Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корфармо

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корфармо

Моддаи 19-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корфармо

  1. Корфармо ҳуқуқ дорад:

– ба интихоби озод ҳангоми қабул ба кор, ба истиснои баъзе гурўҳи шахсон, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо имтиёз муқаррар кардааст;

– ба бастан, тағйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба идоракунии ташкилот ва қабули санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) дар доираи ваколатҳои худ, ки иҷрои онҳо барои кормандон ҳатмист;

– бо мақсади муаррифӣ ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ иттиҳодияҳо таъсис диҳад, ба чунин иттиҳодияҳо шомил гардад ва дар кори онҳо иштирок намояд;

– аз кормандон иҷрои шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва дигар санадҳои корфарморо талаб намояд;

– бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани кормандон чораҳо андешад;

– ба рўёнидани ҷуброни зарар, ки корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расондааст;

– барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниаш дар соҳаи меҳнат ба суд муроҷиат намояд;

– ба корманд бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати санҷишӣ муқаррар намояд;

– ба рўёнидани хароҷотҳои худ ҳангоми аз тарафи корманд вайрон намудани шартҳои шартномаи таҳсил;

– дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

  1. Корфармо уҳдадор аст:

– талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ)-ро риоя намояд;

– ҳангоми қабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи меҳнатӣ бандад;

– талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бехатарии сўхтор ва санитарию гигиениро дар ҷойи кор таъмин намояд;

– ба корманд кореро, ки шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудааст, пешниҳод намояд;

– сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ба корманд музди меҳнат ва дигар иловапулиҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо пешбинӣ намудаанд, пардохт намояд;

– кормандро бо қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои корфармо, ки бевосита ба кори корманд алоқаманд мебошад, шинос намояд;

– ба намояндагони кормандон иттилооти пурра ва дурустро барои пешбурди гуфтушунидҳои коллективӣ, бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин назорати иҷрои онҳо пешниҳод кунад;

– таклифҳои намояндагони кормандонро баррасӣ ва гуфтушунидҳои коллективиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда, шартномаи коллективӣ бандад;

– шароити меҳнати кормандонро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таъмин намояд;

– кормандонро бо таҷҳизот, асбобҳо, ҳуҷҷатҳои техникӣ ва дигар воситаҳо, ки барои иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ заруранд, аз ҳисоби воситаҳои худӣ таъмин намояд;

– санадҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ҷамъиятиро дар соҳаи меҳнат иҷро намояд;

– корро боздорад, агар давом ёфтани он ба амният, ҳаёт, саломатии кормандон ва дигар шахсон таҳдид намояд;

– суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоии кормандонро амалӣ намояд;

– кормандро аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ суғурта намояд;

– ба корманд тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатиҳо диҳад;

– ҳифз ва ба бойгонии давлатӣ супоридани ҳуҷҷатҳоро, ки фаъолияти меҳнатии кормандонро тасдиқ мекунанд ва маълумот дар бораи нигоҳ доштан ва гузаронидани маблағро ба таъминоти нафақа таъмин намояд;

– дар бораи меҳнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитҳои хавфноки меҳнатӣ ва эҳтимолияти бемориҳои касбӣ ба корманд хабар расонад;

– оид ба рафъи хавф дар ҷойи кор ва дар равандҳои технологӣ чораҳо андешида, бо назардошти пешравии илмию техникӣ ва истеҳсолӣ корҳои пешгирикунанда гузаронад;

– вақти кор, аз ҷумла изофакорӣ, меҳнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитҳои хавфноки меҳнат, корҳои вазнинро, ки ҳар як корманд иҷро менамояд, дақиқ ба ҳисоб гирад;

– таҷрибаомўзӣ, тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандонро тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

– зарари ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расидаро тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд;

– ба таъсиси иттифоқи касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон мамониат накунад;

– шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагони кормандон, нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнатро барои гузаронидани санҷиши ҳолати бехатарӣ, шароит ва ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо, риояи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тафтишоти ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бемамониат роҳ диҳад;

– пешбурди махзани маълумоти кормандонро таъмин намояд;

– ба бархўрди манфиатҳо, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардаанд, роҳ надиҳад;

– дигар уҳдадориҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро намояд.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …