Главная / Гуногун / БАРФИ ОХИРИН (қисса)

БАРФИ ОХИРИН (қисса)

Тирамоҳ омаду аз барги сабз нахуст зарра–зарра оби рўяшро дуздид, баъд ранги ҷаззобиашро зард гардонд. Инак он симои дилрабо ҳузн меангехт; эҳсос мекард, ки ба анвори офтоби оламтоб шояд охирин бор ғарқ мегардад… Ва ана, боди сард вазид. Барги сабз ҳаросону қариб беҷон ларзид–ларзиду аз бари шохча канда шуд. Лекин то даме ба хоки раҳ барнахўрд, дуруст нафаҳмид – боло буд, поин омад, акнун мўрча ҳам, кўдакон ҳам, пиру барно ҳам бепарво пахш карда мегузаранд, касе ба зери пояш наменигарад садои ҷонкоҳи баргро намешунавад, гўё нест вай, таҳтан вуҷуд надорад… Ниҳоят сари субҳ зане кўча рўфт, ба рўи барг низ ҷорўб кашид. Ҷорўб кашиду ба хокрўба омехт ва ҳамаро дар лаби ҷўе ҷамъ оварда оташ зад. Барг месўхт, бо олам дуд мекард. Балки мегирист бесадо, печутоб мехўрду менолид, ки ҳатто умри хазонаш низ ба анҷом расид.

barfЎ рост истода, ҳукмномаро сокиту ором шунид, оби хиҷолат ба рўяш надавид, ҳатто мижжа назад. Хешутабори ҷабрдида аз ҷазо қаноатманд будани худро зоҳир намуда, қарсак заданд. Бо вуҷуди ин гунаҳкор устувор монд, ваҷоҳаташ тағйир нахўрд, рангаш напарид. Тавре, ки пештар тасаввур дошт, ҳатто зонуҳояш наларзиданд.

Судя – зани қоматбаланди маҳтобрўй ва нигоҳаш ҷиддӣ пас аз он ки қироати ҳукмномаро ба охир расонд, лаҳзае таваққуф карда, як–як ба сўи ҳозирон назар афканду иловаи маъмулро ёдрас намуд.

– Даъво кардан хоҳед, дар давоми ҳафт рўз ариза нависед.

Ин нуқта низ пинаки шахси муттаҳамро вайрон накард. Вай ҳанўз ҳам қоматаш нашикаста, дар оинаҳои покизаи тирезаи толори сард ва якранги мурофиа ба дуродур, ба кўҳсори қуллаҳояш барфпўш менигарист. Менигаристу фикр мекард, – ўро аз ҳуқуқи мазкур ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз касе маҳрум сохта наметавонад; фикр мекард, ки тўли умри чилсолааш боре ҳам ба қуллаи кўҳи баландиаш ақалан ду–се ҳазор метр набаромадааст, аз ин рў намедонист ҳавои он ҷойҳо ба кадом ҳад тозаву беғубор бошад. Боз андешид, ҳайратовар тофт, ки баъди шунидани ҳукмнома низ ў ба чунин иқдом қодир аст; андешид на тулўи офтобро мушоҳида кардааст, на ғурубашро. Ҳеҷ намедонист, ки тулўъ ва ғуруб дар зебоиву назокат ва асрорангезиву рангорангии хеш ба ҳам дар як мақом қарор доранд. Бояд ҳамин тавр бошад, хулоса баровард ў. Шояд ҳазорҳо, миллионҳо одамон, ки ҳар яке аз ин имконияти оддӣ бархурдоранд, ҳавову ҳавсалаи кўҳбароӣ намекунанд. Пас аз кайфияти тамошои манзараҳои нотакрори он бехабаранд. Вале ҳоло ў худро як тан аз ҳамон миллионҳо ва истисно медонист. Акнун дер шуд. Аз ин ҷиҳат бепарвоии худро боиси таассуф пиндошт…

Аз тиреза чашм канда, пай бурд, ки охирин тамошогарону шавқмандони мурофиа аз толор берун мешаванд. Ва сарашро андак хам кард. Сипас ба ҷониби судя назар давонд. Он зани зебо дар ҷояш нишаста, дасти росташро ба манаҳаш такя монда, хаёломез ба ў менигарист. Нигоҳаш зоҳиран хунсард… вале аён буд, ё ба назараш чунин намуд, ки хоҳ–нохоҳ дилаш ба маҳкум месўзад. Вай табассум кард, гўё дар озодӣ бошад, гўё навакак ҳукмномаи каси дигарро мехонданд. Воқеан, табассум кардан низ ҳаққи дахлнопазири ў ҳисоб меёфт. Лекин… тазоди аҷиби зиндагиро дарёфт, табассумаш ҳам аз ин хотир буд… «Худкардаро даво нест, ман бегуфтугў гунаҳкорам, ягон хел гузаштро чашмдор набудам. Ботинан омодаи сахттарин ҷазо меистодам. Вале гумон надоштам, ки чунин офаридаи дилрабо маро ба ҷазои олӣ гирифтор месозад. Мефаҳмам, ҳолӣ ҳозир тавонам мерасад ба донистан, ки ҷомеаи инсонӣ ўро вазифадор кардааст. Бо вуҷуди ин ангушти ҳайрат мегазам».

– Баред маҳкумшударо! – аз ҷой хеста, амр дод зан ва хаёлоти марди муттаҳам қатъ гардид.

– Оҳ, рўям сиёҳ шуд, – фиғон кашида, таркид модараш ва худро ба рўи фарши толор партофт. – Наход ман ба ҳамин умед, ба хотири ҳамин рўзи сиёҳ ба ту шири сафед дода, шабҳо дар сари гаҳвораат алла мехондам… Охир, ману падарат ба касе ганда нигоҳ кардагӣ одам набудем, на рўз қарор доштем, на шаб… Каланд мезадем, хишова мекардем, пахта мечидем, ки шикаматон сер бошаду танатон обод. Ғўзапоя ҷамъ меовардем, ки зимистон хунук нахўред, аз мазаи обу нон ҳаловат баред… Кирмак дошта, пилла мерўёндем, зардолу мехушкондем, ки чор танга пасандоз шавад… Магар он рўзҳоро фаромўш кардӣ?.. Ман аз аввал ба гўрсўхта бизнесат розӣ набудам, лекин гапамро писанд накардӣ. Оқибат ҳирси пулу мол хонаатро сўзонд, обрўямонро барбод дод, оилаат зиндаҷудо гашт… Э хок бар сарам, мушт барин фарзандро ба воя расонию вай одам кушад, бистари бегуноҳонро сўзад, аз дину имонаш маҳрум шавад… Чаро замини сиёҳ намекашад, ки ман фурў равам?.. Ақаллан ба номи нек мемурдӣ, тоқат мекардам… Ин чӣ шармандагӣ… Бигў, Қурбони гўрсўхта, бигў –ман ба чашми фарзандонат, ба рўи одамон, шиносу бегонаҳо, хешу табор, аҳли маҳалла, умуман ба рўи мардуми олам чӣ хел нигоҳ кунам… Эҳ, кош, кош кўр мебудам… Ин чӣ номаъқулӣ, ки ту кардӣ… Ё бозори ҷони одамӣ арзон шудааст?.. Товони ятимакҳои он зани берўзию марди бетолеъро кӣ медиҳад?.. Э вой, кош назоида мемурдам…

* * *

… Хатнатўи писари хурдии Саидбои ошпаз ба авҷи аълояш мерасид; тўйбазм буд. Аҳли гузар – пиру барно дар болои кату сари мизҳои дарози тахтагин нишаста, чақ–чақ мекарданд, нону намак мехўрданд; аксар шароб менўшиданд. Осмон соф буд, барфи ғафси се рўз қабл борида дар зери пой ғарч–ғарч садо мебаровард. Баъде ки мусиқачиён асбобҳои худро ҷўр карданд, Кали Мансури буққа, ки дар масхарабозӣ низ устухон надошт, якҷоя бо шогирдаш ба карнайкашӣ даромад. Одатан базми ин гуна маҳфилҳо дер – дар торикии комил шурўъ шуда, то аз шаб як–ду пос гузаштан, идома меёфт. Садои карнай чун анъана аз оғози базм дарак медод.

Ҳаво сард буд. Бинобар ин ходими дастархон усто Иброҳимҷон, ки марди миёнақади чусту чолок буд, ба ману боз ду–се нафар ҳамсолонам фармуд, ки аз пушти оғил ҳезуми хушк биёрем. Мо се банд ғўзапояи нимпўсида оварда, дар мобайни рақсгоҳи базм сар ба сар мондем. Усто Иброҳимҷон аз таги ғўзапоя коғазпораҳо гузошта, ҷо–ҷо аз шиша карасин рехт ва гўгирд зад. Ҳезум андак дуд карда, забонаҳои гулхан нав ба ҷасту хез медаромаданд, ки гуфт:

– Набераҳои амакаш, ин ҳезуматон фақат пешдаргирон шуд. Мо, охир, кундабазм оростанӣ. Ҳамин хел ки бошад, равед, ҳезуми сахт биёред.

Ин дафъа мо аз кунҷи оғил каллакҳои қоқи тут ва се–чор ғўлаи аррадидаи зардолу оварда, ба оташгоҳ партофтем. Усто ба ҳар якамон кулчаву қанд ва яксарӣ ангури тойфӣ дод.

– Хизмати шумоён ҳамин, ки базмамон то охир гарм бошад. Фаҳмидед?

Мо баробар сар ҷундондем. Чунки даҳонамон пур аз қанду кулча буд. Мардҳо масту ҳушёр омехта рақс мекарданд, баъзеҳо аз болои гулхан меҷаҳиданд, ба дараҷае, ки қариб домани ҷома ё палтояшон месўхт. Ман аз тамошо лаззат гирифта, низ хоҳишам ҷўшид, ки арғушт равам, вале аз чӣ бошад, шарму истиҳола домангир шуданд.

Гумон доштам, ки агар ба рақс дароям, ҳама ба ман менигаранд ва шояд «рақсашро бинед–а!» – гўён механданд. Фурсате баъд супориши усто, ки падарамро хуб мешинохт, ба ёдам омаду аз паи ҳезум рафтам. Як чўби дароз ва … гаҳвораи аз афташ солиёни зиёд таҳи чангу ғубор хобидаро берун кашидам ва ҳардуро оварда, ба коми оташ андохтам. Рости гап, касе кордор нашуд, ҳатто эътибор ҳам надод. Ман аз ташаббуси худ хушнуду баифтихор меистодам, ки ду ваҷаб сари гаҳвора сўхтан пас овози усторо шунидам:

– Оҳо–ҳо–о! Бачаро кор фармою аз пасаш дав! Ин гаҳвораро кӣ овард?

– Ман! – гуфтам, ҳанўз мақсадашро пай набурда.

– О кадом бекалла гаҳвораро оташ задаст, ки ту оташ занӣ–а?! Якбора хонаи чанд каса сўхтӣ–ку…

Ҳамон шаб воқеаро ба модарам нақл кардам.

– Усто рост гуфтаанд, гаҳвораро сўзондан хосияти хуб надорад, писарам. Афсўс…

* * *

Модарам сархам менишаст. Дуздида–дуздида ба чеҳрааш менигаристаму хориам меомад… Аз бинои сарди маҳкама маро берун оварданд. Гурўҳи одамон ҳанўз дар саҳни ҳавлӣ истода, шояд ҷараёни мурофиаро муҳокима доштанд. Онҳо яке раҳмомез, дигаре бо нафрат, саввумӣ кунҷковона чашм давонда, ором гузаштани маро назора мекарданд. Ба вазъи ман, ба афту андомам баҳо доданд, – намедонам. Вале медонам, ки дери дераш то бегоҳ, ҷудо ҳиммат кунанд, пас аз дар муҳити оила қисса кушодан, маро мутлақо фаромўш месозанд. Ва ин табиист.

– Гўшти хар, дандони саг! – дод зад касе.

Ман гоҳ ба зери по – то ҳангоми аз зинапоя фаромадан мабодо афтам, – гоҳ ба сўи посбонҳо менигаристам. Дар миёни анбўҳи мардум дигар касеро аз пайвандон, хешу табор, ё худ ёру ошно надидам. Шояд аз мурофиа хабар надоранд. Балки аз кирдори ман шармашон омада бошад. То дари мошини милиса, ки маро ба ҳабсхона мебарад, нўҳуним қадам будааст. Қабл аз ворид гаштан ба посбони калон қадре илтиҷоомез нигаристам. Гуфт:

– Чӣ истодаӣ? Савор шав!

– Иҷозат ҳаст ба осмон нигоҳ кунам?

– Чӣ?! Аллакай девона шудӣ?

Сар бардоштам. Осмони нилгун пок буд, офтоб бо виқор ба сари одамон, ҳатто ба ман ҳам нурафшонӣ мекард. Э кош, соҳиби болҳо мебудаму тавонои парвоз медоштам… Он гоҳ аз кулли қонунҳое, ки фарзанди инсон бофтааст, зуд рўй тофта, мепаридам ба само, ба офтоб. Мепаридам қатъи назар аз ғаму андўҳам, тарсу ваҳмам, накўтолеиву бори бадбахтиҳоям, дилсўзиву бераҳмиҳоям, одамиву нокасиҳоям, бо ҳама гуноҳҳоям… Мепаридам… На барои он ки аз ҷазои олии адолат раҳоӣ ёбам, балки дар гармои беамсоли офтоб… бисўзам. Ва аз ман нишоне, аз хокистарам ақаллан заррае боқӣ намонад. Дар пеши офтоб, албатта, ҳеҷам. Бо вуҷуди ин палиду нобакор гуфта, оё вай аз ман ҳазар намекарда бошад?..

– Рафтем! – тела дод посбон.

Ноилоҷ ба амраш сар фуруд овардам. Дохили мошин андак торик тофт. Эҳсос намудам, ки офтобро гум кардаам. Акнун якумрӣ. Ман инро аниқ медонам. Маро гўё саропо барқ зад, банд–банди устухонамро ларзонд. Дигар маҳтали мўъҷиза намешавам.

Дари оҳанини ҳуҷраи ҳабсхона аз пуштам вазнин пўшида шуд. То ҳоло бояду шояд дарк карда наметавонам, ки ба ман ҳафт шабу ҳафт рўз фурсати зиндагӣ додаанд. Ҳафт шабу ҳафт рўзи ниҳоят зудгузар ва бағоят тўлонӣ. Қисмати дуюми умрам пас аз қироати ҳукмнома шурўъ ёфт. Акнун ман озодам. Интизориҳо паси сар шуданд. Оқибат ба манзили ниҳонӣ мерасам.

* * *

Ба назари писарак саҳро беҳадду канор менамуд. Ҳар як гардиши ҷўйбор, канали беобу заҳбурҳо, ҳар қадам аз воти заминҳо, ҳар тутқатору зардолузор… ниҳоят, буттаҳои гирду атроф ошно ва азиз метофтанд. Дар чорсуи ин ҳомун ба ҷуз ў дигар касе ё мавҷудоти ғайре ҳузур надошт. Вале писарак эҳсоси танҳоӣ намекард. Баръакс, аз рангу накҳати зебоию покӣ хушнуд ва сармаст буд, ба ваҷд омада, дастонашро чун болҳои бақуввати шоҳин ба ду ҷониб ёзонда, чарх мезад, нидои самимии шодмониаш ба атрофу акноф мавҷзанон танинандоз мегардид:

– Оҳо–о–о–о–о…

Садояш ба дўши кўҳҳои дар дуродур мақом густурда, ба синаи абрҳои равшан бархўрда, аксандоз мешуданд. Аммо вай инро намешунид. Чунки ба сараш парҳои беҳисоб бориданд, парҳои нуқрафоми сабук, мисли барфреза… Писарак кафи дастонашро ба ҳам оварда, тарзе, ки оби мусаффои обшорро мегирифт, онҳоро доштан мехост.

Дилаш моломоли нишот буд, дар ниёзи шеър гуфтан ё тарона сароидан метапид. Ба дараҷае, ки мақсади ба саҳро омаданашро гўё бод дуздида мебурд. Ҳол он ки модар ўро барои ҳезум равона кардааст…

Пиразан дар суфаи рўи ҳавлӣ, дар равшании нурҳои пурҷилои офтоб нишаста, ба либосҳои кўҳна якта–якта дарбеҳ мезад.

Писарак сару либосашро афшонда, аз чангу ғубор озод шуда, дасту рўй шуст. Сипас зери лаб ғазалеро замзамакунон ба кулбаи деворҳояш похсагин даромад. Ва аз он ҷо бурдаи калони фатир ва косаи оби сард дар даст берун шуда, назди бибиаш омада нишаст. Нонро ба об андохт ва гуфт:

– Бибиҷон, ягон қисса кунед, аз ҳамон қиссаҳои ҳазору як шаб…

– Гўр қиссаҳои бибиат шаванд. Хамааш афсонаҳои бофта. Ба ту ошу нон намедиҳанд, – ба кампир имкони сухан надода, овоз баровард модараш, ки байни гову гўсфандон ҷунбуҷул дошт. – Беҳтараш нонатро хўру ҳезумчинӣ рав…

– Нав як банди калон овардаму…

Писарак лаб газид.

– Бекор бошӣ, боз рафта биё, зарар надорад, – аз гуфтаи худ намонд модар.

Пиразан айнакашро дуруст карда, ба сўрохи сўзан ришта мегузаронд.

– Қиссаҳо, албатта, намехўронанд, намепўшонанд – гуфт ў, – аммо донед, ба гўшатон ҳалқа кунед, ки рўҳи одамро бараҳна намедоранд, ба гардиш, ба парвоз меоранд. Ин аниқ.

Модари писарак паст омадан намехост:

– Ҳамин афсонаҳо мағзашро гиҷ карданд, ки акнун дар дил орзуи моро партофта рафтан дорад.

– Орзу дар ҷавонӣ айб нест, гуфтаанд одамини қадим, – мулоҳиза ронд пиразан.

– Ҳаждаҳ сол аст, ки ман келини хонадони шумо. Тўли ин қадар вақт ҳурмати шумо аз ҳама боло буд. Ва ҳаст…

– Лаҷоми гапро ба дигар тараф набаред, духтарам. Беҳтар аст ояндаи писаратонро фикр кунем. Ин як иқдоми оддӣ, шояд оддитар чизе набошад…

– Ман ҳаргиз розӣ шуда наметавонам. Агар шавҳарам зинда мебуданд, ҳоҷат намемонд ба ин баҳсу талош…

Писарак нонашро хўрда, ҳоло андармони гуфтугузори бибиву модараш менишаст. «Ҳа, модарам рост мегўяд. Раҳматӣ падарам гаштаву баргашта таъкид мекарданд: агар воқеан ҳам ҳалолу басомон хондан аз дастат ояд, ман ҳеҷ чизро дареғ намедорам. Охирин дороиямро мефурўшаму осуда хондани туро таъмин мекунам…»

Пиразан лаҳзае ба хаёл рафт.

– Шавҳарам дар айёми қаҳтию қиматӣ аз падарашон чордаҳсола монда, дар ҳамон синну сол муттакои додари ҳанўз кўдаку модари танҳо мешаванд, бори зиндагиро ба гардан мегиранд…

– Ҳамон вазъият бо гардиши фалак имрўз ба сари набераатон омадааст. О худатон як тасаввур кунед! Ман тифли ширмак дар дастам ба куҷо мерасам?.. Аз паи кадом ташвиши рўзгор мешавам?

– Худоро шукр, ман ҳоло аз мадор намондаам–ку, дасту поям бутун…

– Не гуфтам, не! Ҳатто хоҷаи Хизр омада талаб кунад ҳам, аз раъям намегардам…

Модар қаҳрашро фурў нишонда натавониста, худро ба даруни кулбаи нимторик зад. Ва аз он ҷо китоб дар даст берун омад.

– Бе ҳамин сабилмонда рўзаш мегузарад, як бурда–ним бурда нонашро ҳам меёбад.

Ва дарронд… Китоб варақ–варақ дар рўи ҳавлии пурчангу хок парешон гашт.

pdfПиразан аз дўхтан бозмонд, чашмони камнураш маҳзун шуда, аз суфа оҳиста ва мутаҳаййир фаромад. Бо сари хаму қомати камон чанд варақи парешонро бардошт. Дидагонаш ашколуд гаштанд. Наберааш ҳарфе нагуфта, ба кўмакаш расид. Саҳифаҳои китобро чиданду даме, ки пиразан рост шуд, писарак ба пушти ангушт қатрае аз ашки бибиашро пок кард. Пиразан якҷоя бо варақҳои канда набераашро бо дастони ларзон ба оғўш кашид, аз пешониаш бўсид ва сарашро хомўш сила кард.

Келин дар рўи хок ҳайрон менишаст.

Ба пурраги борбардор намудани ин қисса  PDF >>>

Инчунин кобед

namoz

Намози иди Рамазон

Хондани намози идонаи моҳи шарифи Рамазон, воҷиб буда беҳтар аз суннат мебошад вале аз фарз поёнтар …