Главная / Илм / Татум дар Канзи Шифо (Китоб)

Татум дар Канзи Шифо (Китоб)

tatum-660x330Татум — ин самари буттаест ба андозаи наск, паҳнтар, рӯяш пӯсти гарднок дорад, дар хӯша мебошад. Таъми самараш турш аст. Ҳамаи қисмҳои дарахти он дар тиб истифода мешавад. Ин ду навъ аст: саҳроӣ ва куҳӣ. Мизоҷи саҳроии он дар дараҷаи дувум сард аст, вале кӯҳии он дар севум хушк аст. Сардӣ дар баргаш назар ба тухми он камтар мебошад. Ба забони русси онро сумах меноманд.

Хислатҳои шифобахшии Татум:самарии онро бихӯранд, қабзият меоварад дар ҳама ҷоҳои бадан, моддаҳои ба узв рехташавандаро рад мекунад, меъда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад, ба меъда ва рӯдаҳо  рехта шудани сафроро манъ менамояд, иллати қайкунӣ ва беҳузур (беҷо) шудани дилро ба ибро меоварад; рафтани дарун ва исҳоли сафровиро, ки кӯҳна шуда бошад, мебандад; хун қай кардан ва хунравиҳои дигарро манъ месозад, бисёр пешоб карданро ба меъёр меандозад.

Самари инро кӯфта, бо оби хунук биёшоманд, ҳам аз боло ва ҳам аз поён рафтани хунро қатъ мекунад. Нимкӯфтаи инро бо зира ва оби сард бинушанд, қайи сахтро манъ мекунад ва ба касе, ки хамеша қай мекарда бошад ва таом дар меъдаи ӯ намонад, шифо мебахшад, дар одамони гарммизоҷ иштиҳоро ба таом бармеангезад. Инро бо зардии тухми мурғ ва кашнизи хушк бихӯранд, исҳоли хунинро манъ мекунад. Нимкӯфтаи онро бо шароби турш биёшоманд, барои исҳол ва хунравии бачадон дору мебошад, пешобро бисёр кам мекунад.

Қуввати қабз кардан дар бирёнкардаи он зиёда аст, вале барои шикастани шиддати сафро заифтар мебошад. Аммо татум барои меъда ва ҷигари сардмизоҷ зарар дорад. Дар ин маврид арпабодиён бихӯранд ё бо бодинҷон пухта бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз 17,5 грамм аст. Агар гардеро, ки ба рӯйи самараш мебошад, ҷудо намуда, каф зада бихӯранд, бисёр қабзкунандаи дарун аст ва бо андак таъми талхӣ мебошад,

Барои исҳоли кӯҳна ва барои қатъ гардонидани рафтани рутубатҳои сафеди бачадон дору мешавад. Агар инро ба дандон бимоланд, милки дандонро мустаҳкам мекунад, пӯсидани раддӣ ва бадфиоли даҳанро ба ибро меоварад, инчунин дарди дандони кирмхӯрдаро таскин медиҳад.

Самари татумро аз гарди рӯяш пок карда, баъд дар об тар намоянд, он обро дар чашм чаконанд, дарди  чашмро, ки дар вақти ибтидо бошад, шифо мебахшад. 25 грамм тухми онро дар 300 грамм об биҷӯшонанд ба ҳадде, ки қувваташ ба об гузарад. Баъд латтаро дар он тар карда ба чашм гузоранд ва бо он гармбандӣ кунанд, қӯтури хӯранда ва шилпуқии чашмро шифо ме-бахшад. Ва агар батакрор он латтаро ба пешонӣ гармбандӣ кунанд, хуни биниро қатъ мекунад ва агар ба чашм гармбандӣ кунанд, қӯтур, обравӣ, шилпуқӣ ва хориши чашмро шифо мебахшад ва намегузорад, ки дар чашм обила барояд. Ва агар ҳамон обро дар гӯш чаконанд, рими равонро аз он манъ месозад ва намегузорад, ки дар даруни он обила барояд.

Самари татумро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, намегузорад, ки ҷоҳои латхӯрда ва зарбарасида варам кунанд. Тухми татумро маҳин кӯфта, бо об сиришта гузошта банданд, варами косаи сар ва дигар варамҳоро таҳлил медиҳад, инчунин варами лат ва зарбахӯрдаро мегардонад, решҳои давандаро шифо мебахшад; агар инро бо асал хамир карда гузошта банданд, дағалии пилкҳои чашмро нест мегардонад ва бо ангишти чӯби балут даромехта гузошта банданд, барои бавосир даво мебошад.

tatum-2Татумро бо барг, шохҳо ва чӯбаш дар об биҷӯшонанд, то монанди асал қивом гардад, баъд гузошта банданд ва ё бимоланд, барои бемориҳои пилки чашм дору мебошад; варами чашм ва дигар узвҳоро таҳлил медиҳад, мӯрчагазакро дафъ мекунад; решҳои тар ва решҳои рутубаташон асалмонанд, вайрон шудани милки дандон, доғҳои кунҷидак, милкаки нохун ва хунравиҳои дигарро шифо мебахшад.

Баргашро пухта ба сар гузошта банданд, мӯйро сиёҳ мекунад. Баргашро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хуқна кунанд, захми рӯдаҳо, исҳоли хунин ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад.

Барги онро муҳарро пухта, баъд оби онро фишурда гирифта, ғафс гардонанду ба чашм бимоланд, моддаҳои ба чашм резандаро ба ақиб мегардонад. Он оби ғафсгаштаро дар оби барги зуф ҳал карда бимоланд, захмҳои хабисаро дафъ мекунад. Агар инро ба сар, мӯҳраҳои пушт ва бехи закар гузошта банданд, барои беихтиёр равон шудани пешоб, сустӣ ва нотавон шудани узвҳо даво мешавад.

Баргашро кӯфта, ба меъдаи тифлон гузошта банданд, исҳолро нафъ дорад, узвҳои даруни шикамро қувват мебахшад. Шилми дарахти он аз ҷиҳати мизоҷ башиддат хушк аст ва ҳислати гармӣ ва сардӣ — ҳар серо дорост.

Шилми онро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд ё онро бо оби даҳан тар карда, ба милки чашм бимоланд, чашмро тез мекунад ва бемориҳои пилкро шифо мебахшад: агар бипошанд, ҷароҳат ва захмҳоро хушк сохта ба ҳам мечаспонад ва бо ин восита сиҳат мебахшад. Агар онро дар ковокии дандон гузоранд, дарди дандони кирмхӯрдаро таскин медиҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …