Главная / 2020 / June (страница 12)

Архив Месяца: June 2020

Мурод аз нузули «қуръон» таҳсили сирати хуб аст

unnamed

Талмизи беиродат ошиқи безар асту равандаи бемаърифат мурғи бепар ва олими беамал дарахти бебару зоҳиди беилм хонаи бедар. Мурод аз нузули «қуръон» таҳсили сирати хуб аст на тартили сураи мактуб. Омин мутааббид пиёда рафтаасту олими мутаҳовин вора хуфта. Осие, ки даст (ба) бар дорад беҳ аз обид, ки кибр дар …

Муфассал »

Ҳасуд аз неъмати ҳақ бахил асту бандаи бегуноҳро душман медорад.

slavyan

Мардаке хушкмағзро дидам Рафта дар пўстини соҳибҷоҳ, Гуфтам: «Эй хоҷа, гар ту бадбахтӣ, Мардуми некбахтро чӣ гуноҳ?» *** Ало, то нахоҳӣ бало бар ҳасуд, Ки он бахтбаргашта худ дар балост. Чӣ ҳоҷат, ки бо ў кунӣ душманӣ, Ки ўро чунин душмане дар қафост

Муфассал »

Далқи Мўсост-мураққаъ ва он ризқи Фиръавн-мурассаъ

1-56

Тавонгари фосиқ кулўхӣ зарандуд асту дарвеши боз шоҳиди хоколуд. Ин далқи Мўсост-мураққаъ ва он ризқи Фиръавн-мурассаъ. Шиддати некон рўй дар фараҷ дорад ва давлати бад сар дар нишеб. Ҳар киро ҷоҳу давлат аст, бад-он Хотире хаста дарнахоҳад ёфт. Хабараш деҳ, ки ҳеҷ давлату ҷоҳ, Ба сарон дигар нахоҳад ёфт.

Муфассал »

Ҷон дар ҳимояти як дам асту дунё вуҷуде миёни ду адам.

1-56

Дин ба дунёфурўшон харанд, Юсуф бифўрушанд, то чӣ харанд. Ба қавли душман паймони дўст бишкастӣ. Бубин, ки аз ки буридию бо кӣ пайвастӣ!

Муфассал »

Андак-андак хеле шавад ва қатра-қатра селе гардад

images

Андак-андак хеле шавад ва қатра-қатра селе гардад, яъне онон, ки дасти қувват надоранд, санги хўрда нигаҳ доранд, то ба вақти фурсат димор аз димоғи золим бароранд. Андак-андак ба ҳам шавад бисёр, Дон-донаст ғалла дар анбор. Олимро нашояд, ки сафоҳат аз оми ба ҳилм даргузаронад, ки ҳар ду тарафро зиён дорад: …

Муфассал »

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде

sahritus-2

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде, ки рўза дораду биниҳад. Ҳар кӣ тарки шахҳоват аз баҳри қабули халқ додаст, аз шаҳватеҳалол дар шаҳвате ҳаром афтода аст. Обид, ки на аз баҳри худо гуша нишинад, Бечора дар оинаи торик чи бинад?

Муфассал »

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде

hmv4uxebqejmqztrvmc-wa-article

Ҷавонмарде, ки бихўраду бидиҳад беҳ аз обиде, ки рўза дораду биниҳад. Ҳар кӣ тарки шахҳоват аз баҳри қабули  халқ додаст, аз шаҳватеҳалол дар шаҳвате ҳаром афтода аст. Обид, ки на аз баҳри худо гуша нишинад, Бечора дар оинаи торик  чи бинад?

Муфассал »

Ақл дар дасти нафс чунон гирифтор аст, ки марди оҷиз зан ногузир.

shahrituz-4

Рои беқувват макру фусун аст ва қуввати берой ҷаҳлу чунун! Тамиз бояду тадбиру ақл в-он гаҳ мулк, Ки мулку давлати нодон салоҳи ҷанги худост.

Муфассал »

Мушки аслиро аттор нагўяд

parfumeriya

Мушк он аст, ки (худ) бибўяд, на он ки аттор бигўяд. Доно чу таблаи аттор аст хомўшу ҳунарнамоӣ ва нодон чу табли ғозӣ баландовозу миёнтиҳӣ. Олим андар миёни ҷоҳилро Масале гуфтаанд сиддиқон: Шоҳиде дар миёни кўрон аст, Мусҳафе дар сарои зиндиқон.

Муфассал »