Главная / Варзиш / ВАРЗИШГАР КИСТ

ВАРЗИШГАР КИСТ

Агар хоҳӣ, ки баскетбол бозӣ кунӣ, бояд на фақат қоидаҳои техника онро омўзӣ. Баскетболчии хуб бояд пурқувват, пурдошт, чаққон, чобук бошад. Баскетбол дар ин боб ба ту ёрӣ мерасонад. Аммо ту ҳам бояд ба он кўшиш намоӣ, ки чун варзишгари ҳақиқӣ инкишоф ёбӣ.

Ба ту дар майдонча чӣ тавр зуд баскетболчиён, доимо самт ва суръатро иваз намуданашон, чӣ тарз баланд ҷаҳидан, кўшиши тўбро соҳиб шуданашон ё онро ба ҳалқа партоб доданашон дидани муяссар мешавад.

Ҳангоми бозӣ онҳо қариб 7 км медаванд, даҳҳо ҷаҳишҳоро анҷом медиҳанд. Барои он бояд тайёрӣ ё омодагии хуби ҷисмонӣ дошт, варзишгари ҳақиқӣ бояд буд. Зеро тўб бо суръати қариб 18,3 м дар сония мепарад! Бояд дастҳо пурқувват бошанд!

Варзиш

Аз ин рў пеш аз он, ки тўбро ба даст гиред, хислатҳои ҷисмонии асосии ба баскетболист зарури чаққонӣ, қувва, пуртоқатиро ҳамарўза такмил диҳед.

Пеш аз ҳама бояд бозии бандпаракро донӣ. Бале, бале бо бандпараки оддӣ. Дарозии он бояд чӣ қадар бошад? Бандпаракро аз ҳар ду охираш гирифта, дар болои он ист, пойҳоро дар баробари китф гузор, дастҳоро поён фурор ва хам намо. Агар бандпарак сахт гашт, дарозиаш барои ту мувофиқат менамояд .

Бо тарзҳои гуногун паридан аз бандпаракро омўз: бо қадамгузорӣ аз болои он (расми 49); теладиҳӣ бо як ва ҳарду пой (расми 50);

қайчимонанд кардани пойҳо (расми 51) ва ғайра. Ҳар чӣ бештар бипар. Бидон, ки баскетболчиёни хуб дар як дақиқа ба бандпарак меҷаҳанд,

150-160 маротиба бо ҳарду по тела медиҳанд. Ту ҳам ба ин натиҷаҳо кўшишу саъй намо. Дар оғоз бе дамгирӣ 10-15 сония бипар, сипас 20-30 сония ва паришҳоро ҳисоб кун.

Ҳангоми машқи пагоҳӣ машқҳои зайлро иҷро намо:

  1. Пойҳоро дар баробари китфон гузошта, дастҳоро ба тарафҳо дароз намо. Бо кафи дастҳо ба панҷаҳои пой бирас.
  1. Баданро гардонида, дасти рост ба пои чап, пойҳоро дар зонуҳо хам накарда дасти чапро ба пои рост расонед ва ғайра.
  1. Рост шуда ба болои пои чап нишинед, сипас ҳамин амалро ба пои рост анҷом диҳед.
  1. Шинед. Ғелхурӣ ба ақибро иҷро намоед ва пойҳоро аз болои сар ба фарш расонед. Бо дастон ба фарш такя кунед. Рост шуда, ба пеш хам шавед, дастонатонро ба панҷаи пойҳо расед.
  1. Пойҳоро васеъ гузошта, ба чап ва рост хам шавед, бо оринҷи чап ба каяи пойҳои рост, баъд оринҷи ростатонро ба панҷаи чапи пой расонед ва ғайра.
  1. Пойҳоро оҳиста гузоред. Ба ақиб хам шуда, кўшиш кунед, дастонро ки ба пушти пой расонед.

Ин амалҳоро иҷро карда албатта. Ту бе иштибоҳ чаққон мешавӣ. Ана якчанд машқ барои инкишофи

ин хислат:

  1. Нишастани бо навбат ба пойҳои чапу рост (расми 58).
  2. Давидан ба 30 м. Аввал дави суст, баъд босуръат. Дам гирифта, давиданро такрор намо.
  1. Ин масофаро давида, зонуҳоро баланд бардошта, зуд суръатро зиёд намо.
  1. Зуд 3-5 маротиба ба баландӣ баро. Танаффус пас аз ҳар дафъаи баромадан.
  1. Бо дастонатон дарахт ё деворро доред. Ба ҷои худ ҳар чӣ тезтар давед.

Агар аз бандпарак париданро ёд гиред ва доим ин корро кунед – чобукӣ, ҷаҳиш ва бадоштиро инкишоф медиҳед.

Ҷаҳишро метавон бо воситаҳои дигар инкишоф дод. Ҳар як имконияти ҷаҳиданро истифода баред:

  1. Вақте ки дар саёҳат бошед аз болои ҳар як монеъа чуқурӣ, чўб бутта парида гузаред.
  1. Кўшиш намоед, ки ба ашёҳои дар баландӣ воқеъбудаи шохҳои дарахтон, тахтаи баскетбол расед.
  1. Аз болои курсиҳои гимнастикӣ бо паҳлу бо ҳар ду по парида гузаред. Дар 10, 20,30 сония чанд бор ҷаҳиданро ҳисоб кунед.
  1. Ба ҳар кадом баландӣ парида (курсии гимнастӣ, қуттӣ ва ғайра) ва ҳар чӣ зудтар аз болои он бипар.
  1. Аз зинаҳо парида гузаред.
  1. Ҳарчӣ болотар паред, тоб хўрда ва дуруст фурўд оед, мувози-натро нигоҳ доред.
  1. Нишастан, ҷаҳидан ба баландӣ, ҳаракат кардан ба пешро омўзед.
  2. Фосилаи доимиро (масалан 20м) интихоб намуда, бо ҳар ду ё як пойя бо ҷаҳишҳо ҳаракат кунед. Ҷаҳишҳоро ҳисоб намоед. Ҳамон фоси-лаи интихобнамудаатонро ҳарчи бештар бо ҷаҳишҳои камтар тай намоед.

Оё дар даст бо тўб парида метавонӣ. Боз ҳам хубтар мешавад агар ба толор, ба майдонча, ба майдон ту бо рафиқи худ оӣ. Ҳарду метавонед машқҳои гуногунро иҷро намоед.

Ана баъзе аз онҳо:

Р а с м и 6 1 Р а с м и 6 2 Р а с м и 63 Р а с м и 64

  1. Шумо бо рафиқатон дар муқобили якдигар рўи фарш , ба оринҷҳо такя дода истодаед. Панҷаҳои як дастро ба якдигар часпонида, кўшиш намоед, ки якдигарро аз ҷой ҷунбонед. Ба кадоме аз шумо ин кор муяссар мегардад.
  1. Ба пеш бо дастони кушода рафта, бо якдигар бо китфон такя кунед ва кўшиш намоед рафиқатонро аз ҷой ҷунбонед.
  1. Дар муқобили якдигар нишаста, бо кафҳои пойҳои ростгузошта такя намоед. Дастҳои якдигарро қапида ба пеш ва ақиб тела диҳед.
  1. Нишаст дар муқобили якдигар, дастҳоро ёзонда кафҳои дастонро часпонед. Ҷаҳида, кўшиши якдигарро аз ҷой ҷунбондан намоед.
  1. Нишаст бо як пой, дигарро ба пеш ёзонед, дастҳоро часпонда ҷаҳед. «Кӣ бештар тоб меорад?» .

  1. Дар муқобили якдигар нишинед. Бо пойҳои дарозкарда давр занонед: яке ба рост, дигаре ба чап .
  1. Дар муқобили якдигар истед. Пои якдигарро дошта кўшиши якдигарро аз ҷой кашидан намоед .
  1. Дар паҳлў истед. Аз дасти якдигар гирифта масофаи 15-метрро ҷаҳида тай намоед: ҷаҳидан, теладиҳӣ бо пои чап, рост ва ҳарду поро ёдгиред .
  1. Дар муқобили якдигар нишинед. Дастҳоро бо ҳамдигар часпонда ва яке ба пеш, дигар ба ақиб паред. Ба ҳолати аввала баргардед.
  1. «Ҷўйбор»-и васеъшаванда кашед. Кўшиш кунед, ки дар ҷои аз ҳама васеъаш паред (расми 68).

Футбол яке аз бозиҳои варзишии қадиммебошад, ки дар қарнҳои миёна пайдо шудааст. Ватани футбол Англия ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби футболи Иттифоқи Шўравӣ. Ба он 15 ҷумҳурии иттифоқӣ шомил буданд. Дастаҳои мунтахаби ИҶШС ғолибони бозиҳои Олимпӣ дар Мелбурн (с.1956) ва Сеул (с.1988) гардиданд. Дар солҳои охир дар барномаи бозиҳои Олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон мусобиқа байни дастаҳои занҳо дохил карда шудааст.

Дар миёнаи қарни XX таваҷҷўҳ ба бозии нав – минифутбол зиёд гардид. Бозӣ бо он дар толори варзишии мактаб ва дар майдончаҳо имкон дорад.

Қоидаҳои асосии бозӣ

Ҷадвали 1

Ченакҳои майдон, қадам Шумораи бозингарон дарозӣ баландӣ

Бар/баландии дарвоза, м. Шумораи давраҳо ва вақти бозиҳо, дақиқа

Вақти танаффусҳо дақиқа баста аст.

Бозиро яке аз дастаҳо аз рўи қуръа аз маркази майдон шурўъ менамояд. Баъди ҳар як тўби задашуда айнан ҳамин ба амал меояд. Барои вайрон кардани қоидаҳои бозӣ – зарба ба ҳариф бо даст ё пой, пешпо додан, ҳамлаи дурушт, аз ақиб тела додан, маъталкунӣ, бозӣ бо даст зарбаи ҷаримавӣ таъин мегардад. Барои вайрон кардани қоидаи бозӣ дар майдончаи ҷаримавӣ зарбаи ҷаримавии 11-метра ба дарвоза муқаррар карда мешвад. Зарбаи озод барои бозии хавфнок, зада гирифтани тўб аз дасти дарвозабон, кашол додани вақт таъин мегардад. Ҳолати нобозӣ бо дастҳо (бо пойҳо – дар мини-футбол) аз хатҳои паҳлўӣ партофта мешавад.

Агар тўб аз ҳимоятгарон ё дарвозабон аз хати рости дарвоза гузарад, зарбаи кунҷӣ таъин мегардад, ки аз кунҷи майдон бо пой зада мешавад. Шумораи ивазкунӣ дар футбол се, дар мини-футбол номаҳдуд аст.

Барои раҳоӣ аз осебҳо дар машғулиятҳои футбол зарур аст, ки қоидаҳои зеринро риоя намоед:

  1. Пеш аз бозӣ тамрин бояд кард.
  2. Аз пойафзоли махсус ё кеди истифода баред.
  3. Ба машқҳо ё бозӣ бо тўб танҳо пас аз тамрини пешакӣ бе тўб шурўъ бояд кард.
  1. Бозии хавфнок бо пойҳои рост задан ва зарбаҳо, пешпо задан, бо по задан аз ақиб манъ аст.
  1. Бо ҳис кардани дард дар мушакҳо ё узвҳои пойҳо, эҳсоси бади нороҳатӣ машғулиятро қатъ карда, дар ин бора ба мураббӣ, волидайн хабар диҳед.
  1. Пас аз хатми машғулият оббозӣ намуда сипас либосҳоро пўшед.

Футбол ҳамаи қобилиятҳои ҳаракаткунандагиро инкишоф дода, чунин хусусиятҳои характер чун чолокӣ, чобукӣ, сабру тоқат, иродаро тарбия менамояд. Дар айни замон инкишофи шахсияти бозингар дар футбол инъикоси худро дар амалиётҳои коллективона, қобилияти додани тамоми қувва ва маҳорат баҳри ғалаба зуҳур меёбад.

Қоидаҳои асосии бозӣ Ҳаракаткунӣ. Воситаи асосии серҳаракатии футболбозон дар бозӣ дав ба ҳисоб меравад. Қадами футболист кўтоҳ ва мулоим аст, аммо он бояд вақти зарурӣ давида тавонад, зуд ба ҷои холӣ ҷойгир шавад, тўб ва ҳарифро пеш ё дарёб намояд.

Қисмати ҷудонашавандаи техникаи идоракунии тўб зарбаҳо ба тўб бо пойҳо, бурдан ва манъ кардани тўб мебошад.

Навъҳои асосии зарбаҳо ва манъкуниҳоро аз худ намуда, футболбозон метавонанд дар баъзе бозиҳои машқкунӣ ширкат кунанд, мини футбол бозӣ намоянд.

Зарбаи тарафҳои дохилии кафҳо  барои интиқоли тўб дар фосилаҳои кўтоҳ ва миёна, инчунин барои соҳиб шудан ба дарвоза аз фосилаи кўтоҳ истифода мегардад. Зарба аз ҷо ва бо дав иҷро мегардад.

Пои такяӣ аз зону на он қадар хамшуда, каме аз паҳлў аз тўб дар 10-15 см гузошта мешавад.

Кафи пои зарбазананда тавре ҷойгир мешавад, ки хати аз каф ва панҷа гузаранда бо париши тўб перпендикуляр бошад.

Машқ:

  1. 5-6 қадам аз девор дур истед. 20-30 зарбаҳо ба тўби аз ҷо наҷунбанда дар ҷоро иҷро кунед.

Кўшиш кунед, ки тўб аз рўи хати рост парвоз намояд. Саъй кунед машқро аввал бо пои боқувват, баъд пои заиф иҷро созед.

  1. Пас аз 2-3 қадам дави оҳиста кўшиш намоед тўби хобрафтаро ба девор поёнӣ равон кунед. Баъд аз он ки дар мо ин зарбаҳо ба хуб пайдошавӣ сар карданд, саъй намоед тўбро ба боло ба нишона дар баландии 60-70 см кашидашуда равона созед.
  1. Дар ҷуфт. Дар 3-4 м дурӣ аз якдигар ҷойгир шавед ва бо навбат поёнӣ тўбдиҳиро иҷро кунед.

Агар шумо аз ду нафар зиёд бошед ба ду ё сетоӣ ҷудо шавед. Техникаи дурусти манъкунии тўб бо ҳаракатҳои манъкунандаи пойҳо, сар, бадан ноил мегардад. Ист метавонад пурра бошад, ки баъд аз он тўб дар пеши пои футболбоз хоб рафта, вақте ки ҳаракати тўб пурра қатъ нашудааст ва фақат суръати он суст гардидааст ва самти ҳаракаташ тағйирёбанда аст.

Бозиҳо «Аз қафои тўб», «гузаштан аз муҳофизатгар», «фиреб дода тўб зан!», «давидан бо тўб», «Кӣ чаққонтар?!», «Тўбро пеш кунед!».

Манъ кардани тўби ғелон бо кафи пой (расми 70 а, б). Ин амал вақте иҷро мешавад, ки тўб ба пеши бозингар ҳаракат мекунад ё меояд.

Пои манъкунанда, каме аз зону хамшуда, ба пешвози тўби наздикшаванда бардошта мешавад, дар болои тўб «камон»-ро ташкил медиҳад.

Кафи пои такяӣ ба самти ҳаракати тўб параллелӣ аст. Ҳангоми бархурди тўб бо таги пой каме ақиб гашта, тўбро ба замин зер карда, андом ба пеш партофта мешавад.

Манъкунии тўби ғелон бо тарафҳои дохилии кафҳо дар бозӣ бештар вомехўрад ва иҷро карда мешавад. Пои такядори каме хамхўрда ба пеш гузошта мешавад, ба он вазнинии бадан мегузарад. Пои манъкунанда аз зону хам мегардад, кафи он зуд ба берун тоб мехўрад.

Вай ба пешвози тўби наздикшаванда гузошта мешавад. Дар лаҳзаи бархўрди тўб ба пой нарм ба ақиб мегузарад ва тўб дар пеши бозингар хобида боқӣ мемонад

Бурдани тўб барои баромадан ба мавқеи озод, ё вақте ки бозингарони ҳамдаста «маҳкам»-анд ва ба ҳеҷ кас тўби аниқ додан имкон надорад, истифода бурда мешавад.

Бурдани тўб бо зарбаҳои на он қадар сахт амалӣ мегардад. Нигоҳ дар лаҳзаи бархўрд бо тўб ба он равона шудааст ва ба вазъият дар майдон футболист бо биниши васеъ менигарад.

Машқҳои санҷишии намунавӣ Роҳравии тез ва гузаштан ба дав, дав дар ҷой бо гузаштан ба давидани рост қадамҳои ивазшаванда бо гузаштан ба муқаррарӣ, роҳравӣ бо гузаштан ба дави «мормонанд» байни ашёҳо, дави бо истодан ва қадамҳои қайчимонанд, пас аз дави оҳиста бо қадам истодан, баъд аз шитобидан бо ҷаҳиш истодан, зарба бо тарафҳои дохилии кафҳо, манъи тўби ғелон бо тарафҳои дохилии кафи пойҳо, бурдани тўб ба рост, бо гузаштан аз предметҳо.

Тестҳои санҷишии намунавӣ (барои машқкунандагон дар сексияҳои футбол)

Эзоҳ: Ба футбол дар дарсҳои варзиш на танҳо писарон, балки духтарон ҳам бозӣ мекунанд.

Тўби дастӣ. Бозӣ бо тўби дастӣ ё гандбол дар охири асри XIX дар Дания пайдо шудааст. 50 сол лозим шуд, ки ин бозии аҷоиб ва ҳассос дар тамоми ҷаҳон машҳурият касб намояд. Аз рўи гандбол чемпионатҳои ҷаҳон гузаронида мешавад ва ба барномаи бозиҳои Олимпӣ дохил мегардад. Ҳам командаҳои занона ва ҳам мардонаи собиқ СССР чандин маротиба чемпионҳои бозиҳои Олимпӣ, ҷаҳон ва Аврупо гардидаанд.

Ҳеҷ як давлати дунё дар гандбол чунин комёбиро дар бозиҳои Олимпӣ, чун командаи мунтахаби собиқ СССР надошт: аз 10 медалҳо – 6 тиллоӣ, 1 нуқрагӣ ва 2 биринҷӣ. Чаҳор маротиба тиллои олимпиадаҳоро бурдаанд (1976, 1988, 1992, 2000) мардон бо сарварии А. Евтушенко ва В. Максимов, занҳо ду маротиба (1970, 1976) дар таҳти роҳбарии И.Тургина.

Аломатҳои асосии бозӣ маҳорату малакае, ки барои ҳаёти рўзмарра заруранд – дав, ҷаҳишҳо, партобдиҳӣ. Машғулияти пайвастаи гандбол барои зоҳиршавии барои суръатнокии баланди бозиҳои серҳаракат, зуд, ногаҳонӣ ва ҳаракатҳои чобукона бо тўб мусоидат мекунад.

Алоқамандии шарикон дар команда, реаксияи саривақта ба ҳолатҳои зудивазшавандаи бозӣ.

Дар бозӣ истифодабарии часпишҳои қуввагӣ бо ҳарифон барои тўб, барои мавқеи бозигӣ иҷозат дода шудааст.

Бозӣ ҳамеша бо ҳолати баланди эҳсосотӣ аз сабаби суръати бозӣ, динамикаи муборизаи варзишӣ, характери коллективӣ ҳаракатҳои бозигӣ мегузарад. Ҳамаи ин шароити мусбӣ барои инкишофи таъсирноки ҳамаи қобилиятҳои ҳаракаткунанда, инчунин таваҷҷўҳ, масъулиятнокӣ хислатҳои иродавӣ амалӣ мегардад.

Қоидаҳои асосии бозӣ Дар синфи V ба тўби дастӣ бозӣ карданро оғоз менамоянд. Майдонча барои бозӣ аз 18 то 40 м ба дарозӣ ва аз 9 то 20 м ба бар аст. Дарвоза 3 х 2 м (2,70 – 1,80 – барои мини-тўби дастӣ) аст. Дар ҳар дастаи дар майдон бозикунанда 7-нафарӣ, яке аз онҳо – дарвозабон аст. Ивазкунии бозингарон дар ҳар вақти бозӣ иҷозат дода мешавад.

Мўҳлати бозиҳо 2 қисм 15-дақиқагӣ барои духтарон ва 20 дақиқа барои писарон (барои калонсолон 2 х 30 дақиқа) мебошад. Танаффус 10 дақиқа. Бозингарон ҳуқуқ доранд тўбро дар даст то 3 сония дошта ва на

зиёда аз се қадам монанд. Пас аз он зарур аст, ки ба дарвоза партоянд, тўбро ба дигар кас диҳанд ё ба бурдани тўб оғоз намоянд.

Тўбро бо як даст ба мўҳлати номаҳдуд бурдан иҷозат дода мешавад, аммо пас аз доштан онро ба додан ё ба дарвоза партофтан лозим аст.

Монеъ шудан ба ҳариф фақат бо бадан мумкин аст. Аз ҳолати нобозӣ тўб бо як даст партофта мешавад. Агар тўб аз хати пеш аз ҳимоятгарон (дарвозабонро ҳисоб накарда) равад, он гоҳ аз кунҷ партофта мешавад.

Аз бозингари тўбро ба бозӣ дароварда дар ҳамаи ҳолатҳо ҳарифон ба 3м ақиб меистанд. Бозингарони майдон наметавонанд ба минтақаи дарвозабон дохил шаванд ва дарвозабон дар майдон қоидаҳои умумӣ барои ҳамаро риоя менамояд.

Ҷаримаҳо барои хатогӣ. Дар мавриди қоидавайронкунии на он қадар муҳим (сабук, камаҳамият) даводавӣ, ду баранда, бозӣ бо пой, дохилшавӣ ба майдончаи дарвозабон, часпиши дастон, қапидан ва зарбаҳои ҳариф, партоби озод аз ҷой хатогӣ таъин мегардад. Барои хатогие, ки ба имкониятҳои задани тўб ба дарвоза алоқаманд аст, партоби ҷаримавӣ ба дарвоза аз фосилаи 7 метр таъин мегардад, ҳимоятгар танҳо дарвозабон асту халос. Барои қоидавайронкунии шадид ё ахлоқи ғайриварзишӣ бозингарон аз майдон бе ҳуқуқи ивазкунӣ то 2 дақиқа пеш карда мешаванд.

Гандболисте, ки се маротиба аз майдон ронда шавад, минбаъд дар бозӣ иштирок намекунад, ўро бозингари дигар иваз менамояд.

Бозӣ аз маркази майдон бо қуръапартоии яке аз дастаҳо оғоз меёбад. Баъд аз задани ҳар як гол дастаи голсардода бозиро аз марказ оғоз мекунад.

Ҳангоми гузаронидани машғулиятҳо ё мусобиқаҳо зарур аст, ки қоидаи техникаи бехатарӣ риоя гардад:

  1. Пеш аз бозӣ тамрин намуда, мушакҳо ва пайвандҳоро хуб гарм намудан.
  1. Ҳолати гигиении майдон барои бозиро тафтиш карда, ҳолати дарвозаҳоро муоина карда, мустаҳкамии тўрҳо ва устувории онҳоро тафтиш менамоянд.
  1. Либосҳои варзишии бозингаронро аз назар мегузаронанд. Бо пойафзоли мехдор бозӣ кардан мумкин нест. Гўшворҳо, занҷирҳо, соат ва дигар ороишотро бояд гирифт, нохунҳоро бояд қайчӣ кард.
  1. Ба болочўби дарвоза овезон шудан манъ аст.
  2. Худҳимоякуниро дар афтидан риоя бояд кард. Чашмҳороэҳтиёт кардан лозим аст.
  1. Ҳангоми партофтани тўб ба дарвоза бо ҷаҳиш ба боло пеш биҷаҳед, пои теладиҳандаро ба тарафе аз ҳимоятгар гузаронд.
  1. Муқовимати ҳуҷумкунӣ бо дастҳои рост мамнўъ аст, аз ақиб аз сар ё даст надоред.

Қоидаҳои асосии бозӣ

Ҳолати ҳимоятгар (расми 72), пойҳо дар баробари қадам меистанд, узвҳои зонугӣ хам гашта, андом каме ба пеш хам шуда меистад. Дастҳо васеъ ба тарафҳо кушода шуда ба боло, кафҳо ба пеш, ангуштҳо гузошта шудаанд. Ҳимоятгар бояд ба ҳуҷум кардан ва муқовимати ҳуҷумкунанда, тўбро зада гирифтан, мавқеи қулайро ишғол кардан тайёр бошанд.

Дар ҳолати дифоӣ ҳаракаткунӣ бо қадамҳо ба чап ва ба ростро омўзед, зуд ба пеш ба 3-4 м баромадан ва ақиб пушт ба дарвоза, тездавӣ ба 8-15 м ба пеш барои қапидани тўб.

Ҳолати ҳуҷумкунанда (расми 73) пойҳо аз қисмати зонуҳо хамшуда, яке ба пеш, дигар аз ақиб (фосилаи байни кафҳо 40-50 см), дастҳо каме хам шуда ва ба пеш ба тарафи тўб бароварда шудаанд. Бозингар ба ҳаракаткунӣ ва доштани тўб тайёр аст.

Ҳолати асосии дарвозабон  пойҳо каме аз зонуҳо хам шуда, кафҳо дар баробари 20-25 см, дастҳо ба тарафҳо гузошта шудаанд, оринҷҳо хам шуда, кафҳо ба пеш.

Дарвозабон бояд доимо омода ба бозӣ қарор гирад. Ҳангоми ҳуҷум аз паҳлўҳо дарвозабон дар наздикии кунҷ меистад.

Дасти наздик ба паҳлучўби дарвозаро мепўшонад, дигарӣ ба боло равона гаштааст, кунҷи болоии дурро маҳкам менамояд. Ҳаракаткунӣ дар майдон яке аз аломатҳои асосии техникӣ ҳисоб мешавад.

Бозингарон бо қадамҳои муқаррарӣ ва часпанда, дави рў ва пушт ба пеш, босуръат, бо ҷаҳиш ҳаракат менамоянд. Ҳаракатҳои ба пеши таъсирнок ба бозингар барои ишғоли ҷои дар он лаҳза қулай дар майдон, канда шудан аз ҳариф барои дар ҳолати қулай баромада партофтан ба дарвоза ёрӣ мерасонад.

Ҳаракат ё ҷоивазкунии ҳимоятгарон асосан бо қадамҳои ивазшаванда дар ҳолати ҳимоявӣ ба чап ва ба рост, дави босуръат ба 3-4 м ба пеш аз хати 6-9-метра ва пуштнокӣ ақиб баргаштан, ба дарвозаҳои худ ба амал меояд.

Зуд аз дави рў ба пеш ба дави бо қадамҳои ивазшаванда гузаштан, нимпаҳлў бо гардиш ба рост ва ба чап, ба пеш пуштнокӣ.

Ҷоивазкунии ҳуҷумкунандагон – ин тездавии кўтоҳ (5-7 м) ва қадамҳои часпанда ва қайчимонанд ба чап ва ба рост, зуддавии дароз (тездавӣ 20-30 м), дави босуръат рўй ва пушт ба пеш бо тағйирдиҳии самт, ҷаҳишҳо.

Ҳуҷумкунандагон ва ҳимоятгарон бояд пас аз давидан дарҳол истанд, мувозинатро дар ҳолати бозингарӣ гум накунанд. Ин усул барои фиреб додани ҳарифон, интихоби вазъияти қулай зарур аст.

Таваққуф ё ист бо як ё ду қадам пас аз давидан бо қадамҳои паҳни исткунанда бо гардишҳои нўги пой иҷро мешавад. Баъди дави тез ё босуръат қадами аввал кўтоҳ, дуюм – манъкунанда карда мешавад. Қомат дар ҳолати рост ё каме хам ба ақиб воқеъ мегардад.

Ҷоивазкунии дарвозабон аз ҷоивазкунии бозингарони майдон камтар фарқ мекунад. Дарвозабон дар ҳолати асосӣ бо қадамҳои часпандаи кўтоҳ аз як паҳлучўб ба паҳлучўби дигари дарвоза (ба тарафи ҷойгиршавии тўб), дави тези кўтоҳ (2-4 м) ба пеш ҳангоми партофт ба дарвозаи ў, бо баргардӣ ба ақиб, пушт ба дарвоза.

Ҳангоми ҳуҷумҳо ба дарвозаи ў дарвозабон дар ҳолати доимо ҳаракаткунӣ ва омода будан ба баргардонидани зарбаҳо мебошад.

Бозиҳои серҳаракати махсуси намунавӣ барои азхудкунии ҷоивазкунӣ ва таваққуфҳо. «Пуштнокӣ давидан». Ҷуфт. Як нафар пуштнокӣ ба пеш ё бо қадамҳои часпанда мегурезад, дуюм бо дави оддӣ расида ба пушти аввала савор мешавад. Баъд аз ин бозингарон ҷойҳои худро иваз менамоянд.

«Давидан аз пушт». Ҷуфт. Ҳамлакунанда босуръат самти давро ба чап ё ба рост иваз карда, ба пушти шарикаш медавад. Ҳимоятгар китфро ба пеш партофта, бо қадамҳои часпанда ё нимпаҳлў, ҳарифро намемонад. Ивазкунии ҷойҳо пас аз давидани фосилаи муайян.

«Қатора». Дар гурўҳҳо. Оғозкунанда пеш аз гурўҳҳои аз 4-7 нафар буда меистад, ки аз миёни якдигар доштаанд. Сардор бо дави тез ба чап ва ба рост ба охири саф медавад ва ба бозингари охирин савор мешавад.

Ҳамаи гурўҳ паҳн нагардида бо қадамҳои часпанда ба рост ва ба чап ҷой иваз мекунад ва шарики худро ҳимоя менамояд. Пас аз саворшавии охи рин ё кандашавии гурўҳҳо сардор ба бозингари якум табдил меёбад ва бозингари охирин ба сардор.

Доштани тўб бо як ё ду даст. Пойҳо каме аз зонуҳо хамшуда, дастҳо дар оринҷҳо, панҷаҳо дар сатҳи сина. Тўбро бо кафҳои васеъ паҳнгардида ва ангуштон нигаҳ медоранд. Ин ҳолат имконият медиҳад тўбро аз ҳариф пўшонад, ба дигар кас диҳад ё худ ба бозӣ гузарад ва бозиро давом диҳад.

Бо як даст тўб аз ҳисоби нигаҳдории мувозинат дошта мешавад дар давраи тайёрӣ ба тўбдиҳӣ, партофт ё бурдани он. Ангуштони паҳнгузошташуда тўбро мустаҳкам медорад, каме онро фишордода.

Доштани тўб бо ҳар ду даст (расми 77) – унсури асосии бозӣ мебо шад. Барои дилпурона доштани тўб зарур аст дар ҷой, дар ҳаракат, дар ҷаҳишро аз худ намоянд. Барои доштани тўб дар ҷой бояд ба тарафи тўб

тоб хўрд ва дастро каме дар қисматҳои оринҷҳоро хам сохта ба пеш дароз кард. Ангуштҳои омода ба тарафҳо гузошта шудаанд.

Ангуштони калон қариб намерасанд ва дигарҳояшон чуқуриро ташкил медиҳанд, монанди доштани тўб. Дар лаҳзаи бархўрд бо тўб ангуштон онро меқапанд ва дастҳо аз қисматҳои оринҷҳо хам мехўранд, қувваи

тўби парвозкунандаро суст мегардонанд. Дар вақти қапидан зарур аст, ки барои идома додани бозӣ дарҳол ҳолати устуворро қабул кард.

Доштани тўбҳо, ба поён, ба боло, ба тарафҳо, ғелхуранда ва ҷаҳандаро омўзед. Азхудкунии доштани тўбро бо ҷуфтҳо оғоз намоед:

дар паҳлўи якдигар истода, якум зарбаро суст намуда қабул мекунад,

дуюмӣ, ҳар дафъа қувваи теладиҳиро зиёд карда, тўбро ба дасти шари-

каш мегузорад.

Додани тўб (расми 78) – яке аз аломатҳои аз ҳама муҳими бозӣ. До-

дани тўб бояд аниқ, зуд, пурқувват ва саривақт бошад. Он дар ҷой, дар

ҳаракат, бо ҷаҳиш, пинҳонӣ бо дастони рост ва чап иҷро мешавад.

Аз ҳама беш тўбдиҳӣ аз боло бо дасти хамшуда маъмул гардидааст.

Ҳангоми тўбдиҳӣ бо дасти рост қисми чапи бадан ба паҳлў гардонида

шуда, ба тарафи тўбдиҳӣ бо гузоштани ба пеши пои чап. Тўб дар дасти

рост ҷойгир аст, каме аз оринҷ хам шуда ва дар паҳлў дар сатҳи сар ё бо-

69

лотар.

Бо гардиши зуд бадан ба пеш – ба чап ва аз ақиб теладиҳии пои ис-

тода тўбдиҳӣ ба амал меояд. Аввал ба пеш оринҷи дасти тўбдор барома-

да, баъд қисмати китф. Даст даррав хам мехўрад ва бо ҳаракати илова-

гии панҷа ва ангуштон тўб ба пеш равона мегардад.

Машқҳо:

  1. Тўбдиҳӣ ба якдигар дар ҷуфтҳо бо афзоиши фосила.
  2. Ҳолати муқаррарӣ – ҳолати аввала – пои рост ба пеш. Ҳамзамон

бо доштан қадами чап ба пеш намуда ва ба рафиқ тўбро дод.

  1. ҲМ. – ҳолати (рости) ҳуҷумкунанда. Ҳамзамон бо доштан тўб бо

пои чап ба пеш қадам гузошта, ҳангоми қадами рост ба ақиб – боло ме-

бардоранд, бо пои чап қадам мегузоранд, тўбдиҳиро ба шарики худ иҷро

намуда ва зуд ба ақиб баргашта дар ҳолати муқаррарӣ ё оддӣ қарор ме-

гиранд.

Бозиҳо: «Тўбро ба замин парто», «Гардонандаи тўб», «Хол медиҳӣ»,

«Тўбро дошта гир», «Муҳориба бо монеъа», «Тўбдиҳӣ ба якдигар»,

«Бозӣ дорондани бо тўб бо сар», «Тўб ба худиҳо».

Бурдани тўб қоидаи асосии техникӣ дар гандбол ба ҳисоб намеравад.

Онро баъзан истифода мебаранд, асосан ҳангоми пешравии зуд, вақте ки

тўбро ба ҳеҷ кас додан имкон надорад ё вақти гурехтан аз ҳарифи

ҳамаҷониба маҳкамшуда. Дар минтақаи инкишофи ҳуҷум тўббарӣ қариб

истифода намегардад, он ба коҳиш ёфтани суръат мешавад.

Гандболист, барандаи тўб, бо ҳаракатҳои теладиҳандаи нарми

панҷаҳо ба рўи майдон ба пешу ба паҳлў зарба мезанад, ба он кунҷи за-

рурии инъикос медиҳад. Қувваи теладиҳӣ баландии ҷаҳишҳо – (70-80 см)

дуруст мекунад.

Тўббариро бо дастҳои рост ва чап, бо тағйирдиҳии самтҳо, ҳолати

фиребдиҳӣ дар муқобили ҳимояи фаъолро омўзед.

Партофтани тўб ба дарвоза аз ҷой бо тавоноии имконпазир амалӣ

мегардад. Ҳангоми иҷрои 7-9 м ва партофтҳои ғайричашмдошт бе

омодагӣ аз масофаҳои гуногун ба кор бурда мешавад.

Дар лаҳзаи партофтани тўб маркази вазнинии бозингар ба хамшавӣ

дар зонуи пои истодаи ақиб гузаронида мешавад. Тавоноии хотимавиро

бо хамшавии бақувват– «зарбаи сахт» – панҷаҳо аз боло ба поён, на

танҳо ба тўб қувваи париш медиҳад, балки дақиқии ба ҳадаф расидан

амалӣ мегардад.

Машқҳо:

70

  1. Партофтани тўб ба якдигар аз масофаи 15-20 м бо дастҳои рост ва

чап.

  1. Иҷрои партофтҳои 7-9-метра барои дақиқият ба кунҷҳои гуногуни

дарвоза.

  1. Бозиҳо «Ба ҳадаф расонидан», «Тўбпарронӣ».

Волейбол. Нахустин маротиба волейбол дар Иёлоти Муттаҳидаи

Амрико дар соли 1895 пайдо шудааст. Ин бозиро муаллими варзиш Ви-

лям Морган фикр карда баровардааст. Дар ибтидо ба волейбол бо

камераҳои резинӣ бозӣ мекарданд, ки онро аз болои банди дар баландии

198 см кашида шуда, сипас – аз болои тўр мепартофтанд.

Дар 100 соли гузашта волейбол яке аз маъмултарин ва оммавитарин

навъи варзиш дар ҷаҳон ва дар мамлакати мо, инчунин навъи варзиши

олимпӣ гардид. Дастаҳои Тоҷикистон пайваста машғулият дошта ва ба

бозиҳои олимпӣ омодагӣ мебинад.

Ин бозӣ ба кўдакон ва калонсолон дастрас аст. Ба он чӣ дар

толорҳои варзишӣ ва чӣ дар майдони кушод бозӣ кардан мумкин аст.

Дар бозӣ қобилиятҳои неругӣ, ҷаҳиш, чолокӣ, ҳамоҳангии ҳаракатҳо ин-

кишоф меёбанд. Бозии волейбол на фақат саломатиро таҳким мебахшад,

балки боз чунин хислатҳоро чун чолокӣ, нотарсӣ, мақсаднокӣ, дар даста

бозидан, ёрии байниҳамдигарӣ, эҳсоси дўстиро тарбия менамояд.

Қоидаҳои асосии бозӣ.

Волейбол – бозии варзишии даставӣ аст, ки ду даста 6-нафарӣ дар

майдончаи 18х9 м бозӣ мекунанд.

Бозингарони яке аз дастаҳо саъю кўшиш мекунанд бо тўбпартоӣ ё

зарбаҳо ба он ба ҷониби рақибон тавре равона созанд, ки қоидаҳоро

вайрон насохта тўбро баръакс баргардонида натавонанд,.

Тўри волейбол майдонро ба ду ними баробар ҷудо мекунад. Бари

тўр – 1м, баландӣ – 2,43см барои мардон, 2,24см – барои занон, 2,10см –

духтарон, 2,20см – барои бачаҳо ва ҷавонон.

Бозӣ аз 3 ё 5 қисм иборат аст, ки ҳар кадоми он то муддат ё вақте

идома меёбад, ки яке аз дастаҳо 25 хол (бо фарқият ба ду хол) нагирад.

Қисми ҳалкунанда панҷум мебошад, ки то 15 хол давом мекунад. Ҳар

даста ҳуқуқ дорад се маротиба, блокро ба ҳисоб нагирифта дар тарафи

майдони худ ба тўб даст расонанд. Тўбро баргардонидан бо ҳамаи

қисматҳои бадан аз миёну пойҳо баланд иҷозат аст. Тўб дар бозӣ то дав-

рае мемонад, ки ба майдон нарасад, девор, сақф ва дигар ашёҳо ё то

71

хатогиҳои яке аз бозингарон. Барои ҳар тўби бурдашуда даста 1 хол ме-

гирад.

Бозингарон дар майдон (расми 79) ду хатро ташкил мекунанд:

пешинаҳо (2,3,4) ва ақиббудагон (5,6,1). Гузариши бозингарон аз рўи

гардиши ақрабаки соат иҷро мегардад.

Р а с м и 79

Дар машғулиятҳо доир ба волейбол зарур аст, ки бозингарон либоси

варзишии мувофиқ – футболка, шортҳо, кроссовкаҳо ё кедиҳо бо

тагпўшҳои мулоим дошта бошанд.

Барои пешгирӣ намудани осебҳо бояд қоидаҳои техникаи бехатарии

зерин риоя гарданд:

  1. Дар ибтидои машғулият машқҳои пешакии нармкунандаи бадан,

мушакҳо ва пайвандҳоро гарм месозанд.

  1. Майдони бозиро муоина кардан, ки дар он ашёҳои хавфнок

мавҷуд набошад.

  1. Аз боло бо дастҳои рост, ангуштони калон ба пеш нагузошта

тўбро қабул накунанд.

  1. Дар вақти қабули тўб аз поён дастҳоро аз қисмати оринҷҳо хам

накардан.

  1. Бодиққат назорат намудан, ки дар пеши пойҳо наафтед.
  2. Пас аз ҷаҳишҳо ба пойҳои хамшуда ба ҳолати васеъ фуруд биёед.

Қоидаҳои асосии бозӣ

Дар волейбол 5 қоидаҳои асосӣ мавҷуд аст: додани тўб, қабул, ба

якдигардиҳӣ, зарбаи ҳамлавӣ ва манъкунӣ. Ҳамаи ин аломатҳо бо

ҳолатҳои гуногун ва ҷойвазкунии бозингарон мусоидат менамоянд.

Ҳолати муқаррарии бозингар (расми 80) – ин ҳолати оддии мувофиқи

волейболбоз: пойҳо каме хам шуда, вазни бадан ба ҳар ду по баробар

тақсим шуда, бадар ба пеш хам гашта аст.

72

Ҳангоми ҷойивазкуниҳо қадамҳои ____________часпанда истифода мешавад, ки ба

пеш, ақиб ба рост, ба чап иҷро мегарданд. Ҳаракат бо пойе, ки ба самти

ҷойивазкунӣ наздик аст (ҳангоми ҷойивазкунӣ ба рост – аз пои рост, дар

вақти ҷойивазкунӣ ба чап – аз чап) оғоз меёбад. Чунин ҷойивазкунӣ мав-

риди истифода қарор мегирад, вақте ки бозингар вақти кифоя дорад ва

ба масофаи на он қадар дур ҷой иваз кардан лозим аст.

Қадами дугона ҳангоми дарҳол баромадан ба тўб истифода мегар-

дад. Ҳаракат аз дур ба самти ҳаракати пойҳо оғоз мекунанд.

Давро ҳангоми ҷойивазкунии нисбатан калон истифода мебаранд,

ҷаҳишҳоро бошад дар вақти иҷрои зарбаҳои ҳамлаовар ва монеъшавӣ.

Ҷойивазкуниро зарур аст, ки дар вақти тамрини ҳар як машғулият

дохил намуд. Ин метавонад дав аз ҳолатҳои оддии гуногун (нишаст, хоб,

пушт ба пеш ва ғайра) дави «мормонанд», дави якто-якто, ҷойивазкунӣ

бо қадамҳои часпида бо фиреб қоидаҳои бозӣ бошанд.

Тўбдиҳӣ аз боло бо ду даст (расми 81) қоидаҳои асосии техникӣ ме-

бошад. Бозингар бояд дуруст ба тўб баромада ва ҳолати аввалаашро

қабул кунад.

Техникаи иҷроиш: пойҳо аз зонуҳо хам гашта, як пой ба пеш. Бадан

рост, дастҳо ба пеш – ба боло гузошта шуда ва аз оринҷҳо хам шуда,

панҷаҳо қат гардида. Ангуштон омода шуда ва каме қатъ гардидаанд.

Ҳангоми тўбдиҳӣ дастҳо ва пойҳо рост мегарданд ва ба тўб самти зарурӣ

дода мешавад.

Машқҳо:

  1. Хамкунӣ ва қатъкунии дастон аз қисматҳои пайвандҳо ҳаракати

даврии панҷаҳо, зеркунӣ ва бозкунии ангуштони даст.

  1. Аз такяи рост дар деворҳо яквақта ва бо фосила хамкунӣ ва

қатъкунии дастҳо.

Р а с м и 80 Р а с м и 81

73

Р а с м и 82

  1. Партофти тўби дамкардашуда бо ду даст.
  2. Машқҳо барои панҷаҳои даст бо гантелҳо, эспандери панҷагӣ (ас-

боби дастфишорӣ), зер ё пахшкунии тўби теннис.

  1. Тўбпартоӣ аз болои сари худ, ба девор, дар ҷой.
  2. Бо ҷуфтҳо: тўбдиҳӣ ба якдигар, ки аз баландиҳои гуногун мепар-

ранд; тўбдиҳӣ аз

  1. Тўбдиҳӣ бо ду даст аз боло ба хати сайри баланд, миёна ва паст.

Бозиҳо: «Тўбдиҳии волейболбозон», «Тўб аз рўи давр», «Тўби пар-

рон», «Мусобиқаи тўбҳо», «Азнавпартоии тўб», эстафетаҳо бо тўбҳо,

«Тўб ба байн», «Дархости шумораҳо».

Қабули тўб аз қисмати поёнии худ (расми 82). Тўбдиҳӣ ё зарбаи

ҳуҷумӣ маъмулан аз поён бо ду даст қабул карда мешавад.

Барои қабул бозингар ҳолати мобайнӣ ё поёниро ишғол мекунад.

Дастҳо рост карда шуда ва поён гардида, панҷаҳо «мушт ба мушт» пай-

вастаанд, ё «оринҷ ба оринҷ». Тўб ба қисми поёни оринҷ пеши китфҳо бо

қаткунии яквақтаинаи пойҳо ва бадан ба пеш – ба боло қабул карда ме-

шавад. Дастҳои рост ба сатҳи сина баланд бардошта мешаванд.

Машқҳо:

  1. Барои худ тарзи аз ҳама қуллайи пайвастани панҷаҳо ҳангоми

қабул аз поёнро интихоб намоед. Панҷаҳоро 5-6 маротиба пайваст ва

ҷудо намоед.

  1. Задани тўби волейбол дар ҷой. Ҳаракати дастҳо аз ҳисоби хамку-

нии пойҳо иҷро мегардад.

  1. Дар ҷуфтҳо: шарик тўбро ба масофаи 2-3 м мепартояд. Шарика-

тон тўбро аз поён қабул менамояд.

  1. Дар назди деворҳо гирифтани тўб аз поён (10 маротиба паиҳам).
  2. Қабули тўб аз поёни сари худ дар ҷой. Баландии тўбдиҳӣ 1-1,5 м.
  3. Дар ҷуфтҳо: қабули тўб аз поён ва додани он ба рафиқаш аз бол

обо ду даст.

Ин машқро мумкин аст якка, дар назди деворҳо иҷро кард.

Партофти поёнии рост. Бозӣ дар волейбол аз тўбдиҳӣ шурўъ меша-

74

вад.

Бозингар берун аз хатти пеш ҷойгир шуда, тўбро мепартояд ва бо

зарбаи як даст онро ба тарафи рақиб тавре равон месозад, ки тўб ба тўр

нарасад.

Ҳамаи партофтҳо ба поёнӣ ва болоӣ ҷудо мешаванд. Дар мавриди

партофтани болоӣ зарба ба тўб дар сатҳи сарҳо ва боло зада мешавад ва

мавриди поёнӣ – поён аз сатҳи сарҳо. Агар тўбдиҳанда рўй ба ҷониби тўр

бошад – тўбдиҳии рост, агар аз паҳлў бошад – паҳлўгӣ.

Аз ҳама тўбдиҳии оддӣ барои волейболбозони навоғоз рости поёнӣ

(расми 83) ба шумор меравад. Дасти рост босуръат ба ақиб гузаронида

ва бо дасти чап тўб ба боло ба 30-50 см партофта мешавад. Ба тўб бо

панҷаи сахт дар сатҳи миён зарба зада мешавад. Баъд аз зарба бозингар

бо пои рост қадам ба пеш мекунад.

Р а с м и 83

Машқҳо:

  1. Тўбро бо панҷаи дасти чап ҷойгир мекунед. Онро рост ба балан-

дии 50-60 см партофта ва имкони ба фарш афтидан медиҳед (10-15 маро-

тиба).

  1. Бо дасти рост тўбро, ки дар панҷаи росткардашуда дар сатҳи миён

дасти рост аст, задан.

Пеш аз зарба дастро ба қафо партофта бо он зарбаро анҷом

медиҳед.

  1. Тўбпартоӣ ба деворро аз масофаи 5-6 м иҷро намудан.
  2. Тўбпартоиро аз болои тўр аз масофаи 4-6 м амалӣ сохтан.
  3. Айнан ҳамон, аммо аз хатти рўӣ.

Шаҳрак. Донистани техникаи бехатарӣ дар дарси варзиш ҳангоми

варзиши шаҳракӣ.

Қоидаи тартиб (рафтор) дар машғулиятҳо. Либоси варзишӣ ва пой-

афзол. Пешгирии осеб. Гигиенаи варзишгари ҷавон.

Қоидаи бозиҳо. Майдончаи варзиш. Таҷҳизот, асбобу анҷом. Вазифа

ва ҳуқуқи бозингарон. Тарзҳои гузаронидани мусобиқаҳо. Истилоҳоти

75

доварӣ.

Таъминоти моддӣ. Майдони бозиҳо. Бозӣ дар майдончаи махсусан

таҷҳизонидашуда ё дар роҳрави 15-30 м мумфарш гардонида шуда гуза-

ронида мешавад. Дар майдонча дар як самт дар фосилаи 2-2,5 м аз якди-

гар ду росткунҷа кашида мешавад. Ҳар як тарафи росткунҷа ба 2 метр

баробар аст. Дар масофаи 2-3 м аз росткунҷаҳо хат мегузаронанд – ин

нимдавра, дар масофаи 2,5-3 м хати дигар – давраро мегузаронанд. Аз

тарафҳои ақиби росткунҷа, каме (1-1,5 м) аз он қафотар теппачаи хокӣ ё

аз симтури оҳани монеъа месозанд, барои он ки чўбчаҳои бозикунанда

(чиллик ва дангал) ба тарафҳои гуногун паранд.

Барои бозиҳо ба шаҳрак лозим аст, ки (чиллик, дангал)-ро пайдо

карда, ё худ онҳоро аз чўб сохтан мумкин аст.

Дангал бояд 60-70 см дарозӣ дошта, лик – 10-15 см аст. Дангалҳо бо-

яд ба қувваи бачаҳо мувофиқат намоянд ва на зиёда аз 450 г вазн дошта

бошанд.

Қисмати болои дангалро барои истифодаи қулай (агар он аз чўб со-

хта шуда бошад) зарур аст, ки каме суфта намоянд. Ҳамаи ликҳо ҳаҷм,

шакл ва вазни якхела доранд. Асосашон росткунҷаанд. Ин ба онҳо

устуворӣ медиҳад, ки онҳоро вертикалӣ мегузоранд.

Қабл аз ҳама дуруст задани дангал ба ликҳоро меомўзанд. Барои ин

ду тарзи асосии ин машқҳоро нишон медиҳанд – задан бо дастони рост

ва хам. Якумӣ аз онҳо бо дасти рост гўё ки аз китф иҷро мегардад ва

«китфӣ» номида мешавад. Пас аз задани лик тобхўрон ба майдонча

параллелӣ мепаррад. Партофти дангал, ки аз оринҷ хам шудаи даст

«оринҷӣ» ном дорад. Ва дар ин партофт дангал ҳаракати тобхурандагӣ

ба майдонча параллелиро ба худ мегирад.

Ззадани дангал ба ликро аз худ намуда, мумкин аст бозӣ гузаронид,

ки дар он ду ё зиёда бозингарон (то панҷ дар як даста) иштирок менамо-

янд.

Мақсади бозӣ аз он иборат аст, ки бо шумораи камтари дангал шу-

мораи муайяни қолабҳоро задан.

Барои кўдакони синни хурди мактабӣ, чун қоида, 6 қолаб истифода

мебаранд.

Ҳар як аз он аз панҷ шаҳрак иборат аст, ки дар мобайни хатти рў ба

рўи росткунҷа муқаррар мегардад. Ба бачаҳо барои бозӣ чунин

қолибҳоро пешкаш намудан мумкин аст: «тўп», «лонаи мусалсал», «му-

шак», «ҳавопаймо», «мактуб» (расми 84,85).

76

Афтонидани қолабҳоро аз асп шурўъ мекунанд. Вақте ки аз беруни

росткунҷа аққалан як шаҳрак зада мешавад, он гоҳ зада афтондани

шаҳракҳои боқимонда аллакай аз нимаспа давом менамоянд.

Қолаби «мактуб»-ро ҳатман аз асп задан лозим аст, ҳол он ки авва-

лан шаҳракро, ки дар байни росткунҷа истодааст мезананд.

Бозӣ ҳамеша бо задании қолабҳо аз росткунҷаи рост шурўъ меша-

вад. Бозингари ҳар даста ҳуқуқ доранд задании ду дангалиро паиҳам

иҷро намоянд, баъд аз он партофтҳоро шахси дигар иҷро мекунад, ки аз

ҳамон даста аст.

Агар ҳамаи қолабҳои якуми шаҳрак зада шуданд қолабҳои дигариро

мегузоранд ва ғайра.

Р а с м и 84 Р а с м и 85

Техникаи бозӣ. Тарзҳои доштани дангал. Ҳолати асосӣ ва тарзҳои

ҳолатии зарбаҳо.

Тактикаи бозӣ. Интихоби вазъият, ҷойивазкунӣ.

Бозиҳо: «Дангал», «лик», «Аз давра берун зан», «лики парранда»,

«Шаҳраки хурд».

Чавгонбозӣ. Тасодуфан нест, ки

пурқувваттарин чавгонбозон варзишгарони

Ҳиндустон ва Покистон маҳсуб мегарданд. Ин бо-

зии қадима дар мамолики ҷануб бештар густариш

ёфтааст. Навъҳои гуногуни ин бозиҳо дар Эллада ва

Рим, Форс ва Ҳиндустони қадим ба вуҷуд омадааст.

Ҳарчанд бо номи муосираш ин бозӣ ба

чўпонҳои фаронсавӣ, ки тўбро бо чўбчаҳои шаст-

монанд «хокэ – крюк» мезаданд, вазифадор аст.

Дар бозиҳои III Олимпӣ «лякросс» – бозии мил-

лии ҳиндуҳои канадагӣ бо тўб ва чавгонҳо буд.

Қоидаи муосири чавгонбозӣ (хоккей дар замин) дар Антверпен дар

77

бозиҳои Олимпии VII дар августи 1920 муайян гардид.

Дар қарнҳои V-IV то солшумории мо чавгонбозӣ дар Тоҷикистон

маълум буд. Дар ноҳияҳои дури Помир бо маркабҳо, вале аксар вақт

пиёда бозӣ мекарданд.

Барои ин бозиҳо фақат чўб, ки охираш каҷ шуда бошад – чавгон та-

лаб мегардиду халос.

Номи худро чавгонбозӣ аз бозиҳои қадимии чор-

водорон гирифтааст. Аллакай баъд аз он, ки чун

чавгонбозӣ бо асп дар тамоми Осиёи Марказӣ паҳн

гашт, бозӣ ба дигар мамолики Шарқ ҳам гузашт.

Чавгонбозӣ бо асп дар бисёр сарчашмаҳои адабӣ –

таърихӣ ёдоварӣ мешавад. Дар «Шоҳнома»-и

Абулқосим Фирдавсӣ ба тасвири бозӣ як қисмати пур-

раи достони «Чавгонбозии Сиёвуш ва Афросиёб» бах-

шида шудааст. Назми классики тоҷик корнамоиҳои

Рустам, Сиёвуш, Баҳром ва дигаронро тараннум мена-

мояд. Дар халқ хотира аз дигар устодони бозии чавгон, аз он ҷумла

Гаршосп ва Эраҷ боқӣ мондааст. Эраҷ дар байни мардумони Шарқ чун

«Эраҷ – паҳлавон» машҳур аст.

Таърих нишон медиҳад, ки Искандари Мақдунӣ пас аз забт, ё

ишғоли Осиёи Марказӣ ва Эрон, барои ҷалби ҷанговарон чавгонбозӣ

ташкил медод. Абуалӣ ибни Сино чавгонбозиро ба навъҳои аз ҳама

қавии машқҳои варзиш дохил мекард.

Унсурулмаолии Кайковус ҳанўз дар асри XI дар китобаш

«Қобуснома» ба писараш маслиҳат медиҳад, ки дар бозӣ бояд боэҳтиёт

бошад, тасия медод, ки дар даста 8 бозингар дошта бошанд.

Аз асри V сар карда ин бозиро туркҳо, арабҳо ва халқҳои дигар ҳам

омўхтанд.

Дониши техникаи бехатарӣ дар дарси варзиш ҳангоми машғулияти

чавгонбозӣ ҳатмианд.

Қоидаи тартиб дар машғулият. Либоси варзишӣ ва пойафзол. Пеш-

гирии осеб. Гигиенаи варзишгари ҷавон.

Қоидаҳои бозӣ. Майдончаи варзишӣ, таҷҳизот, асбобу анҷом,

ашёҳо.

Вазифаҳо ва ҳуқуқи бозингарон. Тарзҳои гузаронидани мусобиқаҳо.

Истилоҳоти доварӣ.

Таъминоти моддӣ. Майдони бозингарӣ. Фақат дар майдони ҳамвор

78

чавгонбозӣ кардан мумкин аст. Дарозии майдони бозингарӣ ба 91 м, ба-

ри он ба 50-55 м баробар аст. Ҳар як нимаи майдон дар навбати худ боз

бо чорякхатҳо ҷудо гаштаанд. Ҳар чорякхат бо хатти фосиладор ба сам-

ти дарвоза параллелӣ дар масофаи 22,90 м аз он мегузарад. Ба дарвозаҳо

тўрҳо маҳкам шудаанд.

Ченакҳои дохилии дарвоза: дарозӣ – 3,66 м, баландӣ – 2,14 м. Барои

он ки майдончаи ҷаримавӣ нишон дода шавад, пеш аз ҳар дарвозаҳо бо

хатти дарвоза параллел ва дар масофаи 14,63 м аз он хат ба дарозии 3,66

м гузаронида мешавад. Сипас аз охири ҳар хат чоряк ба атроф то

қарибии хати дарвоза гузаронида шуда, инчунин ба сифати маркази дав-

ра ҳар як паҳлучўби дарвоза истифода мегардад.

Бари хатҳои дарвоза ва хатҳои майдончаи ҷаримавӣ бояд 7,5 м бо-

шад. Дар масофаи 7,31 м аз байни дарвоза мустақиман пеш аз онҳо ни-

шонаи 7-метра нишон дода мешавад.

Дар кунҷҳои майдони бозӣ 4 байрақчаи кунҷӣ гузошта мешавад. 6

байрақчаҳои паҳлугӣ хати мобайни майдон ва чорякхатҳо нишон

медиҳанд ва дар масофаи 0,91 м аз сарҳади майдон ҷойгир карда меша-

ванд.

Баландии байрақчаҳо набояд камтар аз 1,20 м бошад. Ба хатҳои

дарвоза дар масофаи 4,57 м ва 9,14 м аз ҳар пояҳо бо хатҳои кўтоҳи са-

фед кунҷҳои ҷаримавӣ баръало тасвир карда ё нишон дода мешаванд.

Ба хатҳои дарвозаҳо ва хатҳои паҳлугӣ дар масофаи 2,74 м аз

байрақчаҳои кунҷӣ кунҷҳоро мегузоранд (ба расми 86 нигаред).

расми 86. Майдони бозӣ барои чавгонбозӣ (ченакҳо бо метр)

Тўб. Қутр баробари 7,4 см. Вазни тўп 156 г то 163г дакка мехўрад.

Мутобиқи қоидаҳо тўб метавонад чармин бошад ё пурра ба ранги

сафед ранг карда шуда бошад ё бо қисм-қисм сафед ранг гардад. Дилаки

тўб аз мўй ё ягон ашёи сабуки тайёр карда мешавад. Аммо аз таъсири

намӣ чунин тўб зуд вазн ва шакли худро иваз мекунад. Ҳангоми

79

мусобиқаҳои дастаҳо тўберо истифода мебаранд, ки аз омехтаи майда-

кардашудаи каучук тайёр гардидааст.

Чавгон. Вазни имконпазири чавгон аз 340 то 794г дакка хўрда ва бо

унсияҳо (1 унсия – 28,35 г) андоза карда мешавад. Нисбат ба дарозии он

маҳдудият нест, вале дарозиаш маъмулан ба 85-90 см мерасад. Ба даста

каҷак ширеш ё часпонида мешавад. Часпиш аз рўи принсипи фона иҷро

шудааст. 1,2 ё 3 қабатҳои резинӣ дар дохили даста ба чавгон нармии за-

руриро медиҳад. Каҷак аз дарахтҳои чормағз, тут, акатсия тайёр мегар-

дад. Пайвастагии чўб аз ҷои хамшавӣ бояд ба тарафҳои берунии он

параллелӣ бошад, зеро чавгон метавонад ба осонӣ ҷудо гардад. Ба хоти-

ри нашикастан боя гон лента печонидани чавгон тавсия намешавад. Ин

кор то дараҷае метавонад ҳаҷмҳо чавгонро тағйир диҳад, ки он ба

қоидаҳо ҷавобгў нест.

Чавгон бояд аз дохили ҳалқа, ки қутри дохилиаш ба 5,08 см баробар

аст, гузарад ва танҳо аз як тараф паҳн бошад.

Чавгони ҳиндӣ қариб дар тамоми олам густариш ёфтааст, ки бо

каҷаки хамшудаи кўтоҳ ва дастаи яклухташ фарқ мекунад (нигар ба рас-

ми 87)

Расми 87. Чавгонҳо: а)даста ва каҷак; б)даста, намуд аз боло; в)каҷак аз

тарафҳои ақиб ва зарбавӣ.

Техника. Хосиятҳои хоси чавгонбозӣ тарзҳои истифодаи чавгон ва

натиҷаҳои баъдии техникии қоидаҳои бозиро муайян мекунад.

Аҳамият ва ҳаҷми машғулиятҳо, ки барои маҳорату малакаи техни-

кии равона гардидаанд, дар чавгонбозӣ нисбат бо дигар навъҳои варзиш

зиёдтар аст.

Дар ин маврид ба масъалаҳои тактикӣ ва омодагии ҷисмонии умумӣ

диққати калон ҷудо карда мешавад.

Мах с у си я т ҳ ои у н с ур ҳо и а со си и т е х ни кӣ . Б оз инг а р бо я д а з

а б в

80

ҳо лат и а со с ӣ ба т е зӣ и ҷр ои та мом и ҳ ар а ка тҳ о в а

ама ли ёт ҳо р о б о ч ав го н ш у рў ъ н амо я д .

Ҳолати дастҳо. Тарафи ҳамвор ё паҳни чавгон ба чап равона гарди-

дааст. Дасти чап аз охири даста меқапад, дасти рост тахминан дар мо-

байни дастаи чавгон ҷойгир шудааст.

Дав. Барои давидан дар чавгонбозӣ умумияти табдили ногаҳонии

самт ба ақиб ё тарафҳо хос аст.

Бозингар бо зонуҳои каме хамшуда медавад, ҳамчунин вазни бадан

асосан ба нуги пойҳо равон мегардад. Ў чавгонро вобаста аз вазъият бо

як даст медорад (бо рост ҳангоми давидани дарози зуд, бо чап

мустақиман пеш аз ҳамла аз тарафи чап), ё бо ҳарду даст дар пеши бадан

(дар сатҳи тўб).

Бурдани тўб. Мутобиқ ба ҳолатҳои бозингарӣ тўб ба ҳаракат, бо

зарбаҳои сусти дасти баранда (агар аз ҷониби мухолиф монеъ набошад),

ё ҳангоми ивази бонавбати дастҳои баранда ва ақиб (дар вақти

муқобилият аз тарафҳои мухолиф ё ҳангоми фиреби мухолиф) дароварда

мешавад.

Аҳамияти ҳалкунандаро ин ҷо ҳамоҳангии байни ҳаракатҳои бадан

ва қисматҳои дастон ва кор (фаъолият) бо чавгон мебозад.

Нигоҳ доштани тўб.

Тўбро дошта, чавгонбоз бояд чавгонро озодона нигоҳ дорад.

Лағзиши эластикии чавгон ба ақиб ҳини бархурди тўб «париш»-и тўбро

бозмедорад.

Бо даст манъ кардани тўбҳои «баланд» ва «паст» иҷозат дода на-

мешавад. Дар ин маврид фақат иҷозати манъсозии ҳаракати тўб ҳаст, на

ин ки ба он самти дилхоҳ дода шавад.

Тўбронии бетанаффус. Тўб дар майдон боқӣ мемонад. Каҷаки чав-

гон бевосита аз ақиби тўб гузошта шуда ва тўбро то масофаи 25 см

ҳамроҳӣ мекунад.

Партофт аз ҷой. Тарафи ҳамвори каҷаки чавгон ба тўб наздик

оварда мешавад. Сипас дар натиҷаи зарбаи пурқуввати зиёд ё кам тўб

метавонад ба баландии гуногун бардошта шавад ва ба масофаҳои мухта-

лиф партофта шавад. Зарба бо алвонҷхўрӣ ҳангоми партофтҳо ба дарво-

за, тўбдиҳӣ ва тўбдиҳӣ аз паҳлўи майдон иҷро мегардад.

Партофт дар ҳоли ҳаракат. Ин навъи зарбаро (ҳангоми бозӣ бо

тўбдиҳии кўтоҳ ба якдигар қулай аст), бозингар дар ҳолати чавгонро бо

роҳи партофтани кўтоҳ иваз накарда, амалӣ месозад. Партофтҳо бо

81

дастҳои баранда ва пас. Ҳангоми зарба бо дасти дар пеш қарордошта

фосила байни ҳарду даст бояд на он қадар калон бошад. Дар ин маврид

тоб додани дасти рост бо дастаи чавгон ба боло мелағжад. Чавгонбоз

каме пои чапро ба пеш мегузорад, агар баранда дасти рост бошад. Тўб

дар ин вақт бояд тавре хобида бошад, ки ба он ба қисмати хамгаштаи

каҷаки чавгон задан мумкин аст. Дар лаҳзаи тоб додан ва дар лаҳзаи

охирон чавгон набояд аз сатҳи китф боло бардошта шавад.

Ҳангоми зарбаи дасти пеш дар мавриди гардиши дасти дуюм

тўбдиҳии пинҳонӣ иҷро мегардад.

Техникаи бозии дарвозабон.

Дарвозабон тўбҳои «поёнӣ»-ро бо пойяш, тўбҳое, ки дар сатҳи зо-

нуанд бо сипарҳо, тўбҳои баландро бо дастонаш мегардонад.

Чавгонро баландтар аз сатҳи китфон бардошта наметавонад.

Тактика. Қоидаи чавгонбозӣ. Зарбаҳо ба дарвозаҳо танҳо аз дав-

раи зарбавӣ, (ҳолати ғайрибозӣ) ҳамаи тактикаи бозиро муайян месо-

занд.

Барои ба комёбӣ ноил гаштан, зарур аст, ки ба «қоидаи ғайри

бозӣ» риоя намуда, ба ҳар васила тўбро ба минтақаи даври зарбавӣ бу-

баранд.

Дар бозӣ тактикаи инфиродӣ, гурўҳӣ ва дастҷамъӣ, инчунин такти-

каи дарвозабон истифода мегардад.

Қоида. Даста иборат аз 1 дарвозабон, 2 ҳимоятгар, 3 ҳуҷумкунанда

ва то 6 нафар бозингари эҳтиётӣ иборат аст. Вақти бозиро 2 даври 20-

дақиқагӣ ташкил мекунад, аз рўи шартнома метавонад камтар бошад.

Зарбаҳо ба тўб манъ аст. Тўб бояд ҳамеша дар майдон монад. Ҳангоми

баромади тўб аз бозӣ дар масофаи 1 м аз паҳлӣ рондани озоди тўб амалӣ

мегардад. Бозингарони боқимонда дар ин лаҳза дар фосилаи 3 м аз ҷойи

оғози бозӣ ҷойгир мешаванд. Ҳангоми амалӣ шудани тўби кунҷӣ бозин-

гарони дастаҳоро ҳимоякунанда аз хати берун аз дарвоза ба тарафҳо, ки

муқобили ҷои иҷрокунии тўби кунҷӣ аст, ҷойгир мешаванд.

Бозиҳо. «Дег», «Ба ҳадаф расон», «Зарбаи кӣ дуртар?», «Тўб аз

давра», «Тўб ба чуқурӣ».

Тенниси тўи миз. Ин бозӣ дар охири асри гузашта ба вуҷуд омада-

аст, ҳарчанд бозӣ, бе муболиға, решаҳои қадима дорад. Ватани он Бри-

танияи Кабир маҳсуб мешавад. Ақидаи дигаре низ мавҷуд аст, ки тенни-

си рўи миз гўё аз Осиё ба воситаи Ҳиндустон ба Англия гузашта ва аз он

ҷо дар дигар мамолики Аврупо низ паҳн гаштааст. Аммо бозии муосири

82

теннис маҳз дар Англия дар соли 1884 сабт гардидаанд. Маҳз англисҳо

(Д.Гиббс, Д.Жако) тўби пластикӣ ва мизи теннисро ихтироъ намудаанд.

Дар Британияи Кабир бозиро бо исми бештар садодор пинг-понг

номиданд.

Ба берун аз ҷазира тўб дар ибтидои қарни XX интиқол гашт. Дар

соли 1901 он дар Австрияю Венгрия, Олмон, баъдтар дар Шветсия, Че-

хия ва дигар мамлакатҳо арзи ҳастӣ намуд. Дар соли 1926 чемпионати

аввали ҷаҳон доир ба тенниси рўи миз баргузор гардид.

Дар Иттиҳоди Шўравӣ роҷеъ ба ин бозӣ дар интиҳои асри XX ит-

тилоъ ёфтанд ва дар охири солҳои 20-ум, махсусан солҳои 1927 – 1929,

густариш ёфт. Чемпионати якумини СССР соли 1951 дар Вилнюс баргу-

зор гашт.

Донишҳои техникаи бехатарӣ дар дарси варзиш оид ба

машғулиятҳои тенниси рўи миз ҳатмианд.

Қонуни тартибот дар машғулиятҳо. Либоси варзишӣ ва пойафзол.

Пешгирии осеббинӣ. Гигиенаи варзишгари наврас.

Қоидаи бозӣ. Мизҳо барои тенниси рўи миз, таҷҳизот, асбобу анҷом,

ашё. Вазифа ва ҳуқуқи бозингарон. Тарзҳои гузаронидани мусобиқа.

Истилоҳоти доварӣ.

Таъминоти моддӣ. Ҷойи бозӣ. Майдончаи дар ихтиёр дошта ҳадди

ақал бояд 12м х 6м бошад. Барои гузаронидани мусобиқаҳои

байналхалқӣ – 14м х 7м. Болопўши фарш бояд нарм бошад.

Сарчашмаҳои рўшноӣ бояд аз фарш 4м боло воқеъ бошад.

Дар мизи бозӣ равшанӣ бояд 400 лк ташкил диҳад. Муҳити атроф

ва хати маҳдудкунандаи майдон, бо дарбаргирии қабули тўб, бояд торик

маҳрум аз ҳар гуна инъикоснамоӣ бошад.

Миз метавонад аз ҳар гуна мавод сохта шавад ва бояд мустаҳкам

бошад. Сатҳи рупўш ё болои мизи бозингарӣ бояд яклухт ва бо ранги

сабз ранг шуда бошад. Вай бо хати сафеди 2 см аз паҳлуҳо ва ақиб

маҳдуд мегардад.

Хати мобайнӣ бо паҳмии 3 мм, ки барои бозиҳои ҷуфт зарур аст,

метавонад ҳамчунин ҳангоми бозиҳои ягона гузошта шавад. Тури ранги

сабзи торикдошта мизро ба ду ҳиссаи баробар тақсим мекунад. Он ба ду

такягоҳ берун аз миз мустаҳкам мегардад (расми 88).

83

Р а с м и 88

Тўб. Аз матоъи сафед ё пластики ҳаҷман аз 11,43 то 12,70 см иборат

буда, 2,4 то 2,53 г вазн дорад.

Ракетка бояд аз дарахти торик бошад. Агар паҳнии ракетка

болопўшро ба назар мегиранд, он гоҳ ин полопўш бояд ё аз резинаи

нарм, ғафсии умумӣ ҳадди аксар 2 мм ё аз резинаи мулоим, қабати болоӣ

аз резинаи нарми дандонадор, ки ғафсии умумӣ набояд аз 4мм зиёда бо-

шад, бошад.

Болопўш яклухт ва торик бошад.

Ҳангоми қапиши аврупоӣ дастаи ракеткаро бо се ангуштҳо медо-

ранд (расми 89), ангушти ишоратӣ дар канори ракетка бароварда шуда,

калон аз тарафи дигар ҷойгир шуда, ба тарафи кушода ва бо каме ба ан-

гушти миёна мечаспад. Ин қапиш бештар барои иҷрои зарбаҳои гуногун

– шакли ҳамлакунӣ ва ҳимоявӣ мувофиқ аст.

Р а с м и 89. До ш т а н и р а к е т к а

Омодагии махсуси умумӣ ва варзишӣ. Машқҳои низомӣ. Роҳравӣ,

дав: бо нуки панҷаи пойҳо, қайчишакл, бо такрор – 5 х 30 м, ҳушдори

биноӣ.

Ибтидо аз ҳолатҳои гуногун. Машқҳои инкишофдиҳандаи умумӣ бе

ашёҳо: барои мушакҳои даст, пой, бадан. Машқҳо барои ташаккули ду-

русти нишаст.

Машқҳои инкишофдиҳандаи умумӣ бо предметҳо: бо чўби

гимнастикӣ, арғунчаки кўтоҳ, тўбҳои баскетболӣ ва пуркардашуда,

ракеткаҳо, тўбҳои теннис.

Ҷаҳишҳо: аз ҷой, ба дарозӣ ва ба боло, бо дави тез ба дарозӣ ва

84

баландӣ, ҷаҳиш ба боло бо кандашавӣ ва баръакс. Партофти тўби теннис

ба ҳадаф ва ба дурӣ. Фиреби зарбаҳои мухталиф. Бозӣ дорондани тўби

теннис. Бозиҳои серҳаракат, эстафетаҳо.

Техникаи бозӣ. Тарзҳои __________қапидани ракетка. Ҳолати асосӣ ва мавқеъ.

Навъҳои зарбаҳо (бо фосила, ҳамлавар, ҳимоявӣ).

Партофтҳо: бо навбат иҷро кардани силсилаи партофтҳои гуногун

(аз боло, поён, бо тобхўрии омехта).

Ҷавоби партофт ва зарбаҳо: «теладиҳӣ, ғелон», «зери буриш», «холӣ

гузоштан». Зарбаҳо бо тўби кўтоҳкардашуда «пуштакӣ». Якҷоякунии

партофтҳо бо зарбаҳои ҳамлавӣ ва ҳимоятӣ.

Бозиҳои ҷуфт. Ҳимояи «шамъ» бо тобхўрии болоии тўб. Зарбаи

хотимавӣ ба маркази миз дар қарибии тўр, ба кунҷи миз. Зарбаҳои

ҷавобӣ. Бозӣ бо ду тўбҳо. Ғелондани тўп ба чап ва ба рост.

Тактикаи бозӣ. Интихоби мавқеъ, суръат. Бозии ҳуҷумкунанда зид-

ди ҳимоятгар. Бозии ҳимоятгар зидди ҳуҷумкунанда. Тактикаи бозиҳои

якка. Хусусиятҳои бозиҳои ҷуфт. Тактикаи бозӣ дар минтақаҳои гуно-

гун. Ҷойивазкунӣ дар бозиҳои якнафара, ҷуфт ва омехта.

Бозиҳо. «Осиёб», «Ҳама муқобили як кас», «Ҳадафро тахриб намо ё

бирас», «Тўби гапгир», «Арғунчак», «Қувва ҳаст».

Бадминтон. Бадминтони аз бозии ҳиндии «Пунэ» ибтидо мегирад.

Маҳз аз Ҳиндустон дар соли 1872 гурўҳи афсарон-мустамликадорони

англис дар наздикии Глогестершира бозиеро бо номи бадминтон намо-

иш доданд.

Ҳамон сол чун соли таваллуди бозии бадминтон ба ҳисоб меравад.

Донистани техникаи бехатарӣ дар дарсҳои варзиш ҳангоми

машғулиятҳои бадминтон.

Қоидаи тартиб дар машғулиятҳо.

Либоси варзишӣ ва пойафзол. Пешгирии осеббинӣ. Гигиенаи вар-

зишгари наврас.

Қоидаи бозӣ. Майдон барои бозӣ, ҳаҷмҳо, ченакҳои он. Асбобу

анҷом (ракетка, тўр).

85

Таъминоти моддӣ. Майдон барои бозии бадминтон росткунҷа ба-

рои бозии ҷуфт – 13,10 х 6,10 м буда, барои бозии якнафарӣ 13,40 х 5,18 м

мебошад. Майдонҳое мавриди истифода қарор мегиранд, ки фақат барои

яккабозон ё фақат барои бозиҳои ҷуфт ҷудо шудаанд, инчунин

майдонҳои ҷойивазкунанда ё омехта. Ҳамаи хатҳо дар ғафсии 3,8 см ка-

шида шуда, ба ченакҳои майдон дохил мешаванд.

Барои бозии оддии бадминтон ҷои ҳамвор аз рўи имкон аз шамол

ҳимояёфта, майдончаи қариб 7 х 15 м мувофиқ аст.

Р а с м и 90

Майдонча барои бозӣ ба бадминтон дар разрядҳои якка ва ҷуфт. М хатти

мобайнӣ; SD – хатти паҳлугӣ барои разряди ҷуфтона; S-E – хатти паҳлугӣ барои раз-

ряди якка; VA хатти пеши партофт; HAD хатти ақиби (охири) партофт барои

разряди ҷуфт; VFE хатти охири (ақиби) партофт барои разряди якка (расми 90).

Ҳангоми гузаронидани мусобиқаҳо майдончаро ба ду қисми баро-

бар бо тўри сабз бо хоначаҳои (ячейка)-ҳо бо 2 см ҷудо мекунанд. Даро-

зии сетка 6,10 м, бар 76 см. Гўшаи болоии тўр бар баландии 1,524 см

ҷойгир аст.

Параҳои тўр аз матои сафед бо ғафсии 7см мағзӣ дорад.

Ба гўшаҳои болоӣ ва поёнии тўр ресмонҳои мустаҳкамро

мепўшонанд, ки ба дар баландии 1,55 м маҳкам карда мешавад.

Тўбча. Барои бозии бадминтон дар биноҳои пўшида тўбҳои 4,7 то

5,5 г вазндоштаи парҳои табӣ дошта ба теъдоди 14-16 адад ва сараки са-

бук истифода мегарданд.

Инчунин тўбчаҳои пардори пласмассӣ низ мавриди истифода қарор

мегиранд. Ҳангоми зарба бо қувваи муқаррарӣ аз поён тўбчаи пардор

бояд қариб 13 м парад. Барои бозии оддӣ дар вақти истироҳат тўбчаҳои

вазнашон қариб 10г истифода мешаванд.

Ракетка барои бадминтон аз рўи тарзи берунӣ ракеткаи тенниси

оддиро ба хотир меоварад, аммо хело ҳам сабук ва мулоимтар аз охирӣ

аст. Вазни ракетка қариб 130 г. Ба қолаби ракетка торҳои синтетикии

86

қутрашон 0,6 – 0,8 мм-ро мекашанд (расми 91).

Р а с м и 91. До ш т а н и р а к е т к а

Омодагии махсуси умумӣ ва варзишӣ. Машқҳои қаторӣ. Роҳравӣ,

дав: бо нук ва панҷаи пой, бо қадамҳои қайчишакл, такроран – 5 х 30 м,

аз рўи ҳушдори биноӣ, оғоз аз ҳолатҳои гуногун. Машқҳои

инкишофдиҳандаи умумӣ бе ашёҳо: барои мушакҳои даст, пой, бадан.

Машқҳо барои инкишофи дурусти нишаст, ҳолатҳои он.

Машқҳои инкишофдиҳандаи умумӣ бо ашёҳо: бо чўби гимнастикӣ,

арғунчаки кўтоҳ, тўбҳои баскетболӣ ва пуркардашуда, ракеткаҳо, тўбҳои

теннисӣ.

Ҷаҳишҳо: аз ҷой, ба дарозӣ ва ба боло бо дави тез ба дарозӣ ва

баландӣ. Паридан ба боло ва баръакс. Партофти тўби теннис ба ҳадаф

ва ба дурӣ. Фиреби зарбаҳои мухталиф. Бозӣ бо тубҳо.

Бозиҳо «Дав бо ракеткаҳо», «Дасти кӣ бақувват?», «Кӣ тезтар»,

«Тўбчаро қап», эстафетаҳо.

Техникаи бозӣ. Тарзи доштани ракеткаҳо. Ҳолати асосии бозингар

ҳангоми партофтан, қабули тўб, ҳангоми зарбаҳо ба рост, ба чап, ба бо-

ло, ба поён. Зарбаҳои кўтоҳ ба рост ва ба чап. Зарбаҳои фосиладор ба

рост, ба чап, аз болои ресмон, зарбаҳои каҷ ба рост ва ба чап. Зарбаҳои

паҳн ба рост, ба чап ва аз болои сар. Зарбаҳои кўтоҳ.

Партофтҳо: кўтоҳ, баланд – дур, паҳн – дур. Шиносшавӣ бо ҳисоб

ҳангоми бозиҳои якка. Гузоштан ва ҳуҷум. Зарбаи ҳамлавӣ, бозиҳои як-

ка, ҷуфт ва омехта бо ҳисоб.

Тактикаи бозӣ. Интихоби ҷо ва назорати ҷойивазкунии дуруст дар

майдонча. Бозӣ аз хатҳои паҳлуӣ, аз хати ақиб ба тўр. Интихоби тарзи

партофт, зарбаҳои ҷавобӣ. Тактикаи бозиҳои якка ва ҷуфт.

Ҷойгиршавии бозингарони бозиҳои ҷуфт: параллелӣ, пешу – ақиб, озод.

Шиноварӣ. Пайдоиши шиноварӣ ба давраҳои қадим марбут буда,

ба зарурати аз ҷониби одам азхуд кардани муҳити об ва мубориза барои

мавҷудият вобаста аст.

Юнониҳои қадим ин маҳорату малакаи заруриро баланд арзёбӣ на-

87

муда, онро ба тавонистани хондану навиштан баробар мешумориданд.

Шиноварӣ барои одамон хурсандии зиёд, қаноатмандӣ меовард, чун ва-

силаи олии истироҳат хизмат мекард, саломатиро мустаҳкам, ба

обутобдиҳӣ мусоидат менамуд. Вай барои инсони бақувват, чолок,

пуртоқат, чобук шудан, худро бо итминону боварӣ дар ҳолатҳои гуногу-

ни ҳаётӣ эҳсос намудан хизмат менамояд.

Машқҳои шиноварӣ ба саломатии ҷисми одам мусоидат намуда,

узвҳои шикам ва нафасро инкишоф медиҳад; мушакҳоро пурқувват на-

муда, ташаккули мутавозини бадан ва қомати ростро таъмин месозад;

организмро ба таъсири хунукӣ мутобиқ мегардонад; бо пасту баландша-

вии якбораи ҳарорат ва ғайра.

Шиноварӣ дар бозиҳои Олимпӣ бо барномаҳои калон муаррифӣ

гардидааст.

Шиноварони собиқ Шўравӣ (СССР) дар таърихи иштирок дар

мусобиқаҳои калон 22 медали тилло, 26 нуқра ва 31 биринҷиро соҳиб

гардидаанд.

Комёбиҳои бештарро Г. Прозуменшикова, В. Салников, А. Попов

ва дигарон соҳиб шудаанд.

Варзишгарони ҷумҳурии мо омодагии комплексии қавӣ ва интихоб

ба иштирок ба бозиҳои Олимпиро мегузаранд.

Вазифаи ҳар як мактабхон шиновариро омўхтан мебошанд. Барои

огоҳии ҳолатҳои нохуш ва осеббинӣ зарур аст, ки талабот ва қоидаҳои

зерин риоя гарданд:

  1. Фақат дар ҷойҳои ошно ва иҷозат додашуда барои шиноварӣ, аз

ҳудуди сарҳади нишон додашуда берун оббозӣ накардан.

  1. Др ҳавзҳои шиноварӣ риоя кардан ба интизом.
  2. Шиновариро танҳо бе калонсолон омўхтан мамнўъ аст. Ин кор

хатарнок аст, ҳатто вақте ки худро дар об нигоҳ дошта метавонед.

  1. Агар шумо чуқурии ҳавзро надонед ва ба набудани ашёҳои дигар

дар он боварӣ надошта бошед ба об ҷаҳидан манъ аст.

  1. Ба об ғута хурда нафас накашида онро дар вақти зиёд нигоҳ дош-

тан мумкин нест.

  1. Ҳангоми пайдошавии нишонаҳои хунукхурӣ, кабудшавии лабҳо

лозим аст, ки аз об баромада гарм шавед.

  1. Танҳо баъди 40-60 дақиқаи баъди хўрокхўрӣ ба машғулиятҳои

шиноварӣ машғул шавед.

  1. Аз воситаҳои нигаҳдоранда истифода бурданро ёд гиред, ҳисси

88

худидоракунӣ ва масъулиятро аз даст надиҳед.

  1. Агар дар ҷисми худ бемориҳои гулудард, шамолхўрӣ, сулфа ва

ғайраро эҳсос кунед, ба шиноварӣ машғул нашавед.

Барои машғулияти шиноварӣ зарур аст, ки анҷомҳои зерини

инфиродӣ дошта бошед: либоси шиноварӣ, кулоҳи резинӣ, собун, лиф,

сачоқ, шона; қабл аз ҳар машғулият дар ҳавзҳои шиноварии пўшида за-

рур аст, ки худро бо собун пурра шўед ё душ кунед; пас аз машғулият

сар, махсусан гўшҳоро пурра пок кунед; пас аз оббозӣ бо либосҳои тар

истодан мумкин нест.

Оббозӣ дар ҳавзҳои табиӣ ҳангоми ҳарорати на камтар аз +18° 20°

будани об, дар ҷои шамолпаноҳ, ҳавои офтобӣ, ҳарорати ҳаво (шамол)

дар он бояд +24…25° бошад, мумкин аст.

Мўҳлати дар об будан аз 5-10 то 30-40

дақиқа тадриҷан афзоиш меёбад (бо назардош-

ти синну сол, ҳолати саломатӣ, шароиту обу

ҳаво).

Вақти беҳтарин барои машғулиятҳо нимаи

аввали рўз аз соати 10 то соати 13 мебошад.

Дар ҳавои гарм мумкин аст 2 маротиба дар як рўз, Расми 92.

дар нимаи дуюми рўз аз соати 16 то соати18 оббозӣ кард.

Р а с м и 93

Р а с м и 94

Р а с м и 95

Онҳое, ки шиновариро наметавонанд зарур аст, ки дуруст худро дар

об нигоҳ доштан, бе тарс ба об даромадан, ҳаракатҳои оддитарини дасту

89

пойҳоро иҷро намоед, ҳамзамон бо тарзҳои варзишии гуногун –

элементҳои техникаи шиноварӣ ошно шавед.

Доир ба азхудкунии машқҳо дар об, ки шумо дар синфҳои поёнӣ

омўхта будед: «оббозӣ» (расми 92), «медуза», «ситорача» (расми 93),

лағзиш ба сина, рўй ба соҳил истоданро (расми 95) такрор намоед.

Техникаи навъҳои асосии шиноварӣ тахтача дар қафаси сина (расми

96) – тарзи аз ҳама зуд ва машҳури варзишӣ оббозӣ аст. Он бо

ҳаракатҳои бо танаффуси симметрии дастону пойҳо маънидод мегардад.

Нафасбарорӣ дар об иҷро мешавад. Ин тарзи шиноварӣ барои гузаштан

аз монеаҳои обӣ, ҳангоми наҷоти ғарқшудагон истифода бурда мешавад.

Машқҳо барои омўзиши техникаи шиноварӣ дар қафаси сина

Дар хушкӣ:

  1. ҲМ – ба қафаси сина хобида, даст ба пеш, сарро хам кардан. Ба

зону (оринҷ) боло шуда ва ба панҷаҳои даст нигоҳ

карда, ҳаракатҳои ботанаффуси пойҳоро зуд иҷро

менамоянд.

  1. Айнан ҳамон, аммо як даст ба пеш, дигар

дар баробари бадан.

  1. Айнан ҳамон, вале бо мувофиқат кунонида-

ни ҳаракати пой бо нафас сарро ба як тараф тоб

дода, бо дасти ба пеш дарозкардашуда ба гўш ра-

сидан.

  1. ҲМ – рост истода, як даст ба боло, дига-

раш аз камар, ҳаракати даврии дастҳо ба пеш

(«Осиёб ба пеш»).

Р а с м и 96

Р а с м и 97

Дар об:

  1. ҲМ – бо қафаси сина хобида, бо дастҳо ба чуқурӣ, ба паҳлўи ҳавз

такя карда, ҳаракати пойҳоро иҷро менамоянд.

Нафаскашии муқаррарӣ (оддӣ).

  1. Айнан ҳамон, аммо сарро дар об фуровардан, нафасро нигоҳ

доштан.

  1. Айнан ҳамон, аммо нафасбарорӣ дар об иҷро мешавад. Барои

нафасгирӣ сарро ба боло бардоштан ё тоб додан.

90

Машқҳо барои омўзиши техникаи ҷаҳидан аз баландӣ

Дар хушкӣ:

ҲМ – оғози шиноварӣ (пойҳоро дар баробари кафҳо параллелӣ гу-

зошта, дар зонуҳо ва қисматҳои миён хам шуда, дастҳоро ба ақиб пар-

тофта, ба пеш нигоҳ мекунанд. Ҷаҳиш ба боло бо алвонҷи дастҳо ба бо-

ло, сар дар байни онҳо.

Дар об:

  1. ҲМ – дар паҳлуи ҳавз нишаста, даромадан ба обро (аввалан ба об

дастҳо ва сар медароянд) иҷро менамоянд.

  1. Айнан ҳамон амал, вале тадриҷан такяро зиёд намуда.
  2. Айнан ҳамон амал, аммо ҳолати оғози шиновариро қабул карда.

Шиноварӣ бо пушт – яке аз тарзҳои хеле қулайи (барои нафаскашӣ)

ҳаракаткунӣ дар об аст. Агар шумо монда шудед, аз шино бо қафаси си-

на, он гоҳ мумкин аст ба пушт гарде два истироҳат намоед.

Оббозӣ ба пушт, хобравӣ (расми 97) чун ҳаракатҳои ботанаффусу

пайвастаи дастҳо ва пойҳо маънидод мешавад.

Шиновар ба пушт хобидааст, аз ин рў нафасбарорӣ дар болои об

амалӣ мегардад. Ин тарз ҳангоми ҳамлу нақли осебдида, бурдани борҳои

мухталиф истифода бурда мешавад.

Машқҳо барои омўхтани техникаи шиноварӣ

ба тарзи пуштнокӣ.

Дар хушкӣ:

  1. ҲМ – нишасти кунҷӣ (дар фарш, дар курсӣ, дар соҳил); ҳаракати

пайвастаи пойҳо.

  1. ҲМ. Истода, як даст ба боло, дигар дар баробари бадан,

ҳаракатҳои даврии бофосила ба ақиб.

Дар об:

  1. ҲМ – ба пушт хобида, бо дастон аз паҳлуи ҳавз қапида, ҳаракати

пойҳоро иҷро менамоянд. Пойҳоро аз зонуҳо хам накарда, нуки пойро

ёзонидан ва ба дохил тоб додан.

  1. ҲМ – ба пушт хобида, тахтаро дар зери сар, ба зону, ба шикам

гузоштан.

Шино карда, ҳаракатҳои пойҳоро анҷом дод.

Такмили техникаи шиноварӣ

Оббозӣ бо пушт:

  1. Шиноварӣ ба пушт бо кўмаки ҳаракатҳои пайвастаи пойҳо

91

(дастҳо метавонанд дар баробари бадан, яке ба боло, ҳарду ба боло бо-

шанд).

  1. Айнан ҳамон амал, аммо то оринҷ иҷро шуда, қулочи дароз ду-

даста дар як вақт.

Шиноварӣ ба қафаси сина:

  1. Шиноварӣ бо қафаси сина, бо ёрии ҳаракати пойҳо ва як даст,

дигарӣ ба пеш, ба гардишҳои сар барои нафасгирӣ ба тарафи дасти кор-

кунанда назорат кардан.

  1. Бо ҳар даст шумораи додашудаи қулочҳоро зам ё илова кардан.

Бозиҳо: «Оммавӣ», «Обхезӣ», «Моҳигир», «Моҳӣ дар тўр», «Обка-

шак».

Агар шумо аллакай шиновариро хуб ёд гирифта бошед ва ба

сексияҳои шиноварӣ равед, он гоҳ метавонед барои худ тестҳои

санҷишие, ки пешкашатон менамоем, иҷро созед.

Аз тестҳои санҷишӣ истифода бурда, шумо метавонед на танҳо

натиҷаҳои хуб нишон диҳед, балки нишондодҳои худро беҳтар созед.

Тестҳои санҷишии намунавӣ

Ҷадвали 3

Б аҳ о

Маш қ ҳ о

Аъ ло

Ху б

Қ ан оат б ах ш

Шино карда гузаштан аз

масофаи 50м, дақ., с:

писарон

духтарон

1.20

1.30

Бо яке аз тарзҳои

варзишӣ бе ҳисоби

вақт

Бе ҳисоби вақт

бо усули озод

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …