Главная / Теги: Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (страница 19)

Теги: Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Нархгузории молу мулк ва дигар чизу чораи қиматбаҳои гирифташуда

moddai-70-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 70-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Нархгузории молу мулк ва дигар чизу чораи қиматбаҳои гирифташуда  Арзиши молу мулки гирифташуда дар асоси нархҳои танзимшавандаи давлатӣ муайян карда мешавад, агар чунин нархҳо муқаррар гардида бошанд. Дар дигар ҳолатҳо арзиши молу мулки  гирифташуда дар асоси арзиши бозории онҳо муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи …

Муфассал »

Гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо

moddai-69-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 69-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Гирифтани  молу мулк ва ҳуҷҷатҳо  Молу мулк ва ҳуҷҷатҳое, ки бевосита олот ё ашёи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, ҳангоми дастгиркунӣ ё азназаргузаронии шахсӣ ё азназаргузаронии молу мулк ошкор гардидаанд, танҳо бо мақсади таъмини баррасии ҳаматарафаи парванда ва иҷрои ҷазои маъмурӣ бо роҳи мусодира ё бо подош …

Муфассал »

Азназаргузаронии воситаи нақлиёт

moddai-68-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 68-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Азназаргузаронии воситаи нақлиёт  Азназаргузаронии ҳама гуна воситаҳои нақлиёт (аз ҷумла киштиҳои хурдҳаҷми обӣ), яъне муоинаи воситаи нақлиёт, ки бе вайронкунии яклухтии сохти он сурат мегирад, бо мақсади дарёфт кардани олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ анҷом дода мешавад. Азназаргузаронии воситаи нақлиёт аз ҷониби шахсони мансабдори …

Муфассал »

Азназаргузаронии бино ва ҳудудҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда

moddai-67-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 67-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Азназаргузаронии бино ва ҳудудҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва азназаргузаронии молу мулк ва ҳуҷҷатҳои дар онҳо мавҷудбуда  Азназаргузаронии бино ва ҳудудҳои ба шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ тааллуқдошта, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд ва азназаргузаронии молу мулк ва ҳуҷҷатҳои …

Муфассал »

Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулк

moddai-66-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 66-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулк  Азназаргузаронии шахсӣ ва азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори дар моддаи 61 Кодекси мазкур пешбинигардида анҷом дода мешаванд. Азназаргузаронии молу мулки бо худ доштаи шахси воқеӣ (бори дастӣ, бағоҷ, олоти шикор ва …

Муфассал »

Маҷбуран овардан

moddai-65-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 65-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Маҷбуран овардан  Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур нисбат ба шахси воқеӣ ва ё намояндаи шахси ҳуқуқие, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё нисбат ба намояндаи қонунии шахси ноболиғи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, инчунин нисбат ба шоҳид чораи маҷбуран овардан татбиқ карда …

Муфассал »

Ҷой ва тартиби нигоҳдории шахсони дастгиршуда

moddai-64-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 64-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҷой ва тартиби нигоҳдории шахсони дастгиршуда  Шахсони дастгиршуда дар биноҳои барои ин мақсад ҷудокардашудаи мақомоти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 61 Кодекси мазкур ё дар муассисаҳои махсуси тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсисгардида нигоҳ дошта мешаванд. Ин биноҳо бояд ба талаботи …

Муфассал »

Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ

moddai-63-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 63-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ  Мӯҳлати дастгиркунии маъмурии шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир кардааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, наметавонад аз се соат зиёд бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, бинобар зарурати махсус нисбат ба шахсони маҳали истиқоматашон номуайян мумкин аст …

Муфассал »

Протоколи дастгиркунии маъмурӣ

moddai-62-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи  62-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Протоколи дастгиркунии маъмурӣ  Дар бораи дастгиркунии маъмурии шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда протокол тартиб дода мешавад, ки дар он вақт ва маҳали тартибдиҳии он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси протоколро тартибдода, маълумот дар бораи шахси дастгиршуда, вақт, ҷой, сабаб ва асосҳои дастгиркунӣ нишон дода …

Муфассал »

Дастгиркунии маъмурӣ

moddai-61-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи  61-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Дастгиркунии маъмурӣ  Дастгиркунии маъмурӣ, яъне маҳдудкунии муваққатии озодии шахси воқеӣ мумкин аст дар ҳолатҳои истисноӣ татбиқ карда шавад, ба шарте ки он барои таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парванда, инчунин ҷиҳати иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарур бошад. Дастгиркунии маъмурии шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии …

Муфассал »