Хабарҳои охирин

Кафолатҳо ҳангоми қабул ба кор

moddai-23-kodeksi-mehnat

Моддаи 23-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо ҳангоми қабул ба кор Ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан манъ аст. Беасос рад кардан аз қабул ба кор, ки талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси мазкурро вайрон мекунад, инчунин ба кор қабул накардани шахсони зерин ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад: – шахсоне, ки аз тарафи корфармо ба …

Муфассал »

Озодона бастани шартномаи меҳнатӣ

moddai-22-kodeksi-mehnat

Моддаи 22-и Кодекси Меҳнат. Озодона бастани шартномаи меҳнатӣ Тарафҳо ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқҳои баробар мебошанд. Маҷбур намудан барои бастани шартномаи меҳнатӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё уҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо бастани шартномаро пешбинӣ мекунанд. …

Муфассал »

Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ

moddai-21-kodeksi-mehnat

Моддаи 21-и Кодекси Меҳнат. Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд. Шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад. Дар ҳолати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои банаворгирии кино, …

Муфассал »

Мавзўи шартномаи меҳнатӣ

moddai-20-kodeksi-mehnat

Моддаи 20-и Кодекси Меҳнат. Мавзўи шартномаи меҳнатӣ Мавзўи шартномаи меҳнатиро муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфармо ташкил менамояд, ки мувофиқи он корманд корро (уҳдадориро) аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиботи дохилии меҳнат иҷро менамояд ва корфармо шароити меҳнатро муҳайё …

Муфассал »

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корфармо

moddai-19-kodeksi-mehnat

Моддаи 19-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корфармо Корфармо ҳуқуқ дорад: – ба интихоби озод ҳангоми қабул ба кор, ба истиснои баъзе гурўҳи шахсон, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо имтиёз муқаррар кардааст; – ба бастан, тағйир додан, илова намудан ва бекор кардани …

Муфассал »