Главная / Гуногун / Сатурн-онлайн”-ро баъди ҳабс ба фурӯш гузоштанд

Сатурн-онлайн”-ро баъди ҳабс ба фурӯш гузоштанд

Кумитаи андози Тоҷикистон баъзе молу мулк ва чанд бинои “Сатурн онлайн”, як ширкати фароҳамкунандаи интернетро ба фурӯш гузоштааст. Масъулони Кумитаи андоз гуфтанд, ки молу мулки ин ширкат аз соли гузашта бо қарори додгоҳ дар ҳабс буд ва феълан қарор аст, тариқи музояда фурӯхта шаванд. Кумитаи андоз ин ширкатро дар насупурдани андоз муттаҳам мекунад.

saturn

Исроил Наимов, як масъули Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 29-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андозро насупурда буд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкат ихтиёрӣ молу мулкашро фурӯхт ва як қисмати қарзро пардохт кард, аммо ҳанӯз беш аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонии қарз нопардохта боқӣ мондааст.

“Амволи “Сатурн онлайн дар ҳабс қарор дорад. Як қисми амволро худаш фурӯхт ва маблағро ба буҷет супурд, лекин маблағи зиёди қарзро ҳанӯз насупурдааст”, – гуфт ӯ.

Масъулони ин ширкат ҳозир нашуданд, мавзуъро шарҳ диҳанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …