Главная / Гуногун / СЎҲБАТИ АБУАЛӢ СИНО БО ПОДШОҲ

СЎҲБАТИ АБУАЛӢ СИНО БО ПОДШОҲ

Чунин мегўянд, ки Абўали Сино дар даргоҳи подшоҳе як муддат хизмат карда будааст. Рўзе он подшоҳ ба одамонаш фармон додаст, ки тахти ўро ба берун  бароранд. Вақте ки тахтро  бардошта ба берун мебурданд, Абўалӣ Сино дар назди подшоҳ будааст.

tabibПодшоҳ ва Абўалӣ Сино муддате дар ҳавои кушод бо ҳам сўҳбат кардаанд. Дар ин вақт аз дур сиёҳие намоён шудааст, ки он ба саққо монанд будааст. Подшоҳ тааҷуб  кардааст, ки он чӣ бошад. Абўалӣ Сино ин тааҷуби подшоҳро бартараф  намуда гуфтааст:

– Подшоҳам, он сиёҳӣ марди аспсаворе мебошад, ки дар хўрҷин асал дорад ва гоҳ-гоҳ аз он лесида меояд.

Подшоҳро тааҷуб зиёд шудааст ва аз Сино пинҳонӣ шахсеро барои фаҳмидани он, ки оё Абўалӣ рост мегўяд, ба сўи он сиёҳи омадаистода равон кардааст. Дар ҳақиқат он шахс хабар овардааст, ки гуфтаи Сино рост аст. Подшоҳ ҳайрон шуда, ба Сино гуфтааст:

-Хайр, ту донистӣ, ки он сиёҳӣ савораест, пас аз куҷо фаҳмидӣ, ки вай дар хўрҷин асал дорад?

– Ман, – гуфтааст Аьўалӣ Сино, – дидам, ки магасҳо ўро иҳота кардаанд ва аз ҳамин фаҳмидам, ки дар куҷои вай шириние ҳаст.

Подшоҳ Синоро ситоиш карда, ба ў тўҳфа додаст.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …