Главная / Ҷамъият / Гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо

Гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо

Моддаи 69-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Гирифтани  молу мулк ва ҳуҷҷатҳо 

  1. Молу мулк ва ҳуҷҷатҳое, ки бевосита олот ё ашёи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда, ҳангоми дастгиркунӣ ё азназаргузаронии шахсӣ ё азназаргузаронии молу мулк ошкор гардидаанд, танҳо бо мақсади таъмини баррасии ҳаматарафаи парванда ва иҷрои ҷазои маъмурӣ бо роҳи мусодира ё бо подош гирифтани ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо дар асоси санади судӣ гирифта мешаванд.
  2. Молу мулке, ки олоти содиркунӣ ё ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд ва ҳуҷҷатҳои барои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун далел аҳамиятдошта, ки зимни азназаргузаронии биною ҳудудҳои ба шахсони ҳуқуқӣ тааллуқдошта ва молу воситаи нақлиёт ё дигар молу мулки дар онҳо вуҷуддошта, инчунин ҳуҷҷатҳои тааллуқдоштаи онҳо ошкор гардидаанд, аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдор, ки Кодекси мазкур пешбинӣ мекунад, дар ҳузури ду нафар шахсони холис гирифта шуда, дар ҷойҳои махсусгардонидашуда, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудаанд то моҳиятан баррасӣ гардидани парванда нигоҳ дошта мешаванд. (ЌЉТ аз 25.12.15с., № 1263)
  3. Молу мулк ва ашёи гирифташуда, ки мӯҳлати нигоҳдориашон маҳдуд ва ашёҳои муомилоти гражданиашон маҳдуд, инчунин зудвайроншаванда, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фурӯш, коркард ё нигоҳдорӣ ба ташкилотҳои дахлдор супорида мешаванд ва агар нигоҳ доштанашон ғайриимкон бошанд, нобуд карда мешаванд.
  4. Суд дар вақти қабули қарори маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ҳамзамон дар бораи гирифтани шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи махсус ва ба мақоми дахлдор супоридани он таъинот қабул менамояд.
  5. Дар сурати қабули қарори маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёти намуди муайян ва эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор, шаҳодатномаи ронандагӣ баргардонида намешавад, инчунин талони қайди вайронкунии замимаи он ва иҷозати муваққатии ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёти намуди муайян, гирифта мешаванд.
  6. Дар сурати қабули қарори таъини ҷарима ва эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор шаҳодатномаи ронандагӣ барои ҳуқуқи идора кардани воситаи нақлиёти намуди муайян ва талони қайди вайронкунии замимаи он баъди пардохти ҷарима баргардонида мешаванд.
  7. Дар бораи гирифтани  молу мулк  ва ҳуҷҷатҳо протокол тартиб дода мешавад ё дар протоколи овардан ё дар протоколи дастгиркунии маъмурӣ қайди дахлдор карда мешавад. Дар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи гирифтани   шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи тракторчӣ-машинист, шаҳодатномаи киштирон ё шаҳодатномаи ҳавонавард сабти зарурӣ  карда мешавад.
  8. Дар протоколи гирифтани  молу мулк  ва ҳуҷҷатҳо дар бораи намуд ва нишонаҳои ҳуҷҷатҳои гирифташаванда, намуд, миқдор ва дигар аломатҳои ҳаммонандсозии молу мулки гирифташуда, аз ҷумла дар бораи намуд, тамға, модел, қутр, силсила, рақам ва дигар аломатҳои ҳаммонандсозии силоҳ, намуд ва миқдори тир маълумот сабт карда мешавад.
  9. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо суратгирӣ ва навори кино, сабти аудио, видео ва дигар усулҳои муқарраршудаи қайди далелҳои шайъӣ татбиқ мегарданд.
  10. Ба протоколи гирифтани молу мулк ва ҳуҷҷатҳо шахси мансабдори онро тартибдода, шахсе, ки аз ӯ молу мулк ва ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд ва шахсони холис имзо мегузоранд. Дар сурати аз имзои протокол саркашӣ кардани шахсе, ки аз ӯ молу мулк ва ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд, дар он қайди дахлдор карда мешавад. Нусхаи протокол ба шахсе, ки аз ӯ молу мулк ва ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд ё ба намояндаи қонунии вай бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
  11. Дар ҳолатҳои зарурӣ молу мулк ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда дар ҷойи гирифтан борпеч ва мӯҳр карда мешаванд. Молу мулк ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда то баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҷойҳои муайяннамудаи шахси мансабдор, ки молу мулк ва ҳуҷҷатҳоро гирифтааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
  12. Силоҳи оташфишон ва тирҳои он, инчунин дигар намуди силоҳу лавозимоти ҷангии гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Нисбат ба шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро зимни иҷрои вазифаҳои хизматиаш содир намудааст, ин чораҳо танҳо дар ҳолатҳои таъхирнопазир татбиқ карда мешаванд.
  13. Воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои гирифташуда, инчунин спирти этилӣ ва машрубот, ки ҷавобгӯйи талаботи ҳатмии стандартҳо, қоидаҳои санитарӣ ва меъёрию гигиенӣ нестанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркард  ё нобуд кардан фиристонида мешаванд. Намунаҳои воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, спирти этилӣ ва машруботе, ки бояд нобуд карда шаванд, то эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …