Главная / Ҷамъият / Кафолатҳо ҳангоми қабул ба кор

Кафолатҳо ҳангоми қабул ба кор

Моддаи 23-и Кодекси Меҳнат. Кафолатҳо ҳангоми қабул ба кор

  1. Ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан манъ аст. Беасос рад кардан аз қабул ба кор, ки талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси мазкурро вайрон мекунад, инчунин ба кор қабул накардани шахсони зерин ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад:

– шахсоне, ки аз тарафи корфармо ба кор даъват шудаанд;

– шахсоне, ки корфармо мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст бо онҳо шартномаи меҳнатӣ бандад (маъюбон ва шахсони синнашон аз ҳаждаҳ хурд, ки аз ҳисоби квотаи муқарраргардида ба кор фиристода шудаанд, занони ҳомила ва заноне, ки кўдакони то сесола доранд, бо сабаби ҳомила ва ё кўдак доштани онҳо).

  1. Ҳангоми рад кардан аз қабул ба кор корфармо уҳдадор аст бо талаби корманд дар муҳлати 3 рўзи корӣ ба таври хаттӣ, бо имзои шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи ба кор қабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани қабул ба кор ҷавоб диҳад. Дар хусуси чунин радкунӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …