Главная / Гуногун / УСТОД ВА ШОГИРД 

УСТОД ВА ШОГИРД 

Абўалӣ ибни Сино рўзе бо хотири парешон як асар навишта, онро барои тозанавис кардан ба як шогирдаш додаст. Шогирд иншои Ибни Синоро дуруст хонда натавонистаасту ба устодаш муроҷиат карда гуфтааст:

– Устод, хататонро хонда натонистам, илтимос минбаъд камтар бодиққат нависед, моён шогирдҳоятон, мабодо маънии асаратонро  ғалат нафаҳмем.

Абўалӣ дар ин ҷавоб фақат як шеър гуфтааст, ки он шеър  ин аст:

 

Ҳарчанд, ки мекунам такопў,

Н-омад зи қалам нақши некў.

Азбаски қалам шикастасар буд,

Хотир зи қалам шикастатар буд.

 

Инчунин кобед

Расми модари точик

Расми модари тоҷик

Модари ҷонам, Шуҳрату шонам, Пораи ҷонам, Набзи замонам, Фахри ҷаҳонам, Модари ҷонам, Модари ҷонам. Ахтари …