Главная / Гуногун / Драмаи Тоҷикӣ (ЧИНГИЗ ВА БИБИСОРО)

Драмаи Тоҷикӣ (ЧИНГИЗ ВА БИБИСОРО)

Намоиши якум

Иссиқкӯл. Охири тирамоҳ. Ҳангоми говгум. Лаб-лаби кӯл тарҳи танҳои марде оҳиста равон аст. Ҳар замон бозистода, мисле, ки чизеро ҷӯёст, ба дуродури фазои кӯл менигарад. Банохост, гӯё аз қаъри кӯл, қӯе пайдо мешавад; садои ҳазине бароварда, дар кӯли тирафом шино мекунад. Мисле, ки чизи меҷустаашро дида бошад, тарҳи танҳо бо иштиёқ ба қӯ менигарад. Қӯ, батадриҷ дур рафта, дар торикие, ки кӯлро фаро гирифтааст, нопадид мешавад. Пеши чашмони каси танҳо тарҳи қӯ симои зани сафедпӯшеро мегирад, ки мавзун мерақсад. Боди сарди кӯл пероҳанашро алвонҷ медиҳад ва ӯ чандон дур меравад, ки дигар зан ва ё қӯ буданашро ташхис кардан душвор аст. Оқибат ба нуқтае табдил меёбад ва дар қаъри кӯл ё уфқи тирафом нопадид мешавад. Тарҳи танҳо, маҳзуну ноилоҷ ба он дурии дур нигариста, дар соҳили бекаси кӯл карахт мемонад.

pdfТарҳ (худ ба худ, бо ҳасрат). Бовар намекунам! То ҳол бовар намекунам. (Оҳ мекашад). Наход?! Наход?! Худоё!

(Ашки чашмонашро пок мекунад. Лаҳзае истода, пас лаб-лаби кӯл равон мешавад. Кӣ медонад, агар духтари зебое дучораш намешуд, шояд тарк мегуфт ӯ соҳилро. Духтар марди дар соҳил сарсонро интизорӣ мекашид. Ва, ба умеди аз боди сард эмин мондан гиребони нимпалтояшро бардошта бошад ҳам, сахт хунук хурда буд. Чун мард наздик омад, духтар оҳиста садо кард.) Борбардории драмма (Скачать) >>>

Духтар (шармида). Салом, Чингиз-ака.

Чингиз (ҳанӯз банди андешаҳои худ аст). Салом, духтарам. Дар ин ҷо, танҳо чи кор мекунӣ? Бевақт шудааст.

Духтар (бо ҳаяҷон). Шуморо интизор будам.

Чингиз (пурсишомез нигариста). Хуб… Саволе дорӣ?

Духтар (аз ҳаяҷон сухан намеёбад). Не… Балки ҳа… Мехостам як чизро нишонатон бидиҳам… Агар вақтатон бошад… (бо ҳаяҷон ҷузвдони таҳи кашашро гирифта, шитобон мекушояд). Ана… ҳамин чиз… як аз назар мегузарондед… (Дастаи коғазро ба Чингиз медиҳад).

Чингиз (коғазҳоро гирифта). Манзили маро медонӣ?

Духтар (саросема). Ҳа, устод… Рафта будам, гуфтанд, ки шумо ин ҷоед.

Чингиз. Ман баъди як ҳафта меравам. Дар ин байн ҳатман ин чизро мехонам. Баъди панҷ-шаш рӯз вохӯрда, суҳбат мекунем, хуб?

Духтар (сар меҷунбонад). Хуб, устод.

Чингиз (дастхатро аз назар мегузаронад). Чист ин?

Духтар (аз ҳаяҷон сурх мешавад) Киносенария.

Чингиз. Киносенария?.. Аҷиб. (Варақи аввалро мехонад) «Чингиз ва Бибисоро».

(Духтар, аз шарм сар хам карда, беҳаракат меистад.)

Чингиз (ҳолати духтарро дида, хушҳолона). Воқеан, аҷиб. Кӣ навиштааст?

Духтар (оҳиста). Ман.

Чингиз (бо таваҷҷӯҳи бештар). Хуб… Хуб, духтарам. Биё, ин хел кунем. Навиштаатро худи ҳамин рӯз мехонам. Пагоҳ, ҳамин вақт, дар ҳамин ҷо вомехӯрем. Хуб?

Духтар (бо ҳаяҷон). Хуб, устод.

Чингиз. Ҳа, номат чист?

Духтар (бо ҳаяҷони афзун). Номам… Асал.

Чингиз. Асал?

Асал. Ҳ-ҳа…

Чингиз. Инаш ҳам аҷиб (рафтанӣ мешавад).

Лаҳзае сукут.

Асал (ба худ омада). Устод… мумкин, гуселатон кунам?

Чингиз. Гуселам кунӣ? Хайр, агар вақт дошта бошӣ, ман зид не.

Ҳарду лаб-лаби кӯл мераванд.

Саҳнаи дуюм

Рӯзи дигар. Асал дар соҳили кӯл ин тараф – он тараф қадам мезанад. Дар ҳаяҷон аст, ҳар замон ба ҷонибе, ки бояд Айтматов пайдо шавад, менигарад. Оқибат тарҳи Айтматов падид меояд ва бешитоб сӯи духтар равон мешавад. Изтироби Асал аён аст, вале ӯ, худро ба даст гирифта, ба истиқбол мешитобад.

Асал (шармида). Салом, устод.

Чингиз. Салом, духтарам, салом. Хеле интизор шудӣ, ҳа?

Асал (шармида). Не, устод, чандон не…

Чингиз. Тамоман ях кардаӣ-ку, саропоят меларзад.

Асал (ҳамон хел шармида, саросема). То ба ин ҷо омадан хеле дар кӯча будам… вале ях накардаам… бисёр дар ҳаяҷонам, аз афташ, барои ҳамин меларзам.

Чингиз. Муҳимаш, ки сармо нахурда бошӣ, вагарна худо накунад, ки касал шавӣ.

Асал (бо шитоб). Не, устод, тамоман хунук нахурдаам.

Чингиз. Ин хел бошад, рафтем, лаб-лаби кӯл қадам мезанему суҳбат мекунем, хуб?

Асал (омодаи рафтан шуда). Хуб, устод.

Лаб-лаби кӯл равон мешаванд.

Чингиз. Навиштаатро хондам. (каме сукут мекунад) Нағз навиштаӣ. (Андешамандона) Албатта, он ҳақиқати туст ва ҳақ дорад, ки бошад. Ҳама ҷиҳатро хуб омӯхтаӣ, ҷамъбаст ҳам карда метавонӣ… (Баъди каме сукут) Лекин баъзе ҷойҳояш… ба гумони ман, чи ҳосил аз нишон додани ин ҳама? Ҳар чи буд, гузашт. Коҳи куҳнаро бод кардан зарур набудагист.

Асал (Ошуфтаҳол). Кадом ҷояшро дар назар доред, устод?

Чингиз. Ҷое, ки сухан аз «Ҷамила» меравад.

Асал (бо эҳтиёт). Нодуруст навиштаам, устод?

Чингиз. Не, ҳамааш дуруст, айнан ҳамин хел буд… Лекин, духтарам, зарур аст оё, ҳамааш гузашт, охир. Одамон гоҳо ғалат мекунанд ва бо мурури замон ғалаташонро мефаҳманд.

Асал (шармида, вале қатъӣ). Охир, устод, чи қадар бадӣ карданд онҳо ба шумо.

Чингиз. Ҳа, албатта. Ҷурми замон. Давр дигар буд.

Асал (бо эҳтиёт, вале қатъӣ). Оре, устод, замон ҳамин хел буд… вале онҳо шуморо барои истеъдодатон бад медиданд.

Чингиз. Ин хел набудагист, духтарам. Сабаби ҳамааш – нофаҳмиҳо. Мафкура ҳам тамоман дигар буд.

Асал (бо ҳаяҷон). Ба фикрам, устод, мафкура ин ҷо дахле надорад. Ҳамеша беҳунарон боистеъдодҳоро бад мебинанд. Махсусан, дар мо, қирғизҳо.

Чингиз. Хайр, ин… Ҳар чи ҳам бошад, духтарам, акнун бисёриашон зинда нестанд, охир. Лекин хешу табор доранд, фарзандонашон ҳастанд, бо зикри ин масъала онҳоро дар ҳолати ногувор мемонем.

Асал (андешамандона). Барои чи одамон аз ҳақиқат меранҷанд, устод?

Чингиз. Ҳақиқат?.. (баъди сукути кӯтоҳ) Ин ҳикмати басо мураккаб аст, духтарам. Ҳанӯз касе ба моҳияташ нарасидааст. Ҳар инсон ҳақиқати худро дорад. Албатта, боз ҳақиқати воқеӣ ҳаст. (Сукути кӯтоҳ) Аз афташ, ба ту фаҳмонда натавонистам, ҳа?

Асал. Не, фаҳмондед. Лекин…

(Сукути кӯтоҳ)

Чингиз. Пас, биё, ин хел маслиҳат кунем. Ному насабашонро мегирем ва ё тағйир медиҳем. Масалан, танҳо «нависанда» ё «Эшмат Тошматов», «Тошмат Эшматов» навиштан кофист, аз чунин дигаргуниҳо ҳақиқат зарар намебинад.

Асал (беҷуръатона). Одамон нафаҳманд-чӣ, устод?

Чингиз. Ба фикрам, мефаҳманд. (Папкаро кушода варақ мезанад) Барои мисол, ана, ин нависанда, бигзор, «Эшмат Тошматов» бошад, дигарашро «Тошмат Эшматов» меномем. Ана, ин занро «Олмахон» биномем, мешудагист.

Асал (нобоварона). Номи роҳбари ҳизбиро ҳам тағйир додан даркор?

Чингиз. Оре, номи ӯро ҳам тағйир медиҳем. Масалан, «Ҳасан Ҳусейнов» меномемаш. Аз ин тағйирот киносенарияат ҳаққонияташро гум намекунад. Ана, акнун, духтарам, бихон.

(Асал, сенарияро ба даст гирифта, мехонад)

Саҳнаи сеюм

Асал. Тобистони соли 1959 дар Ленинград филм-балети «Чолпон» ба навор гирифта мешуд, ки дар он Бибисоро Бейшеналиева нақши афсунгари маккор Айдайро мебозид.

Дар ҳамин вақт намояндагие аз Қирғизистон ба Ленинград омад, ки дар ҳайаташ дастпарвари курсҳои дусолаи олии Донишкадаи адабии ба номи Горкий, нависандаи ҷавон, вале аллакай машҳур – муаллифи қиссаҳои маҳбуби мардум «Рӯ ба рӯ» ва «Ҷамила» Чингиз Айтматов низ буд.

То ин мулоқот Чингиз ва Бибисоро ҳамдигарро танҳо ғоибона медонистанд.

Шаби Ленинград. Хомӯширо танҳо шарфаи об халалдор мекунад. Дар соҳили Нева, зери нури чароғҳо ду тарҳе намоён аст, ки андешамандона ба дарё менигаранд.

Бибисоро (бо ҳаёҷон). Бисёр дӯст медорам ин шаҳрро. Бачагиам дар ин ҷо гузаштааст. Дар оғӯшаш худро чун дар хонаамон ҳис мекунам. Бахусус, дар шабҳои сафед.

Чингиз. Ҳа-а… бисёр олиҷаноб. (баъди сукути кӯтоҳ). Хушбахтед шумо, ки дар ин шаҳри муъҷиза хондаеду ба камол расидаед. Воқеан, бахт аст ин.

Бибисоро (табассум мекунад). Мехоҳед, пагоҳ ба омӯзишгоҳамон, ба Ваганово бараматон?

Чингиз. Бо майли тамом. Бисёр мехоҳам омӯзишгоҳеро бубинам, ки чунин ситораро тарбият кардааст.

Бибисоро (хандида). Шумо, нависандаҳо, муболиғаро нағз мебинед.

Чингиз. Ин муболиға не, ҳақиқат аст. Шумо, дарвоқеъ, ахтари навтулӯи санъати қирғизед.

Бибисоро (хандида сар меҷунбонад). Маро шарм надоронед, рухсораҳоям алав гирифт, ана, даст кунед. (Дастони ӯро ба рӯхсораҳояш мерасонад) Месӯзанд-а?

Чингиз (Худро гум карда). Ҳа-а… ба фикрам, ҳа…

Бибисоро (хандида дастони ӯро оҳиста сар медиҳад). Шумо, аз афти кор, паҳлавонед-а? Дастонатон дастони Хӯҷамқул-паҳлавон барин бақувват. Гӯштингирӣ ҳам кардагистед.

Чингиз (шармида). Дар бачагӣ карда будам. Бо ҳамсолонам бисёр гӯштин мегирифтем.

Бибисоро (хандида). Зуд-зуд ғолиб меомадед?

Чингиз (ҳамчунон хандида). Чи хел бигӯям… бисёриҳоро ба тахтапушт хобондаам.

Бибисоро. Шумо бояд раққос мешудед. Дар рӯи чунин дастони пурзӯр кас худро боэътимод эҳсос мекунад. Як паканаҳо меоянд ба театр, дастонашон харобу беқувват… вақте ки бо дастони ларзон мебардорандат, аз тарс рақсро ҳам фаромӯш мекунӣ! (хандида) Ҳайронам, ки чи хел ҳанӯз устухонҳоямро нашикастаам.

Чингиз. (бо ҳаяҷон). Илоҳо, аз даҳанатон шамол барад. (Ҳарду, дурудароз ба дарё нигариста, хомӯш мемонанд).

Бибисоро (механдад). Агар шуморо «Ачинов» биномам, хафа намешавед?

Чингиз. Ачинов? Барои чӣ маҳз Ачинов?

Бибисоро (механдад). Мо, раққосон, лолем-ку. Дар саҳна, албатта. Ба қавле, «лому мим» намегӯем. Дар зиндагӣ ҳам тоби суҳбатҳои тӯлонӣ надорем. Барои ҳамин, ба ҷои «Чингиз Айтматов»-и тӯлонӣ барои ман мухтасар «Ачинов» гуфтан қулайтар, яъне Айтматов Чингиз.

Чингиз (механдад). Бисёр аҷиб садо медиҳад.

Бибисоро. Яъне, иҷоза додед?

Чингиз (ҳамоно хандида). Марҳамат, ҳатто бисёр хушам меояд. «Ачинов» – то ҳол касе чунин дӯстдориам накарда буд.

Бибисоро (хандида). Шумо метавонед маро «Бибӣ» биномед.

Чингиз (ҷиддӣ). Не, ман ин хел наметавонам, номатонро пурра мегирам.

Бибисоро (бо навозиш). Ихтиёратон. Маҷбур намекунам.

Сукути тӯлонӣ.

Чингиз (каме дар ҳаяҷон аст). Шуморо тамоман дигар хел тасаввур мекардам.

Бибисоро (хандида). Хайр, чӣ хел, ба тасаввуратон мувофиқам?

Чингиз (сахт дар ҳаяҷон аст). Бисёр дилкушоду чақ-чақӣ будаед.

Бибисоро (хандида). Лутфам низ зиёд, ҳа?

Чингиз (бо ҳаяҷон). Ҳа…

Сукут.

Бибисоро (бо табассум). Ман тарсидам.

Чингиз (як қад мепарад). Аз чӣ?

Бибисоро (навозишкорона табассум мекунад). Вақте гуфтед, ки тамоман дигар хелам, аз дилам гузашт, ки симоям ба тимсоли дар хаёл офаридаатон мувофиқат накардааст. Гумон кардам, ки аз дидорам ноумед шудаед.

Чингиз (овозаш меларзад). Баръакс, тамоман худро гум кардам.

Бибисоро (хандида). «Артисткаи халқии СССР, прима-балерина…» Ҳамин шуморо метарсонад?

Чингиз (аз ҳаяҷон каме забон хоида). Хайр… чи хел бигӯям… шумо барои ман ҳамеша зани дар ҳусн бемисле будед! Ғайр аз ин, истеъдодатонро бисёр дӯст медорам. Ҳамеша мафтунатон будам. Ва… банохост ин саёҳат ҳамроҳи шумо, ҳатто бовариам намеояд, ки дар паҳлӯи шумоям… Гумонам, ки хоб мебинам.

Сукут

Бибисоро (бо ҳаяҷони ногаҳонӣ). Вақте шунидам, ки аз Қирғизистон намояндагон меоянду дар байнашон Чингиз Айтматов ҳам ҳаст, дилам ба таври аҷибе тапид ва дигар ҷои нишастан наёфтам.

Чингиз (бештар ба ҳаяҷон омада). Вақте ки бори аввал дар саҳни киштии «Аврора» дидаматон, гӯё якбора барқам зад.

(Нигоҳҳояшон ба ҳам бармехӯрад ва ҳарду сар хам мекунанд. Чингиз меҳрубонона дастони занро ба даст мегирад. Ҳарду ба ҳамдигар наздик мешаванд, якдигарро ба оғӯш мекашанд ва тӯлонию ташнакомона мебӯсанд).

Чингиз (бо ҳаяҷон). Дӯстат медорам!

Бибисоро (ҳамчунон бо ҳаяҷон). Ман ҳам!

Чингиз (сахт дар ҳаяҷон аст). Як умр туро меҷустам!

Бибисоро. Ман низ ҳамеша туро интизор будам!

(Чингиз, ӯро рӯи дастон бардошта, гирд мегардад. Бибисоро, хушбахтона хандида, дар оғӯши Чингиз чарх мезанад.)

Саҳнаи чорум

Асал. Лаҳзаҳои нотакрори муҳаббат… Чи ширинанд онҳо! Он баҳор Чингизу Бибисоро дар қатораи «Москва-Алмаато» ҳамроҳ мерафтанд. Ду шабонарӯз паси сар шуд ва ба Алмаато наздик омаданд.

(Купе. Чингиз, сарашро рӯи зонуи Бибисоро монда, дароз кашидааст. Маҳзун аст. Лаҳзае сукут).

Бибисоро. Дар бораи чи меандешӣ, Ачинов?

Чингиз (ба тиреза нигариста). Дар бораи ману ту… Торафт бештар ҳайфам меояд, ки барои чи барвақттар вонахӯрдем. Он вақт зиндагиямон дигар хел мешуд.

Бибисоро. Қисмат ҳамин будааст. (Мӯи ӯро сила карда). Оқибат вохӯрдем-ку. Тамоман вонамехӯрдем, чи кор мекардем? (лаҳзае сукут)

Чингиз (оҳ мекашад). Дилам танг аст.

Бибисоро. Барои чӣ?

Чингиз. Пагоҳ ба Алмаато мерасем, баъд – ба Фрунзе… Боз пинҳоншавию рустаконбозӣ ва чун бегонаҳо бо ишораи сар салом карданҳо сар мешавад. Сахт монда шудаам аз чунин зиндагӣ.

Бибисоро (навозишкорона). Ғам нахӯр, ҷонам. Дигар хел буда наметавонад.

Чингиз (эътироз мекунад). Барои чӣ? Ҳамааш дар дасти худамон! Чи хеле ки хоҳем, ҳамон тавр мешавад.

Бибисоро (нарм). Рост мегӯӣ, ҷонам, ҳамааш ба иродаи худамон вобаста, вале… (сукути кӯтоҳ) Мегӯянд, вақте ки ошиқон хонадор мешаванд, ишқ мемирад.

Чингиз (эътироз мекунад). Ин хел шуданаш номумкин! Ба ҳар ҳол, мо хонадор шавем, дигар хел хоҳад буд.

Бибисоро (мӯи ӯро сила карда). Бовар мекунам, ҷонам, бовар мекунам. (баъди каме сукут) Лекин, вақте ки дилдодагон ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар лаҳза ҳамдигарро мебинанд, асрори ноаёне аз байн меравад.

Чингиз (эътироз мекунад). Агар ҳамдигарро сахт дӯст доранд, ин хел намешавад.

Бибисоро (ба ҳамон оҳанг). Шояд ту ҳақ бошӣ. (Сукути кӯтоҳ) Вале беҳуда намегӯянд, ки рӯзгор муҳаббатро мекушад.

Чингиз (ба ҳамон оҳанг). Ягон рӯзгор ишқи ҳақиқиро кушта наметавонад.

Бибисоро (ба ҳамон оҳанг). Оре… (сукути кӯтоҳ) Ба ин дашт нигоҳ кун, Ачинов. (Чингиз ба самти гуфтаи Бибисоро менигарад) Чи хел зебо! (Бо ҳаяҷон нафас гирифта) Ин муъҷизаи табиатро бин.

Чингиз. Ҳа-а… бисёр аҷиб (ҳарду, назди тиреза омада, бо шавқ даштро тамошо мекунанд).

Бибисоро (сарашро ба китфи Чингиз монда). Медонӣ, Ачинов, ман дар бораи чи фикр мекунам?

Чингиз. Дар бораи чӣ?

Бибисоро. Фикр мекунам, ки зиндагӣ танҳо бо чунин лаҳзаҳояш зебост. (сукути кӯтоҳ) Ту, ман, роҳ… табиати басо зебо… Дар ёди инсон шояд фақат чунин лаҳзаҳо бимонанд. Бисёр ҷойҳои зеборо дидаам ман, вале дилрабоии табиатро ҳаргиз мисли имрӯз эҳсос накарда будам. (Баъди сукути кӯтоҳ) Медонӣ, барои чӣ?.. Барои он ки ишқи ману ту дунёро зебо кардааст. Бигӯ, Ачинов, оё бахт ҳамин нест?

Чингиз. Ҳамин аст, ҷонам (китфони Бибисороро ба оғӯш гирифта, сахт ба худ мефишорад) Маҳз ҳамин аст бахти ҳақиқӣ.

Бибисоро (хушҳолона табассум мекунад). Анна, ин гапи дигар. Вақте ки ту ғам мехӯрӣ, дили ман ҳам танг мешавад.

Чингиз. Дили ман ҳам.

Бибисоро (бо навозиш). Мефаҳмам, ҷонам, ҳамаашро мефаҳмам. (Ба дуродур нигариста) Шояд ҳақ ба ҷониби ту бошад ва замоне чунин рӯз биёяд.

Чингиз (ӯро сахттар ба оғӯш кашида). Ҷонам! Ҳамааш дар дасти худамон.

Бибисоро (боз ба дашт нигариста). Ачинов, дар бораи чунин лаҳзаҳо як қисса бинавис, хуб?

Чингиз. Менависам, ҳатман менависам! Аллакай дар сарам мазмуни тозае чарх мезанад. Қаҳрамони асосиаш Асал ном дорад.

Бибисоро. Асал?

Чингиз (меҳрубонона). Оре, Асал, ниҳолаки рӯмолсурхаки ман.

(Ӯро рӯи дастон бардошта, мебӯсад. Қатора равон аст, боде, ки аз тиреза медарояд, муйҳояшонро парешон мекунад.)

Саҳнаи панҷум

Асал. Аввали солҳои 60. Пленуми Иттифоқи нависандагон давом дорад. Нависандаи шинохта Эшмат Тошматов ба минбар мебарояд.

Эшмат Тошматов. Рафиқон! Рафиқи мӯҳтарам Ҳасан Ҳусейнович! Пленуми мо дар остонаи давраи нав баргузор мегардад. Халқи советӣ зери роҳбарии хирадмандонаи партияи комунистии азизамон қарорҳои съезди 22-юмро ба ҳаёт татбиқ менамояд. Қарорҳои съезд барои тамоми инсоният аҳамияти давронсози таърихӣ доранд. Мо бояд тамоми қувваамонро барои ба сӯи ояндаи комунистӣ қадами охирину қатъӣ ниҳодан ба кор барем. Зери роҳбарии дилсӯзонаи котиби якуми Кумитаи Марказии КПСС рафиқи азиз Никита Сергееевич Хурущёв мо ҳамагӣ баъди бист комунизмро бо чашмони худ хоҳем дид. Шир, нақлиёт, китобҳои дарсӣ бепул хоҳанд шуд, он рӯзи фирӯз ҳатман фаро хоҳад расид. Дар чунин лаҳзаи дигаргунсоз масъулияти адибони советӣ, аз ҷумла адибони қирғиз, баҳри тарбияи бинокорони ҳақиқии коммунизм меафзояд, дар чунин лаҳзаи муҳим қарзи муқаддаси ҳар як нависанда симои ҳақиқии инсони советиро нишон додан аст. Ба ин пленум нависандагони советии қирғиз бо дастоварду муваффақиятҳо омадаанд. Ин масъаларо дар маърӯзаи худ рафиқ Ҳасан Ҳусейновичи мӯҳтарам бисёр хуб инъикос намуданд. Ман дар бораи чизи дигар сухан ронданиам. Мо дар ҷамъияти пешқадамтарину пешравтарини сотсиалистӣ зиндагӣ дорем, аз ин рӯ, вазифаамон васфи инсони ҳақиқии советист. Вале дар байни мо нафароне ҳастанд, ки воқеиятро таҳриф мекунанд, бо рангҳои сиёҳ тасвир менамоянд, қаҳрамонони бадахлоқеро, ки ба арзишҳои сотсиалистии мо бегона ва манфуранд, васф мекунанду ба осмон мебардоранд.

Аз толор. Рӯирост бигӯед.

Эшмат Тошматов. Мегӯям, рӯирост мегӯям, гап дар бораи ҳамон журналист меравад…

Аз толор. Номашро бигиред.

Эшмат Тошматов. Ҳо, як журналист буд-ку… Айтмат буд, чӣ буд…

Аз толор. Айтматов.

Эшмат Тошматов. Ҳа, ҳа, журналист Айтмат…

Аз толор. Айтмат не, Айтматов.

Эшмат Тошматов. Ҳа, сухан дар бораи ҳамон Айтмат меравад. Ин журналист «Ҷамила» ном қиссае навиштааст. Рӯирост мегӯям, рафиқон… Ҷамила образи зани бероҳа аст. Бигӯед, барои чи, вақте ки бероҳаҳоро васф менамоянд, мо, адибони советӣ, мо, комунистон бояд созиш кунем?

Аз толор. Адиби Фаронса Луи Арагон «Ҷамила»-ро таъриф кард-ку.

Эшмат Тошматов. Хайр-чӣ?

Аз толор. Луи Арагон ҳам коммунист аст.

Эшмат Тошматов. Ӯ комунисти давлати копиталистӣ аст. Агар ин хел боақл бошад, бигзор, дар Фаронсаи худаш коммунизм бисозад! Ман ҳақиқатро ҳамеша ана ҳамин хел рӯбарӯ мегӯям! Дар «Ҷамила», рафиқон, шавҳар хун рехта, ватанро аз фашистони гитлерӣ муҳофизат менамояду Ҷамила бошад, дар ин вақт бо ким-кӣ ишқбозӣ мекунад. Ва бо кадом як Дониёри маъюб аз хонаи худ мегурезад. Чи маънӣ дорад ҳамаи ин?

Аз толор. Ишқ аст, охир, ин.

Эшмат Тошматов. Не, ин ишқ нест! Вақте ки шавҳарро, ватандӯсти ҳақиқиро партофта мераванд, магар ишқ аст? Бадахлоқӣ аст ин, на ишқ.

Аз толор. Дониёр, чӣ, магар ватандӯст нест? Ватанро ҳимоя карда маъюб шуд-ку.

Эшмат Тошматов. Ватандӯсте, ки оилаи бегонаро вайрон мекунад, ватандӯст нест! Чи омӯхта метавонанд ба ҷавонони советӣ чунин ашхоси бадахлоқ? Чи тарбия дода метавонанд?! (Ба толор муроҷиат мекунад) Шуморо мепурсам ман, рафиқон!

(Сукути кӯтоҳ)

Кадом инсон ин хел асар навишта метавонад? Фақат одаме, ки худаш ахлоқан ноустувор ва ба номи коммунист носазовор бошад. Мо ҳама медонем, ки ин журналист ба чи корҳо машғул аст.

Аз толор. Чи кор кардааст?

Эшмат Тошматов. Чи кор карданашро ҳамаатон нағз медонед! Дар хона зани олиҷанобаш интизор асту ӯ… ин бадахлоқист!

Аз толор. Бепарда гап занед.

Эшмат Тошматов. Вақташ биёяд, ҳамаашро хоҳед шунид! Хулласи гап, рафиқ Ҳасан Ҳусейновичи муҳтарам, ин одам, ки ба номи баланди нависандаи советӣ сазовор нест, ин журналист…

Аз толор. Айтматов.

Эшмат Тошматов. Оре, худи худаш… Вале Кумитаи Марказӣ, ба ҷои он ки нисбат ба ин Айтмат чора андешад, дастгириаш менамояд, ба вазифаи баланд мемонад, мансаби роҳбариро бовараш мекунад. Агар ҳамин хел давом кардан гирад, мо ҷамъияти советиро хароб мекунем.

Аз толор. Таклифатонро ошкоро гӯед.

Эшмат Тошматов. Дар ин бора ман кайҳо ба Кумитаи Марказӣ навиштаам. Аризаам – дар рӯи мизи рафиқ Ҳасан Ҳусейновичи муҳтарам.

Аз толор. Аризаатон мустаор будагист?

Эшмат Тошматов. Мустаор нест, ошкоро навиштаам ман. Аз шумо хоҳиш мекунам, рафиқ Ҳасан Ҳусейновичи муҳтарам, мактуби маро муҳокима кунед ва чора андешед. Дар охири суханам, рафиқон, гуфтан мехоҳам, ки мо, нависандагони советӣ, бояд ахлоқан чун оина поку беғубор бошем ва кодекси аз ҷониби партия қабулшудаи бинокорони комунизмро ба амал татбиқ намоем! Ман ҳамаи шуморо ба ин даъват мекунам. (Аз минбар мефарояд. Чапакзании пурмавҷ).

Овози раиси маҷлис. Сухан ба нависанда Тошмат Эшматов.

(Тошмат Эшматов ба минбар мебарояд, тақрибан сӣ-чилсола аст ӯ).

Тошмат Эшматов. Рафиқон! Рафиқи муҳтарам Ҳасан Ҳусейнович! Ман кӯтоҳ гап мезанам. Дар бораи ҳама чизе, ки лозим буд, дар маърӯза бисёр дуруст қайд карданд. Баъдан дар ин бора Эшмат Тошматович нағз гап заданд. Ман сад фоиз тарафдори суханони он кас. Мо дар ҷайби сари синаамон билети сурхи ленинӣ дорем, билете, ки ба аъзои пешқадамтарину бошууртарини ҷамъиятамон дода мешавад! Мо қисми бошууртарини давлати комунистӣ ҳастем. Халқ аз мо ибрат мегирад. Бинобар ин, чи хеле ки мураббии маънавиамон Эшмат Тошматович гуфтанд, мо бояд ба номи баланди нависандаи советӣ сазовор бошем! Барои ин мо бояд ахлоқан пок бошем, суханони мо, асарҳои мо бояд ба халқи оддӣ барои ба даст овардани ғояҳои баланди комунистӣ хизмат намоянд! Барои онҳое, ки номи баланди нависандаи советиро доғдор мекунанд, дар байни мо ҷой нест! Сафҳои моро аз чунин касоне, ки, аз як тараф, билетҳои сурхи ленинӣ доранд, вале, аз тарафи дигар, бо рафторҳои ношоистаашон онро доғдор менамоянд, тоза кардан даркор, чунин дурӯяҳоро аз сафи мо бояд пеш кард!

Аз толор. Думликонӣ бас, рӯирост гап зан.

Тошмат Эшматов. Ман тамоман ошкоро мегӯям. Ҳамаатон хуб медонед, ки сухан дар бораи кист.

Аз толор. Рӯирост бигӯ, охир, аз чи метарсӣ?

Тошмат Эшматов. Аз ягон чиз наметарсам! Коммунистам ман! Нависандаи советиам! (Каме сукут) Кӯтоҳи гап, рафиқон, фош намудани чунин нависандагон қарзи ҳар яки мо, ки номи баланди нависандаи советӣ дорем, мебошад! Гапи ман тамом. (Аз минбар мефарояд, чапакзанӣ).

Саҳнаи шашум

Дар фойеи толоре, ки пленум мегузарад, бо рӯҳи болида, роҳат карда, Эшмат Тошматов сигор мекашад. Дар тарафи муқобил Тошмат Эшматов пайдо мешавад. Саросема аст.

Тошмат Эшматов (дасти Эшмат Тошматовичро фушурда, дуру дароз алвонҷ медиҳад). Бисёр хуб гуфтед, устод!

Сукути кӯтоҳ.

Намедонам, Айтматовро барои чи ин қадар таъриф мекунанд. Истеъдоди бузурге надорад… Дар муқоиса бо шумо барин симоҳо кист ӯ? «Айтматов, Айтматов»… Гӯё ғайр аз ӯ нависанда надошта бошанд қирғизҳо. Медонем мо, Айтматов бо чи роҳ обрӯ меёбад. Пуштибонаш – Авезов ба Арагон тавсияаш кардааст. Авезову Арагон дӯстанд-ку. Ба болои ин, Авезов амакбачаи Айтматов аст, чи хел пас ҳамдигарро дастгирӣ накунанд?!

Сукути кӯтоҳ.

Дуруст гуфтед, ки «журналист». Айтматов нависанда-пависанда нест. Хомафарсоиҳояшро дидаем. (Тамасхуромез) Як зоотехник чи ҳам навишта метавонад? Лекин то ҳол ягон кас дар ин бора рӯирост гап намезад. Аз аввал алови чашмашро мегирифтанд, кор ба ин дараҷа намерасид. Бинед-а, як зани бероҳаро қаҳрамони мусбӣ кардааст! Дуруст гуфтед шумо – ин бероҳагист! Ку ягон каси мо ҳамин хел менавиштем – СеКа дар як лаҳза титу торамон мекард. Лекин метарсанд ба Айтматов даст расонанд, намедонам, аз чи метарсанд!

Эшмат Тошматов (худ ба худ). Ҳа-а, замонҳо дигар шуданд… Соли 37-ум мешуд…

Тошмат Эшматов (тез-тез мижа зада, тамаллуқкорона сар меҷунбонад). Соли 37-ум мешуд, мисли падараш мепаррондандаш. (Писхандомез) Медонед, Эш-ака, писари душмани халқ душман мемондааст.

Эшмат Тошматов (худ ба худ). Беҳуда намегӯянд, ки «Оқибат гургзода гург шавад, гарчи бо одамӣ бузург шавад».

Тошмат Эшматов (ҳамоно сар меҷунбонад). Бале, бале, худи худаш!.. (Бо нешханд) Беш аз ин, Эш-ака, худи Чингиз ҳам чандон пок не. Вай… Бибисоро чӣ, беҳаё! Артистка-да! (Сукути кӯтоҳ) Қиссаашонро хурду калон медонанд. Мисли зану шӯянд, дар рӯзи равшан, дар пеши назари мардум ҳамроҳ мегарданд-е…

Эшмат Тошматов (ғазаболуд). Ягон зарра имону виҷдонашон намондааст!

Тошмат Эшматов (тамаллуқкорона). Худи худаш!.. Бадахлоқ ки ҳаст, худаш барин ҷамилаҳоро васф карда мегардад (таҳқиромез механдад).

Олмахон меояд.

Олмахон (шармида). Устод, шуморо Ҳасан Ҳусейнович суроғ доранд.

Эшмат Тошматов, норозиёна сар ҷунбонда, меравад.

Тошмат Эшматов. Хуб, гуфтӣ?

Олмахон (намефаҳмад). Дар бораи чӣ?

Тошмат Эшматов. Дар бораи чӣ, дар бораи чӣ… Дар бораи Чингизу Бибисоро, дар бораи муносибатҳои нопоки онҳо.

Олмахон (ҳанӯз нафаҳмидааст). Ба кӣ бояд мегуфтам?

Тошмат Эшматов (дағалона). Ба зани Чингиз, ба Корез!

Олмахон. Чаро ин қадар дағалӣ?

Тошмат Эшматов. Худатро ба гӯлӣ назан, дағалӣ накунам.

Олмахон (ранҷишомез, бо нафрат). Чӣ, одам ҳақ надорад гоҳе фаромӯш кунад?

Тошмат Эшматов (каме ором шуда). Хуб, хуб… Корҳо чӣ хел?

Олмахон (бо зарда). Ҳич хел!

Тошмат Эшматов. Барои чӣ?

Олмахон. Надонаму нашиносамаш, чи кор кунам?

Тошмат Эшматов (боз ғазаболуд). Худат нашиносӣ, ба воситаи ягон шиносаш бирасон!

Олмахон (бо зарда). Ин қадар боақл бошӣ, худат машғул шав. Ягон шиносашро биёбу хабар бидеҳ.

Тошмат Эшматов (ҳанӯз ором нашудааст). Ту занӣ, охир! Зан забони занро зудтар меёбад! (Сукути кӯтоҳ) Ман ба ту бовар кардам-а…

Олмахон (бо зарда). Ман ҳам ягон хоҳишатро ба замин намондаам. Ҳар ҷо, ки гӯӣ, меравам, ҳар чиз, ки гӯӣ, мекунам.

Тошмат Эшматов (қариб дод зада). Бе ғараз намекунӣ-ку! Ман намешудам, медидам, ки чи кор мекардӣ!

Олмахон (бо зарда). Ту, чӣ, худоӣ?! Гумон мекунӣ, ки аз ту бехтараш нест? Ё фикр мекунӣ, ки бе ту дар кӯча мемонам? Лозим шавад, аз ту беҳтарашро меёбам! (Сукути кӯтоҳ)

Тошмат Эшматов (худро ба даст гирифтаву нарм шуда). Хайр, бас акнун, дар нагир, ман аз алам гуфтам, охир… Ин қадар вақт гузашту ду калимаро ба Корез расонда наметавонем…

Олмахон (каме нармтар). Айби худат шуд… Ман бекор нагаштаам-ку. Корез камгапу одамгурез бошад, чи кор кунам?

Тошмат Эшматов (нарм). Занаки беақл. Ба куҷо нигоҳ мекунад? Шавҳараш бо зани дигар айшу ишрат дораду вай… (Баъде лаҳзае сукут) Хайр, ба Бибисоро бигӯ.

Олмахон. Чи бигӯям?

Тошмат Эшматов. Бигӯ, ки хонадор шаванд. (Писхандомез) Агар ин қадар Лайливу Маҷнун бошанд Чингизу Бибисоро, бигзор, қисматҳояшонро ба ҳам бипайванданд.

Олмахон (бо кароҳат). Гумон мекунӣ, ки маслиҳати моро гӯш мекунанд? Кием ману ту барои онҳо?

Тошмат Эшматов. Гӯш мекунанд, танҳо суханони дилрас ёфтаву ба ин кор таконашон додан лозим. Бигӯ, ки аз ҳадафи доимии ғайбату туҳматҳо будан, беҳтараш, ки хонадор шаванд. Артистка аст ӯ, артист мардум сабукфикранд ва бо калла фикр карданро наомӯхтаанд. Ҳамеша бо мусиқии режиссёр мерақсанд, «он ҷо ист» гӯяд, он ҷо меистанд, «ин ҷо ист» гӯяд, ин ҷо. Ва батадриҷ ба ин одат мекунанд… Ба ӯ дурустакак фаҳмондан лозиму тамом.

Олмахон (норозиёна). Одамро ин қадар азоб медиҳӣ.

Эшмат Тошматов (ангушти ишораташро мебардорад). Бе меҳнат роҳат нест! Все вернется стропцей.

Олмахон (кинояомез). Гуфтаниӣ, ки «Чингиз ба ҷои Бибисоро туро мегирад».

Тошмат Эшматов (бо хашм). «Чингиз, Чингиз»… Чӣ, гаҳворааш аз осмон омадааст? Ё қирғизҳо ғайр аз ӯ касе надоранд?

Олмахон (оромаш мекунад). Оҳиста! Мардум мешунаванд!

Тошмат Эшматов. Пас, тоқатамро тоқ накун!

Олмахон. Ту, чи, шӯхиро намефаҳмӣ? (Бо навозиш) Ба ман ғайр аз ту касе даркор нест. Ягона мард барои ман туӣ, нодонак.

Тошмат Эшматов (ором шуда). Дигар ин хел шӯхӣ накун. (Сукути кӯтоҳ) Баъди маҷлис зуд бирав, хуб?

Олмахон. Ба куҷо?

Тошмат Эшматов. Ба куҷо, ба куҷо… Назди Бибисоро.

Олмахон. Хуб, меравам.

Тошмат Эшматов (пичиррос мезанад). Кай вомехӯрем?

Олмахон. Кайе, ки хоҳӣ, биё, дарам барои ту ҳамеша кушода.

Садои занг, ҳарду сӯи толор равон мешаванд.

Саҳнаи ҳафтум

Асал. Ишқ ба инсон натанҳо хушбахтӣ мебахшад, балки аз ӯ худфидоии зиёд ҳам металабад. Аз ин рӯ, на ҳар кас ба ишқ тоб меорад ва эҳсоси муҳаббат на ба ҳар кас муяссар мешавад. Танҳо одамони қавирӯҳ, ба  ин заҳмати  бузург тоб овардаву ба ҳар қурбоние тан дода, дӯст дошта метавонанд.

Хонаи Бейшеналиева. Балерина машғули машқ аст. Занги дар. Бибисоро, хилъаташро сари китф карда, ба долон мебарояд.

Овози Бибисоро. Кист?

Овози зан. Ман… Олмахон.

Баъди лаҳзае Бибисоро ва Олмахон ба хона медароянд.

Олмахон (парешонҳол). Аз маҷлиси нависандаҳо омада истодаам… Як корҳо шуд дар он ҷо, як корҳо шуд… даҳшат.

Бибисоро. Чи воқеа рӯй дод?

Олмахон. Воқеа ҳам гап… Ин мӯсафед чунон ҳайвон будааст, ки!

Бибисоро. Кадом мӯйсафед?

Олмахон. Ҳамон… Тошмат Эшматов.

Бибисоро. Чӣ хел мӯсафед аст ӯ? Як марди чор кас медидагӣ!

Олмахон. Мард-пард аст ӯ, як ғайбатчии паст аст, аз зан батар аст. Аз минбар дар бораи шумову Чингиз чунон гапҳо гуфт, ки…

Бибисоро (бо таваҷҷӯҳ). Чиҳо гуфт?

Олмахон. Масалан… гуфт, ки… (забон мехояд)

Бибисоро (тоқаташ тоқ мешавад). Чӣ гуфт, охир?

Олмахон. Туро ба Ҷамила… монанд кард.

Бибисоро (бештар таваҷҷӯҳ мекунад). Хайр, чӣ?

Олмахон. Бероҳаат номид, палид!

Бибисоро (беҳол). Айнан ҳамин хел гуфт?

Олмахон. Айнан. Чи нафратовар! Нависанда не, як беваи ғайбатчӣ! Мард ҳамин хел мешавад? Чӣ кор дорад ба шумо? Дӯст медоред якдигарро, дӯст намедоред – кори ӯ нест, охир, дуруст? Худаш фаришта аст, чӣ? Кам духтаронро аз раҳ задааст? Маълум аст, ҳоло ҳам занро бинад, оби даҳанаш меравад.

(Каме сукут) Аз ин ҳама ро тоқат кардан хонадор мешудед, беҳтар буд. Дами ҳамааш ба дарун мезад.

Бибисоро (андешаманд). Ин номумкин аст.

Олмахон (озмоишкорона нигариста). Аз чӣ метарсед?

Бибисоро (андешаманд). Шояд…

Олмахон. Ҳарду шинохтаву номдоред, кассе ниқ гуфта наметавонад, мефаҳмӣ? Касе! Чингизро худи Москва дастгирӣ мекунад… Ин масъаларо зудтар ҳал кардан даркор. Кашол додан чӣ лозим? Набошад, дар ҳар кӯчаву паскӯча наҳ заданатон мегиранд. Шояд дар тамоми Қирғизистон овоза кунанд, аз дасти инҳо меояд. (Баъди сукути кӯтоҳ) Шумо ақаллан якдигарро дӯст медоред?

Бибисоро (зӯракӣ табассум карда). Дӯст намедоштем, ин ҳамаро тоқат карда мегаштем?

Олмахон (хушҳолона). Пас, тамом! Ба ҳамдигар боварӣ доред-ку! (Бибисоро хомӯш аст) Ё ту ба вай бовар надорӣ?

Бибисоро (андешаманд). Бовар дорам.

Олмахон. Пас, чиро интизоред? (Сукути кӯтоҳ) Ё Чингиз зид аст? Хонадор шудан намехоҳад?

Бибисоро (оҳ мекашад). Баракс, бисёр мехоҳад.

Олмахон. Гуфтам, шояд аз ғазаби модараш метарсад… Гуфта будааст, ки «агар аз Корез ҷудо шавӣ, бидон, ки дигар ман барои ту мурдаам». (Бибисоро хомӯш аст) Хайр, ин табиист, ғами келинашро мехӯрад занак. Лекин агар шумову Чингиз ба ҳам бирасед, модар созиш мекунад. Илоҷ ҳам надорад. Ин гапҳояш назди келин худширинкунӣ асту бас.

Бибисоро (андешаманд). Гап дар модари Чингиз ҳам не.

Олмахон. Пас сабаб чист?

Бибисоро. Сабаб… сабаб… Намехоҳам бахти Чингизро помол кунам.

Олмахон. Туро намефаҳмам…

Бибисоро. Ягон ҷои нофаҳмаш нест. Ҳамин, ки ману Чингиз хонадор шудем, Тошмат Эшматовбаринҳо ба ӯ мечаспанду бадномаш кардан мегиранд. Худат хуб медонӣ. Метавонанд барои бадахлоқӣ аз партия биронанд. Аз партия, ки хориҷ карданд, тамом. Дигар тамоми умр ба по хеста наметавони.

Олмахон (дастафшонда). Воҳима накун… агар Чингиз нависандаи оддӣ мебуд, ин хел шуданаш мумкин буд, вале ӯ одди нест.

Бибисоро (беҳолона). Содалавҳона фикр мекунӣ.

Олмахон. Содалавҳона не, дуруст мегӯям ман. Воҳима пахшат кардаасту тамом. (Навмедона) хайр, ҳамин хел, қурбони ғайбатҳо шуда мегардед?

Бибисоро (сарҷунбонда). Ту чи маслиҳат медиҳӣ?

Олмахон. Биё ман ба Корез бигӯям.

Бибисоро (ҳаросон). Чӣ мегӯи?

Олмахон. Мегӯям, ки шумо якдигарро дӯст медоред, вай бифаҳмаду иҷозат бидиҳад, мегӯям, ки бисёр хоҳиш кардед ва барои ҳамин маро наздаш фиристодед. Агар Корез хап кунад, касе шуморо ғам намедиҳад. Ғит-ғит мекунанду ором мешаванд.

Бибисоро. Не, не, не! Мон ин фикрҳоятро. Бигзор ҳамааш ҳамон тавре, ки аст, бимонад.

Олмахон (навмедона). Тамоман туро намефаҳмам!

Бибисоро. Ин мушкилаи мост. Илтимос, оромамон гузор. Барои ғамхориат ташаккур.

Олмахон (ноумедона даст меафшонад). Эҳ!.. (худ ба худ) палид.

Саҳнаи ҳаштум

Асал. Мазҳаканависи бузурги Фаронса Жан Батист Молйер «Тартюф» ном асари ҷовидонае дорад, ки қаҳрамони асосиаш рамзи зери пардаи покиву порсоӣ пинҳон намудани риёкориву дурӯягӣ шудааст. Чунин тартюфҳо дар ҳамаи давру замонҳо, дар тамоми сохту ҷамъиятҳо буданду ҳастанд ва ба ҳама вазъиятҳо худро мувофиқ мекунанд… Зоҳирнамоиву мунофиқӣ бисёр сахтҷонанд. Аз ҳама бадаш он аст, ки тартюфҳо дигаронро ба покдоманӣ тарғиб мекунанд!

(Хонаи Олмахон. Занги дар.)

Олмахон (аз дарун). Ҳозир, омадам. (Хилъатпӯш аз хона баромада, дарро мекушояд. Тошмат Эшматов медарояд. Ташнакомона ҳамдигарро ба оғӯш кашида, мебӯсанд. Эшмат Тошматов Олмахонро сари даст бардошта, ба хона равон мешавад.)

Олмахон (бо ноз худро раҳо карданӣ шуда). Сабр кун, охир, аз дар надаромада, хурӯс барин ба ҳуҷум мегузарӣ.

Тошмат Эшматов (чуқур-чуқур нафас кашида). Наметавонам, ҷонам, наметавонам!

Олмахон (механдад). Гушнаи садсола баринӣ-е! Шаб занат дар хона набуд, чӣ?

Тошмат Эшматов (даст меафшонад). Кунда барин хоб меравад! На аз буданаш фоидаву на аз набуданаш. (Шаҳватомез) Ҷонам, ширинам! Тоқат надорам дигар, биё, ба он ҷо дароем!

Олмахон (ранҷишомез). Дар фикрат фақат ҳамон… Намегӯӣ, ки каме навозиш кунам…

Тошмат Эшматов (нафасгардон шуда). Зиндагӣ бе ин ҳаром, ҷонам! Аз ин беҳтар лаззате ҳаст оё?

Олмахон (бо қаҳр). Хайр, камтар бедорам кун, охир…

Тошмат Эшматов. Дар бистар, ҷонам, дар бистар! (Ӯро сари даст бардошта, ба хона мебарад.)

(Сукут. Хеле зуд мебароянд, роҳравон либосашонро ба тартиб меоранд.

Олмахон (турушрӯ). Фақат дар ғами худативу хурӯсат гӯям, хафа мешавӣ. Маро ҳам фикр кун, охир, ман наметавонам ту барин дар як лаҳза ба шавқ ояму дар ду дақиқа қонеъ шавам.

Тошмат Эшматов (гунаҳкорона). Илтимос, ин хел нагӯ. Вақташ ояд, ана, баъд… (Беқаророна назди Олмахон омада, аз рухсорааш мӯчӣ мекунад.) Акнун нақл кун: корҳо чи хел, назди Бибисоро рафтӣ?

Олмахон (бо қаҳр). Рафтам.

Тошмат Эшматов. Гуфтӣ?

Олмахон. Гуфтам.

Тошмат Эшматов. Вай чи гуфт?

Олмахон. «Бахти Чингизро вайрон кардан намехоҳам» мегӯяд.

Тошмат Эшматов. Мегуфтӣ, ки Чингиз Эшмат ё Тошмат нест, ки ягон кас, ҷуръат карда, гап занад. Натарсида, хонадор шудан гиред.

Олмахон (бебокона). Ҳамаашро гуфтам.

Тошмат Эшматов. Чи гуфт?

Олмахон. Гуфта будӣ-ку: «Бибисоро артистка аст, артист мардум сабукфикранд.»

Тошмат Эшматов. Чӣ, ҳамин хел нест магар?

Олмахон (ба ӯ тақлид карда). «Ҳамин хел нест магар?» Худат рафта гӯй, мебинӣ, ки чи хел «сабукфикр» аст.

Тошмат Эшматов. Чӣ, тамоми умр маъшуқаи вай мондан мегирад?

Олмахон (бо танаффур). Тамоми умр.

Тошмат Эшматов (бо алам). Ба гап дароварда натавонистам, гӯй.

Олмахон. Натавонистам.

Тошмат Эшматов (навмедона). Бало занад! (Беҳолона ба курсӣ мешинад. Сукути тӯлонӣ) Ҳама барбод рафт. Чӣ бояд кард? Находя гон илоҷ набошад-а?

Олмахон (бефарқ). Аз ин давутоз чизе ҳосил намешавад.

Сукут.

Тошмат Эшматов (парида мехезад). То ба мақсад нарасам, намемонам! Айтматовро нест мекунам ман! Ҳоло бо собуни ман ҷома нашустааст ӯ!..

Саҳнаи нуҳум

Асал. Соли 1963. Чингиз Айтматов барои китоби «Қиссаҳои кӯҳсору даштистон» барандаи Ҷоизаи Ленинӣ шуд, ки эътирофи воқеии истеъдодаш буд. Волотарин мукофоти Иттифоқи Советӣ буд Ҷоизаи Ленинӣ ва то ҳол касе аз намояндагони адабиёти қирғиз шарафи ба он сазовор шуданро надошт. Вале ин ҳам дили рақибони Чингиз Айтматов, бародарони ҳамқаламашро нарм накард. Ҳатто чунин рухдод ҳамкасбони беҳад чобуки ӯро аз роҳашон баргардонда натавонист. Чи буд ин – мавқеи бемайлони комммунистӣ-болшевикӣ ва ё ҳасаду бахилии оддии инсонӣ? Худатон қазоват кунед.

(Кабинети Ҳасан Ҳусейнов. Эшмат Тошматов медарояд.)

Ҳасан Ҳусейнов (чолокона ба истиқбол мебарояд). Биёед, Эш-ака, биёед! Марҳамат, аз ин тараф гузаред! (Эшмат Тошматов ба ҷои нишондодаи Ҳусейнов мешинад. Баъди лаҳзае сукут.) Корҳоятон чи хел, Эш-ака, ягон китоби нав навишта истодаед?

Эшмат Тошматов (бовиқорона). Навишта истодам, асари баландғояе навишта истодам.

Ҳасан Ҳусейнов. Умедамон аз шумо ҳамин. Бояд ибрат нишон диҳед! Бигзор, аз шумо омӯзанд. Бахусус, ҷавонон.

Сукут.

Эшмат Тошматов (қатъӣ). Ҷавонон дар пеши чашмамон вайрон шуда истодаанд. (Сукути кӯтоҳ) Асли гапро гӯем, мо, ҳама коммунистиамонро гум карда истодаем, Ҳасан Ҳусейнович.

Ҳасан Ҳусейнов. Хуб… давом диҳед.

Эшмат Тошматов. Оре, коммунистиамонро гум карда истодаем. Москваю Қирғизистон, ки ба чунин кор роҳ диҳанд…

Ҳасан Ҳусейнов (ошуфтаҳол). Шуморо намефаҳмам, Эш-ака…

Эшмат Тошматов. Мефаҳмед, Ҳасан Ҳусейнович, ҳамаашро мефаҳмед, хуб мефаҳмед. Вақти зиёд гузашт, вале аризаи маро ҳеҷ баррасӣ намекунед…

Ҳасан Ҳусейнов (самимона). Кадом ариза, Эш-ака?

Эшмат Тошматов. Дар бораи ҳамон журналист…

Ҳасан Ҳусейнов (пай бурда). Ҳа, дар бораи Айтматов?

Эшмат Тошматов. Ҳа, дар бораи ҳамон журналист…

Ҳасан Ҳусейнов (густохона механдад). Ҳа, агар он бошад… Худатон мефаҳмед, Эш-ака, Москва, ки дастгирӣ кард…

Эшмат Тошматов (норозиёна). Барои ҳамин ҳам гуфтам, ки коммунистиамонро гум карда истодаем. Ана, барои ҳамин, барои он ки баҳои қатъии коммунистӣ дода наметавонем, душманони ғоявиамон моро мағлуб мекунанд. (Бо афсӯс) Ба ҷои он ки нисбат ба журналисти вассофи бадахлоқӣ чора андешед, ба ин ҳама чашм мепӯшед. Инаш кам буд, ки ба Мукофоти Ленинӣ пешбариаш кардед. Бародарону хоҳаронамон барои ҳамин ҷон бохтаву хун рехта буданд?

(Сукут)

Ҳасан Ҳусейнов (забон мехояд). Эш-ака, худатон хуб медонед, ки… Айтматовро мо пешбарӣ накардаем. Иттифоқи нависандагони СССР пешбарӣ кардааст.

Эшмат Тошматов (даст меафшонад). Ман кӯдак нестам, Ҳасан Ҳусейнович. Агар шумо – СеКа дастгирӣ намекардед, на Иттифоқи нависандагони СССР ягон кор карда метавонисту на тамоми халқи советӣ. Ин ҳама, бо дастгирии ошкоро набошад ҳам, бо пуштибонии пинҳонии шумо сурат мегирад.

Сукут.

Ҳасан Ҳусейнов (ногувор механдад). Эш-ака… Охир, ин мукофоти як ӯ не, мукофоти тамоми халқи қирғиз аст-ку. Намояндаи халқи хурдакаки моро ба мукофоти олии СССР пешниҳод кунанд…

Эшмат Тошматов. Хуб, хуб. Ман ҳам зид нестам. Бигзор минбаъд ҳам ҳамин хел шавад. Бигзор, қирғизҳо ҳамин хел камол ёфтан гиранд. Касе ба ин ҳасад нахоҳад бурду бахилӣ нахоҳад кард. Вале, сидқан бигӯед, Ҳасан Ҳусейнович, магар «Ҷамила» ба ин мукофоти баланд сазовор аст?

Ҳасан Ҳусейнов (саросема). Дар он китоб, Эш-ака, натанҳо «Ҷамила», дигар асарҳо ҳам ҳастанд.

Эшмат Тошматов (бо танаффур). Ҳамаи он асарҳо дар бораи ишқанд. Нест он ҷо мавзӯи баландғояе, ки ватандӯстӣ, коллективонӣ, билохира меҳнатро васф намояд. Ҳамааш дар атрофи сӯхтам-пухтамҳои ночизи ишқӣ чарх мезанад.

Ҳасан Ҳусейнов. Магар Сайида, аз қиссаи «Рӯбарӯ», ки шавҳари дизертирашро фош мекунад, ватандӯст нест? Дар қиссаи «Чашми шутур» чӣ – ёд доред – Камол ба нафаре, ки тилои ёфтаашонро гирифта гурехтанӣ мешавад, чи гуна муқобилият нишон медиҳад.

Эшмат Тошматов. Илёс чӣ?

Ҳасан Ҳусейнов. Кадом Илёс? Ҳа… Аз қиссаи «Ниҳоли рӯмолсурхаки ман»…

Эшмат Тошматов. Ҳа, ҳамон… Чи фарқ дорад Илёс аз Ҷамила? Ҳарду фосиқу бероҳа. Зани ҳалолашро партофта аз пайи маъшуқааш меравад. Ана, киро васф мекунад журналисти шумо.

Ҳасан Ҳусейнов (бечораҳол). Албатта, ин ҷиҳат ҳаст… лекин, бо вуҷуди ин, Асалро дӯст медорад-ку.

Эшмат Тошматов (сухани ӯро мебурад). Магар одаме, ки дӯст медорад, ҳамин хел рафтор мекунад, дӯстдоштаашро мепартояд?

Ҳасан Ҳусейнов (сухан намеёбад). Дар зиндагӣ ҳам чунин воқеаҳо мешаванд, Эш-ака. Ҳама хато мекунад, ягон нафари мо фаришта нестем. Муҳимаш, хаторо ба гардан гирифтану ислоҳ кардан. Илёс маҳз аз ҳамин нуқтаи назар нишон дода шудааст. Масъалаи дигар, Эш-ака. Мегӯянд, ки ишқ мавзӯи ҷовидона аст. Ҳама дар ин мавзӯъ навиштаанд. Шекспир дар «Ромеову Ҷулйета», Низомӣ дар «Лайливу Маҷнун», Навоӣ дар «Фарҳоду Ширин» муҳаббатро тараннум кардаанд. Мардум ҳам бештар дар бораи ишқ мехонад. Яъне, ба одам муҳаббат лозим аст, Эш-ака. Қирғизҳои худамонро гирем, «Олжобой ва Кишимҷон», «Ойсалқин ва Қулмирзо»-ямон мисоли ҳаминанд.

Эшмат Тошматов (сар меҷунбонад). Мебинам, Ҳасан Ҳусейнович, мебинам, ки сахт дастгирӣ мекунед журналистро. Акнун ҳамаашро фаҳмидам. Саломат бошед (рафтанӣ мешавад).

Ҳасан Ҳесейнов (ҷаста аз ҷо мехезад). Эш-ака, ақаллан бигӯед, ки барои чӣ омадед, мақсадатонро бигӯед, Эш-ака.

Эшмат Тошматов (бо алам). Акнун бигӯям чиву нагӯям чӣ? Чӣ фоида аз гуфтанам, ки чунин дастгириаш мекунед?

Ҳасан Ҳусейнов. Ҳа-а, он масъала?

Эшмат Тошматов (хафа аст). Оре ҳамон масъала ва боз…

Ҳасан Ҳусейнов. Бигӯед, боз чӣ, бигӯед …

Эшмат Тошматов (бо дили нохоҳам). Ҳамон гап…

Ҳасан Ҳусейнов. Саргардон шуда, ки омадаед, дилатонро холӣ кунед.

Эшмат Тошматов (бо дили нохоҳам). Ягон натиҷа набошад…

Ҳасан Ҳусейнов. Ҳама кори имконпазирро мекунем, бигӯед.

Эшмат Тошматов (бо дили нохоҳам). Дар ин бора аллакай гуфтам ва боз мегӯям. Вале… боз ҳамон қисса… қиссаи журналисту Бейшеналиева. Шумо, ки асарҳояшро дастгирӣ мекунед, муносибатҳояшонро ҳам ҳимоя мекардагистед?

Ҳасан Ҳусейнов (аз ҷавоб мегурезад). Ҳамаатон мегӯед – ҳам шумо, ҳам дигар нависандаҳо, лекин ку далел? Ягон далел нест.

Эшмат Тошматов (бо алам). Чӣ хел нест? Ҳама медонанд инро! Ҳарду зану шавҳар барин ошкоро мегарданд.

Ҳасан Ҳусейнов. «Ҳама медонанд инро» мегӯед, вале ку далел, кай онҳоро ҳангоми ҷиноят доштаед?..

Эшмат Тошматов. Чӣ, акнун, рафта ба ҷогаҳашон дароем? Ҳамхобаашон шавем?

Ҳасан Ҳусейнов (хандида). Далел даркор, Эш-ака. Ҳеҷ набошад, шикояти зани Айтматов ё аҳли оилааш. Ё шикояти оилаи Бейшеналиева. Вагарна… ягон сабаб нест.

Эшмат Тошматов (сарашро ҷунбонда). Акнун ҳамааш фаҳмо. Вақте ки даркор нест, чашм мепӯшеду ҷон халос. (Сукути кӯтоҳ) Хайр, агар шумо чора андешидан нахоҳед, ба ҷои додрас менависам. (Сӯи дар равон мешавад)

Ҳасан Ҳусейнов. Сабр кунед, Эш-ака. Дина як ҳамқаламатон омада буд (аз миз як даста коғаз мебарорад), марҳамат бихонед.

(Эшмат Тошматов, коғазҳоро хонда, рангаш меканад)

(механдад) Рост аст ин ҳама, Эш-ака?

Эшмат Тошматов. Хайр… дар ҷавонӣ ҳар кор мешавад. Хатои ҷавонӣ-да…

Ҳасан Ҳусейнов. Худи худаш! Ҳамаамон ҷавон будем, ҳамаамон ғалат кардаем. Коммунистем ё каси дигар, ҳама одамони хокием. Ҳар касе, ки мард аст, хоҳ-нохоҳ пешпо хӯрдааст. Шумо ҳам дар ҷавониатон аз маҳфили занҳо намегурехтед, охир. Ҳамин тавр не, Эш-ака?

Эшмат Тошматов (ошуфтаҳол). Бо шумо забон ёфтан душвор будааст. Ҳамаашро пешакӣ фикр кардаед, ҷойҳои дардноки ҳамаро ёфтаед…

Ҳасан Ҳусейнов (баланд механдад). Ҳа-ҳа-ҳа!.. Беҳуда дар ин ҷо, дар паси ин мизи бузург намешинем. (Сукути кӯтоҳ)

Эшмат Тошматов (турушрӯ). Бо вуҷуди ин, Ҳасан Ҳусейнович, таърих барои ин шуморо намебахшад.

Ҳасан Ҳусейнов (писхандомез). Инро баъд мебинем… Хайр, Эш-ака, то боздид. (То назди дар гуселонда, бармегардад) Одами аҷиб, худаш то гӯшҳо дар гуноҳ ғӯтидаасту дигаронро маҳкум мекунад-а…

Саҳнаи даҳум

Асал. Панҷ сол гузашт. Дар ин байн, дар синни 35-солагӣ Чингиз Айтматов Ҷоизаи Ленинӣ гирифт. Дар байни қиссаҳое, ки сазовори ин ҷоиза шуданд, «Ҷамила» ҳам буд, ки нависандагони қирғиз барои васфи тимсоли «зани бероҳа» танқиду маҳкумаш карда буданд. Се қиссаи дигар – «Ниҳолаки рӯмолсурхаки ман», «Чашми шутур» ва «Рӯбарӯ» низ ба ин мавзӯи ҷовидона – ишқро тараннум мекарданд. Аллакай дар ин асарҳо муносибати хосу пурҳаяҷони Айтматов ба муҳаббат, ба зан эҳсос мешавад. Эҷодиёти индавраинаи адибро бо чанд сухан – «Ишқ, зан – асоси зиндагӣ» метавон ифода кард.

Шояд илҳомбахши офариниши асарҳои ошиқонаи Айтматов муҳаббати бузургаш ба Бибисоро Бейшеналиева бошад? (Сукути кӯтоҳ)

Дар ҳамин давра Айтматов қиссаи «Алвидоъ, Гулсарӣ!»-ро таълиф намуд. Дар он ҳам саргузашти маҳзуни ошиқона – муҳаббати Танабой ва Бибиҷон ҳикоят мешавад. Ба ҳамоҳангии аҷиби номҳо – Бибисоро-Бибиҷон таваҷҷӯҳ кунед. (Сукути кӯтоҳ) Бисёр муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки дар ин асар Айтматов алайҳи сохти коммунистӣ исён мекунад, лекин касе барои тадқиқи аввалсабаби ин исён, сарчашмаи ин қиём кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Касе аз ин муҳаққиқон алангаи муҳаббатро, ки миёни Чингизу Бибисоро фурӯзон буд, ба эътибор намегирад. (Сукути кӯтоҳ) Касе аз он хусус намегӯяд, ки дар силсилаи арзишҳои коммунистӣ, ки озодии шахсиятро маҳдуду ба қолабҳои муайян ҷо мекард, ба чи фоҷиа табдил ёфта буд ин муҳаббат. Маҳз ҳамин фоҷиа сабабгори исён зидди сохт гардид. Ҳамеша ҳамин хел буд, дар тӯли қарнҳо дилдодагон ҳамеша ба муқобили анъанаҳое, ки озодии ифодаи эҳсосотро маҳдуд мекарданд, зидди одатҳо, алайҳи сохтҳои зиддиинсонӣ исён менамуданд ва дар ҷараён ҳамеша чеҳраҳои фоҷиавӣ буданд. Исёни муҳаббат муқтадиртарину тезутундтарин исён аст. Хуллас, дар таърихи инсоният муҳаббат ба сифати мизони баркашидани беадолатӣ дар ҷомеа хизмат мекард. Аз ин назар ишқи фоҷиабори Чингизу Бибисоро истисно набуд. «Алвидоъ, Гулсарӣ!» исёни муҳаббати Айтматов буд алайҳи сохти ғайриинсонӣ.

Хонаи Бибисоро. Чингиз ва Бибисоро.

Бибисоро (дар дасташ дастнавис). Бори дигар «Алвидоъ, Гулсарӣ!»-ро хондам.

Чингиз. Бори дигар?

Бибисоро (андешаманд). Оре… Маълум шуд, ки ин асаратро ба ишқи ману худат бахшидаӣ. Чи ноилоҷии фоҷиабор! Акнун ба фаҳмиши комилаш расидам.

Чингиз. Ҳа… Ман инро мунтазам эҳсос мекунам. Эҳсос мекунаму нафасгир мешавам. Ҳар қадар ки якдигарро бештар дӯст медорем, ғайриинсонӣ будани ин сохтро амиқтар ҳис мекунам. (Бо алам) Ягон нафари онҳое, ки дастнависро хонданд, ин ҷараёни зери обро пай набурданд. Таърифҳои қолабӣ карданду тамом. Рости гап, дилам беҷо мешавад аз ин.

Бибисоро (меҳрубонона оғӯшаш карда). Ин қадар воҳима кардан даркор не, Ачинов. Чи илоҷ, худо худаш хост, ки мо маҳз дар чунин айём умр ба сар бубарем.

Чингиз (оҳ кашида). Ҳама муқобили моянд – ҳам сохт, ҳам одамон. Барои чи мо озодона дӯст доштаву озодона гашта наметавонем? Барои чи?!

Бибисоро (тасаллибахшона). Замоне ягон кас ба дарки ин ишқ мерасад. Умед дорам, ки мерасад.

Чингиз. Кай, охир?

Бибисоро. Имрӯз набошад, фардо. Фардо набошад, пасфардо…

Чингиз (оҳиста). Наход мо чунин нобино бошем?

Бибисоро (навозишомез). Бедор шав, Ачинов!.. Ман дар баратам, охир.

Чингиз. Биё, ба ягон ҷо меравем.

Бибисоро. Баъд чӣ?

Чингиз (бо алам). Ягон вақт бояд мо ҳамроҳ бошем ё не? Бе ҳамин ҳам умр кӯтоҳ аст. Боз нимаш дар фоҷиа мегузарад.

Бибисоро. Гуфтан мехоҳӣ, ки мо қурбонием?

Чингиз. Ҳа! Ҳа! Ману ту қурбонием! Наход ҳаминро нафаҳмӣ? (Баъди сукути кӯтоҳ) Бубахш, ҷонам…

Бибисоро. Ту гунаҳкор нестӣ. (Сукут) Бигӯ, Ачинов…

Чингиз. Чиро?

Бибисоро. Агар Ромеову Ҷулйетта ҳалок намешуданду ба ҳам мерасиданд, чӣ мешуд?

Чингиз (каме худро гум карда). Чӣ ҳам шуда метавонист?..  Хайр… хушбахт мебуданд.

Бибисоро. Боварӣ дорӣ?

Чингиз. Боварӣ дорам.

Бибисоро. Ман боварӣ надорам.

Чингиз. Барои чӣ?

Бибисоро. Ҳеҷ фикр накардӣ, ки пагоҳаш Ромео, пӯсткандаи гапро бигӯем, зери чашми Ҷулйеттаро сиёҳ мекунад?

Чингиз. Не! Кассе, ки дӯст медорад, ҳаргиз ба ин роҳ намедиҳад.

Бибисоро. Ту дар олами хаёлҳои ширинӣ, зиндагӣ бошад, хеле мураккабтар аст… (Хандида) Медонӣ, барои чӣ Шекспир онҳоро хонадор накард?

Чингиз. Барои чи?

Бибисоро. Барои он ки киштичаи муҳаббат ҳамеша ба соҳили рӯзгор бархурда мешиканад.

Чингиз. Аз фикрат нагаштаӣ?

Бибисоро. Ҳақиқат ҳамин аст.

Чингиз. Ману ту одамони дигарем, охир.

Бибисоро. Бале, дигарем. Вале… қисматҳои инсонӣ қариб ҳамеша монанданд.

Чингиз. Бо ин фикрат розӣ нестам.

Бибисоро. Медонам. То хонадор нашавем, ту ҳаргиз розӣ нахоҳӣ шуд. (Сукути кӯтоҳ) Барои нигоҳ доштани покии муҳаббат танҳо як роҳ аст.

Чингиз. Кадом?

Бибисоро. Дилдодагон набояд хонадор шаванд.

Чингиз. Ту ҳақ нестӣ.

Бибисоро. Бигзор, гуфти ту шавад. Вале ман аз фикрам намегардам.

Чингиз (ранҷидахотир). Ту, аз афти кор, маро дӯст намедорӣ.

Бибисоро (навозишомез, хандида). Илтимос, Ачинов, маро нахандон.

(Ӯро оғӯш мекунад. Ҳамдигарро мебӯсанд.)

Чингиз. Мо ҳатман хонадор мешавем!

Бибисоро (хандида). Ва ба як шайтони дусар табдил меёбем!

Чингиз (хандида). Ҳа, табдил меёбем!

Бибисоро (хандида). Ва косаву табақҳоро мешиканем?

Чингиз (намефаҳмад). Кадом косаву табақҳоро?

Бибисоро (хандида). Вақти ҷанҷол зану шӯ чӣ кор мекунанд?

Чингиз. Чаро ҳатман бояд ҷанҷол кунанд? Намефаҳмам.

Бибисоро (хандида). Бе ҷанҷол ҳеҷ мумкин не.

Чингиз (боэҳсос). Гуфтам-ку, зиндагии мо дигар хел мешавад.

Бибисоро (хандида). Барои он ки ману ту аз лойи дигарем?

Чингиз. Бале, аз лойи дигарем мо.

Бибисоро (баноз). Аз лойи муҳаббат, ҳа?

Чингиз (абрӯ чин мекунад). Ҳа.

Бибисоро. Чи шуд, Ачинов?

Чингиз (бедимоғ). Ҳеҷ чиз.

Бибисоро. Хафа шудӣ?

Чингиз (базӯр шунаво). Не.

Бибисоро. Хафа шудӣ, хафа шудӣ!

Чингиз (базӯр шунаво). Не.

Бибисоро. Дидӣ, чи хел ихтилофҳост миёни мо?

Чингиз (хафа). Нодуруст.

Бибисоро (бо навозиш). Ачинов.

Чингиз (афсурда). Ҳа.

Бибисоро (бо навозиш). Илтимос, табассум кун. (Чингиз хомӯш аст.) Ха-а-йр… (Чеҳраи Чингиз кушода мешавад.) Боз, боз… Ях об шуд. (Чингиз табассум мекунад.) Боз камтар. (Чингиз хандида, Бибисороро оғӯшу бӯсаборон мекунад.)

Чингиз (бо шавқ). Акнун дидӣ?

Бибисоро. Чиро?

Чингиз. Дар зиндагии дилдодагон ҳамеша ана ҳамин хел. Доим мекӯшанд, ки якдигарро дастгирӣ кунанд, дили ҳамдигарро наозоранд. Ҳозир худат исбот кардӣ.

Бибисоро (механдад). Алҳол – яку сифр ба фоидаи ту. Лекин танҳо алҳол…

Чингиз (механдад). Барвақттар тан медодӣ, намешуд? Бо рӯҳафтодагиат одамро пачақ мекунӣ.

Бибисоро. Хуб, биё, алҳол дигар ба ин мавзӯъ дахл намекунем. Вақташ биёяд, баъд мебинем. Хуб?

Чингиз (бо ҷӯшу хурӯш). Хуб, ҷонам!.. Хуб! (Ташнакомона ҳамдигарро мебӯсанд. Бибисоро, аз оғӯши Чингиз раҳо шуда, мусиқӣ мемонаду ба рақсидан оғоз мекунад.)

Бибисоро (рақсон). Ту – Ромео, ман – Ҷулйетта, ту – Фарҳод, ман – Ширин, ту – Хосе, ман – Кармен, ту – Тристан, ман – Изолда… Ту – Танабой, ман – Бибиҷон…

(Чингиз дурудароз ва мафтунона ба Бибисорои рақсон менигарад.)

Саҳнаи ёздаҳум

Асал. Касе Айтматову Бейшеналиеваро ҷудо карда натавонист – на ҳамкорони пурғайрату на шиносони «дилсӯз». Ҳатто сохти зиддиинсонӣ ба муҳаббати онҳо шафқат намуд. Вале табиат бераҳмиашро кард.

Хонаи Бейшеналиева. Бейшеналиева, ки чеҳрааш коҳидаву ранги рӯяш кандааст, назди тиреза истода, ба кӯча менигарад. Ҳамин вақт Чингиз медарояд. Онҳо ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд.

Чингиз (дилсӯзона). Чи шуд ба ту?

Бибисоро (мекӯшад худро бардам нишон диҳад). Ҳеҷ чиз…

Чингиз. Аз афти кор, гастрол хастаат кардааст?

Бибисоро.Ҳа… Хаста шудаам… Дар синну соли ман ба гастрол рафтан мушкил будааст.

(Сукути кӯтоҳ)

Чингиз (дилсӯзона). Ранги рӯят кандааст. Бемор-ку нашудаӣ?

Бибисоро (базӯр). Ҳа… Каме. (сукут) Ачинов… Дар дунё аз ҳама қиматтар чист?

Чингиз (нафаҳмида). Қиматтар чист?

 Бибисоро. Оре.

Чингиз. Зиндагӣ.

Бибисоро (базӯр табассум карда). Оре… Қиматтарин чиз зиндагӣ будааст… (Баъди сукут) Зиндагӣ ва ишқ… Зиндагӣ бе ишқ буда наметавонаду ишқ бе зиндагӣ.

Чингиз. Ҷиддӣ?

Бибисоро. Оре. (Сар ба китфи Чингиз мемонад. Чингиз меҳрубонона мебӯсадаш.) Ҳайрон шудагистӣ…

Чингиз. Аз чӣ?

Бибисоро. Барои чӣ якбора ба фасафа рӯ овардам.

Чингиз. Хайр… ин…

Сукут.

Бибисоро (бо алам). Ачинов… Чаро ин хел шуд?

Чингиз. Чи хел?

Бибисоро. Чаро худо тавре кард, ки мо ҳамдигарро дӯст доштем?

Чингиз. Амри қисмат.

Бибисоро (оҳ кашида). Пас чаро пайвандамон накард?

Чингиз (бо ҳайрат ба ӯ менигарад). Айби худо чӣ?

Бибисоро. Худо ё қисмат… Кадомашон ки бошанд… Барои чӣ?

Чингиз (ҳамон хел ҳайрон). Ту худат нахостӣ. Агар мехостӣ…

Бибисоро (бо алам). Ман мехостам! (Чашмонаш пуроб мешаванд.) Ман мехостам! Кӣ намехоҳад, ки бо дилдораш бошад? Кӣ?

Чингиз (ҳайрон). Пас барои чи ҳамеша муқобилат мекардӣ?

Бибисоро (бо алам). Барои чӣ? (сукути кӯтоҳ) Ба ту раҳмам меомад!.. Намехостам, ки дар сари роҳи ту монеаҳо пайдо шаванд!.. Намехостам, ки истеъдоди ту озор бубинад!

Чингиз (бо алам). Чи лозим буд чунин қурбонӣ?! Наход нависонависи ман аз ишқ қиматтар бошад?!

Бибисоро. Намехостам, ки ту азоб бикашӣ.

Чингиз (ноилоҷона). Худоё! Барои чӣ? Барои чӣ?

Бибисоро. Дӯстат медоштам!.. Аз ҷонам бештар дӯстат медоштам!

Чингиз (оташин мешавад). Дӯст медоштӣ! Мехостӣ бо ман бошӣ! Вале нахостӣ, ки камолоти ман халал ёбад!.. Ин нобахшиданист, Бибисоро!

Бибисоро. Худо бубахшад.

Чингиз. Агар ман медонистам… агар аз аввал…

(Сукут)

Бибисоро. Аз ҳамон лаҳзае, ки дил додамат, ҳамеша мехостам, ки ҳамеша ҳамроҳат бошад! Ҳамеша орзӯ мекардам, ки бо ту зиндагӣ кунам!

Чингиз (бештар ҳайрон мешавад). Бибисоро?!

Бибисоро (оташин). Ҳа!.. Ҳа!.. Ҳамеша! (Тоб наоварда, гиря мекунад.)

Чингиз (чизе нафаҳмида, мекӯшад таскинаш диҳад). Чи шуд, Бибисоро? Бигӯ, чи шуд?

Бибисоро (гирён). Ҳеҷ чиз… Бубахш.

Чингиз (тасаллӣ медиҳад). Ту чизеро аз ман пинҳон медорӣ. (Сукути кӯтоҳ) Ҳоло ҳам дер нашудааст, Бибисоро.

Бибисоро. Чӣ дер нашудааст?

Чингиз. Баҳам омадани мо.

Бибсоро (бо афсӯс). Дер шуд, Ачинов, аллакай дер шуд!

Чингиз. Ман туро намефаҳмам! Охир, мо ҳамдигарро дӯст медорем, ҳанӯз ҷавонем.

Бибисоро. Не, Ачинов, не!

Чингиз. Ягон чиз намефаҳмам, Бибисоро! Бигӯ, чи шуд бо ту? (Сукут.)

Бибисоро (базӯр ашкашро нигоҳ дошта). Ман аз худо барои ишқе, ки ба ману ту дод, беҳад миннатдорам. Ин мунаввартарин, қиматтарин чизи умрам буд.

Чингиз (базӯр ашкашро нигоҳ дошта). Ва ҳамеша ҳамин тавр хоҳад монд.

Бибисоро (базӯр табассум мекунад). Худо хоҳад…

Чингиз (ҳаросон). Рӯирост бигӯ, Бибисоро, бе рамзу киноя бигӯ. (Сукут)

Бибисоро (аз ашк нафасгардон шуда). Ман беморам! Бемори бедаво! (Бо фиғон худро ба сари синаи Чингиз мепартояд.)

Саҳнаи дувоздаҳум

Асал. Актрисаи бузурги халқи қирғиз мубталои дарди бедавое гардид. Чингиз Айтматов барои табобати ӯ ҳама кори имконпазирро кард. Ба қавли ҳампешаҳояш, қувваи беназире ба харҷ дод. Муҳаббати бузурги ӯ ба ахтари дурахшони саҳна он рӯзҳо аён буд. Табибон аз муҳаббати он ду шахси бузург, бахусус Бибисоро Бейшеналива, бо эҳтирос ҳарф мезаданд. Муҳаббати беназири онҳоро дида, аз як тараф, дар ҳайрат мемонданд ва, аз ҷониби дигар, аз ҳолашон дилхун мешуданд. То имрӯз аз ин хусус ҳарф мезананд табибон.

(Бибисорои азияткашида нолишкунон рӯи харак менишинад. Аз дарди тоқатнопазир лаб мегазад. Аз дур Чингиз намоён мешавад. Дар дасташ – як даста гули лола. Бо вуҷуди дарди ҷонкоҳ, Бибисоро ҳамоно худро ба даст гирифта, бо табассум ба истиқболи ӯ меравад. Чингиз ошуфтаҳол аст.)

Чингиз (дастагулро дароз карда). Барои ту, азизам!..

Бибисоро (бо табассум). Ташаккур, Ачинов! Ҳар рӯз ин қадар гулҳои хушрӯ меорӣ… Худатро ғам надеҳ, ҷонам.

Чингиз. Не, ҷонам, ҳамеша гулат хоҳам овард, ҳамеша… (Баъди сукут)

Аҳволат чи хел, ҷонам?..

Бибисоро (базӯр табассум карда). Ташаккур, нағз. Дардаш камтар шуд.

Чингиз (умедвор). Рост мегӯӣ, ҷонам?

Бибисоро (базӯр табассум карда). Рост, рост… Ҳар рӯз ду бор меоӣ, Ачинов… Шояд як рӯз пас биёӣ, азоб намекашӣ?..

Чингиз. Ин хел нагӯ, ҷонам… Нагӯ. Ҳамин ки сиҳат шудӣ, ҳафтаҳо намеоям, ана баъд ёдам мекунӣ (овозаш меларзад).

Бибисоро. Албатта, сиҳат мешавам!.. Ҳатман сиҳат мешавам!..

Чингиз (худро ба даст мегирад). Албатта, ҷонам, албатта…

Бибисоро (базӯр табассум карда). Чи шуд ба ту, ҷонам?

Чингиз. Ҳеҷ чиз…

Бибисоро (базӯр табассум карда). Ту ҳамеша мард будӣ, охир.

Чингиз. Ман… ҳеҷ чиз не…

Бибисоро (базӯр табассум карда). Овозат меларзад…

Чингиз (гиря гулӯгираш мекунад). Бибисоро!..

Бибисоро (базӯр табассум карда). Худатро ба даст гир! Ҳамааш нағз мешавад…

Чингиз (дидаҳо пуроб, оғӯшаш мекунад). Бовар мекунам, ҷонам! Бовар мекунам!..

Бибисоро (базӯр табассум карда). Бовар кун, ҷонам, бовар кун!..

Чингиз (ашкашро пок карда). Хуб шудааст, ҷонакам, хуб шудааст!..

Бибисоро (базӯр табассум карда). Ачинов, ягон чиз навишта истодаӣ?

Чингиз (худро ба даст мегирад). Ҳа-а… Кӯшиш мекунам бинависам…

Бибисоро. Навис, ҷонам!.. Навис!.. (баъди сукут) Ҳар қадар мушкил ҳам бошад, навис!.. Майлаш, Ачинов?

Чингиз (аз гиря худдорӣ карда). Менависам!.. Албатта, менависам!..

Бибисоро (базӯр табассум карда). Ёд дорӣ, Ачинов, чих ел бори аввал дар Ленинград вохӯрдем?

Чингиз (ашкашро фурӯ бурда). Ёд дорам, ҷонам, ёд дорам…

Бибисоро. Чи рӯзҳои хуш гузаштанд-а?..

Чингиз (ашкашро нигоҳ дошта). Оре… Вале рӯзҳои хуштар дар пешанд.

Бибисоро (базӯр табассум карда). Медонам, ҷонам, медонам… (Баногоҳ нолиш мекунад.)

Чингиз (ташвишомез). Чи шуд, Бибисоро?

Бибисоро (мекӯшад, ки табассум кунад). Ҳеҷ гап не, ҷонам, ҳеҷ гап не…

Чингиз (пешониашро даст карда). Арақ кардаӣ… (Гиря гулӯгираш мекунад)

Бибисоро (мекӯшад, ки табассум кунад). Ҳа… Ин… Вай… (Сукут) Хафа намешавӣ, Ачинов?

Чингиз. Аз чӣ?

Бибисоро. Ман бояд дорухӯрӣ биравам.

Чингиз (ашкашро нигоҳ дошта). Чи ҷои хафагӣ? Албатта, ҷонам, бирав, доруҳоятро бихӯр…

(Чингиз, Бибисороро гуселонда, бармегардад. Ва ба ҷое, ки лаҳзае пеш ҳамроҳ менишастанд, нишаста, мегиряд.)

Чингиз (гирён). Не!.. Не!.. Не!..

(Ашк дар гулӯ дурудароз мешинад. Пас, аз ҷо мехезад ва, ҳар замон ба пас нигариста, ашкрезон меравад.)

Саҳнаи сездаҳум

Асал. 11 майи соли 1973, баъди бемории тӯлонии бедаво балеринаи бузурги қирғиз Бибисоро Бейшеналиева аз олам даргузашт. Вафоти ӯ барои халқи қирғиз талафоти бузурге буд. (Сукут)

Аз субҳи содиқ, барои видоъ бо ҳунарманди писандидааш сели мардум равон буду равон.

(Театри опера ва балет. Дар фойе тобути марҳум гузошта шудааст. Пайваста мусиқии мотам садо медиҳад. Дар пешсаҳна – Чингиз Айтматови саропо сиёҳпӯш, ки аз гиря чашмонаш варам кардаанд. Касеро пайхас накарда, талх мегиряд ӯ. Тошмат Эшматов ва Олмахон, ин тараф-  он тараф равон, ба ӯ менигаранд.)

Тошмат Эшматов (бо сараш ишора карда). Дидӣ?

Олмахон. Дидам. Бояд шарм медошт, атроф – пури одамон, охир. Чӣ мегӯяд мардум? Аҳли оилааш, наздиконаш чӣ мегӯянд? Дар ин бора фикр ҳам намекунад, аз афташ.

Тошмат Эшматов (бо танаффур). Аблаҳ!.. Миллион бор сахттар ҳам ошиқ бошӣ, аз дарди ишқ бимирӣ ҳам, ин хел мумкин не, одамон нигоҳ доранд. Гӯё дар мотами занаш нишаста бошад (сукути кӯтоҳ). Акнун фаҳмидӣ?

Олмахон. Чиро?

Тошмат Эшматов. Аз худ рафтан даркор не, ки худо нишон медиҳад. Оқибат бояд ҳамин хел мешуд. Зеро чунон мегаштанд, ки гӯё дар тамоми дунё танҳо онҳо ошиқанд. Лайливу Маҷнуни сонӣ!

Олмахон. Таъна накун.

Тошмат Эшматов. Ту чӣ ҳимояашон мекунӣ, гӯё додару хоҳарат бошанд?

Олмахон (бо нафрат). Ором шав. Ягон кас аз бало эмин нест. Ин рӯз ба сари ҳар кас омада метавонад. Банохост ман бимирам, чӣ?

Тошмат Эшматов. Муносибати ману ту – чизи дигар аст.

Олмахон. (ҳайрон). Чӣ хел?

Тошмат Эшматов. Муносибати ману ту дигар аст, охир.

Олмахон. Нафаҳмида истодаам.

Тошмат Эшматов. Ин дафъа, ки омадам, мефаҳмонам.

Олмахон. Хуб.

(Ба як ҷониб меравад, Тошмат ба Чингиз наздик мешавад.)

Тошмат Эшматов (чеҳраашро ҳазин гирифта). Чингиз-ака! Чӣ боистеъдод буд! Дили кас пора мешавад!

(Чингиз, ки гирён аст, Тошматро намешунавад, оҳиста сӯи тобути Бибисоро меравад.)

Тошмат Эшматов (бо хашм). Палид!

(Дар ин вақт Ҳасан Ҳусейнов ва Эшмат Тошматов, аз тобут дур шуда, ба пешсаҳна меоянд.)

Ҳасан Ҳусейнов (Чингизро бо нигоҳ гуселонда). Ӯро бинед-а! Ягон кас нест, оромаш кунад…

Эшматов Тошматов (худро андӯҳгин вонамуда, сар меҷунбонад). Бо ин аҳвол ҳамаи моро шарманда мекунад ин журналист. Шарму ҳаёро гум кардааст.

Тошмат Эшматов (кинояомез). Чӣ илоҷ, дӯст медошт.

Эшмат Тошматов (оташин). Хайр, чӣ? (Сукути кӯтоҳ). Ё нависандаи машҳур шуда, дигар одамонро ҳам намебинад?

Тошмат Эшматов (тамаллуқкорона). Адибони машҳур аз ин дунёи фонӣ набудаанд, Эш-ака. Агар ба ҷои ӯ мо, бандагони хокӣ мешудем, Ҳасан Ҳусейнович гардамонро мебаровард. Адибони машҳур дастнорас мешудаанд. Ҳама кор мумкинашон будааст.

Ҳасан Ҳусейнов (оташин). Чӣ бояд кард акнун, ягон кас оромаш мекунад ё не?

Эшмат Тошматов. Агар СеКа ягон кор карда натавонад…

Ҳасан Ҳусейнов (базӯр худдорӣ намуда). Ягон нафаратон равед, оромаш кунед.

Тошмат Эшматов. Тавре ки Эшмат Тошматов гуфтанд, ин кор аз дасти СеКа наояд, аз дасти мо намеояд. Анна, ҳамин хел, Ҳасан Ҳусейнович, худатон нозпарвард кардед, бало бардоштед, акнун як даҳон гап зада наметавонед.

Эшмат Тошматов. Дуруст мегӯяд ин бача. Беҳуда дастгирӣ кардед журналистро. (Бо сараш ба сӯи Чингиз ишора карда) Ана, ҳосили ҷидду ҷаҳдатон.

Тошмат Эшматов (ризомандона сар меҷунбонад). Оре, журналист… шумо комилан дуруст гуфтед! Мо, нависандаҳо, Ҳасан Ҳусейнович, кӣ будани Айтматовро хуб медонем. Ба як нохуни баъзе нависандаҳоямон намеарзад ӯ ва ин шӯҳрати арзонро маҳз бо ёрии шумо ба даст овардааст. Асарҳояшро бинед – мавзӯъҳои майда-чайда, эҳсосоти ночизи инсонӣ. Барои чи дар бораи деҳқонони колхозҳову коргарони заводу фабрикаҳо наменависад? Барои он ки ақлаш намегирад. Баъд – менависад дар бораи Ким-кадом ҷамилаҳо. Мебахшед, Ҳасан Ҳусейнович, ман диламро холӣ кардам. Дер боз дар ин хусус гуфтан мехостам…

Ҳасан Ҳусейнов (навмедона). Рафтем, ягон кор кунем. (Ҳарсе сӯи тобути Бибисоро мераванд. Баъди чанде Чингиз бо чашмони ашкбор ба пешсаҳна меояд ва, ба сели беохири одамӣ нигариста, карахт мешавад)

Чингиз (худ ба худ). Гашт хомӯш нури чашмонам,

                                   Бедаво дард дар дилам ҷо шуд,

                                   Шуд тиҳӣ олами дилу ҷонам,

                                   Дилу ҷонам тиҳӣ аз ово шуд.

                                   Эй диламро чу раҳнамо ахтар,

                                   Бо чунин дард чун кунам тамкин,

                                   Шудӣ хомӯш ҷовидон дигар,

                                   Чӣ маро медиҳад дигар таскин?!

Мешунавӣ маро, ҷонам? Ин чӣ рӯз? Ин чӣ савдо? Бовар намекунам! Бовар намекунам! Акнун бе офтоби рӯи ту, бе зангӯлаи садои ту, бе обшори   хандаҳои ту чӣ хел зиндагӣ кунам?! Чӣ хел?!

Саҳнаи чордаҳум

Ба ҷои анҷом

Айтматов ва Асал.

Чингиз. Хонда тамом кардӣ, духтарам?

Асал. Оре, устод.

(Сукути кӯтоҳ)

Чингиз. Ҳа-а, бисёр қиссаи ғамангез.

(Сукут).

Асал. Қиссаи ишқи поку беғубор, вале фоҷиавӣ.

(Сукут)

Чингиз. Рафтем, духтарам, бевақт шуд. Биё, гуселат кунам.

(Лаб-лаби дарё мераванд. Дар он ҷо, дар дуродур, дар мобайни кӯл, тимсоле, гоҳ ба қӯ табдил ёфтаву гоҳ ба зани зебое, ба ким-куҷо шино мекунад)

Декабри 1998 – майи 1999

Жаниш ҚУЛМАМБЕТОВ

ЧИНГИЗ ВА БИБИСОРО

(Драма иборат аз ду қисм)

Тарҷумаи Низом ҚОСИМ

Email: nizom_kosim@mail.ru

 

«Зане, ки зиндагии маро мунаввар намуд,

ситораи санъати қирғиз Бибисоро Бейшеналиева буд.»

Чингиз Айтматов

Амал мекунанд:

Чингиз

Бибисоро

Эшмат Тошматов – нависанда

Тошмат Эшматов – нависанда

Ҳасан Ҳусейнов – роҳбари ҳизбӣ

Олмахон

Асал

Қисми якум

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …