Главная / Илм / ДИСПАНСЕР

ДИСПАНСЕР

dispanserДИСПАНСЕР (Dispensarium; аз франс. dispensaire – тақсим мекунам), дармонгоҳ, муассисаи махсуси тиббӣ, ки ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ ё беморон ёрии табобатию ҷилавгиранда мерасонад. Д.-ҳои зидди бемориҳои сил, бемориҳои пӯсту узвҳои таносул, омосшиносӣ (онкологӣ), рӯҳию асаб, кардиологӣ ва ғ. мавҷуданд. Д.-ҳое низ ҳастанд, ки шахсони бо варзиши ҷисмонӣ ва спорт машғулро муоина мекунанд.
Вазифаи Д. аз ошкор намудан, ба қайд гирифтан, табобат ва муоина кардани беморони гирифтори амрози дахлдор ё ҳайати муайяни одамони солим, омӯзиш ва беҳтар намудани шароити меҳнату зиндагии онҳо, маорифи санитарӣ, инчунин дарёфти тадбирҳо барои мубориза бо бемориҳое, ки мавриди таҳқиқи ҳамон Д.-анд, иборат аст. Д.-ҳои гуногун дар баробари мақсадҳои умумӣ ҷиҳатҳои хос ҳам доранд. Чунончи, Д.-и зидди сил муоинаи мунтазами флюорографии аҳолиро ташкил мекунад (ниг. Флюорография), шахсони бо беморони сил алоқа доштаро ба қайд мегирад; Д.-и бемориҳои рӯҳию асабӣ экспертизаи психиатрӣ мегузаронад; Д.-и пизишкии варзишӣ назорати духтуриро ба амал мебарорад.
Д. аз кабинетҳои қабули амбулаторӣ, лабораторияҳои ташхиси клиникӣ ва дигар лабораторияҳои махсус, кабинетҳои ташкилию методӣ иборат аст. Бисёр Д.-ҳо статсионар доранд.
Дар Д.-и зидди сил утоқҳои зерин дар назар дошта мешаванд: муолиҷавӣ, педиатрӣ, оториноларингологӣ, рентген, сили устухон, пневмоторакс, физиотерапевтӣ, лабораторияи ташхисӣ, тазриқгоҳ. Дар назди Д.- ҳои калон санатория-профилакторияҳо низ фаъолият мекунанд.
Д.-и омосшиносӣ доир ба тахассусҳои гуногун утоқҳои алоҳида, мас., утоқҳои ташхисоти рентгенӣ, рентгеншифоӣ, бандинагузорӣ, ҷарроҳӣ (барои гирифтани биопсия), лабораторияҳо ва ғ. дорад.
Дар Д.-ҳои амрози пӯст ва зӯҳравӣ дар баробари утоқҳои қабули маризон, ҳамчунин утоқҳои рентгеншифоӣ ва микологӣ, лабораторияҳои ташхисотӣ ва серологӣ мавҷуд мебошанд.
Дар Д.-ҳо барои ҳар наф. маризе, ки ба қайди диспансерӣ гирифта шудааст, варақаҳои махсус тартиб дода, дар онҳо тамоми маълумоти заруриро дарҷ мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …