Главная / Ҷамъият / Дастгиркунии маъмурӣ

Дастгиркунии маъмурӣ

Моддаи  61-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Дастгиркунии маъмурӣ 

  1. Дастгиркунии маъмурӣ, яъне маҳдудкунии муваққатии озодии шахси воқеӣ мумкин аст дар ҳолатҳои истисноӣ татбиқ карда шавад, ба шарте ки он барои таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парванда, инчунин ҷиҳати иҷрои қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарур бошад.
  2. Дастгиркунии маъмурии шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:

– мақомоти корҳои дохилӣ;

– мақомоти гумрук;

– мақомоти ҷангал ва шикор;

– посбонии ҳарбикунонидашуда;

– Бозрасии давлатии автомобилӣ;

– Бозрасии ҳарбии автомобилӣ;

– Қӯшунҳои сарҳадии мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– капитанҳои киштиҳои хурдҳаҷми обӣ ва ҳавопаймо;

– мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мақомоти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Дар бораи ҷои нигоҳдории дастгиршуда фавран ба яке аз хешовандони наздик, маъмурияти ҷойи кор (таҳсил) ва ҳимоятгари он  хабар дода мешавад.
  2. Дар бораи дастгиркунии маъмурии ноболиғ фавран падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ огоҳ карда мешаванд.
  3. Ба шахси дастгиршуда ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тибқи Кодекси мазкур пешбинишуда фаҳмонида шуда, дар ин бора дар протоколи дастгиркунии маъмурӣ сабти дахлдор карда мешавад.
  4. Прокурор ҳуқуқ дорад дар бораи озод намудани шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда қарор қабул намояд, ки он бояд фавран иҷро карда шавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

mardum

Дуои муҳофизат аз шарри душманон

Агар шахсе аз ҷониби душмане эҳсоси хатар ва адами амният мекунад, барои ин мушкилаш ин …