Главная / Гуногун / Қабри танҳо

Қабри танҳо

Қабристони деҳаи Сангоб, ки қариб дар даҳ гектар замин тўл кашидааст, дар он атроф назир надорад. Атрофаш бо панҷараҳо дарубанд, қад-қади он дарахтҳои арчаву тут, санҷиду бодом шинонида шудааст.. Дар даромадгоҳи қабристон ба хотири ҷавонмардони сангобӣ, ки дар майдони Ҷанги бузурги ватанӣ ҳалок ва беному нишон гаштаанд, аз мармари сиёҳ лавҳи сангин гузошта шудааст. Дар рўи санг бо хатҳои зарҳалӣ ному насаби он ҷавонмардон сабт гардидааст.

Даҳ қадам дуртар аз қабристон хокдоне ҳаст. Чанд сол қабл он як тали баланде буд. Азбаски хокаш сафеду маҳин аст, одамон барои андоваи хонаву танўри худ ҳамеша аз он ҷо хок мегирифтанду оқибат он тал ба хокдоне чуқуре табдил ёфт.

sangchashma-3Дар як рўзи офтобии баҳорон, ки табиат саросар гулу гиёҳ ба сар карда буд, Тоҳир ва Акмал бо хоҳишу зораи кампири Шодигул, дар даст белу метин барои андоваи танўри вай хок меканданд.

– Одам мурад ҳам, дар баҳорон мурад, – гуфт Тоҳир ба болои хоки маҳини ҳамин ҳозир кандаашон дароз кашида. Ва баъд чанд бор чуқур-чуқур нафас кашида, афзуд. – Қабр салқинакак…  Бўи хока намегўӣ… одами девона мекунад – Тоҳир як каф хоки тарро дуру дароз бў кашида, калла ҷунбонд. – Бўи гулу гиёҳ мекунад.

– Чунки гулу гиёҳ аз ҳамин хок реша гирифта, нашъунамо меёбад, – луқма партофт Акмал.

– Дуруст, – тасдиқ кард Тоҳир. – Лекин одатан инсонҳо дар фасли баҳор мурдан намехоҳанд, Баръакс дар ин фасл дили ҳама ба зиндагӣ гарм шуда, ҳар кас мехоҳад, ки солҳои сол дар оғўши ин табиати зебову дилрабо зиндагӣ кунад, давру даврон ронад. Аммо афсўс, ихтиёри инсон дар дасти худи ў нест. Вай худ  пай намебарад, чӣ тавр ин суруди шўрангезро, ки зиндагӣ ном кардаанд, хонда ба охир расондаасту навбати рафтан омада. Рафтан намехоҳад, аммо чора надорад. Эҳ, зиндагӣ, зиндагӣ…

– Ака, ба худо, аз таъсири баҳор файласуфи таппа-тайёр шудаӣ.

– Э додар, ту ҳоло чиро медонӣ, кўдаки ту!

– Ман фақат як чизро медонам, – табассум кард Акмал.

– Чиро?

– Ҳамин ду паллаи хурҷину як халта хокро ту бояд бурда дар ҳавлии кампири Шодигул рехта биёӣ.

– Майлаш, – дарҳол розӣ шуд Тоҳир.

 Вақте ки Акмал ресмони харро аз симчўби барқ кушода овард, Тоҳир гуфт:

– Агар баҳор таъсир накарда бошад, магар кампири Шодигули ҳафтоду панҷсола ҳавои танўрандовакунӣ мекард. Не, ошно, баҳор одама масту шайдо мекунад.

Тоҳир тақрибан баъд аз ним соат баргашт.

– О ту куҷо шудӣ? – изҳори норозигӣ кард Акмал.

– Сари роҳ ба магазин даромадам, – посух дод Тоҳир ва аз сари хар тугунчаи дар дасташ бударо ба Акмал дароз кард. Баъд чолокона фаромада ресмони харро аз нав ба кундаи симчўби барқ баст.

– Ин чӣ? – ба тугунчаи дасташ ишоар кард Акмал.

– Чӣ мешуд? Агар ҳалқамонро тар накунем, аз таъсири чангу хок пеш аз кампири Шодигул пой дароз карданамон аниқ.

– Дар фасли баҳор чанг аз куҷо? Шаб борон борида буд, хок мисли мўмиё, – гуфт Акмал.

– Ту молекула ном ҷонвара медонӣ? Заррачаҳое ҳастанд, ки ба чашми инсон наменамоянд, Аммо бо роҳи нафас ба организми инсон дохил шуда, кори худашонро мекунанд. Фаҳмидӣ! Дар вақташ физика, химияро нағз хондан даркор буд, додар.

– Ман нағз мехондам.

– Медонам, чӣ хел мехондӣ. Аз дасти ту муаллим Муҳаммадин Шароф қариб инфаркт мешуд. Хайрият, ки он солҳо мактаби миёна то синфи даҳ буд, агар не як сол дарди сари муаллимон мешудӣ.

– Ту чӣ? Фаришта будӣ?

– Хайр, шуд. Биё, бе ҷангу ҷанҷол нўшем. Ҳазорон бор тавба, аммо дар ин фасли гулрез нанўшидан гуноҳ, – гуфт Тоҳир ва бастаро аз дасти Акмал гирифта, рўймолчаи гардиро боз намуд. Дар он ним нон, каме себи пешпазаку зардолуи дунбул ва як шиша арақу пиёла буд.

– Аввал боз як раҳи дигар хок бурда диҳем, ана баъд менўшем, – гуфт Акмал, ки ҳамоно рост меистод.

– Парво накун, мебарем.

– Не, ака, ту маст шавӣ, баъд ман барои бору савор аз куҷо одам меёбам?

– Э… Ту чӣ гумон мекунӣ, ки ман бо ним шиша арақ маст мешавам. Хестӣ, ки хобат!

– Рўзе ки боми оғили Зайниддина андова мекардем чӣ кор кардӣ?

– Кадом Зайниддин?

– Амонов.

– Хайр, ун рўз бисёр буд. Ин буду шуд як шиша арақ… Нисфаша заҳру зуқум ту менўшӣ. Бишин.

– Биё, хока кашонем, баъд дар сари дўнгӣ ҳамроҳи Шўҳрат-ака менўшем.

– Бишин, ки мезанам. Дар сари дўнгӣ боз ёфт мешудагист. Завод фақат як шиша набаровардааст-ку! Бишин, гуфтам. Гапа намефаҳмӣ?

Акмал ноилоҷ нишаст.

Тоҳир арақро ба пиёла рехта, ба ў дароз кард:

– Гир! Қадаҳи аввал барои баҳор.

Ба навбат нўшиданд.

Акмал барои қазои ҳоҷат рафт ва аз он ҷо баргашта, аз қумдон ба дасташ об рехта, гуфт:

– Дар он ҷо чӣ хел қабр?

– Дар куҷо?

– Ҳо ана, – ба теппачаи ду-се қадам дуртар аз панҷараи қабристон ишора кард Акмал.

– Қабри Оля.

– Кадом Оля?

– Дар Сангоб чанд Оля буд… Ҳамон Оляи сандуқсоз… зани мўйсафед Миша.

– О чаро ўро аз қабристон берун гўр карданд?

– Чунки вай кофир. Мо мусулмон… барои ҳамин… фаҳмидӣ, каллаварам?

Ҳарду лаҳзае сукут варзиданд.

Қадаҳи сеюму чорум низ холӣ шуд.

– Ҳозир ту рафта як шишаи дигар меорӣ, – гуфт Тоҳир ба қавли Акмал шишаро ғавҷида. –  Ба арвоҳи Оля менўшем… нав ба ёдам расид. Охир вай мусофир буд, дар ин ҷо ҳеҷ кас надорад. Шавҳараш ҳам ўро гўронду ба ватанаш рафт. Бечора Оля танҳо монд. Ягон нафар рўзҳои ид сари қабраш намеояд, дуо намехонад. Агар дар ватанаш мебуд… эҳа! Ту ватани ўро надидаӣ, Станиславск ном дорад. Мардумаш бисёр ҳам меҳмоннавоз, худотарс. Рўзҳои иди диниашон, ки пасха ном дорад, ҳатман ба қабристон мераванд, гирду атрофи қабри наздиконашонро рўбучин мекунанд ва ҳар гуна ширинворӣ, тухм ва дигар анвои бо худ овардаашонро ба бенавоёну бечорагон тақсим мекунанд.

– Ту инро аз куҷо медонӣ?

– Ман дар он ҷо ду сол хизмати аскариро ба ҷо овардам. Биҳишт аст ватани Оля. Ман ҳайронам, ки чаро вай онро тарк гуфта, аз қафои як марди осетин дар ин ҷойҳо кашола шуда гаштааст.

– Ишқ, – аз ҷой хест Акмал.

– Чӣ? – нафаҳмид Тоҳир.

– Мегўм, ки ошиқ шудагист. Агар одам ошиқ шавад, ҳама чизро фаромўш мекунад.

– Шояд, – розӣ шуд Тоҳир. – Менўшем, а?

– Ихтиёрат, – сар ҷунбонд Акмал.

– Ана нав ақлу ҳушат ба ҷояш омад.

Акмал ҷониби магазини деҳа, ки тақрибан як километр роҳ буд, гом бардошт.

– Аз дўкони Наҷмиддин-ака биёр, арақи вай тоза, – садо кард аз қафо Тоҳир ва оҳиста рўи замин дароз кашид.

Вақте ки шишаи дуюм ҳам холӣ шуд, Тоҳир қадаҳашро ба даст гирифта, аз ҷой хест ва Акмалро низ маҷбур кард, ки аз қафои ў биёяд.

– Ин қадаҳро дар сари қабри Оля менўшем, – гуфт Тоҳир аз гаштан бозистода. – Фаҳмидӣ?

– Фаҳмидам, – посух дод Акмал калавида.

– Ту Оляро мешинохтӣ? – пурсид Тоҳир.

– Чи хел намешинохтам, девона. Чандин сол боз ҳамроҳи шавҳараш барои мардуми мо сандуқ месохтанд, хонаҳоро гаҷкорӣ мекарданд, қодоқи чойникҳои шикастаро бо тунука дарбеҳ менамуданд. Хулоса, аз панҷ панҷаи зану шавҳар ҳунар мерехт. Чанд моҳ дар хонаамон зиндагӣ карда буданд. Ҳамроҳи шавҳараш нард бозӣ мекардем. Одами нағз, улфатӣ буд шавҳараш.

– Оля чӣ?

– Вай ҳам зани нағз буд.

– Аммо бин ўро аз қабристон берун гўр кардаанд ноинсофҳо, – гуфт Тоҳир сари қабр нишаста. – Магар ҳамин рафтори мо аз рўи одаму одамгарӣ аст?!

– О ҳозир худат гуфтӣ, ки Оля мусулмон нест, барои ҳамин ҳам дар қабристон гўр накарданд.

– Кӣ мусулмон нест? Оля? Ҳазорон бор аз ману ту мусулмонтар буд вай. Ёд дорӣ, ҳар боре ки шавҳараш бо мо нўшиданӣ мешуд, доду войкунон ўро кашола карда, мебурд, ки арақ нўшидан гуноҳ. Ёд дорӣ?

– Ҳа, ёд дорам.

– Пас чаро ҷасади ўро ба қабристон роҳ надоданд?

– Ман аз куҷо медонам… Рафта аз оқсақолҳо пурс, онҳо нағз медонанд.

– Аз кӣ пурсам? Аз оқсақолҳо? Онҳо чиро медонанд, ки..

Акмал норозиёна ба рўи Тоҳир дида дўхт.

Тоҳир аз қадаҳи дасташ чанд қатра ба болои қабр рехта, гуфт:

– Осуда бихоб, Оля, агар осмон омада ба замин часпад ҳам, ман қабри туро аз ин ҷо ба мобайни қабристон мекўчонам. Ҳа-а, мекўчонам. Агар мардум сангсорам кунанд ҳам, ин корро мекунам!

– Эҳа, ту дар ҷанозаи худораҳматӣ холаат ин қадар оби чашм накарда будиву барои як зани бегона ашки чашмонат шашқатор шудааст.

– Кӣ бегона?

– Ман, – бо тамасхур ҷавоб дод Акмал.

– Ҳа ту бегона, аммо ин занак хеши ман. Ноинсофҳо як порча замини қабристонро барои ў дареғ доштанд. Мусулмон набудааст… Ин гапи куҷо, а! О ҳама замин замини Худо бошад, ҳама банда бандаи Худо бошад, боз чӣ мехоҳанд!

– Хайр, шуд, фалсафафурўшӣ бас. Хок кандан даркор.

– Намеканам, даркор бошад, худат кандан гир! Аздусар ягонтаат ба қадрам намерасӣ.

– Ман ба ту чӣ гуфта будам. Сад грам менўшиву чени сад шиша арақ одама ғам медиҳӣ.

– Ман маст-паст нестам. Фақат ин кори онҳо алам кард. Худат як тасаввур кун, агар ту худо накарда дар ягон кишвари бегона ногаҳон фавтиву мурдаи туро мардуми он ҷо ба қабристони худ роҳ надиҳанд, алам намекунад? Албатта, мекунад!

Тоҳир ғайричашмдошти Акмал қабрро оғўш карда, навҳакунон гуфт:

– Апа, ту парво накун, агар қабри туро ба маркази қабристон накўчонам, номамро мегардонам. Ман намегузорам, ки ту берун аз қабристон танҳо бихобӣ. Ҷои ту ин ҷо нест, ҷои ту ҳамроҳи кўп. – Тоҳир бо остини ҷомааш ашки чашмонашро пок кард.

– Хайр, алами дилат паст шуд? Хез, акнун камтар хок канем.

– Ман хок-пок намеканам, – гуфт Тоҳир калавида аз ҷой хеста. – Аздусар ягонтаат қадри меҳнатамро намедонӣ. Шумо ба Оля чӣ кардед? Ана натиҷааш.. Худат кандан гир, ман рафтам.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …