Хабарҳои охирин

ДИПИЛИДИОЗ

dipilidioz

ДИПИЛИДИОЗ (Dipylidiosis), як навъ бемории гелминтозии ҳайвоноти хонагӣ. Бештар кӯдакон гирифтор мешаванд. Ангезандаи он киҷҷаи тасмашакл (Dipylidium caninum) буда, дарозиаш 15 – 40 см аст. Он дар давраи болиғӣ дар рӯдаи борики сагу гурбаҳо ва баъзан одам зиндагӣ мекунад. Дар мавриди беморӣ дил беҳузур шуда, оби даҳон меравад, шикам дард …

Муфассал »

ДИС…

dis

ДИС…, диз… (юн. dus), қисми калимаҳои мураккаб, ки номувофиқат, душворӣ, вайронӣ, маҳрумиятро ифода мекунад, мас., диспепсия, дисбактериоз, дискинезия, дисплазия ва ғ.

Муфассал »

ДИСМУРГИЯ

dismurgiya

ДИСМУРГИЯ (юн. desmos – банд, бандина ва ergon – кор), таълимот оид ба бандина ва тарзи истифодаи дурусти он ҳангоми осебу бемориҳо.

Муфассал »

ДИСПАНСЕР

dispanser

ДИСПАНСЕР (Dispensarium; аз франс. dispensaire – тақсим мекунам), дармонгоҳ, муассисаи махсуси тиббӣ, ки ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ ё беморон ёрии табобатию ҷилавгиранда мерасонад. Д.-ҳои зидди бемориҳои сил, бемориҳои пӯсту узвҳои таносул, омосшиносӣ (онкологӣ), рӯҳию асаб, кардиологӣ ва ғ. мавҷуданд. Д.-ҳое низ ҳастанд, ки шахсони бо варзиши ҷисмонӣ ва спорт машғулро …

Муфассал »

ДИСПАНСЕРИЗАТСИЯ

doctor drawing electrocardiogram on virtual screen

ДИСПАНСЕРИЗАТСИЯ (Dispensarisatio), усули муоинаи фаъолона ва мунтазами гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии тансиҳат, ки нишонаҳои умумии физиологӣ доранд (мас., бачагон, наврасҳо, занон ва ғ.) ё шароити умумии касбу истеҳсолот муттаҳидашон кардааст, инчунин шахсоне, ки ба бемории муайян (мас., тарбод, захми меъда) гирифторанд. Ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, дароз кардани умри одамон ва баланд …

Муфассал »