Главная / Илм / «ҚАРОБОДИНИ КАБИР»

«ҚАРОБОДИНИ КАБИР»

kabir«ҚАРОБОДИНИ КАБИР», асари Муҳаммадҳусайн ибни Муҳаммади Оқилӣ дар боби тиб. С. 1770 таълиф шудааст. Муаллифи «Қ. к.» дар Ҳиндустон умр ба сар бурдааст ва бо номи «Махзану-л-адвия» асари дигаре низ дорад. Муқаддимаи «Қ. к.» аз бист фасл иборат аст: фасли якум доир ба ғизою даво ва аҳамияту фарқияти онҳо; фасли дуюм дар баёни хусусият ва таъсири ҳар яке аз ғизову доруҳо; фасли сеюм оид ба мизоҷ, маърифат ва дараҷоти онҳо; фасли чаҳорум дар бораи тариқи маърифати мизоҷи адвия ва ағзия (ғизоҳо) ба таҷриба ва қиёс; фасли панҷум доир ба эҳтиёҷ ба таркиби адвия (дар ин ҷо доир ба фарқияти хосият ва таъсири давоҳои муфрада ва мураккаба сухан меравад); фасли шашум оид ба таркиби адвия ва истихроҷи миқдори шурбати (ҷуръаи) онҳо (ин фасл дар бораи тайёр кардани дору ва меъёри истеъмоли он баҳс мекунад); фасли ҳафтум дар бораи мизоҷи доруҳои мураккаб ва тариқи истихроҷи онҳо (ин фасл ба шинохтани мизоҷҳои адвияи мураккаб ва роҳи истеъмоли ин доруҳо оид аст); фасли ҳаштум оид ба тариқи истихроҷи миқдори шурбати мураккабот; фасли нуҳум доир ба аъмоли (умри) баъзе адвияи муфрада (ин ҷо аз хусуси нигоҳдошт, яъне бақои қуввати давоҳои муфрад ба тариқи мухтасар сухан меравад); фасли даҳум дар бораи фаҳмидани тарзи таъсир ва аъмори адвияи мураккаба; фасли ёздаҳум дар баёни сабаби ихтилофи табибон дар моҳият ва хавоси (хосиятҳои) адвия (ин ҷо аз хусуси сабабҳои гуногун доштани мулоҳизаҳои табибон оид ба моҳият ва хусусиятҳои давоҳо сухан меравад); фасли дувоздаҳум оид ба тариқаи ёфтани адвия, эҳтиёту сиёнати (нигоҳдории) онҳо; фасли сездаҳум дар баёни одоби таом хӯрдан, об нӯшидан ва атъимае (таомҳое), ки ҷамъи онҳо ба ҳам муносиб нест (дар ин фасл оид ба риоя кардани қоидаи истеъмоли таому об ва эҳтиёт шудан аз истеъмоли муштараки як таом бо таоми дигар сухан меравад); фасли чаҳордаҳум дар бораи тариқи сӯхтан, беравған бирён кардан, дар мағзи хамир, гил, латтаи тар ва ғ. печонида дар қӯри оташ пухтан, шустан ва устувору тобовар кардани давоҳо бар таъсири муҳит ва ғ.; фасли понздаҳум дар баёни маърифати афъоли адвияи муфрада ва хавоси онҳо (дар ин фасл феълҳои куллӣ ва ҷузъии давоҳои муфрада, хусусиятҳои онҳо ва истилоҳоти сифатҳои умумии адвия баён ёфтаанд); фасли шонздаҳум дар бораи баъзе истилоҳот (дар ин фасл муаллиф баъзе истилоҳоти тиббиро ба тариқи мунтахаб ҷамъ оварда шарҳ додааст); фасли ҳабдаҳум оид ба ҳудуди амроз ба тартиби ҳуруфи таҳаҷҷӣ (ин ҷо истилоҳоте, ки маҳз ба иллат ва беморӣ дахл доранд, ба низоми алифбои арабӣ дар услуби энсиклопедӣ шарҳ дода шудаанд); фасли ҳаждаҳум дар хусуси ченакҳои вазнӣ ва ҳаҷми тиббӣ, шаръӣ ва ченакҳои кишварҳои гуногун; фасли нуздаҳум дар бораи таъсири гуногуни сайёраи сабъа, яъне ҳафт сайёра – Зуҳал, Муштарӣ, Миррих, Шамс, Зӯҳра, Уторид ва Қамар ба давоҳои аз чорунсур таркибёфта; фасли бистум оид ба инкишофи илми тиб дар марҳилаҳои таърихӣ ва варосати ҳазоқат (маҳорат) аз силсилаи аҷдод то худи муаллиф баҳс мекунад.
Қисми шарҳи шифоият ва тартиб додани давоҳои мураккабро муаллиф ба ду китоб ҷудо кардааст, ки 48 боб ва 359 фаслро дар бар мегирад. Дар аввали шарҳи боб ӯ ҳар як истилоҳеро, ки ба нусхаи давоҳо дахл дорад ва бо ҳарфи навбатии алифбои форсӣ оғоз меёбад, муфассал шарҳ додааст. Тарзи баёни давоҳои мураккаби «Қ. к.» аз диг. қарободинҳо фарқ дорад. Муаллиф давои муфрадаро пояи асосии таркиб қабул карда, ба он давоҳои дигарро ҳамроҳ намудааст ва нусхаи давоҳоро тартиб дода аз рӯи алифбои форсӣ ҷо ба ҷо гузоштааст.
Ад.: Энциклопедияи Советии Тоҷик, ҷ. 8, Д., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …