Главная / Маданият ва санъат / Дар Тоҷикистон мошин истеҳсол хоҳад шуд

Дар Тоҷикистон мошин истеҳсол хоҳад шуд

Ширкати алюминии “Талко” тасмим дорад то як моҳи дигар дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли мошинҳои боркашро роҳандозӣ кунад. Ин корхонаи муштарак якҷо бо ширкати “Krantas”-и Узбекистон сохта мешавад, ки дар ин кишвар бо бандубасти мошинҳои вижаи боркаш ва сохтмонӣ машғул аст.

krantas

Мирзиёев аз “Талко” дидан мекунад

Дар ҷараёни сафари кории Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи сентябр, ки ҳамзамон бо ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе баргузор мешавад, қарор аст президенти кишвари ҳамсоя аз ширкати “Талко” ҳам дидан кунад. Игор Сатторов, сухангӯи ширкати “Талко” рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафари Мирзиёев бо ҳадафи ошноӣ аз кори корхонаи алюминий сурат мегирад.

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз ним миллион воситаи нақлиётии сабукрав ва боркаш сабт шудааст, ки соли тавлиди бештаре аз онҳо ба қарни гузашта мувофиқ меояд.

Ба гуфтаи Игор Сатторов, корхонаи муштараки тоҷикиву узбекии истеҳсоли мошинҳои борбар бо ширкати “Krantas”-и Узбекистон дар ҳудуди ширкати “Талко” бунёд мешавад. Вай афзуд, ки корҳои насби таҷҳизоти коргоҳ дар бинои бекормондаи “Талко” тақрибан анҷом ёфта, мутахассисон насби мошинҳоро тамрин мекунанд.

Ҷаноби Сатторов миқдори дақиқи навъи мошинҳои насбмешуда дар ин корхонаро нагуфт. Вале дар сомонаи расмии ширкати “Krantas”-и Узбекистон гуфта мешавад, ки дар корхонаи истеҳсолии ин ширкат беш аз сӣ навъи мошинҳои боракаш ва таҷҳизоти дигари нақлиётиву сохтмонӣ тавлид мешаванд. Ин мошинҳо маъмулан сохти ширкатҳои “Isuzi”, “Man” ва “Камаз” мебошанд.

Игор Сатторов дар посух ба ин савол, ки ин корхонаи муштарак дар як сол зарфияти тавлиди чанд адад мошинҳои боркашро дорад, чунин гуфт, ширкати “Талко” дар сохтори худ корхонаҳои истихроҷи маъдан ва ангиштсангро дорад ва ҳоло тарҳи сохтмони корхонаи тавлиди гилхокро рӯи даст мегиранд. Ва афзуд, ки мошинҳои боркаш ва мошинолотҳо барои бароварда сохтани ниёзи худи “Талко” зарур аст ва ҳамзамон бо дархости мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳии Тоҷикистон, мошинҳои обу партовкашон насб мекунанд.

Қаблан гуфта шуда буд, ки корхонаи муштараки тавлиди мошинҳои боркаш дар “Талко” бо ҷалби сармояи 3,5 миллион доллари амрикоӣ бунёд мешавад. Ба гуфтаи Игор Сатторов, бо дарназардошти арзонии нерӯи барқ ва нерӯи корӣ дар Тоҷикистон, мошинҳои тавлидшуда дар ин ширкат дар бозор рақобатпазир хоҳанд буд.

Коршинос: “Нарх бояд мутобиқи бозори Тоҷикистон бошад”

Аммо Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик дар масъалаи нархи мошинҳои истеҳсолшаванда дар Узбекистон назари дигар дорад. Ӯ гуфт, ки мошинҳои сохти Узбекистон дар худи ин кишвар гарон буда, на ҳар ширкат ё шаҳрванд тавони харидории онро дорад. Вай гуфт, ки корхонаи нави муштарак бояд дар фаъолияти худ нахуст талаботи бозори Тоҷикистонро ба инобат бигирад.

Масъуд Собиров афзуд, ки “чунин шакли таъсиси корхонаҳои муштараки мошинбарориро мо дар Эрон ва Узбекистон зиёд мушоҳида кардем ва тавлидоти онҳо маъмулан барои сокинони худи ин кишварҳо дастнорас мешаванд. Тоҷикистон бо дарназардошти наситонидани боҷи гумрукӣ бояд тавлидоти ин корхонаи муштаракро ба таври қобили мулоҳиза арзон кунанд. Дар акси ҳол воридоти мошинҳои боркаш аз Чин боз ҳам арзонтар мешавад”.

Тоҷикистон — кишваре кишоварз ва рӯ ба саноат

Бояд гуфт, ки дар як соли ахир ҳукумати Тоҷикистон барои расидан ба аҳдофи барномаи табдили шакли кишоварзии иқтисод ба кишвари саноативу кишоварзӣ иқдомҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаи тавлиди тракторҳо дар шаҳри Ҳисор ва корхонаи тавлиди автобусҳо дар шаҳри Душанбе фаъол карда шуданд, ки аз ҷумла, бо Беларус ҳамкорӣ мекунад.

Соҳибназарон мегӯянд, ки бо назардошти суръат ва ҳам тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву саноатии Тоҷикистону Узбекистон, фикри дар хоки Тоҷикистон ба роҳ мондани корхонаи тавлиди мошинҳои сабукрав низ аз як орзуву хаёл ба воқеият табдил ёбад.

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз ним миллион воситаи нақлиётии сабукрав ва боркаш сабт шудааст, ки соли тавлиди бештаре аз онҳо ба қарни гузашта мувофиқ меояд. Мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, ғолибан дасти ду буда, аз Аврупо ва Чин вориди ин кишвар мешаванд.

Дурнамои бунёди корхонаи истеҳсоли мошинҳои боркашу сохтмонӣ дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик ба шурӯи кори корхонаи нави истеҳсоли автобусҳо ҳам омода мешаванд. Бар асоси як қарори ҳукумати Тоҷикистон, то як соли дигар ширкати”AvestoGRUPP” ва шарикони туркиаш корхонаи тавлиди автобусҳоро роҳандозӣ мекунад, ки соле ҳадди аққал 200 адад автобуси мусофирбарро истеҳсол мекунад.

Инчунин ин корхона истеҳсоли мошинҳои боркаши иқтидораш аз 3 то 8 тонна ва ҳамчунин микроавтобусҳо пешбинӣ мекунад, ки бо тамғаи “Мерседес” ба бозор арза мешаванд. Дар Тоҷикистон корҳои банбубасти қисмҳои ин мошинҳо ба роҳ монда мешавад.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

luqmoni-hakim

Қиссаи Луқмони Ҳаким

Луқмон-ғуломе сиёҳ аз мардуми Будони Миср буд. Сураташ сиёҳ, вале қалбаш равон буд. Ҳаргиз дурўғ …