Архивы за день : 16.06.2020

ИБНИ СИНО ВА ПОДШОҲ  

discovery-696x466

Рўзе  аз рўзҳо  подшоҳе касал шуд. Ба дарди бисьёр бад гирифтор шуд. Абўалӣ Сино дар кадом мамлакат шунид, ки подшоҳи шиносаш касал шудааст. Нону намакхўрда, ки буд, омад. Омад, дид, як дарде, ки на по кор мекунад, на даст. Дар тахт як халта барин хоб мекунад. Подшоҳ гуфт, ки: – …

Муфассал »

Ибни Сино табиби хеле машҳур гузаштагӣ будааст.

ed9d5a5d

Мегўянд, ки Абўалӣ ибни Сино табиби хеле машҳур гузаштагӣ будааст. Ў нафақат  дар шаҳри худаш, балки дар мамлакатҳои дигар ҳам деҳа ба деҳа гашта, беваю бечорагонро  бемузу  беминнат табобат  мекардааст. Як рўз вай барои дам гирифтан ба кўча баромадааст. Дар вақти аз назди як ҳавлӣ гузаштан дидааст, ки дар сари …

Муфассал »

ДУДИ ҲАЗОРИСПАНД 

zahravi-1-e1569412642664-1024x606

Як вақтҳо дар тамоми шаҳри Бухоро касалии вабо  паҳн  мешавад. Муромурӣ бисьёр  авҷ мегирад. Одамон ҳама ҳайрон, чӣ кор карданашонро намедонанд. Баъзеҳо Бухороро тарк карда, бо молу ҳолашон ба шаҳрҳои дигар  кўчида  мераванд, баъзеҳо ба тақдирашон тан дода, «ҳарчӣ шавем, шавем» гуфта, дар хонаҳошон мемонанд. Подшоҳи Бухоро барои пеши ин …

Муфассал »

ФАРЬЁДИ СУДМАНД

7229043

Ривоят мекунанд, ки Абўалӣ Сино ҳафтае як маротиба дар сари кўча беморонро медидааст. Як рўз Абўалӣ Сино ба назди  як бемор рафта, ба рўи ў бодиққат нигоҳ кардааст ва якбора дод зада гуфтааст: – Ҳой, шогирдон, биёед, ки ман  қотили падарамро  дарёфтам! Шогирдон тозон омадаанд ва беморро кашола карда ба …

Муфассал »

ДУРЎҒИ ШИФОБАХШ

unnamed

Абўалӣ Сино табиб ва олими доно будааст. Ў ба ҳамаи дарду касалиҳо даво ёфта  метавонистааст. Ба назди ў аз ҳар куҷо беморон омада, ба дардашон шифо меёфтаанд. Рўзе дар қатори дигар беморон ба назди Абўалӣ Сино як ҷавон низ барои муолиҷа омадааст. Абўалӣ Сино ба ҷавон як нигоҳ кардаасту чизе …

Муфассал »

Андар баёни дӯстӣ – Қиссаи мӯрча

79354351_1063587510643202_7074817473119256576_n

Рӯзе мӯрчае донаи вазнинеро бардошта ва дар биёбон мерафт. Аз ӯ пурсиданд: – Куҷо меравӣ? Гуфт: – Мехоҳам ин донаро барои дӯстам, ки дар шаҳри дигар аст, бубарам. Гуфтанд: – Воқеан хандаовар аст, ту агар ҳазор сол ҳам умр бубинӣ, наметавонӣ ин ҳама роҳро тай намоӣ, то ба ӯ бирасӣ. …

Муфассал »