Главная / Илм / КАБИНЕТИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ

КАБИНЕТИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ

siroyatiКАБИНЕТИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӣ, як бахши дармонгоҳҳои шаҳрӣ ва марказии беморхонаҳои ноҳиявӣ, ки кори ташкилию методӣ, машваратию ташхисотӣ ва табобатӣ бурда, ашхоси гирифтори бемориҳои сироятӣ ва ҳомили бактерияро зери назорати диспансерӣ мегирад. К. даромадгоҳи алоҳида, хонаи қабули беморон, муолиҷахона (бо ҳоҷатхонаи муҷаҳҳаз) дорад. Духтур-инфексионист беморонро қабул карда, ба онҳо маслиҳат медиҳад, беморони сиҳатёфта ва ҳомили бактерияро ба назорат мегирад, шахсони гирифтори амрози сироятиро табобат мекунад, одамони бо бемор тамос доштаро ба назорати тиббӣ мегирад. Ҳамаи кормандони К. дар кори муборизаи зидди бемориҳои сироятӣ (бо роҳи саривақт ошкор намудани беморон ва ҳомилони бактерия) иштирок карда, ба аҳолӣ роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва корҳои маорифи санитариро тарғиб менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …