Архивы за день : 06.01.2020

Шеър дар васфи Меҳмонхона

Толори даромадгохи меҳмонхонаи «Тоҷикистон»!

Касе гар расад пеши ту меҳмон, Бибанд аз пайи хидмати ў миён! Чунон кун, ки хушнуд бошад зи ту, Ба ҳар чиз пурсуд бошад зи ту, Ки меҳмон накў доштан дарх(в)ар аст, Тариқи бузургони номовар аст! Чунин гуфт донандаи тозиён, Ки бар дод додан бигардад забон! Муаллиф: Анушервони Одил Шеър …

Муфассал »

Гуфтор андар хирад

savol

Чу дониш бувад бо хирад, биҳтар аст, Ки кон дониш асту хирад гавҳар аст! Хирад барнишонад абар тахти оҷ , Хирад барниҳад бар сари мард тоҷ! Хирадро биёмўз аз омўзгор, Бар омўхтан – бар ту айбе мадор, Ки чун бар хирад даст барёфтӣ, Сар аз роҳи гумроҳ бартофтӣ! Шавад бар …

Муфассал »

Пандномаи Анўшервон дар шакли назм

osmon

Сипос аз Худованди чархи баланд, Ки дар дил нагунҷад аз ў чуну чанд. Ҷаҳонофарин кирдигори сипиҳр, Фурўзандаи пайкари моҳу миҳр, Ба ҷуз бандагӣ мар туро кор нест, Бад-ин парда-андар туро бор нест! Ниҳоле зи дониш бикорам ҳаме, Хирадро бар ў баргуморам ҳаме, Ки чун чашм гардад варо шоху нард, Аз …

Муфассал »

БАРФИ ОХИРИН (қисса)

barf

Тирамоҳ омаду аз барги сабз нахуст зарра–зарра оби рўяшро дуздид, баъд ранги ҷаззобиашро зард гардонд. Инак он симои дилрабо ҳузн меангехт; эҳсос мекард, ки ба анвори офтоби оламтоб шояд охирин бор ғарқ мегардад… Ва ана, боди сард вазид. Барги сабз ҳаросону қариб беҷон ларзид–ларзиду аз бари шохча канда шуд. Лекин …

Муфассал »

Драмаи Тоҷикӣ (ЧИНГИЗ ВА БИБИСОРО)

pdf

Намоиши якум Иссиқкӯл. Охири тирамоҳ. Ҳангоми говгум. Лаб-лаби кӯл тарҳи танҳои марде оҳиста равон аст. Ҳар замон бозистода, мисле, ки чизеро ҷӯёст, ба дуродури фазои кӯл менигарад. Банохост, гӯё аз қаъри кӯл, қӯе пайдо мешавад; садои ҳазине бароварда, дар кӯли тирафом шино мекунад. Мисле, ки чизи меҷустаашро дида бошад, тарҳи …

Муфассал »