Главная / Гуногун / РАҲ БА СЎИ ОҒЎШИ МОДАР

РАҲ БА СЎИ ОҒЎШИ МОДАР

Дар фазои хонае, ки рўи девори сафед он нурҳои моҳи сарди осмони зимистон аксандоз меёфт, овози шинос лаҳзае танинандоз гашт:

– Пи-са-рам…м…

Ва нопадид шуд. Ҳамин лаҳза кифоягӣ кард, ки ў соҳиби садоро бишнаваду зиёда аз он бишносад. Вале дили шаб буду ақлу ҳушашро хоб рабуд ва дигар имкони андешидан, чӣ зуҳурот буду куҷо рафт гуфтан наёфт…

Занги телефонро шунид, осемавор аз ҷогаҳи гарм бархост, зоҳиран садои он аз пешин баландтар буд.

– Лаббай… – гуфт Шўҳрат ҳанўз ба торикӣ одат накарда. Овози ороми ҳамсинфашро шинохт. Ва пурсид:

шеъри модар

– Тинҷӣ аст?

– Ҳмм… Падарат хоҳиш карданд, ки ба ту расонам: аҳволи модарат вазнин шудааст. Ба хонаи акаат худат хабар деҳ…

Шўҳрат маънои зангро фаҳмид. Вай чанд сол инҷониб ин лаҳзаро интизор буд. Инак, он фаро расид, фақат афсўс хўрд, ки дами вопасин дасти модарро гирифтан муяссар нагашт…

Ҳамроҳи бародару янга ва писарчаи ҳаштсолаи онҳо Қобус ҷониби ағба раҳсипор шуданд. Ин роҳи осмониро азбас барф, ки зиёд борида ва қуллаашро саропо зери тасарруфи худ даровард, як моҳ пештар баста буданд. Аммо мардуми корафтодаи кўҳистон чун анъанаҳои қадим пиёдаву савора илоҷе ёфта убур мекарданд. Мавзеи аз ҳама душворгузар ё касногузар гуфта Шодмондараро меҳисобиданд. Аз он тарафаш ҳеҷ боке нест…

То домани ағба андак раҳ мондаву ба димоғ бўи барф расид ва сардии тези он эҳсос, осмони болои ағба торафт тиратар шуд. Ва мошин бо азоб пеш мерафт. Дохили он боз чаҳор нафари дигар ҳамсафар, сумкаҳои пур аз либоси гарму тўшаи раҳ буданд.

Қобус ман гурусна гуфт.

Шўҳрат нону себ дод. Ҷиянаш оромид.

Худашон ҳам гурусна, вале дилашон чизе намеҷуст, мисли пешин, ағбаро, ки гузаштанд, баъд наздики нисфирўзӣ наҳорӣ мекунанд.

Мошин хеле боло рафт, раҳ морвор тоб мехўрд, аз саргаҳи ағба деҳаи поёнӣ чун дар рўи каф метофт. Шўҳрат ин дафъа дурудароз не, як назар афканд халос, чунки ҳушаш побанди хонаводаашон буд…

… Шаби тўй ҳамроҳи падараш сари болини модар нишастанд.

– Кампир, бубин, ки кенҷаписарат ҷомаи домодӣ ба бар кардааст, орзу мекардӣ, дидӣ, дигар ормонамон намонд…

Шўҳрат кафи дастони пуробилаи модарро бар лабонаш бурду бўсид. Ва гўё нури дидагони пиразан афзуд, лабонаш моили табассум шуданд, чеҳрааш мадори шукуфтан мекофт…

Баъд аз чиллагурезон арўсу домод ба шаҳр омаданд. Ду моҳ пас Дилафрўз ба Шўҳрат гуфт:

– Ман ба ноҳия меравам.

– Магар ягон воқеа рўй дод?

– Не, фақат мехоҳам ҳамроҳи модаратон бошам, дуо гирам.

– Модарам бистарӣ бошад ҳам, танҳо не-ку.

– Медонам, мўйсафед мард, дасткўтоҳӣ мекашанд.

– Хоҳаронам зуд-зуд меоянд, саробонӣ мешаванд…

– Худро фиреб надиҳед. Онҳо сербача, бо ташвишҳои оилаҳояшон банданд, дар дигар деҳаҳо зиндагӣ мекунанд.

– Хайр, сахт мушкил шавад, ҳамсоязанҳо ёрӣ медиҳанд.

– То кай? То кай модар ҳар лаҳзаи зарурат нигарони онҳо меистад. Баъд кӣ онҳоро рафта ҷеғ мезанад?

Дилафрўз, ки дар деҳа ба воя расидааст, аз бисёр нозукиҳои рўзгор бохабар буд, аз ин рў дурандешӣ зоҳир мекард…

Ва Дилафрўз ҳамарўза бистари пиразани барҷомондаро нарму тоза нигоҳ медошт, мўйҳои сафедашро шона мезад, дасту пойҳои бемадору шахшудаашро мешусту молиш медод…

Падарашро аз хиҷолат назди мардум раҳоӣ бахшид. Дилафрўз дастархондору гармии хонадон буд…

Ва соаташ пур шуду Дилафрўз набераи пирамардро ба дунё овард…

– Дигар имкони рафтан нест, – ронанда мошинро аз ҳаракат боздошт. – Намехоҳам, ки ҷони шуморо ба хатар андозам. Барф монад, офтоб бароят, баъд…

Чор тараф барфпўш буд, дар ҳаво низ пағаҳои барф мерақсиданд.

– Акнун ақиб ҳам рафта намешавад, – боз овози таассуфангези соҳиби мошинро шуниданд.

– Наход ягон илоҷе набошад, – гуфт бародари Шўҳрат.

Касе садо набаровард, ба интизорӣ тан дода буданд.

Вале онҳо, Шўҳратино, шитоб доштанд.

Ва ҳоло зоҳиран дар саросари дунё аз ағба дида зўртар чизеву мавҷудоте набуд. Аламовар он, ки ағба ғами андўҳи ин чор нафар мусофиронро намехўрд. Ағба гунгу кар ва сард буд, намедонист, ки он тараф, поинтар ҷасади модари Шўҳрат фарзандонашро чашмдор аст… Ағба бераҳму карахт меистод…

Рўз бегоҳ шуд, шаби тор фаромад.

Калонсолон дар партави тираи чароғи хираи дохили мошин, ҳар кӣ ҳар чӣ доштанд, хўрданд. Вале Шўҳратино базўр луқмае чанд ба даҳон бурданд… Ў бори нахуст то чӣ ҳад гоҳо талх будани пораи нонро нафаҳмид…

Кор аз кор гузашта буд, тақдир ҳукми худро равонд, аз охирин дидори чеҳраи сарду пурожанги модар маҳрум монданд…

– Хешу табор, аҳли деҳа ҳама ҷамъ шудагистанд…

– Будагӣ гап, мўйсафедро танҳо намондаанд, – бо дилпурӣ ҷавоб дод Шўҳрат. – Фақат роҳи моро аз поидан ба як ҷо расидагистанд…

Онҳо даҳҳо маротиба тавассути ағба рафта меомаданд ва аввалин дафъа аст, ки ин қуллаи беҷону бепарво онҳоро ба оғўши худ асир гирифт ва маълум набуд, ки кай хатти озодӣ медиҳад…

Боре айни авҷи тобистон занг зада хабар дод, ки пагоҳ фалон соат бо се нафар ҳамкорон ба ноҳия расида мераванд, сафари хидматӣ дорад. Вале гапи хона ба бозор рост наомад. Ду соат дер баромаданд, дар роҳ андак зиёдтар дам гирифтанд ва ҳангоме ба деҳаи Дашти Қозӣ ворид шуданд, Шўҳрат аз дур, дар хамгашти ҳавлиашон падарашро дид. Мўйсафед лаби ҷў рост меистод.

Шўҳрат танҳо бегоҳ аз ҳамсараш фаҳмид, ки падар бештар аз чор соат дар кўча чашм аз роҳи омадани фарзанд наканда мунтазир нишастааст…

Бегоҳӣ Шўҳрату ҳамкоронаш ба ҳавлӣ омаданд, дасту рўй шуста сари дастархон нишастанд. Баъди «Хуш омадед, меҳмонони азиз» гуфтану чои гарм овардан Шўҳрату падараш узр хоста берун баромаданд.

Ҳамроҳ ба аёдати модар расиданд, ки хонаяки алоҳида дошт. Шўҳрат ҳар дафъа, ки ояд, аз рухсораҳои замоне суп-сурхи модар мебўсид, дастони камхунашро ба дидагонаш мебурд.

– Кампир, кенҷаписарат бо дўстонаш барои хабаргирӣ омадааст…

Ашк дар гирди чашмони модар ҳалқа зад.

– Шукр… Шўҳратакам лоиқи меҳрубонии дўстон шудаасту ман… наметавонам, ки аз ҷой хеста ҳурмату иззати меҳмонҳоро ба ҷо биёрам…

– Не-е, ба дил нагиред, ҳамааш омода аст… Гоҳ-гоҳ набератона оварда нишон медиҳад? – аз модараш пурсид.

Пиразан мижа зад, ки маънои «бале»-ро дошт…

– Гўсфанд куштем, кампир, – гуфт мўйсафед, – ҳозир келин оби шўрбо мебиёрад…

Вақте ба сари дастархон баргашт, касе аз меҳмонон пурсид:

– Хола наметобанд, сиҳат-саломатанд?

– Кӣ? – нафаҳмид Шўҳрат.

– Модарро мегўям, аҳволашон нағз аст?

– Ҳа, он кас ду се рўз пеш ба хонаи апаи калонӣ рафтаанд, шояд имрўз биёянд…

Шўҳрат истиҳола намекард, аммо он рўз намехост, ки дўстонаш сари нону намак хиҷолат кашанд…

Нимхобу нимбедор соатҳо гузаштанд ва субҳи рўзи нав дамид. «Агар дар хона мебудем, ин саҳар ба сари хоки модари раҳматиям мерафтем». Ва дандон ба дандон монд. Ронанда сигор мечокид.

– Хайрият, барф боридан бас кардааст.

– Аздусар роҳ банд.

– Он тарафи ағба, агар трактор бошад, барфро тоза карда, роҳ кушода-роҳ кушода мебиёяд.

– Рафту наояд чӣ? – пурсид акааш.

– Росташро гўям, шумо бояд донед, ҳоло мавсими роҳи ағба кушодан нест… Баъд булдозерчӣ магар хоб дида, ки мо ин ҷо банд мондаем?

– Не, – гуфт Шўҳрат, – аз ин обу ҳаво лутфу марҳамате чашмдор шудан беақлӣ аст. Барои мо ягона роҳ пиёда рафтан. Қобусро бо навбат пуштора карда мебарем. Гўшаи телпакашро поин фароред, янга, мабодо гўшҳояшро хунук назанад, шарфашро ҳам сахт бандед. Аз ағба он тарафтар шояд ягон мошин, ҳеҷ набошад, трактор ёфт мешудагист…

Охир мўйсафед медонанд, ки мо рахти сафар бастаем, расида наравем, аҳволашон чӣ мешавад?…

Барф то зону буд, дар қуллаҳои ағба то миён мерасид ва он сўяш рафта-рафта боз то зону поин омад. Муаллиф ба тасаввур кардани мушкилоти ин лаҳзаҳо мекўшад, вале қалам ба тавсифу  ифода оҷиз аст. Ҳарчанд пойҳои яке варамидаву дигаре сармозада… ва мисли кунда кашола мекарданд, ва боварашон намеомад, ки аз муҳосираю чанголи барфҳои ағба раҳо ёфтанд…

Гўё раҳо ёфтанд…

Кунҷи раҳ нишастанд, то ором нафас рост бикунанд, ба худ оянд, охир қитъаи касногузарро паси сар карданд…

Ғулғулаи тарма, ки аз  боло сарозер фурў меомад, дар як он ҳамаро ба даҳшат кашид. Бародару янгааш ҷаста аз дами бало гурехтанд. Шўҳрат низ метавонист, лек дид, ки ҷиянаш Қобус ҷонҳол давиданӣ шуда пешпо хўрд. Ва ў, ки аз ҳама наздиктар буд, боз истода ақиб гашт. Қобусро бардошта тела дод, ба умеде, ки андаке суръати тохташ афзояд.

Қоматашро рост намуд, дигар фурсати қадам бардоштан нашуд…

Тарма сангу сангреза, ҳар мавҷдоти сари роҳаш пеш истодаро ба ҳам меомехт ва рўфта мебурд. Шўҳратро низ ба комаш афканд…

Сонияе он садои барояш аз овони тифлӣ ошноро зери баногўшаш рўшан шунид. Сипас, амвоҷи ғаддори тарма одамеро, оламеро, садои азизеро бо ҳам омезиш доду пахш кард…

Кўҳҳои сокити рў ба рўй, осмони тираи баланд аз ин бозии зиндагиву табиат зоҳиран ба таҳайюр афтода буданд…

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …