Главная / Илм / ГИПОСПАДИЯ

ГИПОСПАДИЯ

gipospadiyaГИПОСПАДИЯ (Hypospadia; аз гипо… ва юн. spao – ёзонидан, кандан), нуқси инкишоф, ки дар мавриди он девораи поёнии найчаи пешоббарор қисман вуҷуд надорад. Г. фақат дар ҷинси мард ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи баъзе маълумот ба Г. аз 200 – 500 наф. навзодон як нафар гирифтор аст. Ҳангоми Г. сӯрохи беруни роҳи пешоб дар зери узви таносул, дар назди хоя ва ҳатто дар қадкашак ҷойгир аст. Вобаста ба ин се дараҷаи Г.-ро фарқ мекунанд: дараҷаи I – гипоспадияи сараки олоти таносул; дараҷаи II – гипоспадияи олоти таносул; дараҷаи III – гипоспадияи хоя ё хояю қадкашак.
Дар натиҷаи Г. аъзои таносул каҷ мешавад; дар баъзе ҳолатҳо (Г.-ҳои дараҷаи II ва III) он то ҳадде каҷ мегардад, ки бемор наметавонад дуруст пешоб ронад (пешоб пош мехӯрад, ба хоя, ронҳо ва либос мерасад), бинобар ин ӯ фақат нишаста пешоб мекунад. Дар чунин беморон алоқаи ҷинсӣ низ бо душворӣ сурат мегирад. Ҳангоми Г. сӯрохи беруни роҳи пешоб танг мешавад. Дар мавриди Г.-и дараҷаи III бисёр вақт муқаррар кардани ҷинси кӯдак душворӣ пеш меорад, зеро олоти таносул бинобар инкишоф наёфтан, ба назар мисли клитори захим (гипертрофӣ) ва хояи «дукафон» шабеҳи лабҳои фарҷ менамояд. Дар ин гуна ҳолатҳо машварати духтурони мутахассис – урологҳо ва эндокринологҳо ҳатмист.
Зиёда аз 300 усули ислоҳ намудани Г. мавҷуд аст. Г.-и дараҷаи I муолиҷаро тақозо намекунад. Ҳангоми Г.-и дараҷаи II ва III амалиёти ҷарроҳӣ зарур аст. Ҷарроҳии Г. зина ба зина сурат мегирад; мақсад аз он рост кардани олоти таносул ва барқарор сохтани пешоброҳа мебошад. Бино ба маълумоти солҳои охир бисёр мутахассисон аз ҷарроҳии якзинавии Г. ҷонибдорӣ мекунанд. Он имкон медиҳад, ки нуқси олоти таносул дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Яке аз чунин роҳҳои муолиҷа усули S. Salinas мебошад. Афзалиятҳои усули мазкур дар мавриди табобати Г. аз ҷониби олимони ҷумҳурӣ (У. А. Қурбонов, А. А. Давлатов, С. М. Ҷанобилова) исбот шудаанд.
Кӯдакон бояд аз синни 3 – 5-солагӣ ҷарроҳӣ карда шаванд, чунки дар ин синну сол деформатсияи олоти таносул ҳанӯз устувор нест.
Ад.: Лопаткин Н.А., Шевцова И.П., Оперативная урология, М., 1986; Курбанов У.А., Давлатов А.А., Джанобилова С.М., Хирургическое лечение гипоспадии способом Salinas. Дар маҷ. «Паёми Сино», Д., 2009, № 4.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …