Главная / Гуногун / СИНО ВА ШАВҲАРИ  ҶАВОН

СИНО ВА ШАВҲАРИ  ҶАВОН

Як зану шавҳари ҷавон фарзанддор мешаванду ду моҳ гузаштан пас ҳардушон маслиҳат мекунанд, ки пеши Абўалӣ ибни Сино рафта, таълими кўдаккалонкуниро ёд гирифта биёянд.

Майда-чуйда, савғотӣ гирифта, онҳо хонаи Абўалӣ Сино мераванд. Абўалӣ Сино онҳоро меҳмондорӣ карда баъд мепурсад:

-Ягон хизмат бошад, шарм накарда гўед, ман ба хизмати шумо ҳозирам:

Занаки кўдакдор мегўяд:

– Тақсир, мо нав як кўдак ёфтем, чӣ хел тарбия кардани вайро намедонем, пеши шумо омадем, ки ба мо таълим диҳед.

Баъд Абўалӣ Сино мепурсад, ки:

– Кўдакатон чандрўза шуд?

Онҳо мегўянд:

– Думоҳа.

Абўалӣ Сино дастонашро дар сари зону зада мегўяд:

– Дер шудааст, дер! Кўдакро мебоист дар ҳамон рўзи таввалуд шуданаш меовардед, акнун худатон ўро чӣ хеле, ки хоҳед, ҳамон тавр тарбия кардан гиред!

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …