Главная / Илм / Зарингиёҳ дар Канзи Шифо (Китоб)

Зарингиёҳ дар Канзи Шифо (Китоб)

zaringiyoh-660x330Зарингиёҳ — ин растании кӯҳистонист, решааш аз рӯ тира ва дарунаш зард аст. Бинобар зард будани решааш ҳамин тавр номида шудааст. Дар кӯҳсорҳои Осиёи Марказӣ бисёр мерӯяд. Ба русӣ золотой корень меноманд. Гулаш зард аст. Қади гиёҳаш то як ваҷаб мехезад, баргҳояш сербар ва дурушт мебошанд.

Мизоҷаш гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: усораи решаи тари онро, яъне оби решаи онро дар офтоб ғафс гардонида, донаи гандум барин аз он бо майи пухтагӣ бихӯранд, ирқуннасоро шифо мебахшад, хуни дар хичак шахшударо гудохта хориҷ мекунад, пешоби бандшударо мекушояд ва душвор шошиданро осон мекунад, инчунин ҳайзи бандшударо равон мегардонад. Вале агар инро бисёр бихӯранд, ба хичак зарар дорад. Дар ин ҳолат самари балут, яъне ҷуфти балутро тановул намоянд, ислоҳи зарар менамояд.

Сурати решаи Зарингиёҳ

zaringiyoh-2-300x198

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …