Хабарҳои охирин

МИАСТЕНИЯ

miasteniya

МИАСТЕНИЯ (Myasthenia; юн. my[s] – мушак, astheneia – беқувватӣ), бемории асабу мушакҳо, ки бо хастаҳолӣ ва заъфи мушакҳо падид меояд. Муқаррар шудааст, ки сабаби асосии беморӣ ихтилоли аутоиммунии вобаста ба бемории ғадудҳои душоха ва халал ёфтани интиқоли асабию мушакии симпатӣ мебошад. Дар дунё ба ҳар 100 ҳаз. наф. бемор 3 …

Муфассал »

МИДРИАЗ

midriaz

МИДРИАЗ (Mydriasis), васеъ шудани гавҳарак бинобар осеб ёфтани асаби симпатии муҳаррики чашм ё гардан ва фалаҷи мушаке, ки гавҳаракро хурд мекунад (сфинктери гавҳарак); беморӣ метавонад дар натиҷаи спазми мушаки фаррохкунандаи гавҳарак (дилататори гавҳарак) низ ба вуҷуд ояд. М.-и доруӣ бинобар таъсири баъзе васоити табобат сар мезанад: ҳангоми ба чашм чакондани …

Муфассал »

МИЕЛИТ

mielit

МИЕЛИТ (Myelitis; юн. myelos – мағзи устухон), илтиҳоби ҳароммағз. М. якумин ва дуюмин мешавад. М.-и якуминро вирусҳои нейротроп ба вуҷуд меоранд. М.-и дуюмин нисбатан маъмул буда, ҳангоми бемориҳои сироятӣ – грипп, сурхча ва ғ. падид меояд. Ангезандаи беморӣ ва заҳри онҳо ба ҳароммағз ворид гашта, муҷиби илтиҳоб ва тағйироти он …

Муфассал »

МИЕЛОГРАФИЯ

mielografiya

МИЕЛОГРАФИЯ (Myelographia; юн. myelos – мағзи устухон ва gpapho – навиштан), рентгенографияи ҳароммағз баъди ба фазои зеранкабутиявӣ ворид намудани моддаи рентгеноконтрастӣ. Ба сифати моддаи рентгеноконтрастӣ (рангбахш) газ (оксиген, закиси нитроген) ё доруҳои йоддори махсус кор фармуда мешаванд. М. ҳангоми ташхиси омоси ҳароммағз ва пардаи он, чурраи диски байни мӯҳраҳо, часпидагӣ …

Муфассал »

МИЕЛОЛЕЙКОЗ

mieloleykoz

МИЕЛОЛЕЙКОЗ (Myeloleucosis; аз юн. myelos – мағзи устухон ва leukos- сафед), миелоз, бемории системаи хун аз гурӯҳи лойкозҳо. Ҳангоми М. дар узвҳои хунофар шаклҳои норасидаи гранулоситҳо (миелоситҳо, промиелоситҳо, баъзан миелобластҳо) барзиёд ҳосил мешаванд. Аломати М. дар хун афзудани адади лейкоситҳо (дар ибтидо 10 – 15 – 20 ҳаз. дар мкл, …

Муфассал »