туф кадам, ман! Ту маро дигар фиреб надеҳ. Мумсикӣ одати нағз не. Чизу чора, боигарии дунё як рўз не, як рўз мумкин аст, аз гулўят гиранд. Он гоҳ касе аз одамон ба кўмаки ту намерасад. Медонӣ, чаро? Онҳо забони молу пулро намедоданд.

Сарпарасти дуздон ба Расул фурсати сухан гуфтан надораду биступанҷ сўмаи дувоздаҳ карат қаткардаро сўяш дароз кард.

– Бигир. Инаш ба ту, инаш ба ман.

– Чунон, ки мегўянд, баробарию бародарӣ. Ҳамту не? Зинда бод адлу адолат! Насиҳатҳои маро фаромўш накун, ки ба қадри ҷон арзиш доранд.

Вай хандида рафт. Ҳамин тавр миёни ҳарду як муносибати ошноӣ падид омад ва хубиаш дар он буд, ки касе аз муштзўрон пешакӣ Расулро ба «пишт» гуфтан ҷуръат намекард…

Баҳор ноаён гузашт, тобистон ҳам ва тирамоҳ фаро расид. Гарчанде, азбас, рўзҳову зиндагонии минтақа басо якрангу дилгир буданд, маънии фаслҳои сол ба андозае барҳам мехўранд.

Айни дарахтафтонӣ Расул ғарқи андеша, шукр, зумрае маҳбусон ин ҳуқуқро аз даст надода буданд, побанди кор буд, ки дигар сарпарастии дуздон – ҳамнишини он ошнояш наздаш биёмад, дар даст табар дошт, хомўшона лаҳзае рост истода теғ кашида нигарист.

Дар қаъри дили Расул воҳима ғалаён гирифт. Бо қирраи чашм ҷониби ошнояш нигарист, ки кунҷе дуртар бо шариконаш бепарво қарта мезад.

– Сигор дорӣ? – пурсид ў сўи осмон нигариста.

– Ҳа, мана, – зуд ду дона дароз кард Расул.

Он мард, ки рўяш дарозу қоқина ва пур аз доғи зард буду бинобар ин таҳи дили, ҳамсўҳбаташ мерамид, нописандона як дона сигорро гирифту бўй кашид, ба атроф чашм давонд.

– Гўгирд? – суол кард Расул.

– Не! – дағаломез рад намуд ва дур шуд. Сигори дуюм ва охиринашро Расул даргиронду дудро чуқур фурў бурд. Ин маҳал овози ҷонгудози касеро шунид.

Он марди лоғарандоми чеҳрааш сердоғ, ки дар ҷараёни қартабозӣ шартро бой дода будаасту танҳо барои он ки маҳбусе «гугирд надорам» гуфтааст, бо табар сутунмўҳраашро шикаста куштааст…

– Чаро? Ба хотири чӣ?… – гуфт сарпараст.

– Ҳеҷ ҷои хайрият нест. Ман батаъкид гуфта будам, ки мову ту дар минтақаи махсус рўзро кўр мекунем. Шукр гўй, ки сигоратро пинҳон накардӣ, вагарна, дами табар, эҳтимол, бар гардани ту фурў мерафт.

– Наход барои як дона тори гўгирд одамро кушанд?

– Гўгирд баҳона аст, ҳафтафаҳм! Шартро, ки бохт ҷони одаму пашша яксон аст. Бахусус агар кас мумсикӣ зоҳир бикунанд, дороияшро дареғ доранд…

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …