Главная / Илм / АСАЛ

АСАЛ

honey3АСАЛ, ангубин, ангабин, салво, шаҳд, маҳсули занбӯри асал, ки аз шаҳд ва гарди гул ҳосил мешавад. Дар Тоҷикистон занбӯрпарварӣ чун соҳаи мустақили хоҷагии халқ с. 1934 ба вуҷуд омадааст. Замонҳои қадим аҳолӣ А.-ро асосан аз ковокии дарахтон мегирифт.
А. ду навъ мешавад: А.-и гул (аз шаҳд) ва А.-и шакарак (аз шакараки растанӣ). А.-ро занбӯри асал барои ғизои худ ҳосил мекунад. А.-и шакарак ва А.-и гуле, ки бо А.-и шакарак омехта аст, барои ғизои занбӯр кор намеояд (онро касал ва маҳв месозад). Таркиби химиявии А. ба намуди растанӣ, шароити маҳал ва фасли сол вобаста аст. А.-и гул беҳтарин навъи А. буда, 15 –20% об, 80 – 85% карбогидрат (глюкоза, фруктоза, схароза, малтоза) ва 0,4% сафеда дорад. Дар таркиби А. 15 кислотаи органикӣ (кислотаи себ, ҷавҳари лиму, кислотаи глюконат ва ғ.), ферментҳои гуногун (амилаза, каталаза, глюкозооксидаза ва ғ.), қариб 50 анвои моддаи хушбӯй, 35 маводи минералӣ, витаминҳои В2, PP, С, В6, К, Е ва бисёр алколоиду моддаҳои рангдеҳ мавҷуданд. Вазни хоси А. 1,416 (ҳангоми 20% будани оби таркибаш) аст; 1 кг А. 3200 калория гармӣ медиҳад. А.-е, ки занбӯр нав ҳосил кардааст, моеъ мебошад. Минбаъд он дар натиҷаи бухор шудани об расида, ғализ мешавад. Баъд аз расидани А. занбӯр сӯрохҳои шонро бо мум руст мекунад. А.-и нав кашида вақти нигоҳ доштан тадриҷан сахт шавад ҳам, сифати он тағйир намеёбад. Ҳангоми муайян кардани сифати А. пеш аз ҳама ғилзат, часпакӣ, таъм, бӯй, ранг, мавҷудияти кафк, ҳубобчаҳои ҳаво ва ғ.-ро ба назар мегиранд. Ранги А. сафед (А.-и кипрей), зард (А.-и ақоқиё, зирфун, офтобпараст) ва бӯри тира (А.-и марҷумак ва хуланҷ) буда, вақти гарм кардан (то 370С), сиёҳтоб мегардад. Таъм ва бӯи А. ба гарди гули растаниҳои асалдеҳ вобаста аст. А.-и шакарак тираранг буда, баъзан бадтаъму бебӯй мешавад. А.-и шакарак нисбат ба А.-и гул сахароза, моддаҳои минералӣ ва кислотаҳои органикии бештар дорад.
Миқдори шаҳди гули растаниҳо гуногун аст. Дарахтони мева бинобар бармаҳал гул карданашон оилаи занбӯри А.-ро навбаҳорон бо ғизо таъмин мекунанд. Аз дарахтони мева хусусан гули гелос, себ, нок, олуболу, олу, бектошӣ, қот, тамашк сершаҳд мебошанд. Занбӯр аз 1 га боғоти дарахтони мева 20 – 30, бектошӣ то 50 – 60 ва тамашкзор то 100 кг А. ҳосил мекунад. Баъзе солҳо дар натиҷаи мусоидии обу ҳаво аз 1 га тамашкзор то 200 кг А. гирифта мешавад. Гули дарахтони субтропикӣ – афлесун, норанҷ, лиму, шафтолу, бодом, биҳӣ ва ғ. низ сершаҳд аст.
А. ғизои хушҳазм буда, аз қадимулайём чун даво низ истифода мешавад. Ба ақидаи Ҷолинус «…ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест дар нафъ аз барои бадан ва илоҷи аксари маразҳо ва расонандаи қувваи давоҳост бо суръат дар тамоми бадан». Абӯалии Сино А.-ро давои васеъ ва тозакунандаи рагҳо, хориҷкунандаи фасоди аъзои дохилӣ, пешгирикунандаи хирагии чашм ва барҳамдиҳандаи дарди гулӯ ҳисобидааст. Муҳаммадҳусайн ибни Муҳаммади Окилӣ дар «Махзану-л-адвия» овардааст, ки А. «…ҷиҳати танқияи садр ва қасабаи рия ва истисқо, ярақон ва сипурз ва барҳам додани сангҳои гурдаву масона ва душвории бавл ва анвоъи риёҳ ва барои дафъи сумум (заҳрҳо) нофеъ аст». А. мубодилаи моддаҳои организмро мураттаб карда, сурфа, бемориҳои меъдаву рӯда, дил, ҷигар ва ғ.-ро шифо мебахшад. Бо мақсади хушбӯй гардонидан ё додани рангу таъми дилхоҳ баъзан чанд навъ А.-и аз растаниҳои гуногунро ба ҳам меомезанд.
Бо ақидаи табибони халқӣ А.-ро бо орди гандум хамир сохта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучакҳоро мепазонад; бо намак сиришта банданд, доғҳои зарба ва латхӯрдаро, ки кабуд шуда бошанд, нест мегардонад; бо оби зира даромехта бихӯранд, бар зидди заҳри занбӯруғ даво аст. А.-ро бихӯранд баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳи рагҳоро мекушояд, балғами часпак ва рутубатҳоро нест мекунад, суст ва нотавон шудани аъзо, обварам, зардпарвин, иллати сипурз, душвории шошидан, бодҳои гуногун, варами рӯдаҳоро рафъ менамояд, меъдаро қувват медиҳад, иштиҳоро мекушояд, боҳро неру ато мекунад. Хусусан бо оби борон даромехта бихӯранд, ба узвҳои бадан об медавонад, боҳи сустгаштаро қувват медиҳад, пешобро меронад, захми рӯдаҳо ва хичакро пок месозад, санги гурдаро майда карда мерезонад.
А.-ро дар чалакҳое, ки аз чӯби зирфун, бук, чинор, сангбед (верба), чалғӯза (кедр) ва роздор сохта шудаанд, нигоҳ медоранд. Қабл аз андохтани А. чалакҳоро бо оби гарму сода шуста, мум ё парафини тоза (аз дарун) молидан лозим аст. А.-ро тавре бояд нигоҳ дошт, ки бӯи чизҳои дигар ба он нарасад. Баъзан ба ҷойҳои дур А.-ро дар бидонҳо (25 кг) ҳам мебаранд. Дар бидон ё чалак номи хоҷагӣ, навъ, мӯҳлати кашида шудан ва вазни А. навишта мешавад. А.-ро, одатан, дар зарфҳои шишагии даҳонашон маҳкам ба фурӯш мебароранд.
С. 2008 дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 134480, аз ҷумла дар муассисаҳои кишоварзӣ 7045, аҳолӣ 117780 ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 9655 оилаи занбӯри асал мавҷуд буд. С. 2009 дар Тоҷикистон 2699 т А. истеҳсол карда шудааст. Дар пойтахти ҷумҳурӣ ҳар сол «Иди асал» бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Дар он асалпарварон аз тамоми шаҳру навоҳӣ маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

hayvonho

Олами зинда: Намуди мавҷудот дар дунё

Нахустин мавҷудоти зинда дар сайёраи мо тахминан 3-3,5 млрд. сол пеш пайдо шудааст. Аз ҳамин …