Главная / Гуногун / ТАЛХИВУ ШИРИНИҲОИ МАНСАБ

ТАЛХИВУ ШИРИНИҲОИ МАНСАБ

– Корхонаи хишт, – аз болои коғаз сар бардошта, ба толори пур аз одам рўй овард вазир. Ва баъд дар як лаҳза аз қатори аввал то ҳаштумро аз назар гузаронд. Ин вақт аз қатори чорум марди қадпасти тоссар вазнин аз ҷой хест. Аввал хост аққалан як тугмаи пиҷаки сиёҳашро гузаронад, аммо шиками мисли пуффак дамидааш ба ин монеъ шуд. Вай ноилоҷ монда, паиҳам чанд бор сурфид ва баъд ба вазир рўй овард.

– Супориш чӣ шуд? – пурсид вазир.

– …

– Ман аз ту мепурсам: супориш чӣ шуд? – якбора овозашро баланд кард вазир. – Аз ҳамин рўзат мурӣ беҳтар нест. Рўз аз рўз мисли пуффак дам мекунӣ. Дар маҷлиси гузашта ман ба ту чӣ супориш дода будаму ту чӣ ваъда дода будӣ? Гап зан!

– Хокро дар вақташ оварда натавонистем, Сарой Валиевич, – гуфт мард – раиси корхонаи хишт Ҷамшед Ҳамза, – чор мошинамон вайрон, қисмҳои эҳтиётӣ нест.

– Э ҳамон хок кашад ту ландаҳурро!

Вазир барои ноўҳдабароии сардори корхонаи хиштро равшантар ифода кардан ягон сухани муносиб наёфт магар,  ки  чанд лаҳза хомўш нигоҳи ғазаболудаашро аз вай наканд. Ҷамшед Ҳамза ба нигоҳи тези ў тоб наоварда, сар ба зер афканд.

Дар толор хомўшии том ҳукмфармо шуд.

«Аққалан ягон кас сулфа ҳам намекунад, э! – аз ин хомўшии таъзиқовар ба танг омада, аз дил гузаронд Ҷамшед Ҳамза. – Ин истинтоқ кай тамом мешуда бошад? Бас! Пагоҳ аризаамро менависаму ҷонамро халос мекунам. Ҳамин қадар одам бе мансаб намурдааст-ку! Як рўз бошад, мегузарад… Охир ба ман чӣ даркор ҳамин хел мансабдорӣ, ки мунтазам дар маҷлисҳои вазорат мисли бачаи духон рост истода гап шунавам. Дуруст мегўяд вазир, дар ҳузури як зол одам пуффаку ландаҳур, хуку хутук гўён масхара шудан, мурданам беҳтар».

– Агар то ҳафтаи оянда сохтмони беморхонаро бо хишт таъмин накунӣ, баъд аз худат гила кун. Аз ҳамин толор зада-зада пеш мекунамат, – ҳамоно дўғу пўписаро идома медод вазир. – Мо ту аҳмақро одам гуфта ба ин вазифа таъин кардем. Шин, садқаи вазифа шавӣ!

«Ўф-ф, хайрият-э! – бо дастрўймол арақи сарди пешониашро пок кард Ҷамшед Ҳамза. Ў дигар қудрати сар бардошта ба минбар нигоҳ кардан надошт.

– Дафтарчаатон афтид, – гуфт марде ки дар тарафи дасти чапи ў менишаст, ба фарш ишора карда.

– Лаббай?

– Дафтарчаатонро бардоред.

-А, ҳа, ташаккур, – Ҷамшед Ҳамза хам шуда, аз пеши пояш дафтарчаи муқовааш чарминро бардошт.

Вате ки маҷлис ба охир расид, Ҷамшед Ҳамза дар қатори аввалинҳо толорро тарк гуфта, ҷониби мошини хизматиаш шитофт.

– Ба идора! – амр дод вай ба ронанда.

Ронанда моторро ба кор дароварда, мошинро аз байни мошинҳои сабукравӣ бетартиб гузошташуда бо як азоб берун карда, ба роҳи калон дохил шуд.

– Чанд бор ба ту, ландаҳур, гуфтам, ки вақте мошинро ба ягон ҷо мегузорӣ, ғами баромаданатро ҳам хўр, – гуфт бо арбада раис, – ман мешинам, ки ту ноўҳдабаро кай ин исқотиро ба роҳ медарорӣ!

– Маҷлис… мошин бисёр… – забон хоид ронанда, – айби ман чӣ?

Ҷамшед Ҳамза норозиёна ба ў нигоҳ карду чизе нагуфт.

Вақте ки ба идора наздик шуданд, ронанда аз оинаи дар рў ба рўяш овезон ба раис, ки дар нишастгоҳи ақиб бо чеҳраи гирифта менишаст, назар андохта, гуфт:

– Раис, маро ду соат ҷавоб диҳед, занам бемор, назди духтур мебарам.

– Бегоҳ мебарӣ.

– Бегоҳ духтурҳо набошанд, назди кӣ мебарам?

– Назди ман.

Ронанда сарашро ақиб гардонда, чизе гуфтан мехост, ки раис бо ғазаб гуфт:

– Пешатро нигоҳ кун, ҳайвон!

Ронанда зери лаб чизе гуфта, ба пеш нигоҳ кард.

– Намефорад? Чор тарафат қибла, ба тухми ронанда қаҳт наомадааст.

– Ман ҳам зиндагӣдорам, охир. Тани гарм бедард намешавад…

– Хайр, шуд, заифнолӣ накун, кората дон.

Дар қабулгоҳи Ҷамшед  Ҳамза даҳ-дувоздаҳ нафар роҳи ўро поида менишастанд. Вақте ки вай ворид шуд, ҳама аз ҷой хеста, даст пеши бар ба ў салом доданд. Ҷамшед Ҳамза бо ишораи сар ба саломи онҳо алейк гирифта, вориди дафтари кориаш шуд. Пиҷакашро кашида ба либосовезак, ки дар кунҷи чапи утоқ гузошта шуда буд, овехту гиреҳи гарданбандашро суст карда, ду тугмаи болоии куртаашро кушод. Баъд аз ҷевон шишаеро гирифта, қадаҳро аз коняк пур карду онро бо як дам нўшид. Боз нўшид ва боз… Оҳиста-оҳиста ҳолати ҳузнангези қаблиаш, ки дар маҷлиси имрўза гиребонгираш шуда буд, ўро тарк мегуфт. Аниқтараш ҳанўз вақте ки ба қабулгоҳ дохил шуда, одамони зиёдеро мунтазири худ дид, ба ҷисму ҷонаш як ҳисси хушу гуворо дамида буд. Пас аз нўшидани қадаҳи сеюм он хорию дағдағаи вазир тадриҷан таъсири худро гум мекард.

Котиба  даста коғазро оварда болои миз гузошта, гуфт:

– Раиси комбинати равған, як муаллими донишгоҳ, аз корхонаи обу корез ва янгаам занг заданд.

– Чӣ гуфт?

– Кӣ?

– Янгаат.

– Шуморо пурсиданд, маҷлис рафтанд, гуфтам. Боз Ҳаким ном ошноятон занг зада, шуморо соати дувоздаҳ ба хонаашон даъват карданд. Маърака доштаанд.

– Хуб.

– Одамон дароянд? – пурсид котиба, ҷониби дар равон шуда.

– Ҳоло не, каме мунтазир шаванд, – гуфт Ҷамшед Ҳамза ва гўшаки телефонро бардошта, паиҳам чанд рақамро чинд. Котиба, аз афташ, гапи ўро нашунид, ки ҳамоно дар дами дар рост меистод.

– Баъд… ман худам гап мезанам, – гуфт Ҷамшед Ҳамза, ба кафи даст гўшаки телефонро пўшонида.

Котиба берун баромад.

– Алло! Ҳаким, корҳо читу? Ҳозир аз вазорат омадам. Вазир… хеле дўғу даранг кард… Албатта, меравам. Маҷлис дорам, дар паси дар як дунё одам мунтазир. Ҳа, дунё ҳамин хел… вазир моро ҳақорат мекунад, мо инҳоро… ҳа, заҳрамонро мерезонем, диламонро хунук мекунем, агар не дуд мекунад.

Аз он тараф чизе гуфтанд, ки Ҷамшед Ҳамза ба завқ хандида, гўшакро ба ҷояш гузошт ва тугмаи дар зери мизаш бударо пахш кард.

Дар дами дар котиба пайдо шуд.

– Аввал коргарони худамон дароянд, – гуфт Ҷамшед Ҳамза.

Вақте ҳамагон дар курсиҳои қатор, ки дар ду тарафи мизи дароз гузошта шуда буд, ҷой гирифтанд, Ҷамшед Ҳамза аз болои коғазҳои ҳамин ҳозир овардаи котиба сар бардошта, ҳозиринро аз назар гузаронд.

– Ҳама ҳастанд? – пурсид вай, дафтарчаи дар наздаш бударо боз намуда.

– Фақат Холов иштирок надорад, – ҷавоб дод муовин, ки дар курсии аввал менишаст.

– Холов? Дар кадом гўр мегардад?

– Бемор аст.

– Вай на мурд, на одам шуд, – гуфт бо кароҳат Ҷамшед Ҳамза ва коғазҳоро ба як кунҷи миз тела дода, ба муовин ва мудири шўъбаи таъминот рў овард.

– То ҳол масъалаи хишти беморхона ҳал нашудааст?

– Не, раис, – аз ҷой хест  марди паҳлавонҷуссаи тоқипўш.

– Ман ба ту гуфтам-ку дар навбати аввал беморхонаро таъмин кунед.

– Худатон хабар даред, раис, ду рўз боз хок наовардаанд.

– Э хок кашад ту гови лавандро! Ман ту аҳмақро одам гуфта, ҷонишин таъин кардам… Ба ғайр аз пуффак барин дам кардан дигар кор надорӣ, а! Фақат хўрдану маишат кардан. Э садқаи вазифа шавӣ! Мур ба ҳамин рўзат!

Муовин ва мудири шўъба лом нагуфта, сар ба зер афканданд.

– Агар пагоҳ то пешин ба сохтмони беморхона як мошин хишт нафиристӣ, аз худат гила кун. Рўзатонро мисли ангишт сиёҳ мекунам. Фаҳмо?!

– Кўшиш мекунем, раис.

– Аз таги қабр бошад ҳам, ме-ё-бед! Фаҳмидед?!

– Кўшиш мекунем, раис.

– Шинед! Садқаи кор шавед шумо, ландаҳурҳо!

Баъд аз маҷлис Ҷамшед Ҳамза муддате дар дафтари кории худ пасу пеш қадам зада, ба соати деворӣ нигарист. Чоряк кам дувоздаҳро нишон медод ақрабаки он.

«Бигзарад, бигзарад, умри одам бигзарад» – зери лаб зам-зама кард Ҷамшед Ҳамза ва баъд чанд лаҳза дар рў ба рўи оинаи барқад истода, мўяшро шона зад, гарданбандашро ба тартиб оварда аз нав ҳалқаашро таранг кард ва пиҷакашро пўшида, берун баромад.

Дар қабулгоҳ як марди тахмин чил-чилупанҷсола менишаст.

-Ман баъди як соат меоям, – гуфт Ҷамшед Ҳамза ба котиба, ки ўро дидан замон аз ҷой хеста буд.

– Раис, ман ба назди шумо, – даст ба ҷайбаш бурда, коғазеро берун овард мард.

– Чӣ арз дорӣ?

– Як мошин хишт даркор. Як хонаи нимкора дарам, ду сол боз дар зери барфу борон хоб аст. Ана аризаам.

– Ҳозир хишт нест.

-Кай мешавад, раисҷон?

– Имсол аниқ намешавад.

Ҷамшед Ҳамза дигар ба нигоҳи илтиҷоомезу гардани каҷи мард эътибор надода, аз дари қабулгоҳ берун шуд. Вай дар долон ба саломи зердастонаш бо аломати сар алейк гирифта, ба ошёнаи якум фаромад ва баъди чанд лаҳза ба мошин нишаста, ҷониби хонаи дўсташ Ҳаким роҳ пеш гирифт.

Ҷамшед Ҳамза, дар ҳавои гашти ҳамвори мошини кушоду барҳаво,  дар нишастгоҳи ақиб каҷпаҳлу зада, маҷлиси пагоҳина, дўғу пўписаи вазирро ба боди фаромўшӣ дода буд. Ариза навишта аз кор рафтан умуман дар гўшаи хаёлаш ҳам намеомад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …