Главная / Ҷамъият / Мавзўи шартномаи меҳнатӣ

Мавзўи шартномаи меҳнатӣ

Моддаи 20-и Кодекси Меҳнат. Мавзўи шартномаи меҳнатӣ

Мавзўи шартномаи меҳнатиро муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфармо ташкил менамояд, ки мувофиқи он корманд корро (уҳдадориро) аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиботи дохилии меҳнат иҷро менамояд ва корфармо шароити меҳнатро муҳайё намуда, ба корманд сари вақт ва пурра музди меҳнат ва дигар пардохтҳоеро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, созиши тарафҳо муайян намудаанд, таъмин менамояд.

Инчунин кобед

gulbam

100 Шеъри беҳтарини гулбазмӣ

Гул чу рӯи меҳри ховар равшан аст, Миҷмари дилро намояд пуршарар. Ҳар касе гулро агар …