Главная / Теги: Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (страница 20)

Теги: Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

moddai-60-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи  60-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  Овардани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, яъне ба ҷойи тартибдиҳии протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҷбуран овардани шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ бо мақсади тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, …

Муфассал »

Номгӯи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

moddai-59-kodeksi-hukukvayronkunii-mamur

Моддаи 59-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣi. Номгӯи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  Бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, муқаррар намудани шахсияти шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда ва алоқамандии ӯ ба содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шарте ки тартиб додани он дар ҷойи содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ғайриимкон бошад, …

Муфассал »

Баҳодиҳии далелҳо

moddai-58-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи  58-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Баҳодиҳии далелҳо Судя, мақоми ваколатдори давлатии (шахси мансабдори) анҷомдиҳандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ далелҳоро мутобиқи қонун ва ақидаи ботинии худ, ки ба таҳлили ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинонаи тамоми ҳолатҳои парванда асос ёфтааст, баҳо медиҳанд. Ягон далел пешакӣ қувваи муайянкунандаро надорад.

Муфассал »

Талаб кардани маълумот

moddai-57-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 57-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Талаб кардани маълумот  Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар баррасӣ ва пешбурди онҳо қарор дорад, ҳуқуқ доранд, дар бораи талаб карда гирифтани маълумоти барои ҳалли масъалаҳои парванда зарурӣ таъинот ё қарор бароранд. Маълумоти талаб кардашуда, бояд дар давоми се шабонарӯзи …

Муфассал »

Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

moddai-56-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 56-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Супоришу дархост оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳуқуқ доранд, бо мақсади ба даст овардани далелҳо оид ба ҳамин парванда ба мақомоти ҳудуди дахлдор дархост ирсол намоянд ё ба шахси мансабдори …

Муфассал »

Нишондоди воситаҳои техникии махсус

moddai-55-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 55-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Нишондоди воситаҳои техникии махсус Дар зери мафҳуми воситаҳои техникии махсус воситаҳои  (асбобҳои)  андозагирӣ ва низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт фаҳмида  мешаванд, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба сифати воситаи (асбоби) андозагирӣ ва ё сабти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тасдиқ шуда, дорои сертификати дахлдор мебошанд ва аз санҷиши …

Муфассал »

Ҳуҷҷатҳо

moddai-54-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 54-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳуҷҷатҳо  Ҳуҷҷатҳо ба шарте ҳамчун далел эътироф карда мешаванд, ки маълумоти дар онҳо дарҷгардида ё тасдиқнамудаи шахсони воқеӣ, мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ барои пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аҳамият дошта  бошанд. Ҳуҷҷатҳо метавонанд дорои маълумотҳое бошанд, ки ба тарзи хаттӣ ва дар дигар шакл қайд шудаанд. …

Муфассал »

Далелҳои шайъӣ

moddai-53-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 53-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Далелҳои шайъӣ  Дар зери мафҳуми далелҳои шайъӣ оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дорои изҳои (нақши пайи) он мебошанд,  фаҳмида мешаванд. Далелҳои шайъӣ ҳангоми зарурат сурат гирифта, ё ба дигар тарзи …

Муфассал »

Гирифтани намунаҳо

moddai-52-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 52-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Гирифтани намунаҳо  Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро пеш мебаранд, ҳуқуқ доранд, намунаҳои хат ва намунаҳои молро барои экспертиза гиранд. Дар мавриди зарурат ҳангоми гирифтани намунаҳо суратгирӣ ва навори кино, сабти овоз ва видео, дигар тарзи муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ истифода …

Муфассал »

Экспертиза

moddai-51-kodeksi-hukukvayronkunii-mamuri

Моддаи 51-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Экспертиза  Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳангоми ба миён омадани зарурати истифодаи дониши махсуси соҳаи илм, техника, санъат, касбу ҳунар ва ғайра барои пешбурди парванда дар бораи таъин намудани экспертиза таъинот ё қарор мебароранд. Таъинот …

Муфассал »