Главная / Илм / АСАБ

АСАБ

677058АСАБ, торҳое, ки байни силсилаи марказии асаб ва узву бофтаҳои гуногун робита барқарор менамояд. А. аз берун бо парда (эпиневрий) фаро гирифта шудааст, ки дорои рагҳои хун ва лимфа мебошад. А. шохаҳо дошта, интиҳои онҳо то узву бофтаҳо рафта мерасад. Дар организми одам маҷмуи А.-ҳо системаи асабҳои канориро ба вуҷуд меоранд. Аз мағзи сар 12 ҷуфт А.-ҳои ҷумҷумавӣ ва аз ҳароммағз мувофиқ ба бандҳои он 31 ҷуфт А.-ҳои ҳароммағзӣ ибтидо мегиранд. Вобаста ба ҷойгирӣ А.-ҳо сатҳӣ (А.-ҳои пӯстӣ), амиқ (чуқур), аз рӯи вазифа бошад, ҳаракатовар, ҳаракатовари рагҳо, тарашшӯҳӣ (кори ғадудҳоро танзим мекунанд) ва ғ. мешаванд. Номи бисёр А.-ҳо аз номи узв (мас., А.-и чашм), мавқеи анатомию топографӣ (мас., А.-и рӯй), фаъолият (мас., А.-и биноӣ) ва ғ. бармеояд.
А. аз нахҳо иборат аст, ки ҳар яки онҳо шохчаи ҳуҷайраи асаб буда, ангезишро ба дигар узву бофтаҳо интиқол медиҳанд. Нахҳои А. ду навъ – миелиндор ва бемиелин мешаванд. Вобаста ба самти интиқоли ҷунбаҳо (импулсҳо) нахҳои А.-и марказшитоб (афферентӣ ё ҳассос; ҷунбаҳоро аз ретсепторҳо ба силсилаи марказии асаб мебаранд) ва марказгурез (эфферентӣ ё ҳаракатовар; ҷунбаҳоро аз силсилаи марказии асаб ва гиреҳҳои наботӣ ба узвҳо интиқол медиҳад)-ро фарқ мекунанд.
Оид ба бемориҳои А. ниг. Неврит, Радикулит, Плексит.
КЛ
Расми 1. Нахи асаб: А – нахи миелиндор; Б – нахи бе миелин; 1 – меҳвар; 2 – қабати миелинӣ; 3 – мезаксон; 4 – ядрои нейролеммосит (ҳуҷайраҳои Шванн); 5 – пардаи асосӣ; 6 – тангнои Ранвйе; 7 – нейрофиламентҳо; 8 – митохондрия.
Расми 2. Асабҳои чеҳра ва сару гардан: 1 – шохаҳои асаби чаккаи сар; 2 – шохаҳои асаби болои чашмхона; 3 – шохчаҳои асаби рухсора; 4 – асаби зери косахонаи чашм; 5 – шохчаҳои асаби рухсора; 6 – асаби рӯй; 7 – асаби манаҳ; 8 – асаби канории ҷоғи поён; 9 – шохчаи асаби гардан; 10 – асаби кӯндаланги гардан; 11 – асабҳои болои охурак; 12 – асаби изофагӣ; 13 – асаби калони гӯш; 14 – асаби хурди паси гардан; 15 – асаби калони паси гардан; 16 – асаби гӯшу чаккаи сар.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …