Главная / Илм / МИДРИАЗ

МИДРИАЗ

midriazМИДРИАЗ (Mydriasis), васеъ шудани гавҳарак бинобар осеб ёфтани асаби симпатии муҳаррики чашм ё гардан ва фалаҷи мушаке, ки гавҳаракро хурд мекунад (сфинктери гавҳарак); беморӣ метавонад дар натиҷаи спазми мушаки фаррохкунандаи гавҳарак (дилататори гавҳарак) низ ба вуҷуд ояд. М.-и доруӣ бинобар таъсири баъзе васоити табобат сар мезанад: ҳангоми ба чашм чакондани маҳлули атропин, скополамин, истеъмол кардани доруҳои белладона ва ғ. Сабаби М.-и патологӣ баъзе бемориҳои босира (мас., глаукома), контузияи ғӯзаи чашм ё оғози бемориҳои ҳароммағз ва майна мебошанд. Дар сурати бо ихтилоли татобуқ ҳамроҳ шудани М. неруи босира заъф ёфта, хондану навиштан душвор мегардад. Муолиҷаи М. бояд ба рафъ намудани сабаби он равона шавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …