Главная / 2018 / August

Архив Месяца: August 2018

Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе

bogi-javonon

Шоми 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, …

Муфассал »

Ҷанҷол дар ҳавопаймои Маскав-Душанбе. “Стюардеса” лат хӯрд

stua

Ҳавопаймое, ки аз Маскав ба самти Душанбе парвоз дошт, баъди ҷанҷоли мусофирон маҷбур шудааст, аз ними роҳ ба қафо баргардад. Ин ҳавопаймои мутааллиқ ба ширкати “Уралские авиалинии” шоми 28-уми август аз фурудгоҳи “Жуковский”-и ба ҳаво бархоста буд. Манобеи хабаргузории “Интерфакс” гуфтаанд, дар ин занозанӣ яке аз меҳмондорон ё стюардесаҳо лат …

Муфассал »

Дуо барои ба манзили максуд овардани инсони саргардон

gumshud

Агар шахсе аз роҳи рост дур гашт ва ё ин ки тавони ташхиси байни хубу бадро надорад, ин оятро 313-маротиба бар обе бихонад ва то он вақт аз он об бинушад, ки ҳолаш сари ҷояш биёяд. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Ва ҳадайноҳума-с-сирота-л-мустақим.[1] [1] Сураи Соффот, ояти 118.

Муфассал »

Дуо барои нуронӣ сохтани қалб ва чеҳра

sar

Агар касе хоҳони ин аст, ки чеҳраву қалбаш нуронӣ гардад, ин оятро рӯзона як маротиба бихонад ва бар худаш бидамад. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Аллоҳу нуру-с-самовоти ва-л-арзи, масалу нуриҳи камишкотин фиҳо мисбоҳун, ал-мисбоҳу фӣ зуҷоҷатин, аз-зуҷоҷату кааннаҳо кавкабун дуррийюн юкаду мин шаҷарати-м-муборакатин зайтунати-л-ло шаркийяти-в-ва ло ғарбийяти- й-якоду зайтуҳо юзиу ва …

Муфассал »

Марди меҳрубон – нахустин видео комикс ба забони тоҷикӣ

komiks

“Навраси гирифтори аутизм ё дархудмондагӣ дар тифлӣ ятим мемонад ва баъди ғарқ шудан дар ҳавзи оббозӣ як муддат дучори марги клиникӣ мешавад. Баъди наҷот аз ин ҳолат ба як инсони дорои нерӯ ва истеъдоди фавқулода табдил меёбад”.\ Ин порча аз достони Ҷаҳонгир – қаҳрамони аввалин комикси тоҷикии “Марди меҳрубон” аст, …

Муфассал »

Дар Тоҷикистон мошин истеҳсол хоҳад шуд

krantas

Ширкати алюминии “Талко” тасмим дорад то як моҳи дигар дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли мошинҳои боркашро роҳандозӣ кунад. Ин корхонаи муштарак якҷо бо ширкати “Krantas”-и Узбекистон сохта мешавад, ки дар ин кишвар бо бандубасти мошинҳои вижаи боркаш ва сохтмонӣ машғул аст. Мирзиёев аз “Талко” дидан мекунад Дар ҷараёни сафари кории Шавкат …

Муфассал »

Сатурн-онлайн”-ро баъди ҳабс ба фурӯш гузоштанд

saturn

Кумитаи андози Тоҷикистон баъзе молу мулк ва чанд бинои “Сатурн онлайн”, як ширкати фароҳамкунандаи интернетро ба фурӯш гузоштааст. Масъулони Кумитаи андоз гуфтанд, ки молу мулки ин ширкат аз соли гузашта бо қарори додгоҳ дар ҳабс буд ва феълан қарор аст, тариқи музояда фурӯхта шаванд. Кумитаи андоз ин ширкатро дар насупурдани андоз …

Муфассал »

ВАРЗИШГАР КИСТ

Варзиш

Агар хоҳӣ, ки баскетбол бозӣ кунӣ, бояд на фақат қоидаҳои техника онро омўзӣ. Баскетболчии хуб бояд пурқувват, пурдошт, чаққон, чобук бошад. Баскетбол дар ин боб ба ту ёрӣ мерасонад. Аммо ту ҳам бояд ба он кўшиш намоӣ, ки чун варзишгари ҳақиқӣ инкишоф ёбӣ. Ба ту дар майдонча чӣ тавр зуд баскетболчиён, доимо самт …

Муфассал »

Дуо барои ислоҳи худ ва фарзандон

кудакони богча

Агар шахсе мехоҳад, ки фарзандонаш мутеъу фармонбардор бошанд ва ё ин ки мехоҳад барои Аллоҳ амали шоиставу хубе анҷом диҳад, ин оятро то се рӯз бисёр бихонад, иншоаллоҳ ба мақсад хоҳад расид. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Рабби авзиънӣ ан ашкура ниъматака-л-латӣ анъамта алайя ва ало волидайя ва ан аъмала солиҳан …

Муфассал »

Дуои муваффакият дар имтиҳон ва дигар мушкилот

lottery_gold_banner_poluchit_viigrish

Агар шахсе дар паи муваффақияту пирӯзӣ дар имтиҳонот ва дигар гирифториҳо мебошад, ин оятро барои фатҳу пирӯзӣ ва ҳамчунин қабл аз баргузории имтиҳон ҳафт маротиба бихонад. Оят ин аст: Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим Фа инна ҳасбакаллоҳу, Ҳува-л-Лазӣ айядака бинасриҳи ва би-л-муъминин.[1] [1] Сураи Анфол, ояти 62.

Муфассал »