Главная / Илм / ГИПОПАРАТИРЕОЗ

ГИПОПАРАТИРЕОЗ

gipoparatireozГИПОПАРАТИРЕОЗ (Hypoparathireosis), гипопаратироз, беморие, ки бинобар дар организм кам ҳосил шудани гормони паратирин (гормони ғадуди наздсипаршакл) инкишоф меёбад. Г. дар мавриди нисбати гормони мазкур гум шудани ҳассосияти ретсепторҳо низ ба вуҷуд меояд. Ба пайдоиши Г. илтиҳоб ва бинобар осеби гардан хуншор шудани ғадуди наздсипаршакл, заҳролудӣ аз стрихнин, сурб, оксиди карбон, гиповитаминози D ҳангоми ҳомилагӣ ва ширмаконӣ, ихтилоли ҷаббиши калтсий дар рӯда, таъсири радиатсия ва ғ. мусоидат мекунанд. Реша давондани омосҳои саратонии ғадуди наздсипаршакл низ боиси Г. мегарданд. Вале дар бештарин ҳолатҳо сабаби Г. амалиёти ҷарроҳӣ дар ғадуди сипаршакл ва диг. узвҳои гардан, ки ҳангоми он тасодуфан ба ғадуди наздсипаршакл осеб расонда мешавад, ба шумор меравад. Хусусан ин дар мавриде рух менамояд, ки агар бинобар маризии саратон ғадуди сипаршакл пурра бурида дур карда шавад.
Ҳангоми Г. дар организм мубодилаи калтсий ва фосфор халал меёбад. Ҷаббиши калтсий дар рӯда ва ихроҷи он аз бофтаҳои устухон суст шуда, миқдори он дар таркиби хун мекоҳад. Ҳамзамон дар таркиб хун миқдори фосфатҳо меафзояд. Бемор аз карахт шудани дасту по, мӯрчадаваки пӯст, тасфидани андомҳои боло ва поён шикоят мекунад; ин ҳама аломатҳо зери таъсири гармӣ, сардӣ, кори ҷисмонӣ, бемориҳои сироятӣ авҷ мегиранд. Бо мурури вақт мушакҳо гирифтори ихтилоҷ (судорога) мешаванд. Агар ихтилоҷ дар чеҳра паҳн гардад, «моҳидаҳонӣ» ва «заҳрханда» ба вуҷуд меояд.
Г.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Дар табобати он парҳез низ аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …