Главная / Ҷамъият / Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ

Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 21-и Кодекси Меҳнат. Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ

  1. Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд.
  2. Шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад.
  3. Дар ҳолати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои банаворгирии кино, консертҳо, сиркҳо ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ бе зарар расонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда бе халалдор кардани раванди таълим метавонанд шартномаи меҳнатӣ банданд.
  4. Шахсони зерин метавонанд ҳамчун корфармо, тарафи шартномаи меҳнатӣ бошанд:

– мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо;

– шахси воқеӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё ба сифати корфармо ҳамчун истифодабарандаи меҳнати шахсони дигар ба қайд гирифта шудааст.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …