Хабарҳои охирин

Болиш: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

bolish

Меъроҷиддини Камол менависад: Агар болиш ба хоби худ бубинӣ, Ту бо зоти асил созӣ қаринӣ. В-агар дузданд болиш бо бизоат, Бидон, ки завҷаат рафта ба хилват! Чу аз пешат касе болиш бигирад, Яке аз решапайванди ту мирад!

Муфассал »

ҚУТБУДДИНИ МИСРӣ

nophoto-man

ҚУТБУДДИНИ МИСРӣ (с. тав. номаълум – с. ваф. 1221), Абӯисҳоқ Қутбиддин Иброҳим ибни Алӣ ибни Муҳаммади Мисрӣ. Аз донишмандони тибу ҳикмат буда, ҳангоми мусофират ба Нишопур ба ҳуҷуми муғулҳо дучор шуда дар он ҷо ба қатл мерасад. ӯ муаллифи китобҳои зиёде дар тиб ва ҳикмат мебошад. «Шарҳи куллиёти «Ал-Қонун»-и Ибни …

Муфассал »

ҚУТБУДДИНИ ШЕРОЗӣ

nophoto-man

ҚУТБУДДИНИ ШЕРОЗӣ (1236. Шероз – 1311, Ҷаранбоди Табрез), Абуссано Қутбиддин Маҳмуд ибни Масъуд ибни Муслиҳи Форсии Козарунии Шерозӣ. Аз донишмандони маъруф ва ба қавле хоҳарзодаи Саъдии Шерозӣ буда, ба Бағдод, Димишқ ва Миср сафарҳо кардааст. Қ. Ш. улуми аввалия, махсусан тибро дар назди падараш Зиёуддин Масъуди Козирунӣ (ваф. 1250) омӯхт. …

Муфассал »

КАБИНЕТИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ

siroyati

КАБИНЕТИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ, як бахши дармонгоҳҳои шаҳрӣ ва марказии беморхонаҳои ноҳиявӣ, ки кори ташкилию методӣ, машваратию ташхисотӣ ва табобатӣ бурда, ашхоси гирифтори бемориҳои сироятӣ ва ҳомили бактерияро зери назорати диспансерӣ мегирад. К. даромадгоҳи алоҳида, хонаи қабули беморон, муолиҷахона (бо ҳоҷатхонаи муҷаҳҳаз) дорад. Духтур-инфексионист беморонро қабул карда, ба онҳо маслиҳат медиҳад, …

Муфассал »