Главная / Гуногун / Андак-андак хеле шавад ва қатра-қатра селе гардад

Андак-андак хеле шавад ва қатра-қатра селе гардад

Андак-андак хеле шавад ва қатра-қатра селе гардад, яъне онон, ки дасти қувват надоранд, санги хўрда нигаҳ доранд, то ба вақти фурсат димор аз димоғи золим бароранд.

Андак-андак ба ҳам шавад бисёр,
Дон-донаст ғалла дар анбор.

imagesОлимро нашояд, ки сафоҳат аз оми ба ҳилм даргузаронад, ки ҳар ду тарафро зиён дорад: ҳайбати ин кам шаваду ҷаҳли он мустаҳкам.

Чу бо сифла гўи ба лутфу хушӣ,
Фузун гардадаш кибру гарданкашӣ.

Маъсият аз ҳар ки содир шавад, нописандидааст ва аз уламо нохубтар, ки илм силоҳи ҷанги шайтон аст ва худованди силоҳро чун ба асирӣ баранд, шармсорӣ беш барад.

Оми нодони парешонрўзгор,
Беҳ зи донишманди нопарҳезгор.
К-он ба нобинои аз роҳ ўфтод.
В-ин ду чашмаш буду дар ҳар чоҳ ўфтод.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …