Главная / Илм / МИАСТЕНИЯ

МИАСТЕНИЯ

miasteniyaМИАСТЕНИЯ (Myasthenia; юн. my[s] – мушак, astheneia – беқувватӣ), бемории асабу мушакҳо, ки бо хастаҳолӣ ва заъфи мушакҳо падид меояд. Муқаррар шудааст, ки сабаби асосии беморӣ ихтилоли аутоиммунии вобаста ба бемории ғадудҳои душоха ва халал ёфтани интиқоли асабию мушакии симпатӣ мебошад. Дар дунё ба ҳар 100 ҳаз. наф. бемор 3 – 5 наф. ашхоси гирифтори М. дучор меояд. Аз як оила чанд наф. бемор шуданашон мумкин аст, вале табиати ирсӣ доштани М. то ҳол маълум нест.
Аломатҳои болинии М. гуногун мебошанд. Беҳолӣ бисёр вақт аз мушакҳои берунии чашм, мушакҳои мимикӣ ва мушакҳои хоидану фурӯ додани ғизо оғоз меёбад. Бинобар ин нишонаи аввалини беморӣ птоз, аҳвалӣ, дубинӣ, ихтилоли жовидан, фурӯ бурдан ва нутқ мебошанд. Бо мурури тараққии беморӣ заъфи мушакҳои бадан ва дасту пой афзуда, бемор сахт хаста мегардад. Атрофияи мушакҳо аҳёнан ба мушоҳида мерасад. Дар вақти ҳомилагӣ, зодан, бемориҳои ирсӣ, хастагӣ ва ғ. ихтилоли таҳрикӣ афзуда, мумкин аст боиси беҳаракатии бемор ва халал ёфтани амалиёти ҳаётан муҳими организм – фурӯдиҳӣ ва нафаскашӣ гарданд. Ҷараёни М. хусусан дар аснои якҷоя бо омоси ғадуди душоха падид омадани он вазнин аст.
М.-ро бо истифода аз доруҳои гуногун – прозерин, калимин, оксазил, кортикостероидҳо, иммунодепрессантҳо ва ғ. муолиҷа мекунанд. Баъзан ба тимэктомия (бурида дур сохтани ғадуди душоха) даст мезананд.

Ш. Ф. Раҷабалиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …