Моддаи 65-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Маҷбуран овардан
- Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур нисбат ба шахси воқеӣ ва ё намояндаи шахси ҳуқуқие, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё нисбат ба намояндаи қонунии шахси ноболиғи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашаванда, инчунин нисбат ба шоҳид чораи маҷбуран овардан татбиқ карда мешавад.
- Маҷбуран овардан аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси санади суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.