Главная / Илм / ГИПОПРОТЕИНЕМИЯ

ГИПОПРОТЕИНЕМИЯ

gipoproteinemiyaГИПОПРОТЕИНЕМИЯ (Hypoproteinaemia; аз гипо…, протеин ва haima – хун), кам шудани миқдори сафедаҳо дар зардоби хун. Г. ду навъ – нисбӣ ва мутлақ мешавад. Г.-и нисбӣ, одатан, ба зиёд шудани ҳаҷми об дар маҷрои хун вобаста аст. Он дар мавридҳои зерин дучор меояд: ошомидани оби бисёр («заҳролудӣ аз об»); анурия (қатъ шудани ихроҷи пешоб); олигурия (кам гаштани ихроҷи пешоб); ба вена тазриқ намудани миқдори зиёди маҳлули глюкоза дар ашхоси гирифтори нуқси гурда; дар хун бисёр будани гормони зидди диурез – гормони гипоталамус, ки садди роҳи аз организм хориҷ гаштани об мешавад. Сабаби Г.-и мутлақ, одатан, гипоалбуминемия аст. Ҳангоми ин миқдори сафеда дар таркиби зардоби хун бо чунин сабабҳо кам мешавад: ба миқдори кофӣ ба организм ворид нашудани сафеда (гуруснагӣ, камиштиҳоӣ, танг будани сурхрӯда, ихтилоли кори меъдаю рӯдаҳо, мас., энтерит, энтероколит ва ғ.); бинобар бемориҳои ҷигар ҳосил нашудани сафеда (гепатитҳо, сиррози ҷигар, заҳролудӣ, атрофияи ҷигар); ихтилоли модарзодии ҳосил шудани баъзе сафедаҳо (албуминемия, бемории Вилсон-Коновалов); таҷзияи барзиёди сафеда дар организм (омоси саратонӣ, сӯхтагӣ, тиреотоксикоз, ҷарроҳӣ, табларзаи бардавом, истифодаи зиёди кортикостероидҳо). Миқдори сафедаи зардоби хун дар мавридҳои дигар низ метавонад кам шавад, мас., ҳангоми кори ҷисмонии вазнин, ҳамл ва синамаконӣ (дар занҳо) ва ғ.
Ад.: Березов Т.Т., Коровкин Б.Ф., Биологическая химия, М., 1990; Долгов В.В., Шевченко О.П., Лабораторная диагностика нарушения обмена белков, М., 1997.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …