Главная / Гуногун / Лавҳи сангин (повест) Зимистон гузашт

Лавҳи сангин (повест) Зимистон гузашт

 

Охирин песабарфҳои талу теппа ва доманаи кўҳҳо об шуданд. Табиат аз хоби дарози зимистон бедор шуда, дар канори пайраҳаю лаби ҷўйҳо қоқую пудина ва сабзаҳои гуногун рўиданд. Офтоб нурҳои роҳатбахши худро бедареғ ба сари замин рехта, ба ҷисму ҷони наботот нашъа медавонд. Аз хандаҳои сабзи дарахтон ва хониши гуногуноҳанги паррандагону садои ҳашарот табиат тўйхонаро мемонд. Дар баробари нумўи табиат тараддуди мардуми деҳа низ оғоз ёфт. Акнун ягон ҳаёт ё боғе набуд, ки он ҷо нафаре дар даст белу каланд ҷунбуҷўл намекарда бошад.

Ба Кабудҷар баҳор омад.

Дар яке аз чунин рўзҳои нармҳавои баҳорон болои қабри назарногири рўяш сабзаҳои ҳархела руста, ки дар канори қабристони деҳа воқеъ буд, лавҳи сангин гузоштанд. Рўи тахтасанги мармар бо хатҳои зебову зарҳалӣ чунин навиштаҷоте буд. «Дар ин қабр модари ҷигарсўхта хоб аст. Ёдгорӣ аз фарзандони нохалаф.»

Ду нафар усто пас аз пояи санг ва атрофи қабрро кошинкорӣ кардан, асбобу ускунаи худро ҷамъ оварда, ба сўи дарвозаи қабристон роҳ пеш гирифтанд. Дар сари қабр марди тахмин бистуҳашт – сисолаи қоқинаи қаддароз, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда аз нисф зиёди мўи сараш рехта буд, ҳамроҳи зани ҳамсоли худаш танҳо монд.

Мард рўи майсаи мисли бахмали сабз сар то сари қабристон доман густурдаи баҳорон оҳиста нишаст. Зан ду – се қадам дуртар мунтазири ў ҳамоно рост меистод.

«Ана, модар, болои қабрат санг ҳам гузоштем. Аммо то ҳол  намедонам, ки чаро маҳз мармари сиёҳро интихоб кардам. Охир, ман ранги сиёҳро чашми дидан надоштам-ку! Бо вуҷуди ин вақте устои пири сангтарош маро ба таҳхонаи дўконаш фароварда, сангҳои гуногуншаклу ҳаррангаро нишон дод, дарҳол ҳамин мармари сиёҳи қадаш якунимметраро хуш кардам. Сохташ ҳам аҷиб: мисли он сангҳои ёдгориест, ки дар сари қабри аскарони шаҳид мегузоранд. Танҳо дар он лавҳҳо нақши ситораи панҷгўша ҷило медиҳад. Ман ҳам мехостам, ки дар рўи санги мазори ту сурати ситора нақш ёфта бошад. Аммо ин дархости ман ба усто мақбул наафтод. Ҳарчанд вай ин фикри маро инкор накард, маслиҳат ҳам надод. Он вақт усто қиссаи қаҳрамонии туро намедонист. Намедонист, ки ту агарчи мисли он сарбозони диловар дар даст силоҳ бар зидди душман мубориза накарда бошӣ ҳам, рафторат қаҳрамонона буд, гуфторат қаҳрамонона буд. Бесилоҳ сарбоз будӣ – сарбози роҳи ҳақиқату адолат ва одаму одамгарӣ.»

Зан лангон-лангон аз қафо омада, ба китфи мард даст монд ва чанд сония ба навиштаҷоти рўи санг мутаваҷҷеҳ шуд.

– Яҳё, чаро ин матнро интихоб кардӣ? Ягон байт менависондӣ, беҳтар набуд? – пурсид ў.

Мард, ғарқи андеша, ба саволи зан дарҳол ҷавоб надод.

1

– Меравӣ? – сукунати вазнини дар хонаи ёздаҳболора соя андохтаро шикаст Самандар-амак.

– Бояд равам, додо, – гуфт Яҳё. – Аҳволи модарам вазнин. Дина оҳувоҳашонро дидед-ку! Дигар тоқати шунидани онро надорам.

– Ўро ҳам фаҳмидан мумкин. Модар аст, ба духтараш дилаш месўзад.

Писар бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд.

– Лекин як-ду рўз сабр кун, мегўям. Дида истодаӣ, ки замона нотинҷ, мардум гўшти якдигарро хўрда истодаанд. Коҳи чандинсоларо бод дода, аз паи интиқом афтодаанд. Агар дар соли анд нохост пишаки нохалаферо «пишт» гуфта бошӣ,  ҳозир ҳамон ба ёдаш расида, аз гиребонат мегирад. Хайр, муносибати кабудҷариҳо ба худат маълум. Онҳо, ҳатто дар замони ҳукумати шўроҳо, ки  қонуну тартибот ба дараҷаи  аъло буд, ҳар намози ҷумъа барои якпула гап мисли хурўсчўҷа  ба бачаҳои мо дармеафтоданд. Ягон тўю маърака набуд, ки ҷавонҳо занозаниву гиребонгирӣ накунанд. Ҳозир бошад, ҳама яроқнок, аз нўки бинӣ боло гап зада намешавад. Агар ба касе нохост каҷ нигоҳ кунӣ, дар бало мемонӣ.

– Воҳима  накунед, додо. Дар ҳама ҷо одами нағз ҳаст, бад ҳаст. Дар Кабудҷар  ман рафиқони зиёд дорам, чанд сол дар донишгоҳ ҳамроҳ хонда, аз онҳо ягон бадӣ надидам. Ёру рафиқ будем, дар як хобгоҳ зиста, аз як дастархон нон мехўрдем.

– Гапат рост, бачем. Аммо… гуфтам-ку, ҳозир одамонро шинохта намешавад. Дар як дам пўстинашонро  даҳ бор иваз мекунанд. Дўстро аз душман фарқ кардан ниҳоят кори мушкил шуд. Демократия гуфта нўхтаи ҳамаро сар дода монданд. Дамдуздаку тафкандаҳои дирўза имрўз яроқ дар даст марди майдон шуданд. Агар демократияашон ҳамин бемазагӣ бошад, туф кардам ба он.

Яҳё чанд лаҳза хомўш сар ба зер афканда, гуфт:

– Аз ин зиёд мунтазир шуда наметавонам. Баъди ду рўз бояд дар Душанбе бошам. Рўзи ҳимояи кори илмиам наздик… тайёрӣ дидан лозим.

– Медонам, – гуфт Самандар-амак андешамандона ва баъд илова кард. – Ту беҳтараш ба Душанбе рав, аз паи корат шав. Хоҳаратро ман як илоҷ карда, хабар мегирам. Аслан ба гапҳои Мурод бовар карданӣ мо хато. Вай як одами воҳимачӣ. Аз пашша фил месозад.

Ҳамин вақт зане, ки дар кунҷи хона зери кўрпа ғунча  шуда мехобид, ба китфи чап гашта, оҳкашон чашм кушод.

– Оча, аҳволатон чӣ хел? – аз ҷой  нимхез шуд Яҳё. – Табатон фуромад?

Зан гўё саволи писарро нафаҳмида бошад, чанд лаҳза ба рўи вай нигоҳи гунг дўхта, сипас нигоҳашро ба мўйсафед кўчонд.

– Чой диҳем? –пурсид Яҳё.

Зан бо аломати «не» сар ҷунбонида, чашмонашро аз нав пўшид.

Самандар-амак асабиёна пешониашро молида, ба Яҳё  рўй овард.

– Дина як сари қадам ба масҷид даромадам. Хостам бо одамон чорта чақ-чақ карда, занги дил барорам, аз навигариҳо хабар ёбам. Аммо як нохалаф табъамро хира кард. Ҳанўз ба масҷид надаромада, дар саҳни ҳавлӣ ба Ҳомиди ҷуҳуд рў ба рў шудам. Вай дилу бедилон бо ман нўкидастӣ салом карда гузаро шуд, ва аз дарвоза берун шуда, ба касе бо овози баланд мегуфт:

– Чашм нарасад, коммунистҳо ҳам масҷидрав шудаанд.

– Кадом Ҳомид? – пурсид Яҳё.

– Ҳомиди ҷуҳудро магар намешиносӣ?  Солҳои раисии ман рўзе набуд, ки дар ҳавлиамон сояашро нишон надиҳад. Аз болои ҳама аъзои колхоз ба ман хабар мекашид. Оқибат бо зориву тавалло ва аризабозӣ вазифаи мудири анборро соҳиб шуд. Бало занад ун ҳаромиро. Мардум аз гандагиву дунёсўзӣ  ва муғамбириаш «ҷуҳуд» лақаб монда буданд.

– Гапашро гардонда ба даҳонаш назадед, – гуфт Яҳё.

– Садқаи дастам шавад. Вай худаш кист, ки гапаш бошад. Ту гумон мекунӣ, ки  ў аз дини ислом бўе бурдааст. Не! Алифро таёқ мегўед… Ман он рафтори Ҳомиди ҷуҳудро, барои он ба ёд овардам, ки ана ҳамин хел зотҳои паст дар байни мардум, тухми низоъ пошида, ба решаи  меҳру оқибат теша мезананд. Имрўз ин гуна косалесон майдонро холӣ ёфта, мулкро бе соҳиб дониста ҳай ба чапу рост аспи ғурур меронанд, савлат мекунанд. Ҳай дареғ!  Ҳай дареғи давлати шўроҳо! Магар вай мемонд, ки ҳар тиҳимағз ба сари мардум зўр шавад. Хулоса, замона нотинҷ, бачем, – гуфт Самандар-амак маънидорона ба писараш нигариста. – Оқибаташ ба хайр шавад, мегўям.

-Ўф-ф. Аҳволи Маъсума чӣ шуд? – аз нав чашм кушода, нидо кард зан. Падару писар ба ҷониби зан рў оварданд. – Касал мегўянд. Ба балои ин ун шавҳари гўрсўхтааш талоқашро додааст, мегўянд.

– Кӣ гуфт? – оташин шуд Самандар-амак.

– О дина Мурод дар пеши худатон нагуфт?

– Мурод даҳани бекор гуфтан мегирад. Вай аз худи Маъсума ё шавҳарашро надида бошад, аз худи онҳо гап нагирифта бошад… Як ҳамсояашон гуфт, мегўяд.

– Шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад. Наход ҳамсояаш дурўғ гўяд.

– Хайр, бигузор гапи Мурод рост бошад. Аммо ҳозир Яҳё чӣ хел ба он ҷо меравад. Мошин нест… замона нотинҷ. Кошкӣ  наздик бошад, – саду бист километр.

– Наравад, – гуфт зан бо истеҳзо ва баъд бо ҳошияи рўймол оби чашмонашро пок кард. – Шумо аз аввал ба фарзандон як зарра меҳр надоштед. Панҷ фарзанд дар пеши назаратон калон шуду боре ба бағалатон гирифта набўсидед.

– Хайр, шуд, ту бўсида бошӣ кифоя.

– Ҷанҷол накунед, додо, – ба мобайн даромад Яҳё. – Ман имрўз рафта Масъумаро гирифта меоям. Бигузор то сиҳат ёфтан дар ҳамин ҷо бошад.

 – Илоҳо барака ёбӣ, бачем, – нолишкунон дуо кард зан. – Хоҳаракат то ҳаст, дуои ҷоната мекунад. Фарзанди заиф як дуогўи беминнат, бачем.

Яҳё сабук аз ҷой бархост.

Самандар-амак низ аз дунболи ў берун баромад. Онҳо пасу пеш аз зинаҳои сангин поин шуда, ҷониби дарвоза рафтанд. Дар дами дарвоза падар даст ба дуо бардошта, ба писараш роҳи сафед талабид.

Дар истгоҳи валонгори канори деҳа се нафар нишаста буданд. Яҳё бо онҳо вохўрӣ карда, дар барашон ҷой гирифт.

– Куҷо, Яҳё? – пурсид яке аз нишастагон, ки ҳамсинфи ў буд. – Роҳи Душанберо гум кардӣ магар?

– Ба Кабудҷар.

– Тинҷист?

– Тинҷӣ. Хоҳарам бемор…

– Ҳозир он ҷо рафтан бисёр хавфнок. Як ҳафта пеш ду нафар бачаҳои моро гаравгон гирифтанд.То ҳол даракашон нест. Ҷанг…

– Кӣ гаравгон гирифтааст?

– Мегўянд, ки Самеъ паҳлавон. Ёд дорӣ, чанд сол пеш дар гўштини тўи кали Субҳон ҳамон Самеъ-паҳлавон низ омада, бо Ҷумъа-паҳлавони мо гўштин гирифта буд. Баъд намедонам бо айби кӣ занозанӣ сар шуд. Самеъ-паҳлавон даъво мекард, ки Ҷумъаро ҳалол ба тахтапушт хобондааст, аммо бакавулҳо мегуфтанд, ки – не! Хулоса, занозанӣ сар шуд.Бачаҳои мо Самеъ-паҳлавону чор-панҷ нафар ҳамроҳонашонро зада, атолахўр карда фиристоданд. Ана ҳамон паҳлавон имрўз командир шудааст. Ва яке аз бачаҳои дар ҳамон занозанӣ иштирок кардаи моро шинохта, гаравгон гирифтааст.

Ҳарчанд Яҳё бо азми қавӣ ба сафар баромада буд, пас аз суханҳои  падар ва гуфтаҳои ҳамсинфаш ноаён тарс дар дилаш сар мехалонд, бо торҳои асабаш нохун мезад. Баъзе ҳодисаҳое ки худ дар кўчаҳои Душанбе шоҳид буд, овозаҳои ҳархела, ки таи моҳҳои охир паҳн мешуданду ў аҳамияти ҷиддӣ намедод, дар хаёлаш аз нав зинда шуда, рўҳашро таъзиқ медод. “Дар умрам ба касе бадӣ накарда бошам, киро ба ман кор аст. Ҳамеша аз паси бечорагии худ будам, на ба бадӣ одамон кор дорам, на ба некашон,” – худро тасаллӣ доданӣ мешуд вай.

– Хайр, ба ман чӣ? Дар он занозанӣ иштирок накарда бошам. Ҳамон тўйро ёд ҳам надорам, – гуфт Яҳё.

– Э барои ў фарқ надорад, ки ту иштирок карда будӣ, ё не! Қасам хўрдааст, ки тухми бачаҳои моро хушк мекунад.

– Гапи беҳуда…

Мошини боркаш чанги хоку шағали канори роҳро ба ҳаво хезонда, каме дуртар аз истгоҳ истод.

– Ҳамин мошин ба ҳамон тараф меравад, – гуфт ҷавони қадпасти ҷомапўш, ки дар тарафи рости Яҳё менишаст, ба ў рў оварда. – Дина ба колхози ҳамсоя ангишт бурда буд. Аз афташ ақиб гаштааст.

Яҳё саросема аз ҷой хеста, ба назди ронанда, ки сарпўши маторро кушода, сараш хам, кадом як қисми онро муоина мекард, рафт.

2

Вақте Яҳё бо иҷозати ронанда худро ба болои мошин гирифт, чор нафар мусофироне, ки рўӣ тахтаи ба қади борти мошин кўндаланг гузошта шуда менишастанд, ба ҳадигар ҷафстар шуда, ба ў ҳам ҷой доданд. Борти мошинро то нисф бо матои брезентӣ пўшонида буданд. Ҳарчанд матоъ ҷо-ҷо дарида буд, мусофиронро аз шамоли сарди фасли поиз паноҳ медошт.

Мошини боркаш, ки аз поргиҳои кабинааш кўҳна буданаш аён буд, хеле суст ҳаракат мекард.

– Ту куҷо меравӣ, бачем? – ба Яҳё муроҷиат кард мўйсафеде, ки дар канори чап менишаст.

– Ба Кабудҷар.

– Роҳамон қариб як будааст. Мо ҳам ба ҳамон тараф равонаем, -гуфт ў бо ишораи даст худаш  ва духтари навниҳолу оҳучашми дар бараш нишастаро нишон дода. – Ана ин ду ҷавон то Чорбоғ мераванд. Илоҳо, роҳамон бехатар шавад, – даст ба рўй кашид мўйсафед.

Дигарон низ ба ў пайравӣ карданд.

– Аз ҳамин колхозӣ? – пурсид мўйсафед деҳаро, ки торафт қафо мемонд, нишон дода.

– Ҳа, – ҷавоб дод Яҳё.

– Писари кӣ мешавӣ?

– Писари Самандар.

– Кадом Самандар? Самандари раис?

– Ҳа.

– Оббо! Падарат сиҳату саломат аст? Чанд сол шуд, ҳамдигарро надидаем. Солҳое, ки падарат дар ҳамин колхозатон раис буд, ман дар савхози худамон вазифаи аграномро иҷро мекардам. Ман аз савхози Жданов. Он солҳо дар маҷлису идораҳои ноҳия тез-тез вомехўрдем. Падарат одами ростгўй, коркун, давраоро. Ман чанд маротиба дар хонаатон низ меҳмон шуда будам. Албатта, ту он вақт кўдак будӣ, дар хотират нест. Худо хоҳад, вақте аз сафар баргаштӣ, аз номи ман ба падарат салом гўй. Гўй, ки ошноятон Икроми понял сараша гирифта рафт. – Механдӣ, а! – гуфт мўйсафед ба Яҳё, ки баробари шунидани лақаби ў табассум карда буд. – Ҳамин лақабро ба ман падарат монда буд.

Он ду ҷавони ҳозир низ ба сўҳбати онҳо мутаваҷҷеҳ шуданд.

– Тақрибан  сивупанҷ – чил сол қабл дар маркази ноҳия маҷлис барпо шуд. Аз Душанбе як занаки ўрус омада, дар хусуси шудгори замин хеле гап зад. Ман, ки забони ўрусиро нағз намедонистам, ба вай      якчанд савол додам, ки ў бо кўмаки тарҷумонии котиби сеюми райком он масъалаҳоро аз нав фаҳмонд. Ва ман аз ҷавобҳои ў қаноатманд «понал», яъне фаҳмидам гўён ба ҷоям нишастам. Падарат, ки дар ҳамон маҷлис иштирок дошт, ҳамин гапро шўхӣ ба шўхӣ дар ҳама ҷо гуфта, оқибат ин лақабро ба гўшам ҳалқа кард.

Мўйсафед яқин чанд лаҳза ба ёди он айёми ҷавониву беғамиҳояш банд шуда, сукут кард ва баъд сар бардошта, гуфт:

– Эҳ, чӣ рўзҳои нағз буданд он рўзҳо. Ҳеҷ кас ба каси дигар бадиву бахилӣ надошт. Фақат кор мекардем, хушбахтии инсонро танҳо дар кор медидам. Зиндагиамон тинҷ, серу пур буд. Аммо имрўз… чӣ бало зад одамонро…

Тақрибан пас аз як соат роҳ паймудан, мошин дар миёни дашти фарох истод.

– Чӣ гап шуд? – Мўйсафед ғур-ғуркунон аз ҷой хеста, ба поён нигоҳ кард ва зуд ба ҷояш баргашта, – пост, – гуфт. – Ҳуҷҷатҳои ронандаро тафтиш мекунанд.

Дере нагузашта ҷавони тақрибан ҳабдаҳ-ҳаждаҳсола аз лабаи қафои мошин сар кашида, чанд лаҳза ноҷунбон ба мусофирон чашм давонд. Дар сари китфи чапаш тасмаи автомат овезон буд.

– Фароед, – амр дод ў.

– Куҷо фуроем, бачам? – пурсид мўйсафед.

– Ба куҷо мефаромадӣ… Астағфируллоҳ. Ба даҳонам як гапи соз омаду… – ҷавон давоми гапашро нагуфта, ба қаҳр худро ба замин гирифт.

Мусофирон чӣ кор карданашонро надониста, ҳайрон ба якдигар нигаристанд.

-Тавба кардам, худо, тавба, – мўйсафед гиребонашро дошта, оҳиста аз ҷой хест. Ҳамин вақт ду силоҳбадаст болои мошин баромаданд. Ҷавоне, ки чанд дақиқа қабл онҳоро ба фаромадан амр карда буд, бо қавоқи гирифта ҳуҷҷат пурсид. Ба ғайр аз духтар ҳама ҳуҷҷатҳояшонро бароварда нишон доданд. Ҷавон ҳуҷҷатҳоро сарсарӣ аз назар гузаронду ба духтар рўй овард:

-Ҳуҷҷат… Куҷо меравӣ?

– Ин духтари ман. Мо ба Сангрез меравем.

– Худаш забон надорад? – сухани мўйсафедро бурид нафари дуюм, нигоҳи хуморолудашро аз рўи духтар наканда. – Куҷо меравӣ, духтари нағз.

Духтарак мисли оҳу рамида, худро ба падар ҷафс кард.

– Бачам… ин духтари ман.

– Фаҳмидам, мўйсафед, духтари ту. Лекин ҳуҷҷат надорад. Мо фармон гирифтем, ки одамони беҳуҷҷатро боздорем.

– О ин духтари шонздаҳсола, аз куҷо ҳуҷҷат дорад.

– Метрика дорад?

– Дораду… дар хона.

– Мумкин нест. Фаро! – гуфт ҷавон ба духтар.

– Бачам!

– Хап, мўйсафед!

– О, бачам!

– Мўйсафед, асабӣ накун, ки бе ту ҳам сарам вайронай… А дихтар, чашмота садқа, намефаҳмӣ?! Бихамб тез!

– Намехамбад! – парида аз ҷой хест мўйсафед. – Ин чӣ бедодист! Шумо кистед? Кӣ ба шумо, кўдакони дирўза, ҳуқуқ додааст, ки духтараи ноболиғро бо баҳонаи ҳуҷҷат аз роҳ боздоред.

– Ҳамин ноболиғай? – гуфт ҷавон бо ришханд, гоҳ ба мўйсафед ва гоҳо ба духтар нигариста. – Агар ҳамин рўз ба шавҳар диҳӣ, баъди як ҳафта мезояд.

Ҳамроҳаш аз ин гапи ҷавон завқ бурда, баланд хандид.

– Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан! Ту ҳам хоҳар доштагистӣ.

– Рост мегўм, мўйсафед. Бовар накунӣ як шаб дар ихтиёри ман мон, ана баъд бовар мекунӣ.

– Эй халоиқ! Ногаҳон чун шер наъра кашид мўйсафед. – Ин чӣ бедодист, дунё соҳиб дорад ё не?!

– Хап куне, пирхар! – ба сари мўйсафед мушт бардошт силоҳбадаст.

Ҳамин вақт аз поён овози ғафси мардона пурсид:

– Чӣ гап?

Ҷавон баробари шунидани овоз ба поён гардан ёзонда, гуфт:

– Як духтари ху-ушрў ҳуҷҷат надорад. Чӣ кор кунем?

Ҳоло соҳиби овоз ҷавоб надода, мўйсафед ҷаста аз ҷой хеста, ба поён рў овард:

– Додар, мон, аз роҳамон намонем.

– Ин қадар куҷо саросемаӣ, мўйсафед?

– Роҳамон дур, додарҷон, илоҳо барака ёбӣ, ин шербачаҳоятро ҷеғ зан.

– Монед раванд, – фармон дод ҳамон овоз.

Силоҳбадастон дилубедилон аз мошин поин шуданду баъд аз ду-се дақиқа он ба ҳаракат даромад.

Аммо ҳанўз аз ғави дар сари роҳ кўндаланг гузошташуда даҳ-дувоздаҳ метр ҳаракат накарда, аз қафо ғалоғула бархоста, садои тир баромад. Касе аз қафо тозон омада, ба ронанда амр намуд.

– Қафо баргард!

– Ҳозир иҷозат доданд-ку, – гуфт ронанда.

– Командир мегўяд, ки қафо гарданд.

Мошин қафонокӣ ҳаракат карда, аз ғав гузашту дар ҷои аввалааш қарор гирифт. Боз ҳамон ҷавон аз лабаи қафои мошин сар кашида:

– Фароед, – гуфт. – Тезтар!

Мусофирон аз мошин поин шуданд. Танҳо ду кампир дар кабина монданд. Дар назди вагончаи канори роҳ панҷ нафар рост меистоданд. Дар байн марди қадбаланди пуррапайкар сигор дар лаб аз мусофирон чашм намеканд.

-Дар мобайн, аз афташ, сардорашон, – гуфт мўйсафед худ ба худ пичирросзанон. – Хоб будааст-чӣ?

Вақте ки ба назди вагонча расиданд, ҳамон ҷавони қоматбаланд онҳоро дар назди вагонча саф кашонд.

– Кӣ ҳуҷҷат надорад? – пурсид вай пасмондаи сигорашро ба пеши пояш ҳаво дода.

Ҳама хомўш буданд.

– Ана ин духтарак, – гуфт ҳамон ҷавоне, ки ҷанд дақиқа пеш ҳуҷҷатҳоро тафтиш карда буд.

– Бачам, ин духтари ман. Мо ба Сангрез равонаем. Ҳозир ба рафиқонат фаҳмондам. Ин ҳоло синфи даҳро хатм накардааст, шиноснома надорад.

– Шиноснома надошта бошад, дар хона шинад.

-Э, бачам, мо магар ба сайру саёҳат меравем… маҷбур шудем.

Қоматбаланд дигар ҳеҷ чиз нагуфт. Баъд ба яке аз ҳамроҳонаш рўй оварда, фармуд:

– Мардҳоро бибар.

Одами фармоишгирифта Яҳёву ронанда ва он ду ҷавонро аз қафои худ ҳидоят карда, аз баландӣ нишеб шуд.

– Онҳоро куҷо бурданд, бачам? – пурсид мўйсафед.

– Натарс, ҳеҷ бало намезанадашон. Барои ҳоҷатхона  чуқурӣ мекобанд. Шумо ҳам равед, – гуфт қоматбаланд аз чи  бошад табассум карда ба мўйсафеду духтараш. Вақте ки падару духтар ба қафои вагонча мегузаштанд, қоматбаланд аз қафо гуфт. – Мўйсафед, ту биргадир, назорат кун, чуқуртар бикобанд…

Мошин дар дашти фарох роҳашро  идома дод.

Мусофирон хомўш буданд.

Ё тавба, – ниҳоят хомўширо шикаст мўйсафед. – Аз бандаҳои халқ кардаат гардам, худо! – Баъд чанд лаҳза лаб фурў баста, ба Яҳёву он ду ҷавон нигариста, гуфт:

– Ҳама бадбахтӣ аз бепарвоии инсонҳо сар мезанад. Масалан, чаро ҳозир ягонтаи шумо овоз баланд накардед, пеши роҳи он ду оқипадарро нагирифтед. Нагуфтед, ки эй ошно, дар ҳаққи духтари мардум ин хел гапҳои носазо нагўй, ба марди мўйсафед чунин дағалӣ накун, ба сараш мушт набардор. Охир, ту ҳам падару модар, апаву хоҳар доштагистӣ. Ин корат нағз не, нагуфтед. Хомўширо авло донистед. Тарсидед. Аммо… имрўз бо мани пиру духтари муштипарам чунин дағалӣ карда бошанд, пагоҳ ба падару хоҳари шумоён низ чунин рафтор мекунанд.

Мўйсафед ин суханҳоро бо алам, бештар ба Яҳё нигариста ба забон овард.

«Аз як ҷиҳат рост мегуяд мўйсафед, – аз дил гузаронд Яҳё. – Кори хуб нашуд. Чанд дақиқа бо он силоҳбадастон танҳо туву ман карду мо ба ҳимояаш лаб накушодем. Тарсидем, ки агар тарафи ўро гирем, силоҳбадастон ба ғазаб меоянд, мўйсафеду духтарашро ба ҳолашон гузошта, ба мо мечаспанд»

– Магар ҳозир ба онҳо гап фаҳмонда мешавад? – гуфт яке аз он ҷавонон. – Ба насиҳат лаб накушода, мағзи саратро дар ҳаво чош медиҳанд. Беҳтараш аз онҳо дуртар гаштан лозим

-Ту худатро дур бигирӣ, ман чашм пўшам, оқибат чӣ мешавад? Оё ин дунёи равшан ба зулмот табдил намеёбад. Туро газад маро чӣ ғам гуфтем, ки ба ин рўзи сиёҳ расидем.

Мўйсафед дигар гилагузориро бас карда, ба андеша рафт…

Мошин дашти лучу урёнро қафо гузошта, инак, аз миёни деҳаи наонқадар калон, вале сердолу дарахт пеш мерафт. Рўз бегоҳ мешуд. Дари магазине, ки мошин аз назди он гузашта истод, кушода буд. Кампирони дар кабина нишаста ба манзил расиданд, онҳо бо ронанда хайру маъзур карда, ҷониби магазин рафтанд. Яке аз ҷавонҳо аз ронанда пурсид, ки оё метавонад аз магазин сигор бихарад.

– Метавонед ҳамаатон фуроед, – гуфт ронанда. – Ман ҳам ба хона расидам. Ҳозир дар гардиши якум ба тарафи дасти рост мегардам. Хонаам дар он тарафи сой. Шумо беҳтараш дар ҳамин ҷои обод шабро рўз кунед. Чунки дигар мошин шуданаш ба гумон. Дар назди ана он бинои дуошёна чойхона ҳаст. Агар аз чойхоначӣ барои як шаб ҷой пурсед, не намегуфтагист.

Он ду ҷавон қарор доданд, ки то гардиш мераванд. Ба ҳар ҳол то хонаашон, ки дар ҳамин қарибиҳост, роҳ кўтоҳтар мешавад.

Мўйсафед, духтар ва Яҳё ноилоҷ аз мошин фуромаданд.

Мошин рафт.

– Ўҳ, ноаҳлҳо-е! – калла ҷунбонд мўйсафед аз қафои мошин. – Ақаллан барои диламон ба хонааш даъват накард-а! Дар ин ҷойи ношинос моро танҳо партофта рафт…

Дари чойхона баста буд. Дар атроф касе наменамуд.

– Хонаи чойхоначӣ дар куҷо бошад? – ба Яҳё нигариста пурсид мўйсафед. – Дар дашт мемондагӣ барин-ку.

Ҳамин вақт аз боғи ақиби чойхона писарбачае гови алои бузургҷуссаро пешандоз карда, баромад.

– Хонаи чойхоначӣ дар куҷост? – пурсид Яҳё, вақте ки писарбача аз назди онҳо мегузашт.

– Ҳў ана, – ба самти ҷануб ишора кард писарбача. – Дар охири кўча дарахти чормағзро дидед? Дар рў ба рўи он як дарвозаи кабуди оҳанин ҳаст. Ана ҳамон дарвозаи чойхоначӣ.

Мусофирон ҷониби дарахти чормағз гом бардоштанд.

Баробари баланд шудани тақ-тақи дарвоза саге ҳавлиро ба сараш бардошта, ҷониби дарвоза давид ва дуру дароз ҷакид. Баъд аз ду-се дақиқа овози марде баромад, ки сагро дашном медод.

Дарро ба рўи мусофирон марди миёнқади газгўшт, ки дар тан ҷомаи обшуста ва дар пой калўш дошт, боз кард. Ва чанд лаҳза ба рўи меҳмонони нохонда нигоҳи суол дўхт.

– Додар, мо дар мулки шумо мусофирем, – гуфт мўйсафед. – Дар роҳ мондем. Агар илоҷ бошад, дар чойхонаат як шаб ба мо ҷой медодӣ.

– Марҳамат, дароед, – аз дами дарвоза худро канор гирифт мард. Ва сагашро, ки ҳамоно ғур-ғур карда, аз меҳмонон чашм намеканд, «гум шав!» гуён ба кунҷи рости ҳавлӣ пеш карду меҳмононро ба сўи меҳмонхонааш раҳнамун шуд.

Меҳмонхона ҷиҳози зиёд надошт. Дар фарши он ду қолини рангбохта густурда шуда буд. Дар пешгаҳ як ҷевони дарунаш пур аз чойнику пиёла ва ду сандуқ, ки болояшон ду тахт кўрпаву болишт ба тартиб чида шуда буд, менамуд.

– Сафарҳо ба хайр, – пурсид чойхоначӣ пас аз духтари мўйсафедро ба хонаи дигар, назди зану духтаронаш монда баргаштан. Ва ҷавоби меҳмононро мунтазир нашуда, аз кунҷи хона хонтахтаро гирифта, ба мобайн гузошт, дастархони ҳамроҳ овардаашро дар рўи он боз кард.

– Э напурс, додар, – гуфт мўйсафед оҳ кашида. – Ин ҷанги лаънатӣ мисли балои осмонӣ ногаҳон ба сарамон омад, рўзамонро сиёҳ кард.

 – Шумо аз куҷо мешавед?

– Аз тарафҳои Дарёобод… Ҷойҳои шумо тинҷ аст?

– Хока тинҷ… Маҳалбозӣ, гурўҳбозӣ, фитнаангезӣ, зўроварӣ, дуздиву ғоратгарӣ дар авҷи аълояш. Хайр, ҷавонҳоро хом гуфтем, хунашон дар ҷўш, гуфтем, аммо намедонам ба пирон чӣ бало зад. Ҳатто масҷид – хонаи худои яккаву ягонаро тақсим кардаанд, алоҳида-алоҳида намоз мегузоранд. Ҳар гурўҳ худашро соҳиби масҷид медонад, тарафи муқобилро ба он роҳ надоданӣ мешавад. Ман таҳҷоӣ – ту омада… ту дар вақташ коммунист будӣ, бо ту якҷоя намоз хондан ҳаром ва ғайраву ҳоказо гўён ҳар рўз хархаша мекунанд. Хулоса, нотинҷӣ.

– Дар ноҳияи мо ҳам аҳвол ҳамин. Як ҳафта пеш се нафар шабона ба хонаам даромаданд. Дар дасташон автомат, рўяшон ниқобпўш. Пула барор, гуфтанд. Дарҳол пайхас кардам, ки ҳамсояҳоянд, ё гумоштаи онҳо. Зеро танҳо ҳамсояҳо медонистанд, ки ман ҳамон рўз лимуҳои ҳавлиамро ба пули калон кўтара савдо карда будам. Хулоса, он шаб ҳама пули дар бисотам бударо бароварда додам. Хайрият, ки ин духтарам дар хонаи апааш буд. Худам танҳо будам дар хона. Духтари калониамро дару хонааш алоҳида. Понздаҳ сол пеш занам бандагӣ кард. Ҳамин духтарамро худам калон кардам гўям, хато намешавад. Аз тарси он ки моиндар азобаш медиҳад, дигарбора хонадор нашудам… Қисса кўтоҳ, рўзи дигар ба милиса хабар додам. Дар назди ҳамдеҳагон, ба ҳама шунавонда, ба милисаҳо таҳдид кардам, ки агар ғоратгаронро пайдо карда, ҷазо надиҳед, ин корро худам мекунам. Лекин баъд маро ҷинояткор ҳисоб накунед.

– Шумо дар ҳақиқат онҳоро шинохта будед? – пурсид чойхоначӣ.

– Не. Лекин ҳарчанд он лаънатиҳо бар замми ба рўяшон ниқоб кашидан, овозашонро низ тағйир доданд, тахмин мекардам. Чи мегўед, ки онҳо шаби дигар боз омаданд, дўғу пўписа карданд, ки беҳуда милисаравӣ накунам. «Фаромўш накун, ки духтари хона дорӣ, а, мўйсафед. Агар пагоҳ аз деҳа гум нашавӣ, баъд аз худат гила кун. Дар таки ҳафт қабати замин ҷо кунӣ ҳам, духтаратро ёфта, зан карда ба дастат оварда месупорем…

Чойхоначӣ, пас аз шунидани саргузашти кўтоҳи мўйсафед, нисбати ў боз меҳрубонтар шуд, ҳар замон ўро ба дастархон муроот мекард. Баъзан ба Яҳё низ рў оварда «пештар шин, додар, ба дастархон нигоҳ кун» мегуфт.

Онҳо аз ҳар дар сўҳбат карда, то як поси шаб нишастанд. Вақте ки чойхоначӣ дастархонро ҷамъ карда, аз таҳмон кўрпаву болишт гирифта, барои онҳо ҷойи хоб андохт, мўйсафед, ки дар тараддуди берун баромадан буд, ба соҳибхона гуфт:

– Додар, аз рўи гапат ин ҷойҳо хеле нотинҷ будааст. Чӣ мешавад, ки ман духтарамро чандрўза дар хонаи ту монда, роҳамро танҳо давом диҳам. Ҳамин ки хешовандонамро ёфтам, омада ўро мебарам. Худат медонӣ, дар ин вазъияти нобоб бо духтари қадрас гаштан беақлист. Дар раҳу рў кас ҳаст, нокас ҳаст. Воқиаи имрўз дар роҳ рухдода диламро хиҷил кард.

Мўйсафед ин суханҳоро бисёр ба дард ва ба оҳанги илтиҷову зорӣ ба забон овард.

– Агар илоҷ медоштам, ба ҷону дил, – гуфт соҳибхона. – Вай ба рўзгори ман ҳеҷ вазнинӣ намеорад, баръакс ба кору бори занак дастёрӣ мекунад. Аммо худатон дидед, ки вазъият чӣ гуна аст. Худо накарда ин духтари бегона аз куҷо пайдо шуд, гуфта ба сарам биёянд, чӣ мегўям. Ҳозир писар ба гапи падар гўш накарда монд. Аз дасти яроқдорон ҳар кор меояд… Баъд як умр дар назди шумо рўсиёҳ мешавам.

Дар хона сукунати вазнин соя андохт.

– Ягон писари зангир надорӣ, ки ўро ба никоҳаш дарорад, – гуфт мўйсафед.

– Не, ака. Як писар дорам, ки кайҳо хонадор карда будам, ҳоло се фарзанд дорад.

– Шинос чӣ?

– Намедонам, ака. Ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Ҳозир ба ягон кас бовар карда намешавад…

Мўйсафед, аз афташ, то субҳ мижа таҳ накард: оҳ мекашид, аз паҳлў ба паҳлў мегашт, гулў меафшонд. Пагоҳӣ барвақт хеста, таҳорат кард ва ҳамроҳи соҳибхона намоз гузориданд. Пас аз ноништа ҳамроҳи чойхоначӣ ба назди чойхона омаданд. Чойхоначӣ пас аз рўбу чин онҳоро ба яке аз тахтакатҳо, ки дар айвони чойхона гузошта шуда буд, шинонд. Ҳарчанд исрор карданд, гўш накарда наздашон як чойник чой, ду нон ва дар як тақсимча қанди печак оварда гузошт. Ва таъкид кард, ки бемалол нишаста чой нўшанд, ў худаш онҳоро ба ягон мошини роҳгузар савор мекунад. Воқиан ҳам пас аз як-ду соат мўйсафедро ҳамроҳи духтараш (дигар ҷой набудааст) ба як мошини майда нишонда, гусел кард.

Мўйсафед ҳангоми хайрухуш Яҳёро ба оғўш кашида, чашмонаш мал-мали об гуфт:

– Паноҳат ба худо, бачем. Вақте ба хона баргаштӣ, гапи ман аз ёдат набарояд. Ба падарат гўй, ки ошнои поналатон сараша гирифта рафт. Дидорҳо ба қиёмат, гўй.

– Ин хел нагўед, амак, – гуфт Яҳё ба зўр худро ба даст гирифта. –Ҳоло ба хонаамон мебиёед, ман дар пеши поятон гўсфанд мекушам.

– Кошкӣ, – гуфт мўйсафед.

3

Яҳё нисфирўзӣ ба Кабудҷар расид. Пас аз мошин фуромадан дар оби ҷўи чанд қадам дуртар аз роҳи калон ҷорӣ, даст шуста, бо кафаш об нўшид. То хонаи хоҳараш, ки аз роҳи калон ёздаҳ километр дуртар воқеъ буд, бояд пиёда мерафт, ё ягон мошини раҳгузарро мунтазир мешуд. Оқибат қарор дод, пиёда биравад. Дар гирду атроф ҷонзоде наменамуд. Дар ин танги тирамоҳ деҳа гўё ҳуввас мезад. Дарахтони саросар баргашон рехта, лучу урён, ба дили кас тазъиқ меоварданд. Аз паси дарвозаи ҳавлии шафат пайваста аккоси саг меомад. Вай, саг, аз афташ аз роғи дарвоза суроби Яҳёро дида, беист меҷакид.

Яҳё ба роҳ даромад. Ў раҳораҳ меандешид, ки имшаб дар хонаи хоҳараш хоб мекунад ва агар ў розӣ шавад, пагоҳ ҳамроҳ ба хона бармегарданд. Баъд ба Душанбе меравад. Вай дар сар ҳамин гуна андешаҳо аз назди осиёи обӣ, ки онро як ҷўй оби мусаффо гардон мекард, мегузашт, ки ногоҳ аз қафои боми пастаки дар назар валангори осиё садои мусалсали тир баромад. Дар як дам ба сукунати деҳа рахна афтода, садои пой омехта ба дашному ҳақорат баланд шуд.

Яҳё аввал аз ин гирудор чизе нафаҳмид ва вақте ба худ омада, хост худашро ба кунҷе гирад, дер шуд. Зеро акнун аз пайроҳа бероҳа шуданӣ буд, ки се-чор нафар силоҳбадастон аз паси осиё баромада «ист!» гўён сўяш тохтанд. Яҳё дар ҷояш ях баст. Як ҷавони қадпасти дар бари рўяш асари ҷароҳат дошта нахустин шуда ба назди ў расид. Ва вақте ҳамроҳонаш низ расиданд, ба яке аз онҳо муроҷиат кард:

– Ҳамин буд?

– Не, – гуфт марди миёнсол. – Қади вай баланд буд, дар тан ҷома дошт.

– Ту кистӣ? – пурсид қадпаст.

– Ман мусофир… ба хонаи хоҳарам равонаам.

– Хоҳарат кист? Дар куҷо зиндагӣ мекунад?

– Масъума… Хонааш дар назди кўпруки боло.

– Мешиносӣ? – пурсид қадпаст аз марди миёнасол.

– Чунин номро бори аввал мешунавам.

– Шавҳараш Ҳасан ном дорад, – забон хоид Яҳё. – Чандин сол мудири анбори колхоз буд. Мегўянд, ки ба қарибӣ раис интихоб шудааст.

– Аҳа! – якбора авзояш тағйир ёфта, нидо кард қадпаст. – Худат аз куҷоӣ?

– Ман дар Душанбе зиндагӣ мекунам.  Дар мактаби олӣ дарс мегўям.

– Аҳа!  Боз шпион1 набошӣ?

– Худо нигоҳ дорад.

– Чӣ, худо нигоҳ дорад?

– Аз шпионӣ.

– Ҳозир ҳамроҳи мо ба штаб меравӣ. Мо бояд бифаҳмем, ки ту ба чӣ мақсад омадаӣ. Ҳуҷҷат дорӣ?

– Дорам.

– Ҳамаашро дар ҳамон ҷо тафтиш мекунем.Агар таги думат тар набошад, роҳат сафед.

– Дар ҳамин ҷо тафтиш карда намешавад?

– Не, намешавад, командир худаш бояд бубинад.

– Он се нафар, ки то ин дам хап ба гуфтугўи оҳо гўш медоданд, бо як овоз ғазаболуд гуфтанд.

– Чӣ бо ин ҳафту ҳашт карда нишастаӣ! Паси сараш ду мушти обдор фурор, чунон йўрға мекунад, ки ҳеҷ кас нагуфтааст.

– Пеш даро, –  амр дод қадпаст.

Яҳё ноилоҷ пеш-пеши онҳо ба роҳ даромад.

Штабе, ки силоҳбадастон дар назар доштанд, ду километр дуртар аз роҳи калон, дар бинои мактаб воқеъ будааст. Вақте Яҳё аз паси қадпаст ба долони дарози мактаб, ки дар тани деворҳояш портретҳои шоирони классик Рўдакӣ,Фирдавсӣ, Саъдӣ, Сайидо овезон буд, ворид гашт, аз чӣ  бошад баробари дидани симои нуронии онҳо дилаш равшан шуд, хотираш болида гардид, асаби тарангаш ором гирифт. «Дар ҷое, ки ин бузургону орифон ҳастанд, набояд рафтори зишт кунанд. Арвоҳи ин бузургмардон дастгирам мешаванд,» – роҳравон меандешид Яҳё.  Қадпаст дар назди дари чарминпўш, ки дар танааш «Директор» навишта  шуда буд, бозистод ва як лаҳза ба он навиштаҷот бо тамасхур назар  андохта, гуфт:

– Ҳозир ба қабули директори мактаб медароӣ. Агар талабаи бадхон бошӣ гўшҳоятро мебурад. Фаҳмидӣ? Ҳамин ҷо бош, боз нагурезӣ. – Вай аввал худ ба кабинет ворид шуд, ва пас аз ду-се дақиқа  берун омада, Яҳёро ба дарун хонд.

Кабинет кушоду барҳаво буд. Ду тирезаи панҷарапўши он, ки ба тарафи  боғи мактаб кушода мешуд, то нисф пардаи сафед дошт. Дар пешгаҳ  як ҷевони барқад меистод, ки андарунаш дар чор қатор китобҳои гуногун чида шуда буд. Дар кунҷ баробари қади ҷавон байрақи алвониро рост монда буданд. Дар девор харитаи сиёсии дунё ва каме болотар  портрети Ленин дар даруни чаҳорчўбаи зарҳалӣ овезон буд. Дар болои мизи пойҳояш кандаккорӣ шуд ғарами коғаз,қаламдони пур аз қаламҳои гуногуну хаткашак ва каме дуртар як глобус гузошта шуда буд. Маълум буд, ки то рўзҳои наздик директори мактаб дар ҷои кори худ кор кардааст.

Алҳол паси миз марди қоматбаланди мўйҳояш кўтоҳ қайчӣ задашуда, дар тан камфуляжи оҳараш напарида нишаста, аз тиреза ба берун менигарист. Вақте ки қадпаст аз паси худ дарро пўшид, мард аз тиреза  чашм канда, ба онҳо рўй овард. Қадпаст берун баромад.Мард чанд лаҳза бо нигоҳ сар то пои Яҳёро палмосида гуфт:

– Хўш?

Яҳё хост чанд қадам пеш монда, бо мард вохўрӣ кунад, аммо аз воҷаҳати ў аён буд, ки вай он қадар рағбати бо Яҳё салом кардан надорад.

Мард ҳамоно аз Яҳё чашм намеканд.

Яҳё чанд лаҳза чӣ кор карданашро надониста, ҳайрон монд. Дасташро гоҳ ба киса меандохот, гоҳ берун мекард. Намедонист дасташро куҷо кунад.

Мард ҳамоно хомўш буд. Нигоҳ мекард.

– Ман ба хонаи хоҳарам равон будам, – ба гап даромад Яҳё – бачаҳоятон дар назди осиё боздоштанд.

– Хонаи хоҳарат?

– Бале. Вай бемор гуфта шунидем. Хабаргирӣ омадам.

–  Дурўғ намегўӣ?

–  Не, ба худо рост мегўям. Ба шумо дурўғ гуфта чӣ мегирам.

– Аз Дарёбод мешавӣ?

– Ҳа. Лекин ҳоло дар Душанбе зиндагӣ мекунам.

– Дар кадом кўча?

– Гипрозем.

– Дар минтингҳои  кадом майдон иштирок мекардӣ?

– Дар ягон майдон наменишастам. Ман як муаллими оддӣ, ба сиёсат кор надорам.

– Дурўғ намегўӣ?

– Не.

– Ислома мешиносӣ?

– Кадом Ислом?

– Аз деҳаи шумост вай.

– Не, намешиносам.

– Хайр, шиносӣ ҳам, қоил намешавӣ. Ин барои  мо муҳим нест.

Ҳамин вақт телефони рўи миз садо дод. Мард ҳамоно аз Яҳё чашм наканда, гўшакро гирифт. Аз гуфтугузораш маълум буд, ки ўро таъҷилан ба куҷое ҷеғ мезананд. Мард гўшакро ба ҷояш гузошта, назди дар рафт ва онро боз карда, ба касе фармон дод, ки Салимро ба назди ў ҷеғ занад.

Пас аз чанд лаҳза як нафар силоҳбадаст саросема ба кабинет ворид шуд.

– Ҷеғ задед, командир?

Яҳё ўро зуд шинохт. Охир, онҳо чанд сол пеш дар донишгоҳ ҳамсабақ буданд, дар як хобгоҳ мезистанд. Хонаи Салим дар ошёнаи чорум буд. Инро Яҳё нағз дар хотир дорад. Зеро дар ҳамсоягии ў Манзура мезист. Манзураи дилбару зебо. Манзурае, ки ҳам Яҳё ва ҳам Салим ба ў дил бохта буданд. Азбаски Салим ва Манзура ҳамдеҳа буданд, вай беибо ба хонаи Манзура медаромад, ҳар қадами ўро таҳқиқ намуда, ба рафтору гуфтори ў хурдагирӣ мекард. Ба ҳамин роҳ гўё ўро аз роҳи бад бозмедошт, посбонӣ мекард. Аммо дар соли дуюми таҳсил Салимро барои авбошияш аз донишгоҳ хориҷ карданд. Баъд вай ҳамроҳи Яҳё ва чанд нафар ҳамсабақони дигар, ки тибқи фармони нав ҳангоми таҳсил ба хизмати аскарӣ даъват шуданд, ба хизмат рафта, пас аз адои хизмат онҳо боз якҷоя таҳсилро давом доданд…

Яҳё Салимро дида, хурсанд шуд, каме рўҳ гирифта, гарм табассум кард. Аммо Салим, гўё ўро умуман намешинохта бошад, ба сўяш як назар нигоҳи сард андохта, ба командири худ, ки алҳол аз ғаладони миз чизе мекофт, рўй оварда, такрор кард.

– Ҷеғ задед, командир.

– Ман тақрибан баъди ду-се соат меоям. Ту ҳозир аввал ўро бурда маҳкам кун, – ба сўи Яҳё ишора кард командир. – Баъд аз паси ҳамон кор шав.

– Хуб шудаст.

Яҳё ҳарчанд аз рафтори Салим ҳайрон монда, ба сад гумон мерафт, аз чунин сурат гирифтани воқиа хурсанд буд.

Вақте ки аз кабинет баромада долони дарози мактабро мегузаштанд, Яҳё ба умеди он ки Салим бо ў дар танҳоӣ ҳамгап мешавад, ду-се маротиба ба ақиб нигоҳ кард. Аммо Салим хомўшу ҷиддӣ буд, аз ваҷоҳаташ барфу борон мерехт. Гўё Яҳёро умуман намешинохта бошад, ба ҷуз чашми нигаҳбонӣ ба ў назар намеандохт.

“Наход ин ҷанги лаънатӣ ўро то ба ҳамин дараҷа тағйир дода бошад.  дар назди силоҳбадастон намехоҳад, ки бо ў шинос буданашро ошкор кунад,” – меандешид Яҳё.

Вақте аз бинои мактаб берун шуда ба роҳрави симонпўш дохил шуданд, ҳамон ҷавони қадпаст ва як нафари дигар, ки дарахтҳои буридаи боғи мактабро ба мошини дар назди дарвоза истода мекашонданд, Салимро садо кард.

– Акаи Салим, куҷо мебарӣ маълима?

– Имтиҳонсупорӣ, – заҳрханд кард Салим.

– Намешавад, ки аввал ҳамин ҳезумҳоро кашонад.

– Майлаш.

– Биёруш.

– Салим, – гуфт Яҳё ҳайрон шуда. – Наход маро нашинохта бошӣ. Ман Яҳё.

– Якум, ман ба ту Салим не, акаи Салим, ё командир. Дуюм, шинохтам, – бо мили автомат аз қафои Яҳё нехта кард Салим. – Аммо ин ҷони туро халос намекунад. Роҳ гард.

– Мо ҳамсабақ будем, наход ҳаминро хотир накунӣ. Дўст будем, дар…

– Як духтарро дўст медоштем, – миёни сухани Яҳёро шикаст Салим. – Он дўстият низ аз ёдат нарафтааст?

– Кадом духтар?

– Воқиан ҳам аз ёдат рафтааст, ё худатро ба муғамбирӣ меандозӣ?

– Ҳа-а! Манзураро мегўӣ. Оқибат ба ҳардуямон ҳам насиб накард. Аз рўи шунидам вай ба як хешбачааш оиладор шудааст. Чӣ ҳол дорад? Як ҳафта пеш дар Душанбе Саломатро дида будам, ҳамон гуфт.

– Шуд, гапа бисёр накун, роҳ гард.

– Акаи Салим, гапата гўш намекунад-чӣ? – садо кард қадпаст.

– Гўш накарда, рўзаша бинад. Гарданаша мешиканам.

Яҳё маҷбур чанд банд ҳезуми боқимондаро ба мошин бор кард.

Салим Яҳёро аз нав пешандоз карда, аз боғи мактаб берун шуд ва ду дарвоза он тараф ба як ҳавлӣ даровард. Аз тарафи чапи дарвоза девори каҳдону оғил ва аз тарафи рост чанд дар хонаҳои пастак тўл кашида буданд. Дар зери болодарвоза, ки онҳо қарор гирифтанд, як ғарам чўбу тахтаҳои миёнашон симпеч гузошта шуда буд. Дар болои он панҷ-шаш банд хасбеда бетартибона мехобид. Каме дуртар як мошини фарсудаи тамғаи “Москвич” меистод, ки болои онро ҷо-ҷо бо намадпораву гилемҳои кўҳна пўшонида буданд. Дар пешгоҳи ҳавлӣ чор дар иморати айвондори бомаш шиферпўш ба назар менамуд. Дар таги айвон зане машғули коре буд.

Салим ба тарафи рост тоб хўрда, дари дуюмро боз кард ва Яҳёро дарун дароварда, дар як миҷа задан дасти рости ўро ба пушт тобид ва аз кисааш ресмон бароварда, дастони ўро саросема баст.

– Ту чӣ кор мекунӣ? – аз ғояти дард хам зад Яҳё.

– Намебинӣ, ба дастат кишан меандозам. Наҷунб. Агар ҷунбидӣ, напарронам, модарам ба ҷои занам.

– Ҳай, ноодам, садқаи модар шавӣ. Наход…

– Охир, ту бандиӣ. Ё гумонат туро ба меҳмонӣ даъват кардам? Шояд чойро ҳам мунтазир бошӣ?  Ту асирӣ! Ба асирон нону ош намедиҳанд. Мебахшӣ, маълимҷон.

Яҳё мехост чизе бигўяд, аммо Салим ба гапи ў гўш надода, берун рафт ва аз пушт дарро қулф зад.

4

Вақте ки Салим аз зинаҳои сангин боло шуда аз назди модараш мегузашт, кампир норозиёна ба ў чашм дўхта, пурсид:

– Боз киро овардӣ?

Салим гўё саволи модарро нашунида бошад, онро беҷавоб гузошта роҳашро давом доданӣ буд, ки Меҳрӣ-хола овозашро баланд кард.

– Ман аз ту мепурсам, ки боз ба сари кадом бечора об рехтаниед шумоён.

– Корат набошад, оча. Ҷомадўзиатро дон.

– Дина ба ту нагуфтам, ки дигар ягон касро ба ин ҳавлӣ надарор. Ин писари Маҳмадмуроди говдузд кадом рўзе туро беаҷал мекушад.

– Хап кун, оча.

– Хап намекунам, дигар тоқати хап кардан надорам. Агар вай худашро шоҳи ҷаҳон пиндоштааст, бигузор дар ҳавлии худаш одамонро қину азоб кунад. Ҳавлии ман барои вай милисахона нест.

– Соҳиби ин ҳавлӣ манам.

– Номаъқул кардӣ. Ту дар ин ҳавлӣ миёни ду шонаата ҷиззӣ накунондӣ, ки онро соҳибӣ кунӣ.

– Аз падарам мерос мондааст.

– Агар падарат дар зиндагиаш думрави бачаи дузди Маҳмадмурод шуданатро медид, дар як зум оқат мекард. Мерос, а! Хестӣ, ки хобат. Наход ту аз пушти камари ҳамон падар рўида бошӣ.

– Чанд бор ба ту гуфтам, ки ба падари командир кордор нашав. Агар “дузд” гуфтанатро фаҳмад, забонатро мебуррад. Мефаҳмӣ?

– Рўи камандири ба зўр азизат сиёҳ! Дузда дузд мегўянд, ғарра ғар, қаллоба қаллоб. Аз ҳурмату эҳтироми ду-се ту барин косалес падари дузди вай ҳаким намешавад. Тамғаи дузд то рўзи қиёмат дар пешонаи вай мўҳр шудагӣ. Агар сад бор ҳаҷ кунаду писараш дар сари қабраш қуббаи тилло гузорад ҳам, мардум мегўянд, ки ана ҳамон қабри қуббаи тиллодор, гўри Маҳмадмуроди говдузд аст.

– Кадом мардум? – ришханд кард Салим. – Ту ҳозир рафта дар пеши писари вай шашқад шуда таъзим кардани мардума бин.

– Хўроката гарм нахўр, бачем! Кори дунё бе ҳисоб нест. Имрўз агар вай чашми мардума бо яроқ тарсонда бошад, рўзе мерасад, ки аз чашми мардум тарсида, намедонад худашро ба кадом гўри торик занад. Бадӣ ҳаргиз фаромўш намешавад. Ҳа-а! Имрўз ҳама аз ў тарсон шуда бошанд, фардо вай аз ҳама метарсад. Аз як кас тарсидани ҳама дарди саҳл аст. Зеро хоҳу нохоҳ як кас фоношаванда аст. Аммо аз ҳама тарсидани як нафар дарди бедавост, марги батадриҷу пуразоб аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки ранҷи интизории марг, аз худи марг ҳам сангинтар аст.

– Хайр, шуд, – роҳи худро ба сўи хона давом доданӣ шуд Салим.  – Хеле марал1 хондӣ.

– Кошкӣ ҳамин гапҳои ман ба ту беақл кора мекард. Аз гўши чапат медарояду аз росташ мебарояд. Чанд бор гуфтам, ки акнун соҳиби хонаву дар, бачу кач, як зан не – ду зан шудӣ, ба ҷои оворагардиву нашъамандӣ ҳунар омўз, ки ҳамма чизро дузд барад ҳам, ҳунарро бурда наметавонад. Маълимӣ ба ту маъқул набошад, дўкони падаратро соҳибӣ кун.

– Падарам, ки ба қавли ту аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт, чӣ обрў дид, ки ман бинам.

– Ҳунараш буд, ки мардум то имрўз ўро ба некӣ ёд мекунанд, ману туро дар кўча дида, бо эҳтиром салом медиҳанд, дар давраҳо боло мешинонанд. Агар не ману ту ба мардум чӣ некӣ кардем, ки соҳиби эҳтиром бошем. Гумонат чанд сол пеш милисаҳо, ки аз кисаат банг ёфтанд, барои чашмакои зебоят ҷавобат доданд, ё аз киссаи холият ду-се танга бароварда пора додӣ? Арвоҳи падари ҳунармандата, ки нисфи иморатҳои деҳаро сохтааст, хотир карда ба сари суд накашидандат. Фаромўш кардӣ?!

– Э, милиса-милиса гуфта безор кардӣ-ку! Ку имрўз ягон милиса ба ман рух шавад. Очаи зораша дар чашмонаш нишон медиҳам. Гузашт дағдағаву ҳамҳамаашон. Моро бинанд, мисли муши мурда дам ба дарун зада, ягон хаволи холӣ намеёбанд, ки сарашонро пеш кунанд. Ҳозир соҳиби зиндагӣ моем, мефаҳмӣ, оча, моем!

Салим дигар ба гапи модараш гўш надода, рақскунону зам-замакунон ҷониби гўшагардон рафт. Аммо дар дами дар чашмаш ба ҳамсараш Манзура афтода, якбора ба худ ваҷоҳати ҷиддӣ гирифт.

– Хўрок тайёр шуд?

– Ҳа, — ҷавоб дод Манзура. – Дар чӣ кашам?

Салим чанд лаҳза ба чашмони Манзура нигоҳи хашмолуд дўхта, гуфт:

– Дар тоқии ман, – баъд якбора чашм ало карда, дод зад. – Дар… фалони очат каш! Аз ман мепурсӣ, бева. Кай боз ман ба дегу дегдон ҳамроҳ шудам.

– Як даҳон пурсидам, осмон омада ба замин начаспидаст-ку! — чашмонаш мал-мали об гуфт Манзура.

– Ту, қанчиқ, забон баровардӣ, а! Ҳушёр шав, забоната бурида ба як ҷоят месихам.

– Шуд! – аз таки айвон нидо кард Меҳрӣ-хола. – Боз кадом саги девона газид тура. Як даҳан пурсидаст…

Манзура сархам сўи ошхона рафт. Ва дере нагузашта дар як даст дастархон, дар дасти дигараш як коса шўрбо ба хона ворид шуд. Дастархон паҳн карда, шўрборо ба пеши Салим гузошт.

– Ин чӣ?

Манзура лаҳзае чӣ ҷавоб доданашро надониста, ҳайрон монд ва баъд ҷуръат карда, гуфт.

– Хўрок. Худат гуфтӣ, ки хомшўрбо паз, барои бачаҳо мебарам.

– Ман ба ту чанд бор гуфтам, ки ба ман “шумо” гуфта муроҷиат кун. Ту гапа намефаҳмӣ!

Сараш хам, Манзура лом нагуфт.

– Ба ман ҳам аз ҳамон дег овардӣ, а! Ман барои ту кӣ?!

– …

– Ту бо ман хуши гап задан надорӣ? — Салим аз ҷой хест. – Ё назарат намегирад. А? Ё то ҳол дилат ба шавҳари нимколаат кашол аст? Ба умед нашав, вай дигар намеояд. Надидӣ, ки ман чӣ хел дар пеши назарат ўро ба ҷаҳаннам фиристодам. Дидӣ ё не?!

– Дидам, – гуфт Манзура аз тарс як қад парида.

– Чиро дидӣ?

– Ба сари синааш тир андохтанатонро.

– Ту ин гапа ба ҳама мегўӣ?

– Чӣ гапа?

– Чӣ хел ман шавҳари ношуди туро паррондам.

– …

– Гап зан, э, очағар!

– Чӣ гап занам? Э, худоҷон, безор шудам.

– Эҳа, дар даҳони кўҳна гапҳои нав-ку! – гуфт Салим ва нохост ба миёни занак лагат андохт. Манзура аз ғояти дард дуқат шуда, дар ҷяш нишаст.

– Хез! – дод зад Салим. – Баъди бист дақиқа як табақ гўштбирён карда меоӣ. Тез… вақт рафт, – гуфт ў ба соати дасташ чашм андохта.

Вақте ки Манзура миёнашро қапида аз хона берун шуд, Салим худ ба худ гуфт: ҳозир навбати хушдорат ҳам мерасад.

Ҳамин вақт Меҳрӣ-хола ба хона ворид шуд. Вай чанд лаҳза аз рўи Салим чашм наканда, сар ҷунбонид, ва баъд якбора шўрид:

– Ту духтари мардума куштаниӣ?! Хайр, шавҳараша куштӣ, хуни вай то қиёмат дар гарданат. Акнун навбати ин бечора расид.

– Оча, рав, гапа бисёр накун. Зани худам, хоҳам мекушам, хоҳам месўзам. Кордор набош.

– Ҷувонимарг шавӣ.

– Рав гуфтам, – чашм ало кард Салим.

– Хайр, ихтиёрат. Фойдат бошад, кардан гир.

– Корат набошад.

– Кордор намешам. Гўри ҳар кас ҷудо. Лекин аз шири додаам дилам месўзад.

***

Салим дар назди мактаб як мошини роҳгузарро дошта, ба идораи колхоз рафт. Раис Ҳасан Асадулло, ки дар ҷойи кор буд, Салимро дида, ранги рўяш канд.

– Шиштӣ, раис, – гуфт Салим пас аз вохўрӣ кардан, ба лаби мизи кории раис амонат нишаста.

– Шиштем, – аз ҷой хест Ҳасан Асадулло. Нигоҳаш ҳамоно тарсгин буд.

Салим аз ин ҳолати ў дарун-дарун завқида, аз кисааш қутии сигарета баровард ва якеро ба лаб гузошта, хост даргиронад, аммо ҳамин лаҳза чашмаш ба яхдони кунҷи ўтоқ афтид.

– Ин ҳоло ҳам дар ҳамин ҷо-ку!

– Чӣ? — нафаҳмид Ҳасан Абдулло.

– Яхдон. Ман дирўз ба ту чӣ гуфта будам?

– Охир, ин аз они давлат аст. Моли шахсии ман набошад.

– Чӣ хел давлат? Давлат кайҳо мурд, ту акнун ғамхору дилсўзи давлат шудӣ. Вақте ки муш барин нисфи моли давлата аз анбор ба хонаат мекашондӣ, давлат ба ёдат намерасид… Ҳозир барои ту давлат ман, мефаҳмӣ?! Аз афташ дирўз туро кам задем. Маълум, ки аз худ рафтаӣ, гапа гўш намекунӣ.

– Хайр, агар бисёр зарур бошад, бар.

– Кӣ? Ман пуштора карда барам, а? Гапа намефаҳмӣ, раис. Аз худ нарав, бе ин ҳам дар бораи ту гап бисёр аст.

– Чӣ гап?

– Имрўз додарарўсата қапидем. Мулло Яҳё – я! Медонӣ чӣ мегўяд? Гўё ту ба зери пои бачаҳои мо об монданӣ будаӣ. Ба мо хиёнат карда, бо дарёободиҳо аҳду паймон бастаӣ… Хулоса, гап мўл. Яҳё дар назди командир ба ҳамааш қоил шуд.

– Зани ўро… – ҳақорати қабеҳ дод Ҳасан Асадулло дар ҳолате, ки овозаш меларзид.

– Командир қасамата хўрд.

Ҳасан Асадулло бо кафи дастон сарашро дошта, хомўш менишаст. Дигар ёрои сухан гуфтан надошт.

– Худат медонӣ, — гуфт вай имдодталабона ба Салим нигариста, – пас аз ин даргириҳо ман занамро талоқ додам. Маҳз ба хотири дарёободӣ буданаш.

– О занат дар хона-ку!

– Пешаш мекунам, намеравад. Худам бурда партофта натавонам. Он лаънатӣ яқин барои бурдани хоҳараш омада, ба дасти шумо афтодааст.

– Хайр, ту ғам нахўр, – гуфт Салим маслиҳатомезона. – Ман метавонам ҷони туро харам. Албатта, барои раҳмати хушку холӣ не. Ғазаби командир ба худат маълум. Ту дар ин бора ба командир ҳеҷ чиз нагў, ман худам аз дилаш мебарорам.

– То ҳастам хизмататро мекунам.

– Хизмат ҳаст. Ман ба қарибӣ сисола мешавам… Пир шудем, раис, пир. Мехоҳам ҷашн гирам, бо ҳама қоидаҳояш. Як гову ду-се гўсфанд ба зиммаи ту. Боз меваю дона… худат мефаҳмӣ.

– Ягон илоҷ мекунем. Лекин масъалаи гов мушкил. Худат хабар дорӣ порсол ҳангоми ҳаҷравии падари командиратон чор гова фурўхта додам. Масъалаи гов чатоқ.

– Ман намедонам. Лекин бе каму кост шавад. Ту феъли маро медонӣ. Аввал ба хубӣ мегўм…

– Хуб, кўшиш мекунам.

– Ана ин гапи дигар. Агар бошад, бирез, барои халосии ҷони ту менўшем.

– Ҳозир, хонаи гург беустуғон намешавад…

5

Чашми Яҳё тадриҷан ба торикӣ одат мекард. Аз тирезачаи дуваҷаба, ки дар мағзи девор гузошта шуда буд, равшании хирае ба чашм мерасид. Сақфу фарш ва деворҳои ҳаммом, ки се метр андар се метр буд, симонпўш буданд. Дар девори даҳлези хурдакак, ки дари ҳаммом аз он ҷо кушода мешуд, як оинаи аз нисф ҷағрафта ва либосовезаки кўҳна кашол буд. Дар даруни ҳаммом ба ҷуз як сатили кўҳна дигар чизе ба назар намерасид.

Яҳё буду шуди ҳаммомро аз назар гузаронида, бо нўки пой сатилро чаппа карда, болояш нишаст. Дилаш зиқ буд. Беихтиёр воқиаҳои дар ду рўзи охир ба вуқўъ пайвастаро пеши назар оварда, бо алам пеши худ иқрор мешуд, ки то кадом андоза одамон тағйир ёфтаанд, бераҳм шудаанд. Чаро якбора ба пойдевори интизому тартибот футур рафта, осиёи  авбошону дуздон гардон шуд? Хайр, ин тоифа ашхоси фурўмоя ҳамеша пайт меҷустанд, ки майдонро бе соҳиб дида, ба тохт оянд. Аммо ба одамони хондагиву бофарҳанг чӣ шуд? Маълум мешавад, ки бисёрии онҳо то имрўз ба рўй ниқоб кашида мегаштаанд. Зеро чун ин бесарусомониву гурграбоиҳо оғоз шуд, онҳо якбора пўстини худро чаппа пўшида, оҳанги гуфтору тарзи рафторашонро тағйир доданд. Баъзеашон ҳатто шарм накарда, ба ҷойи кори чандинсолаашон туф карда, ба даст силоҳ гирифтанд, аз паи қассос афтоданд, ба озори мардуми бепуштибон камар бастанд. Аммо касе садди роҳашон нашуд, «туро газад, маро чӣ ғам” сармашқи ҳама кор гашт.

“Худи ман чӣ? — ба худ савол дод Яҳё ва воқиаи дирўз дар роҳ рух дода, муомилаи таҳқиромези силоҳбадастонро бо мўйсафеду духтараш ва суханҳои бадарди ба ўву ду ҷавони дигар гуфтаи пирамардро бори дигар ба ёд оварда, гунаҳояш ба сўзиш омаданд. Оё ман наметавонистам тарафи мўйсафедро гирам, аз ҷой хеста, овоз баланд кунам? Метавонистам. Аммо тарсидам. Нахостам аз барои як одами бегона шуда, ҷони худро зери хатар монам… Ҳозир дар куҷо бошад мўйсафед. Кошки ҷони пирашро, духтари навниҳолашро сиҳату саломат ба назди хешовандони дураш бурда расонад”.

Яҳё дар қайди чунин андешаҳо буд, ки дари ҳаммом кушода шуда, дар даст фонуси дастӣ ва дар китф автомат Салим ворид шуд. Аз ваҷоҳаташ аён буд, ки ширакайф аст.

– Чӣ хелӣ, ошно? – гуфт вай равшании фонусро ба рўи Яҳё дошта. – Зинда ҳастӣ? Чаро овозат намебарояд? — Салим бо қаҳр бо нўки пояш Яҳёро нихта кард. – Вақте ки ман даромадам, ту бояд аз ҷоят бихезӣ. Фаҳмидӣ?

Яҳё хомўш буд.

– Фаҳмидӣ ё не? — ин дафъа пояшро ба даҳону бинии Яҳё гузошт Салим. – Чӣ хел фаҳмидӣ, мегўм.

– Фаҳмидам, – гуфт Яҳё бо китф пои Салимро аз худ дур карда.

– Нафаҳмидӣ! – гуфт Салим ва ногаҳон ба таки фуки Яҳё муште фуровард.Тасмаи автомат аз китфаш лағжида, шаққарасзанон ба фарши симонпўш бархўрд. – Аз ҷоят хеста ба ман ҷой деҳ, намебинӣ дигар курсӣ нест, – гуфт Салим автоматашро аз замин бардошта.

Яҳё оҳиста аз ҷой бархост.

Салим сатилро пештар кашида нишаст ва автоматро болои зонувонаш кўндаланг гузошта, гуфт:

– Бишин.

Яҳё ҳамоно дастонаш ба пушт баста рост меистод.

– Бишин гуфтам, ҳашарот! – бо қаҳр аз ҷой хест Салим ва Яҳёро аз китфонаш зер карда, рўи фарши симонпўш шинонд. – Ҳозир аз назди командир омадам. Вай тақдири туро ба дасти ман супурд. Акнун ман ҳар коре хоҳам, мекунам: хоҳам сар мезанам, хоҳам ба дор меовезам, ё ба думи асп баста, бузкашӣ мекунам.

– Наход ту то ҳамин дараҷа паст афтода бошӣ?! – гуфт бо нафрат Яҳё.

– Чӣ гуфтӣ? Як бори дигар такрор кун. Ман пастам? Ҳоло ту пастиро надидаӣ. Сабур бош, ман пастиву баландии зиндагиро ба ту нишон медиҳам.

– Ку нишон деҳ! – гуфт бо ғазаб Яҳё, ки дигар аз анҷоми неки кори худ умедашро канда буд. – Мард бошӣ, дастамро ҳуй кун, тан ба тан мезанем.

-Дигар чиз намехоҳӣ? Шояд ягон доварро низ даъват кунам.

Яҳё чизе нагуфт.

– Чаро хомўшӣ? Гап зан, охир. Солҳои донишҷўӣ ҳамеша булбулакат мехонд, ягон маҷлису маҳфил набуд, ки овози чирросии ту шунида нашавад. Он маҷлисе, ки маро аз донишгоҳ хориҷ карданд, ёд дорӣ? Ба ҷойи тарафи маро гирифтан, санги ҳамон кампири фартут, қаровули хобгоҳа задӣ.

– Ҳа, ёд дорам. Мая-хола ҳақ буд. Хобгоҳ фоҳишахона нест, ки ту ҳар зани сабукпои кўчагиро он ҷо дарорӣ.

– Ман аз аввал маишатӣ будам, кайфу сафо мекардам. Аммо ту… Худатро дар назди маълимҳо нағз кардан мехостӣ, а! Лекин ту бало. Оқибат ба мақсадат расидӣ, дар донишгоҳ мондӣ. Мо барин сағираҳои гўлу гаранга ба дастамон диплома қаппонда, як шатта заданду ба қишлоқ ҳай карданд. Ту бошӣ, дар шаҳр реша давондӣ.

– Агар ту ҳам имтиҳонро бо баҳои аъло супорида, хоҳиши кори илмӣ кардан медоштӣ, дар донишгоҳ мемондӣ.

– Не-е, ба мо сағираҳои бе пушту паноҳ кӣ иҷозат медод!

– Ба ман иҷозат доданд-ку!

– Ту писари раис будӣ. Мулло ҷиринг туро мононд.

– Ин ҷо пул чӣ муносибат дорад? Ман худам нағз мехондам.

– Хайр, бигузор, нағз мехондӣ. Оқибат чӣ шуд? Ҳозир ту асири ман. Акнун даври мо омад. Осиё ба навбат мегуфтанд, аммо ту ба фиркам, бовар намекардӣ. Дина раиси ноҳия ғайб зад. Аниқтараш думаша хода карда гурехт. Ба ҷои вай командир раис мешавад. Ба ман ҳам вазифа ваъда кард. Заводи орда мегирам. Ҷанг аст, тинҷӣ аст, одамон як умр ба орд этиёҷ доранд. Бе нон зиста намешавад. Хулоса, заводи орда гирифта, дар як гўшааш чарида мегардем. Чӣ гуфтӣ, маълим?

«Ин тирамағз бошад ҳам, дар кори худаш ҳушёр, –  аз дил гузаронд Яҳё. – Аллакай ҳисобу китоби дунёро гирифта, ресмона дароз партофтааст.»

– Ту ҳамун завода ўҳда карда метавонӣ? – пурсид Яҳё. – Ақлат мегирад?

– Ту барин олимҳо барои чӣ даркоред… Кор мефармоям. Агар ҳар рўз панҷсад халта орд фурўшам… медонӣ чӣ қадар пул мешавад. Эҳа! – дасташро ба ҳам совид Салим ва аз ғояти кайфчоқӣ ба даҳонаш оби ширин омаду онро зуд фурў бурд.

– Ту бо ин гапҳо чӣ гуфтан мехоҳӣ?

– Мехоҳам ба ту адаб ёд диҳам. Имрўз туро созакак ба гап дароварда, пагоҳ назди командир барам. Ту медонӣ, ки бачаҳои ноҳияи шумо додари командира бо чӣ азобҳо куштанд?

– Хабар надорам. Командири шумо кист?

– Пагоҳ нағз шинос мешавӣ. Вай қасам хўрдааст, ки ҳар нафаре аз ноҳияи шумо ба дасташ афтад, пўст меканад, зиндаю зор.

– Пас маро пўст канданист.

– Нав фаҳмидӣ?

– Бале. Бигузор кушад. Ман аз мурдан наметарсам. Лекин мехоҳам, пеш аз марг ба ту ду-се даҳан гап занам. Ман хоҷаи туро як назар дидам, намедонам дар асл чӣ касест. Лекин туро нағз медонам. Медонӣ барои чӣ ҷавонмардон ҳамеша ҷавонмарганд? Зеро ба ҳеҷ кас тан намедиҳанд, сар намефароранд, ҳиллагарию ғаммозӣ ва хушомадгўиро намедонанд. Танҳо сари танҳояшон медонаду виҷдони покашон. Ман нағз  медонам, ки агар имрўз ту ба ҷойи ман мешудӣ, чӣ кор мекардӣ.

– Чӣ кор мекардам?

– Ба назди ҳамон командир сари зону мезадӣ, айёриву лаганбардорӣ мекардӣ, зорию тавалло мекардӣ то зинда монӣ, номард бошӣ ҳам, зинда бошӣ. Аммо як чизро аз ёд набарор, ки бадӣ ҳаргиз беҷазо намемонад. Бигузор дер бошад ҳам, рўзи ҷазо мерасад.

– Кӣ ҷазо медиҳад? Ту? – аз ҷой хест Салим ва паиҳам ба сандуқи синаи Яҳё се-чор мушт зад. Яқин аз ин кор хушаш омад, ки мисли муштзанҳои касбӣ ин тараф- он тараф ҷастухез карда, сару рўи Яҳёро мешткорӣ кардан гирифт.

Яҳё аз зарбаҳои паёпай нафасаш гоҳо дарун задаву аз ноилоҷии худ ғазабаш ҷўшида дандон ба дандон монда,тоқат мекард, наменолид. Баъд аз муштзании зиёд монда шуда, қарор гирифтани Салим Яҳё канда-канда гуфт:

-Ёфт… мешавад… одами ҷазодиҳанда, – баъд каме сукут карда, илова намуд. – Умуман гап дар сари ману ту нест. Ман подоши бадиву бахилии номаш фарзанди инсонро дар назар дорам.

– Дар донишгоҳ монда файласуф шудӣ, мегўм.

– Ин фалсафа нест. Як ҳақиқати оддии зиндагист. Медонӣ, имрўз, вақте ту маро дар назди хоҷаат дида, худатро тамоман ношинос вонамуд кардӣ, ба ту нафратам омад. Ҳарчанд мефаҳмам; метарсӣ, ки боз хоҷаат гумони бад набарад. Зеро мо, фарзандони як миллати бадбахт имрўз ба маҳалҳо тақсим шуда, муқобили якдигар сангар гирифтаем, сояи якдигарро аз девор тарошида, хокамонро мебезем. Мефаҳмам, дўстам, ту аз ҷони худат дар ҳаросӣ. Ҳозир агар ягон одами бегона маро як мушт занад, ту аз тарси он ки  хоҷаҳоят раҳми душманро хўрд нагўянд,  ду мушт мезанӣ. Чунки тарсўӣ!

– Ха-ап! – ба даҳону бинии Яҳё лагад андохт Салим. – Ду даҳан гап дорам гуфта, як достон хондӣ-ку! Ёфти вақти маралхониата. Фойидаат намекунад-е, сағира. Рўзи ту ба шумор мондагӣ.

Аз зарби ботинкаи сарбозӣ даҳону бинии Яҳё ғарқоби хун шуд. Ҳатто як дандонаш шикаста, ба ҳалқаш рафт ва ў онро ноилоҷ фурў бурд.

– Медонам, ки ҳеҷ гуноҳ надорӣ, – гуфт Салим аз Яҳё, ки ҳар замон бо нафрат хуни даҳонашро туф мекард, чашм наканда. – Ба дидорбинии хоҳарат омадаӣ. Метавонистам инро ба камандир фаҳмонам ва ҷони туро халос кунам. Аммо… мехоҳам азоб кашӣ, тавба кунӣ…

– Чунки палидӣ, – гуфт Яҳё ба пеши пояш туф карда. – Нотавонӣ.

-Кӣ?  Ман нотавонам? – писханд зад Салим. Фалонама хўрдӣ. Ман кори хостаамро мекунам. Ту медонӣ, Манзурае, ки як умр дар ғамаш сўхтӣ, имрўз дар куҷост? Зани ман!  Ҳайрон шудӣ, а !  Ҳайрон нашав. Дод гўй, охир, ба ёрӣ ҷеғ зан ўро. Ҳа-ҳа-ҳа! Ҳарчанд чанд сол пеш ту мурданивор зўр зада дар пеши роҳи ман ғавчўб шудӣ, росту дурўғ гуфта дили ўро аз ман хунук кардӣ, аммо оқибат фойдат накард. Оқибат ман ўро ба зўрӣ аз они худ кардам. Ҳоло вай ҳар шаб дар таки пои ман мисли мусичаи ба дом афтода питиррос мезанад, нолиш мекунад, аз нўки нохун то тори сарамро мелесад. Аммо як вақтҳо дар пеши назари ман бо ту дасто ба даст мегашт, хандаю шўхиҳо мекад. Ҳарчанд, биё, кино равем гўям ҳам бо ҳазору як баҳона рад карда, ҳамроҳи ту ҷон-ҷон гуфта мерафт. Аммо ҳозир… ҳай нолиш мекунад.

– Аблаҳ!

Пўш даҳони ифлосата! – наъра кашид Салим аз ғазаб ва бо қундоқи автомат ба сандуқи синаи Яҳё бедареғ чунон зад, ки вай мувозинаташро гум карда, ба тахтаи пушт афтида, сараш ба фарши симонпўш бархўрд.

Салим ду қадам пеш омада, дар болои пайкари беҳуши Яҳё мезид.

6

Касе зўр зада қуфли дарро кушодан мехост. Чанд бор ба даҳони он калид андохта кўшиши тоб додан кард, ҳатто такон дод, аммо боз нашуд қуфл.

Яҳё, ки ба ҳуш омада буд, сари дардмандашро бардошта, мутаваҷҷеҳ шуд: кӣ бошад? Ё Салим аз ғояти мастӣ калиди мувофиқро намеёбад. Яҳё калавида ба по шуд ва ба назди дар рафта, гўш дод.

– Сабил монад, кадомаш бошад, – мегуфт овози занона.

Яҳё ҳайрон баргашта дар ҷои аввалааш нишаст. Тамоми аъзои баданаш зирқ-зирқ дард мекард. Гўши чапаш мисли он ки касе дар бехи он болғакўбӣ мекарда бошад, садо дармедод.

Пас аз чанд дақиқа дар кушода шуд. Дар даст чароғи хирасўз зан ба дарун қадам гузошт ва Яҳёро дида, андаке ҳаросид. Баъд пештар омад, дар партави чароғ чанд сония ба рўи Яҳё дида дўхта, пичиррос зад:

– Зуд бош… гурез… Намедонам кистӣ ва чӣ гуноҳе содир кардаӣ, аммо ба ҳолат дилам месўзад. Эҳ, ҷувонҳо, ҷувонҳо… Оқибат сари якдигаратонро мехўред, ба ҷони ҷавонатон раҳм намекунед. Намедонед, ки дар ғами шумоён модарон обу адо мешаванд, ғуссамарг мешаванд. Исто, ки ту писари кӣ мешавӣ?

– Шумо маро намешиносед, холаҷон, ман аз ноҳияи дигар.

– Хайр зуд бош… Агар Салими ҷигарррехта бедор шавад, ҳардуямонро ҷо ба ҷо мекушад. Хайрият, ки маст аст. Агар маст бошад, мурда барин хоб меравад, дар тори сараш санги осиёро гардонӣ ҳам, бедор намешавад. Ин калитҳоро занаш аз кисааш гирифта дод. Динашаб бачаи Маҳмадмуроди говдузд омада буд. Куш мегўяд туро. Ҳангоми чой даровардан ба гўшам шунидам. Ун хонасўхта мисли падараш на имон дорад, на виҷдон. Ту ҳозир ҳарчи тезтар аз деҳа берун шав. Ба дари ягон кас нарав. Ҳозир ба одамон бовар карда намешавад. Мабодо боз ба дасти ягон худобехабари дигар наафтӣ. Беҳтараш ба дашт рав. Дар деҳаи ҳамсоя дари ягон касро кўбӣ, ҷой медодагист. Он тарафаш таваккалат ба худо, бачам. Агар умрат боқӣ бошад, халос мехўрӣ.

 Аз суханони нарми зан ба тани Яҳё ҷони тоза дамид.

– Дастам, – гуфт ў ба дастони бастааш ишора намуда. – Кушоед.

– О, ман инро чӣ хел кушоям, – ҳайрон монд зан – Ин чӣ хел кушода мешавад. Ман надонам, – ба Яҳё наздик шуд ў ва нўки ресмонро ёфта, афзуд. – Кўргиреҳ задаст-чӣ? Ба курмак монанд. Ҳозир…

Зан бо як азоб дастони Яҳёро боз кард.

– Ман ин некии шуморо то дами мурдан фаромўш намекунам, – гуфт Яҳё банди дастони чангакшударо молиш дода. – Аз ҳамин лаҳза инҷониб ман шуморо модар мехонам. Ба Манзура салом гўед, дар ҳаммом Яҳё будааст гўед.

Зан чанд лаҳза ҳайрон ба Яҳё нигариста, пурсид:

– Ту ўро мешиносӣ?

– Ман бо Салиму Манзура ҳамсабақам.

– Ха-айр… Зуд бош.

Яҳё аз дарвоза баромада лангон – лангон дар оғўши торикӣ ғайб зад. Мекўшид ҳарчи тезтар аз ин макони марг гурезад. Аввал хост ба хонаи хоҳараш биравад, ки аз ин ҷо тақрибан ҳашт – даҳ километр дур буд. Аммо зуд аз фикраш гашт. «Пагоҳ хабар ёбанд, аввал рафта хонаи ўро такурў мекунанд» – аз дил гузаронд Яҳё.

Ҳарчанд роҳ гаштан барояш душвор буд, лаҳзае бознамеистод, пеш мерафт. Тани дардманду абгоршудаашро ба як азоб кашола карда, қадам мезад. Пас аз хеле роҳ паймудан аз деҳа бурун шуда, ба дашт баромад. Акнун ў аз паҳлўи деҳа мерафт. Дар доманаи тали фарози кўҳ, ки роҳи мошин мегузашт, хира – хира равшание менамуд. Ин равшании чароғи сақфи кабинаи мошин буд. Шояд ба ягон ронанда хоб ғолиб омадааст, ки маҷбур мошинро канори роҳ нигоҳ дошта, хоб рафта буд. Ва ё ягон қисми мошинаш вайрон шуда… Хулоса, он равшанӣ дар ин дашти нопайдоканор гўё миное буд, ки ўро ба сўи худ мехонд. Ҳарчанд лаҳза ба лаҳза мадораш рафта, дилаш беҳузур мешуд ва сандуқи синааш ҳангоми нафаскашӣ ба дард омада, сараш ноаён чарх мезад, Яҳё ҳама рагу пайашро ҷамъ оварда, сўи он мино гом бардошт.

***

Сапеда медамид. Аз дуру наздик хурўсҳо ба якдигар тақлидкунон гулў даронда, ҷеғ мезаданд.

Вақте, ки Яҳё дар кабинаи мошин нишаста, ба роҳ даромад, дар ҳавлии Меҳрӣ-хола садои тир сукунати субҳгоҳонро рахна намуда, ҳамсояҳоро аз хоби ширин бедор кард. Зеро ин лаҳза Салим аз хоб бедор шуд ва даруни ҳаммомро холӣ ёфта, ҳавлиро ба сар бардошт, девонавор наъра кашида, сўи ҳаво тир андохт.

Аввал Манзураро зери мушту лагат андохта, хеле истинтоқ кард. Аммо аз даҳони ў гап гирифта натавониста, қаҳру ғазабаш дучанд аланга гирифт. Девонавор ба пои ў тир андохта, маҷрўҳ кард. Меҳрӣ-хола девонагиҳои писарашро таҳаммул карда натавониста, ба сару рўи ў чангол зад, дуои бад кард: илоҳӣ, ҷувонимарг шавӣ. Нарас ба зани бечора, вай айб надорад. Ман кушодам дари ҳаммомро.

Салим баробари шунидани ин суханон дар болои сари модар мусалсал сўи ҳаво тир кушод. Меҳрӣ-хола, аз тарс гўшҳояш ба тамом қуфл зада, парў афтид. Дигар ҷисми беҷони ў садои тирро намефаҳмид, ҳақоратҳои писарро намешунид.

7

– Чаро ин матнро интихоб кардам? – сар бардошта саволи занро такрор кард Яҳё. Ин интихоби ман нест. Вақте барои ин сангро супориш додан ба назди усто рафта, арзамро баён кардам, вай ба ман гуфт, ки аввал санги дилхоҳамро интихоб карда, матнашро нависам, ана баъд нархашро гапзанон мекунем.

– Матн ҳоло тайёр нест, – гуфтам ман. – Мехоҳам як байти хубро хакокӣ кунем.

– Ман шоир набошам, – бассум кард усто. – Одамон ҳар чиз фармоянд, ҳамонро ҳакокӣ мекунам. Вазифаи ман аз ҳамин иборат аст. Лекин ба фикрам байти муносиб ёфтан он қадар душвор нест. Зеро, шукр, шоирони зиёд дорем, шоҳбайтҳояшон ба ҳафт пуштамон мерасад. Агар мо, тоҷикон, аз камии шеъри хуб шикоят кунем, кўр мешавем. Барои кӣ санг гузоштаниед? Модаратон?

Ман маҷбур шудам саргузашти худро ба ў ҳикоя кунам.

– Писараш ҳоло дар куҷост?

– Дар ҷанг кушта шудааст.

– Сазои сараш. Ҳай нобакор! Ҳай носипос! – гуфт усто сар ҷунбонда. – Ин гапи куҷо, а! Писар – қотили модар!..

Устои пир ҳамин тариқ афсўсхўрон дар устохонаи хурдакаки худ пешу қафо қадам зада, гўё чизи муҳиме ба ёдаш расида бошад нохост дар ҷои худ истод ва ба ман рў оварда гуфт:

-Барои санги мазор байти мувофиқ намеёбам гуфтӣ,а! Беҳтараш бинависем, ки «Дар ин қабр модари ҷигарсўхта хоб аст. Ёдгорӣ аз фарзандони нохалаф» Чӣ гуфтӣ? Бигузор, ин санги мазори ҳама он модарони ғуссамарги тоҷик бошад, ки ин ҷанги бемаънӣ аз байн рабуд. Ҳарчанд шоирона нест, аммо мувофиқи мудаост. Чӣ гуфтӣ?

Ман розӣ шудам…

Зан ҳамоно аз санги сари мазор чашм намеканд. Чанд қатра ашк аз чашмони ў шорида ба китфони мард рехт.

– Хез, Яҳё, хез рафтем. Ба ту дер мешавад…
Мард вазнин аз ҷой бархост. Онҳо оҳиста – оҳиста аз назди қабр дур шуданд.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …