ГИПОГЛИКЕМИЯ (Hypoglycaemia; аз гипо…, юн. glykys – ширин ва haima – хун), кам шудани миқдори глюкоза дар хун. Миқдори мӯътадили глюкоза дар хуни одами калон 60 – 100 мг/100 мл (3,33 – 5,55 ммол/л) аст. Г. дар одамони солим ҳангоми кори вазнини ҷисмонӣ ва бардавом рух менамояд. Ҳамчун аломати маризӣ …
Муфассал »Архивы за год: 2018
ГИПОГОНАДИЗМ
ГИПОГОНАДИЗМ (Hypogonadismus; аз гипо…, лот. gonas, gonadis – ғадуди ҷинсӣ), гипогенитализм, ҳолати маризие, ки дар натиҷаи нуқси фаъолияти ғадудҳои ҷинсӣ ва кам шудани тарашшӯҳи усораи гормонҳои таносул ба вуҷуд меояд. Ҳангоми Г. узвҳои таносул аз инкишоф монда, аломатҳои ҷинсии дуюмин дуруст падид намеоянд. Г. якумин ва дуюмин мешавад. Г.-и якумин …
Муфассал »ГИПОДИНАМИЯ
ГИПОДИНАМИЯ (Hypodynamia), камҳаракатӣ, фаъолияти нокифояи мушакҳо, ки бинобар паст шудани фаъолияти ҷисмонии одам (гипокинезия) рух менамояд. Г. дар натиҷаи камҳаракатӣ ба вуҷуд меояд. Дар мактаббачагон бенизомии зиндагӣ ва иҷрои вазифаи хонагии аз ҳад зиёд (дар натиҷа барои сайру гашт, бозӣ ва варзиш вақт кам мемонад) боиси Г. мегарданд. Г. дар …
Муфассал »ГИПОКАПНИЯ
ГИПОКАПНИЯ (Hypocapnia; аз гипо… ва юн. kapnos – дуд), шиддати сусти гази карбонат дар хуни шараёнӣ бинобар аз организм бисёр хориҷ шудани он. Г., одатан, дар натиҷаи гипервинтелятсияи шуш, мас., ҳангоми осеби узвии мағзи сар ва талафи хун рух менамояд. Аломати асосии он чарх задани сар ва баъзан беҳуш шудан …
Муфассал »ГИПОКСИЯ
ГИПОКСИЯ (Hypoxia; аз гипо… ва лот. ox ygenium – оксиген), камоксигенӣ, ҳолатеро гӯянд, ки дар мавриди бо оксиген пурра таъмин нашудани бофтаҳои организм ё ихтилоли ҷаббиши он дар бофтаҳо ба вуҷуд меояд. Г. метавонад боиси сар задани бемориҳои гуногун шавад. Мувофиқи тасаввуроти ҳозира Г.-и кӯтоҳмуддат имкон дорад дар организми сиҳат …
Муфассал »ГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН
ГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН (Hypoxia fetus), ҳолати маризие, ки бинобар бо оксиген пурра таъмин нашудани бофтаю узвҳои тифли батн ба вуҷуд меояд. Г. шадид ва музмин мешавад. Г.-и шадид ҳангоми таваллуд (дар натиҷаи нуқси зоимон, афтодан ё фишор хӯрдани ноф, дар ҷавфи коси хурд муддати зиёд дармондани сари тифл), баъзан дар …
Муфассал »ГИПОПАРАТИРЕОЗ
ГИПОПАРАТИРЕОЗ (Hypoparathireosis), гипопаратироз, беморие, ки бинобар дар организм кам ҳосил шудани гормони паратирин (гормони ғадуди наздсипаршакл) инкишоф меёбад. Г. дар мавриди нисбати гормони мазкур гум шудани ҳассосияти ретсепторҳо низ ба вуҷуд меояд. Ба пайдоиши Г. илтиҳоб ва бинобар осеби гардан хуншор шудани ғадуди наздсипаршакл, заҳролудӣ аз стрихнин, сурб, оксиди карбон, …
Муфассал »ГИПОПЛАЗИЯ
ГИПОПЛАЗИЯ (Hypoplasia; гипо… ва plasis – ташаккул ёфтан, ҳосил шудан), гипогенезия, инкишоф наёфтани модарзодии бофта, узв, қисми бадан. Сабаби Г. бисёр омилҳое мебошанд, ки ба сабзиши тифл таъсири номусоид мерасонанд, мас., бемориҳои модар, гипоксия, заҳролудии алкоголӣ ва ғ. Ниг. низ Нуқси инкишоф.
Муфассал »ГИПОПРОТЕИНЕМИЯ
ГИПОПРОТЕИНЕМИЯ (Hypoproteinaemia; аз гипо…, протеин ва haima – хун), кам шудани миқдори сафедаҳо дар зардоби хун. Г. ду навъ – нисбӣ ва мутлақ мешавад. Г.-и нисбӣ, одатан, ба зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои хун вобаста аст. Он дар мавридҳои зерин дучор меояд: ошомидани оби бисёр («заҳролудӣ аз об»); анурия …
Муфассал »ГИПОСПАДИЯ
ГИПОСПАДИЯ (Hypospadia; аз гипо… ва юн. spao – ёзонидан, кандан), нуқси инкишоф, ки дар мавриди он девораи поёнии найчаи пешоббарор қисман вуҷуд надорад. Г. фақат дар ҷинси мард ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи баъзе маълумот ба Г. аз 200 – 500 наф. навзодон як нафар гирифтор аст. Ҳангоми Г. сӯрохи беруни …
Муфассал »