Хабарҳои охирин

МАХЛУҚ ВА ДОМ

fdcb2a18f1bc

Ҳикоя мекунанд, ки дар кадом як замоне дар Бухоро махлуқе пайдо щудааст. Вай бисьёр бадҳайбат будааст. Одами дидагӣ лом нагуфта ҷон медодааст. Мардум илоҷи нобуд кардани  махлуқро наёфта, пеши Абўалӣ Сино рафтаанд. Абўалӣ Сино мақсади онҳоро фаҳмида, бо устоҳои оҳангар фармудааст, ки як доми бузург созанд. Рўи домро сайқал диҳанд. …

Муфассал »

СЎҲБАТИ АБУАЛӢ СИНО БО ПОДШОҲ

tabib

Чунин мегўянд, ки Абўали Сино дар даргоҳи подшоҳе як муддат хизмат карда будааст. Рўзе он подшоҳ ба одамонаш фармон додаст, ки тахти ўро ба берун  бароранд. Вақте ки тахтро  бардошта ба берун мебурданд, Абўалӣ Сино дар назди подшоҳ будааст. Подшоҳ ва Абўалӣ Сино муддате дар ҳавои кушод бо ҳам сўҳбат …

Муфассал »

СИНО ВА ШАВҲАРИ  ҶАВОН

d45f06d7fc78

Як зану шавҳари ҷавон фарзанддор мешаванду ду моҳ гузаштан пас ҳардушон маслиҳат мекунанд, ки пеши Абўалӣ ибни Сино рафта, таълими кўдаккалонкуниро ёд гирифта биёянд. Майда-чуйда, савғотӣ гирифта, онҳо хонаи Абўалӣ Сино мераванд. Абўалӣ Сино онҳоро меҳмондорӣ карда баъд мепурсад: -Ягон хизмат бошад, шарм накарда гўед, ман ба хизмати шумо ҳозирам: …

Муфассал »

УСТОД ВА ШОГИРД 

sino6

Абўалӣ ибни Сино рўзе бо хотири парешон як асар навишта, онро барои тозанавис кардан ба як шогирдаш додаст. Шогирд иншои Ибни Синоро дуруст хонда натавонистаасту ба устодаш муроҷиат карда гуфтааст: – Устод, хататонро хонда натонистам, илтимос минбаъд камтар бодиққат нависед, моён шогирдҳоятон, мабодо маънии асаратонро  ғалат нафаҳмем. Абўалӣ дар ин …

Муфассал »

Кудакии Ибни Сино

fkid0rzogba

    Ибни Синои яксоларо канизак дар бағал гирифта аз назди мактабхона мегузаштааст. Синои кўдак овози мактаббачаҳоро шунида, ба мактаб рў оварда қанотак задаст. Канизак ўро  ба мактабхона бурдааст. Ибни Сино дарси мактабдорро шунида, чеҳрааш шод шудааст. Мактабдор пай бурдааст, ки кўдак дарси ўро бодиққат гўш мекунад. Баъд дар ин …

Муфассал »